Президент

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудаанд.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло шаҳри Левакант), дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ба ҳайси устои барқ шурӯъ намудаанд.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буданд ва баъди хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардаанд.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуданд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардаанд ва фаъолияти минбаъдаашон дар мақомоти ҳизбӣ идома ёфтааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 роҳбари хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара буданд.

Соли 1990 ба ҳайси вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешаванд. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардиданд.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

6 ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон ба муҳлати ҳафт соли дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардиданд.

11 октябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92% овози интихобкунандагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омаданд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд мебошанд.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд.

Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи ҳалокат берун оварда, беш аз як миллион нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардониданд ва мардуми парешонро сарҷамъ намуданд.

Бо иродаи Сарвари давлат барқарорсозии харобаҳои ҷанг ва бунёди иншооти азим оғоз гардид, аз ҷумла барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳои ваҳдат ва барои баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ва пайваст шудан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои замонавии мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи заҳмати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд.

Мукофоти ин ҳама заҳматҳо, ҳамчунин, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки нисбат ба Роҳбари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори эътирофгардида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ мунтазам иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Таҷрибаи ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки роҳбари ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, дар сари дастгоҳи давлативу сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муваффақона ва пайгирона амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, кафолат медиҳад.

Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтианд.

 Роҳбари давлати тоҷикон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва дигар масъалаҳои глобалӣ ҷалб кардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003- ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард.

Ҳамчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, ки Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Ҳоло аксари чорабиниҳои ҷаҳониву минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Роҳбари давлати худ мебошад.

Дар тӯли сӣ соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт.

Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид, пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд ва устувор гардиданд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифта, хатари нобудии онро бартараф карданд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтанд.

Барои таҳкими ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва пояҳои давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро фароҳам оварданд ва барои эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.

Дар мамлакат ислоҳоти конститутсиониро амалӣ гардонида, эҷоди Конститутсияи нави Тоҷикистонро роҳбарӣ карданд, ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, таъмин намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ оғоз бахшиданд, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо мукофоту ҷоизаҳои олӣ ва унвонҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Бо дарназардошти саҳми бузург дар эҳё ва таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои махсусан бузург дар назди халқи Тоҷикистон, пойдории сулҳ ва рушди давлатдории тоҷикон, хизматҳои махсусан муҳим дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, ки ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, комёбиҳои бузурги соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму фарҳанг, рушди ҷомеа ва пешрафти иҷтимоӣ, хизматҳои беназир ва ватандӯстона бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси давлати навини тоҷикон бениҳоят бузург ва таърихӣ мебошанд.

Мардуми сипосгузори тоҷик ба поси азхудгузаштагӣ ва муборизаҳои ҷоннисоронаи Сарвари худ дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон ӯро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пешбарӣ карданд.

Дарвоқеъ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” рӯйдоди одилонаву таърихӣ мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 

Қабули Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи возеҳи қадршиносии самимонаи халқи Тоҷикистон аз корномаҳои сарнавиштсози Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳояти ифтихору шукргузории мардуми тоҷик аз фарзанди ҷаҳоншумули худ мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҷовидона сабт гардидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ, хизматҳои басо арзишманд дар тавсеаи ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову халқҳо ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷоизаву мукофотҳои як қатор давлату кишварҳо ва созмонҳои умумиҷаҳониву байналмилалӣ, аз ҷумла бо медали “Барои хизмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ”-и Федератсияи Русия (25 августи соли 1994), Ситораи тиллоии Алберт Швейсер (15 январи соли 2000), ҷоизаи байналмилалии "Сулҳ-99" (15 октябри соли 1999), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир (20 марти соли 2002), , Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср” - Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст” (29 марти соли 2005), Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд” (27 апрели соли 2005), Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо” (25 июни соли 2005), Медали тиллоии давлати Миср (5 феврали соли 2007), Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи “Миротворец” (Сулҳовар) ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи “Созвездие” (Галаситора) (25 июни соли 2007), Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007), дараҷаи 1-и Ордени княз Ярослави Ҳакими Украина (3 декабри соли 2008), Ордени “3 Ситора дараҷаи 1” бо занҷираи зарини Латвия (11 июли соди 2009), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” (23 марти соли 2010), Мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон (8 марти соли 2011), Ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора” (19 майи соли 2011), Медал ва шаҳодатномаи Шӯрои Аврупо – “Пешвои асри ХХI” (17 августи соли 2011), мукофоти олии давлатии Украина - Орден “Барои хизматҳо” дараҷаи 1 (15 ноябри соли 2011), мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени “Ҳайдар Алиев” (12 июли соли 2012), Ордени Президенти Туркманистон “Битараплик” (Бетарафӣ) (23 августи соли 2012), мукофоти Давлати Кувайт Ордени “Муборак Алкабир” (23 июни соли 2013), мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (Ордени подшоҳӣ) (28 майи соли 2014), мукофоти олии Федератсияи Русия – Ордени “Александр Невский” (27 феврали соли 2017), мукофоти давлатии Қазоқистон - Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) (14 марти соли 2018), мукофоти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” (17 августи соли 2018), нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (4 октябри соли 2022), Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар доираи сафарҳои хориҷӣ ба кишварҳои гуногун бо устодону донишҷӯёни бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ дидору мулоқот анҷом дода, ба хотири хизматҳои шоён ва рушду таҳкими равобити байналмилалии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи илму маориф бо унвону ҷоизаҳои олӣ, аз ҷумла, профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ (15 январи соли 2000), ҷоизаи Ассотсиатсияи байналхалқии академияҳои улуми мамлакатҳои ИДМ "Медал барои мусоидат ба рушди илм" (17 апрели соли 2001), Медали тиллоии ЮНЕСКО ба номи Абӯалӣ ибни Сино (31 октябри соли 2002), доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия (20 январи соли 2006), профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев (5 майи соли 2006), доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (8 декабри соли 2008), Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО (5 майи соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии маъдани Урал (15 июни соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов (23 октябри соли 2009), доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (23 октябри соли 2009), профессори фахрии Донишгоҳи Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (18 июни соли 2010), мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохин (1 октябри соли 2010), унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии маъдани Украина ва Медали тиллоии академик Терпигорев (16 ноябри соли 2011), мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллоӣ (18 ноябри соли 2011), профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин (2 июни соли 2012), профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон (23 августи соли 2012), доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия (17 декабри соли 2012), Медали “60 - солагии ЮНЕСКО” (20 августи соли 2013), профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус (24 майи соли 2014), профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия (26 июни соли 2014), профессори фахрии Маркази аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел) (2 июли соли 2015), профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфаи Федератсияи Русия (8 июли соли 2015), доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон (12 ноябри соли 2015), доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷон (11 августи соли 2018), доктори фахрии Донишгоҳи Тсукубаи Япония (4 октябри соли 2018) ва Доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира (10 марти соли 2022) қадрдонӣ гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати шоён дар инкишофи соҳаи варзиш, гузоштани саҳми намоён ва арзанда дар рушди ҳаракати олимпӣ, дастгирии пайвастаи варзишгарон, бунёду азнавсозии иншооти варзишӣ, мусоидат дар ташкилу гузаронидани мусобиқаҳои варзишии минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи олимпии байналмилалӣ “Барои тараққии ҳаракати олимӣ” (16 октябри соли 2003), Ордени Шӯрои олимпии Осиё “Барои хизмати шоён“ (16 октябри соли 2003), нишони рамзии дани 5-уми камарбанди сиёҳи карате-до (24 сентябри соли 2005), Ордени Шӯрои олимпии Осиё (8 апрели соли 2009), Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин (6 июни соли 2012) ва нишони фахрии “Камарбанди сиёҳи дани 9-ум” бо сертификати он аз Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) (23 майи соли 2013) сарфароз гардонида шудаанд.

Дар марҳалаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои инсонӣ – бузургдиливу шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз таҷаммӯи ҳамин хислатҳои олии инсонӣ ҷомеаи кишварро ба сӯйи худогоҳиву хештаншиносӣ сафарбар сохт.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Сарчашма : http://www.president.tj/taxonomy/term/5/139

 

Иқтибосҳо аз китоби "Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон. – Душанбе: Бунёди забон, 2015. – 116 саҳ." оварда шудаанд.


Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.

***
Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.

***
Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тӯли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Зиёда аз ин, дар тӯли садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин – нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид.

***
Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.

***
Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.

***
Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост.

***
Барои он ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад.

***
Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон тақозо дорад.

***
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардиданд.
Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад.

***
Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад.

***
Ба муҳаққиқони забоншинос зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир мавриди таҳқиқ қарор дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

***
Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд.

***
Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд ё онҳоро аз нав эҳё намоянд.

***
Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, мо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем, ки ба забонҳои миллатҳои дигари ҳамватанамон беэътиноӣ сурат гирад. Баръакс, мо ба забон, фарҳанг ва мактабҳои миллатҳои бародари худ эҳтиром дорем ва ҳамеша ғамхорӣ хоҳем кард.Иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврӯз мебошад. Яъне забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ якҷо бо Наврӯзи фархундаву озода муҷассамаҳои абадзиндаи мардуми ориёӣ ва пояҳои маънавии мавҷудияти таърихии тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

***
Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон на танҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

***
Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд. Ин иттиҳод бояд дар зеҳни мардум, бахусус насли ҷавон, ҳарчи бештар парвариш дода шавад.
Забони адабии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз дар замони давлатдории навин низ ба ҳайси забони давлатӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мо ва наслҳои оянда ин забонро бояд ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.

***
Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем.
Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад.

***
Андешаи миллӣҷавҳари ҳастии миллат, шарти бақои ҷовидонаи он аст ва дар заминаи фаҳмидану дарк кардани манфиатҳои миллӣ ташаккул меёбад. Ба ин маънӣ, андешаи миллӣ муҳимтарин рукни ҳастӣ ва ҳифзи хусусиятҳои равонии миллат мебошад.

***
Табиист, ки эътибори забони давлатӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди маънавии ҷомеа метавонад танҳо дар заминаи ташаккули андешаи миллӣ сурат гирад ва дар шароити давлати ягонаи миллӣ нуфуз пайдо намояд.

***
Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири тахрибкунандаи забонҳои дигар, тақлиди зараровари талаффузҳои сунъии калимаҳо ва ҷумлаҳо аз ҷониби баъзе наттоқону ровиёни тасодуфӣ ҳифз кунем.Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

***
Имрӯз мо бояд кӯшиш кунем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем. Бо масъулияти тамом ва бар асоси меъёрҳои илмӣ ҳифз кардани забони давлатӣ, нигоҳдорӣ ва такмилу сайқал додани он вазифаи муқаддаси адибон, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, тамоми фарҳангиён ва аҳли ҷомеа мебошад.

***
Дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва бақои миллати сарбаланду тамаддунсозамон нақши ҳалкунанда доштааст.

***
Лаҳҷаҳо яке аз муҳимтарин манбаъҳои такмили забон буда, адибони гузашта ва муосири мо ҳамеша бо истифода аз захираҳои ин ганҷина луғату истилоҳоти фаровонеро ба забони меъёр ворид кардаанд. Аз ин рӯ, забоншиносон ва лаҳҷашиносон бояд ин сарчашмаи бебаҳоро мавриди омӯзишу баррасии ҷиддӣ қарор диҳанд ва забони адабиро аз ҳисоби дурдонаҳои он такмил диҳанд ва ғанӣ гардонанд.

***
Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад.

***
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

***
Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардидаанд.

***
Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем.

***
Мо дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.

***
Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрӯз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дӯстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад. Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмӯҳтаво, нобу шево ва лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо – соҳибони он – ҳам фарз асту ҳам суннат.

***
Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.

***
Миллати тоҷик дар тӯли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст.

***
Ин хизмати бузурги Рӯдакӣ пеши роҳи нуфузи фарҳанги бегонаро дар қаламрави Сомониён гирифта, истиқлоли воқеии адабиётро бо забони модарии мо фароҳам овард ва балоғату фасоҳати сухани тоҷикиро нишон дод.

***
Дар баробари ин иди бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад.

***
Тарбияи чунин насли соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат боқӣ мемонад. Зеро пешрафту тараққиёти ҳар як давлатро маҳз кадрҳо ва мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд.

***
Устод Рӯдакӣ на танҳо шаклу навъҳои шеъри моро ба ҳадди такомул расонид, балки дурдонаҳои ноби забони тоҷикиро ба силки тасвир кашида, ба тозагии забони адабии тоҷикӣ аҳамияти ҷиддӣ додааст. Забони ашъори ӯ имрӯз забони ширадор, шаҳдрез ва абадзиндаи тамоми мардуми қаламрави форсигӯёни ҷаҳон аст.

***
Бо итминони комил метавон гуфт, ки номи Рӯдакӣ ҳамчун парчамбардори забони ширину шоиронаи тоҷикӣ то ҷовидон зинда хоҳад буд ва шеъри оламгири ӯ то абад дар қалби тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ҷӯш хоҳад зад.

***
Мо ба чорабиниҳои бузургдошти забони тоҷикӣ пеш аз ҳама ба хотири ҳимояту пуштибонии асолати чандинҳазорсолаи забони нобу шевои модариамон дар раванди рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамчунин рӯҳу равони тоза бахшидан ба решаҳои бегазанди пайванди наслҳо, пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатамон рӯ овардем.

***
Тоҷикон маҳз ба шарофати забони модарӣ, фарҳанги безавол ва андешаи миллии худ тавонистаанд, ки аз мушкилтарин озмоишҳои таърих раҳоӣ ёфта, ба ҳастии худ неруву равони тоза бахшанд.

***
Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст.

***
Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд.

***
Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад.

***
Имрӯз миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст, ки аз ҷавҳари башардӯстонаи тамаддуни ориёӣ ва суннатҳои пурарзиши тамаддуни ислом ибтидо мегиранд.

***
Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсизабони дунёро ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, мо забони адабиамонро бояд дӯст дорем, ҳифз кунем ва дар саросари кишвар густариш диҳем.

***
Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих, аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҳувият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро то замони мову шумо расонад.

***
Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево, дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар таърихи тамаддуни башарӣ бисёр халқҳо ва қавмҳои гуногун бинобар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ бо халқҳову миллатҳои бузург ва тавонотар омехта, ҳастии забониву фарҳангии худро гум карда, оқибат аз байн рафтаанд.

***
Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ – забони модариамон – забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем.

***
Забон ва тафаккури таърихии миллат пайванди ногусастанӣ доранд. Офарандагони адабиёти бадеӣ ва осори илмии беш аз чандинҳазорсолаи мо ба забони модарӣ муҳаббат ва эҳтироми беандоза доштаанд. Онҳо хуб дарк мекарданд, ки забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат аст.
Пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат мебошад. 

***
Агар миллат созандаи фарҳанги моддиву маънавӣ бошад, забонаш низ бобақо ва соҳибнуфуз хоҳад монд.

***
Умри миллат ба умри забон вобаста аст.

***
Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад.

***
Таваҷҷуҳи хоса доштан ба забони давлатӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи забонҳои дигарро надорад. Забони давлатӣ барои мо забони коргузорӣ, воситаи ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ, забони ваҳдатофарин мебошад. Донистан, омӯхтан ва ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

***
Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист.

***
Ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.

***
Кӯшиш бояд кард, ки ҷавонони мо бо тайёрии зарурӣ ба хориҷи кишвар рафта, бо сабаби надонистани забон ва меъёрҳои одии муносибату муошират бо кордиҳандагон ба мушкилот дучор нашаванд.

***
Ҷавонони мо чун насли ояндасози Ватанамон бояд ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши забони давлативу забонҳои хориҷӣ бошанд.
Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошад.

***
Иқдоми дигаре, ки дар замони ҷомеаи иттилоотӣ муҳим аст, густариш додани истифодаву корбурди забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад.

***
Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан – модар, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

***
Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад!

***
Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ аст.Аз ин хотир, модарону хоҳарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандонашон ҳарчи бештар ва амиқтар омӯхтани забони адабиро талқин намоянд.

***
Шумо – модарону хоҳарони азиз – дар ҳамаи давраҳо нигоҳдорандаи забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳастед ва барои покиву равонии он нақши асосӣ доред.

***
Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн раванд, миллат низ дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегиранд.

***
Фарзанди таълимгирифтаву тарбиятдида, пеш аз ҳама, падару модари худро эҳтиром мекунад, ба қадри Ватани азиз, забони модарӣ ва фарҳанги миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.

***
Раванди рӯзафзуни инқилоби илмию техникӣ баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷавононро, махсусан ҷавондухтаронро, ҷиҳати омӯхтану донистани забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илми муосир, инчунин шинохтану ошно шуданро бо фарҳанги пешрафтаи халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад.

***
Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.

***
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.

***

***
Ватани мо – Тоҷикистон – гаҳвораи забони тоҷикӣ-форсӣ ва шеъри оламгири Рӯдакист. Ба хотири бузургдошти ашъори ноби тоҷикӣ-форсӣ ва забони модарӣ мо соли 2008 1150-солагии ҷашни Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва барои арҷ гузоштан ба шӯру шавқи калимоти орифонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 2009 800-солагии ӯро таҷлил менамоем.

***
Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир иборат аст.

***
Модар гаҳворабони забони адабӣ аст. Бинобарин, бояд ҳар як зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ,таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин дар бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хосса диҳад.

***
Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

***
Зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ – бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо – аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст.

***
Забони модарии мо низ аз имтиҳонҳои сахту мушкили таърихӣ гузаштааст ва итминон дорем, ки дар оянда натанҳо бақои худро нигоҳ медорад, балки зина ба зина рушд меёбад ва тавонову ғаниву густурда мегардад.

***
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва, умуман, камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва, умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.

***
Занону модарони мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунанд, ки сарзамини мо гаҳвораи забони нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ-форсӣ ва оғозгоҳи шеъри оламшумули султони шоирон устод Рӯдакӣ аст. ҲукуматиТоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, соли 2008-ро Соли забони тоҷикӣ эълон кардааст, ки 1150 – солагии поягузори адабиёти оламшумули тоҷику форс – устод Рӯдакӣ – низ дар доираи ҳамин сол таҷлил мегардад.

***
Рисолати модарон дар масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳамчун пояи асосии ҳамаи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин шиноснома ва бақову ҳастии миллати мо, бузургтар аз ҳар каси дигар аст ва мо итминон дорем, ки занону модарон ин рисолати муқаддасро бо ифтихор анҷом медиҳанд.

***
Мақсад аз бузургдошти забони тоҷикӣ ва таҷлили ҷашни қофиласолори шеър устод Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки мардуми кишвар бо эҳсоси гарми миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ асолати забони шаҳдбори тоҷикиро нигоҳ дорад, барои рушду густариш ёфтан ва фарогир шудани он ҳамеша талош намояд.

***
Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур кард, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд.

***
Ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим, дар маҷмӯъ, ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад ва дигар ин, ки фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта, пеш аз ҳама, эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ба қадри Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои волои миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.

***
Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

***
Дар айни замон ман борҳо таъкид кардаам ва боз мегӯям, ки – дар баробари омӯзиш ва азхуд кардани илму техникаи муосир – ҷавонони мо ба омӯзиши таърихи пуршараф, забони модарӣ ва фарҳанги ғании халқамон бояд бештар машғул шаванд.

***
Дар омади сухан мехоҳам бори дигар оид ба муқаддастарин сарвати миллиамон – забони модарӣ – таваққуф намоям. Боиси ифтихору сарфарозист, ки қаламрави пайдоиши забони дар тӯли таърих бо номҳои дарӣ, тоҷикӣ ва форсӣ шуҳратёфта ҳудуди Хуросони қадимӣ, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза, аст.

***
Забони тоҷикии форсӣ бо фасоҳату балоғаташ асрҳо боз оламиёнро дар ҳайрат гузоштааст. Забони яъне тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои авастоӣ ва паҳлавӣ ба вуҷуд омадааст, минбаъд яке аз забонҳои тамаддуни ҷаҳонӣ гардид. Осори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Ибни Сино, Хайём, Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Бедил, ки ифтихори муштараки тоҷикон, эрониён, афғонистониён мебошад, шоҳкориҳое ҳастанд, ки ба ин забон эҷод шудаанд.
Танҳо бо ғамхории донишмандон, аҳли зиё ва, умуман, ҳар як фарди бонангу номуси миллат нисбат ба забони модар, забони аҷдод ва забони давлати соҳибистиқлол метавонад пойдор бимонад.

***
Дар замони шӯравӣ низ забони тоҷикӣ бо кӯшиши шахсиятҳои фидокори илмиву адабӣ бузургиву асолати худро нигоҳ дошт ва ба миллат хизмат кард. Дар асри бисту як – дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ – низ, ки аз рӯи пешгӯиҳои олимон эҳтимоли маҳвшавии тақрибан дусад забони хурди олам вуҷуд дорад, забони тоҷикӣ бояд пойдории таърихии худро ҳифз карда тавонад.

***
Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.

***
Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай мисли як ҷисми зинда бояд ба маҷрои зиндагӣ – таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ – мутобиқ шуда, имкони ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне калимаву истилоҳотеро, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, дар худ ғунҷонида тавонад ва ҳамзамон асолати миллиашро гум накунад.

***
Солҳои охир дарку ҳазми мақолаву хабарҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳатто ҳарфзании ровиёну гӯяндагон, на танҳо барои мардуми одӣ, балки шахсони босавод ва забондон низ мушкил мегардад. Дар атрофи ин масъалаҳо бояд ҷиддӣ фикр кард.

***
Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост. Бинобарин олимону зиёиёни мо бояд бо таҳқиқи масъалаҳои муҳимтарини забон ва таҷдиду таҳияи қомусу фарҳангномаҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва маърифати забономӯзии наслҳои имрӯзу оянда заруранд, ҷиддӣ машғул шаванд.

***
Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ, ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон, маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст.

***
Чандин сол аст, ки мо барои мактабҳои умумии мамлакат ҳазорҳо адад компютер мехарем, вале аксари онҳо то имрӯз барномаи ягонаи тоҷикӣ надоранд. Минбаъд кӯшиш бояд кард, ки ширкатҳои тиҷоратӣ ҳангоми ворид сохтани технологияҳои компютерӣ мавҷудияти барномаи ягонаро ба забони давлатӣ ба инобат гиранд.

***
Дар айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ низ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳанги миллат мебошад.

***
Забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо мебошад. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат, шукӯҳу азамати давлатдорӣ хидмати бузург ва таърихӣ кардааст.
Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ, ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб, бо покиву шириниаш воқеан оламгир шуд. Ва, албатта, ин мартабаи олиро ба забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, соҳиби он – халқи тамаддунофари мо, адибону олимони хушкалом ва меҳанпарастамон – бахшиданд.

***
Пас аз заволи давлати Сомониён соҳибқудратони замон ҳамоно мафтуни шеъру адаби тоҷикӣ буданд ва асрҳои аср пеши он сари таъзим фуруд меоварданд. Гузашта аз ин, дар давоми ҳазор сол забони тоҷикӣ дар саросари Хуросону Мовароуннаҳр забони дарбор ва коргузорӣ буд.

***
Забони мо дар тӯли садсолаҳо – аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин – ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст. Ин ҳақиқати таърихӣ мебошад.

***
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон – забони модариро аз даст надодааст. Барои собит намудани ин далел овардани чунин мисол бамаврид аст. Чунонки аз сарчашмаҳо, аз ҷумла «Таърих»-и Наршахӣ бармеояд, баъд аз истилои араб дар Эрони Ғарбӣ дар давоми ду садсола забони паҳлавӣ рӯ ба таназзул овард ва ҷои онро забони арабӣ гирифт. Аммо дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон забони тоҷикӣ мавқеи худро аз даст надод, балки ботадриҷ рушду нумӯъ ёфт ва, билохира, бо шеъри ноби Рӯдакӣ бо тамоми фасоҳату балоғаташ зуҳур кард.

***
Лозим ба ёдоварист, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро бо забони модарӣ анҷом медод. Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд.
Дар замони истиқлолият забони модарӣ, ки як рукни бунёдии давлату миллат, илму фарҳанги мо аст, бояд аз ҳар ҷиҳат рушду нумӯъ ёбад. Забони тоҷикӣ ҳоло бояд ҷавобгӯи ниёзҳои замон бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд.

***
Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни забон, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми умури коргузорӣ дар кишвар бояд бо ҳамин забон сурат гирад.

***
Ба тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад.Фаромӯш набояд кард, ки одобу маданияти роҳбарӣ, пеш аз ҳама, аз фасоҳати забон ва муоширати нек шурӯъ мешавад.

***
Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст.
Фаромӯш накунем, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст.

***
Имрӯз, дар замони пуртазод ва рушдёбандаи глобализатсия, ин раванд ба хатари воқеӣ табдил меёбад. Мо, дар навбати аввал, шумо, аҳли зиё, барои пешгирии чунин равандҳои номатлуб бояд омода бошем.

***
Дар арҷгузории забони модарӣ ва тарғибу посдории он нақши аҳли зиё – олимон, шоиру нависандагон, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, алалхусус воситаҳои ахбори умум, – бағоят бузург мебошад.

***
Аҳли эҷод, аз ҷумла рӯзноманигорон, аз қоидаҳои забони модарӣ, махсусан қоидаҳои имло, фасоҳат ва балоғати сухан бояд хуб огаҳӣ дошта бошанд, дар забони навиштаҳои онон ғалат роҳ наёбад, зеро имрӯз як василаи оммавият пайдо кардани ғалатҳо забони матбуоти даврӣ ва радиою телевизион аст.Қаламкаш масъулияти азим нисбат ба забони модарӣ дорад ва як ғалати ӯ метавонад ба ҳазорон нафар асар гузорад.

***
Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.

***
Ҳар як номи тоҷикӣ нишонае аз симои миллӣ ба шумор меравад ва сарфи назар кардан аз он, пеш аз ҳама, беэҳтиромӣ нисбат ба забони модар ва давлати худ, нисбат ба таъриху фарҳанги миллӣ ва, дар маҷмӯъ, нисбат ба миллату Ватан мебошад.

***
Фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти ҳар як миллат мебошанд. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаҳои бунёдӣ асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар як зиёӣ, ба мисли аҷдоди тамаддунсози хеш, бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад.

***
Китоб ва сухан аз нерӯи бузурге бархӯрдоранд. Сухан аз ҷумлаи неъматҳои олии маънавӣ буда, ақлу хирад ва даҳои инсониятро таҷассум менамояд. То ҷаҳон ҳаст ва инсоният боқист, умри сухан безавол аст.

***
Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих – бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон – мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони миллат аст, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем.

***
Раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти башар дар баробари таъсири мусбат нақши манфии худро низ мегузорад. Бахусус, фишори фарогири ҷаҳонишавӣ ба забону фарҳанг, ки рукнҳои асосии пойдории миллат ба шумор мераванд, бештар эҳсос мегардад. Дар чунин шароит, агар мо забонамонро азизу гиромӣ надорем ва ҳимоя накунем, имкон дорад, ки он пас аз муддати начандон тӯлонӣ ба як забони доираи истифодааш маҳдуд ва ё ҳатто забони хонагӣ мубаддал гардад.

***
Донишмандони моро зарур аст, ки рисолати таърихии хешро иҷро карда, ба монанди гузаштагони соҳибфарҳанги худ, ки бо осори пурғановаташон онро ба як забони тавонои илмӣ мубаддал сохтаанд, дар рушду густариши забонамон ва ба забони илми муосир табдил додани он саҳм гузоранд. Бинобарин, Академияи илмҳо ва вазорату муассисаҳои дахлдорро лозим аст, ки дар ин бобат тадбирҳои мушаххас андешанд.Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад. Бо ин забон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ба имзо мерасанд, осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд. Аз ин рӯ, возеҳ аст, ки омӯзиши забони ниёгон бояд дуруст ба роҳ монда шавад.

***
Зарур аст, ки ба масъалаи омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аз ҷониби ҷавонон эътибори қатъӣ зоҳир гардад.

***
Густариши забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми давлатӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он ҳамчунин таҳияи фарҳангномаҳои истилоҳоти соҳавӣ ва луғати комили имлои забони тоҷикиро талаб мекунанд, ки ин кор аз ҷониби мутахассисон бо масъулияти бисёр ҷиддӣ бояд сурат гирад.

***
Ҳадаф аз қабули қонуни нав, пеш аз ҳама, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, таъмини истифодаи фарогир ва густариши ҳамаҷонибаи он дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мебошад, ки ин амр тақозои воқеияти замон аст.

***
Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал, пеш аз ҳама, барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад.
Соҳиби давлати миллӣ гаштани мо ва таваҷҷуҳи хоса доштан ба низоми давлати миллӣ ҳаргиз маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи дигар миллатҳоро надорад. Зеро давлати миллӣ барои мо воситаи ҳифзи фарҳангу забони миллӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба он эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

***
Маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ, чун дурри гаронбаҳо, то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд. Аз ин рӯ, метавон бо итминони комил гуфт, ки Сомониён илму фарҳанг, забон ва китобу назми тоҷикиро мақоми хосса бахшиданд ва ин омилҳо боиси ҳастии миллат ва пойдории он гардиданд.

***
Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва, гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад.
Мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад.

***
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.

***
Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули точикӣ мебошад. Зеро забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз номи миллат ҳукм барорад, фарҳангу забонашро зери шубҳа гузорад ё ҳақиқати таърихро инкор намояд.
Ҷомеаи солим ба насли бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, ватанпарвар, забондон, ҷасур, аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр, дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Маҳз инсонҳои дорои чунин хислатҳо метавонанд дастовардҳои истиқлолияти мамлакатро афзун ва ҳифз намоянд.
Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, хулоса, аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ, тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо онҳо ифтихор намоем. Бинобарин, аз ҷавонону наврасони кишвар ва, умуман, аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон ҳамеша дар ҳифзи аслу насаби худ ҳушёру бедор бошанд.

***
Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон тақозо дорад.Беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ, тақвият бахшидани самтҳо ва равияҳои тадқиқоти кафедраҳо, фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён, ҷалби ҷавонони боистеъдод ба корҳои илмию тадқиқотӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи маориф ва, дар ҳамин замина, ташаккули тафаккури техникӣ ба шумор мераванд.
Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем. Забони миллии мо тавоноии забони илмро, чунонки аз аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад.

***
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника ин мафҳум маънои комилан нав ва бисёр фарох касб кардааст. Акнун нафаре босавод шуморида мешавад, ки на танҳо хонда ва навишта тавонад, балки маҷмӯи донишҳои муназзами замонавӣ дошта, забони давлатиро дар сатҳи аъло донад, инчунин як ё ду забони хориҷӣ ва тарзи дурусти истифодаи технологияҳои имрӯзаро азхуд карда бошад.

***
Меҳри азалӣ ба Ватани аҷдодӣ, муҳаббат ба диёри бостонӣ, насл ба насл пос доштани забони шаҳдбору шоиронаи Рӯдакӣ ва пайвандҳои ҳазорсолаи гузаштаву имрӯза қутбнамое мебошанд, ки моро ба сӯи ояндаи нек ва бозёфтҳои тоза раҳнамоӣ мекунанд.

***
Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ барои мо ва махсусан барои наврасону ҷавонони сарзаминамон, Ватан, модар, забон, фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳову муқаддасоти милливу давлатиамон аҳамияти ҳаётӣ доранд.

***
Мо бояд аз ҳама ғановат ва сарвати забони миллӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ба хубӣ истифода намоем ва намунаҳои беҳтарини онро пешкаши мардум гардонем. Аммо дар ин самт аз ҷониби воситаҳои ахбори омма камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо барои рушди забони миллӣ ҳатмист.
Барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ аз зиёд кардани шумораи мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ худдорӣ намуда, бояд бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияҳои муосир бархурдор таваҷҷуҳ бояд кард.

***
Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёд ҳалқаҳои васле мебошанд, ки моро ба сӯи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд.

***
Фаромӯш набояд кард, ки бе рушди забони давлатӣ, ҳамчун рукни муҳими таҳки ми худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ, мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад. Инро ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд.
Эҳтироми забони модарӣ ва амиқ омӯхтани он, инчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ, аз ҷумлаи равандҳое мебошанд, ки бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

***
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, мебошад.

***
Зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба омӯзиши забони давлатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар баробари ин донистани ҳатмии ду забонро, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро, ҷорӣ намоем.

***
Миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ, бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

***
Бо шарофати неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ, мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса, ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори таърихӣ – эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу фардо – эҳё намоем.Ояндаи ободу осудаи ҷомеа ва давлат, қабл аз ҳама, аз фарзандони тарбиятдида, донишманду забондон, ҷаҳонбинии васеъдошта ва миллатдӯсту ватанпарвар вобаста аст.

***
Ҳангоми хостагирӣ ва ҷобаҷокунии кадрҳо маҳз дараҷаи баланди касбӣ, донишҳои васеи муосир, дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ, дараҷаи баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳолатҳои коррупсионӣ бояд меъёрҳои асосӣ гарданд.

***
Муҳимтарин ҳадафи мо арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикист. Зеро забони тоҷикӣ – дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо – рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо
– тоҷикон – аст.

***
Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудем.

***
Борҳо иброз доштаем, ки донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, барои наврасону ҷавонони мо зарурати воқеии рӯз аст. Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи иқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард.

***
Вазифаи муҳими олимони кишвар – бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол – таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад.

***
Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.
Илова ба татбиқи чорабиниҳо доир ба таъсиси китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои маърифатӣ, дар даврони истиқлолият дар кишварамон барои рушди забони модарӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, забони пурғановати тоҷикӣ дубора рӯҳи миллиашро соҳиб гардид.

***
Барои боз ҳам тақвият бахшидани мақоми сазовори забони тоҷикӣ зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд ва, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон забони тоҷикиро ба таври мукаммал ва дар сатҳи аъло азхуд карда, ҳатман ду забони хориҷиро, ба мисли забони модарӣ донанд. Зеро дар замони пешрафту таҳаввулоти имрӯзу оянда бе донистани ду забони хориҷӣ кору фаъолият кардан ва муваффақият ба даст овардан бисёр мушкил мешавад.

***
Миллати қадима ва сарбаланди тоҷик дар тӯли таърихи дарозаш маънавиёти баланд, одобу ахлоқи ҳамида, забони шевои модарӣ, девону дафтари парокандаи бузургони гузаштаи хеш, умуман, мероси фарҳангию тамаддуни қадимаи худро бо ҳазорон заҳмат ҳифз карда, то рӯзҳои мову шумо расонидааст.

***
Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрӯз низ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

***
Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз Ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад.Дар тарбияи забономӯзии кӯдакону ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд падару модарон масъулияти бештар дошта бошанд.

***

***
Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад.

***

***
Зиёиён, олимони забоншинос, кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва, умуман, ҳар фарди бонангу номуси миллат барои баланд бардоштани маданияти забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, болоравии сатҳи худшиносӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, инчунин пешгирии пайравии кӯркӯрона аз забонҳои дигар бояд саҳми муносиб гузоранд.
Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён, чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо, ривоҷ пайдо карда буд. Бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳои тоҷикӣ суруда шуда, дар давоми садсолаҳои минбаъда ҳазорҳо ҷилд асарҳои таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ ва динӣ эҷод гардиданд.

***
Агар мо қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати густариши худшиносию худогоҳӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистонро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем.

***
Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Дигар ин, ки ҷорӣ карда ни дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин, бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ, ғайриимкон аст.

***
Мехоҳам хотирнишон намоям, ки омӯхтани забон ва равону суфта шудани он танҳо ба шарофати мутолиаи китоб муяссар мегарданд.

***
Миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарбро истифода намуда, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро пос медорад.
Имрӯз далелҳои қавӣ вуҷуд доранд, ки дар асоси онҳо донишмандон макони зуҳур ва нашъунамои забон ва адабиёти тоҷикиву форсиро Мовароуннаҳру Хуросон медонанд.

***
Имрӯз, дар шароити истиқлоли сиёсӣ, мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба поймол шудани истиқлолияти фарҳангии миллатамон роҳ диҳем. Зеро истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст. Дар баробари ин, дӯст доштан ва омӯхтани забони модарӣ ҳаргиз маънои дар доираи забони худ маҳдуд мондан ва аз омӯзиши забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, сарфи назар карданро надорад.

***
Насиҳати ман, ҳамчун Роҳбари давлат, ба шумо – насли ояндасози миллат – ин аст, ки аз имкониятҳои бароятон фароҳамо вардаи давлату Ҳукумати мамлакат пурра ва ҳаматарафа истифода баред, бо баҳои хубу аъло хонед, касбу ҳунар омӯзед, забони модариро, яъне забони давлатиро, ба дараҷаи аъло азхуд кунед ва, дар баробари ин, як-ду забони хориҷӣ ва техникаву технологияҳои муосирро низ дар сатҳи баланд омӯзед, ифтихори падару модар ва ифтихори Ватани азизамон – Тоҷикистон бошед.

***
Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як фарди соҳибзабон забони тоҷикиро, ки нишони ҳастии миллат аст, азхуд кунад ва ба воситаи он ҳувият ва фарҳанги миллии худро ҳифзу гиромӣ дорад.

***
Фаромӯш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй обод карда метавонанд.

***
Кормандони соҳаи маориф – омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва, умуман, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз Ватан ва фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон ҳамеша саъю талош намоянд. Вазифаи ҳар як шахси солимфикру огоҳ ба хонандагон талқин намудани зарурати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, забономӯзӣ, азхуд намудани дастовардҳои навтарини техника ва технологияҳои муосир мебошад.

***
Мақсади мо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили шумо – насли наврас, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ҳамаатон соҳиби дониши мукаммал, забондон, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархӯрдор ва бо омӯзиши касбу кор ва ихтисосҳои гуногун дар оянда барои ободӣ ва шукуфоии Ватани худ омода бошед.

***
Дар шароити имрӯза мамлакати мо барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба кадрҳои баландихтисоси миллӣ ниёз дорад.Бо дарназардошти ин нукта вазифаи асосии шумо – хонандагон, пеш аз ҳама, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, азхуд кардани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин дастовардҳои техникаву технологияҳои муосир мебошад.

***
Халқи тоҷик аз азал соҳибмактаб буд ва аз ин рӯ, дар тӯли таърихи пурғановати хеш пойдевори устувори илму хирад, кохи бегазанди забону фарҳанги миллиро барафрохта, ба арсаи таърих даҳҳо нобиғаҳои ҷаҳониро, ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайём, Ҷалолиддини Румиву Имом Ғаззолӣ, Саъдиву Ҳофиз, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзодаро ато кардааст, ки имрӯз мо бо номи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ифтихор менамоем.

***
Ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли садсолаҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо – тоҷикон – то имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди ҳуҷуму харобкориҳо ва фишори аҷнабиён аҷдоди мо ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагон, ҳамчун ганҷи бебаҳо, ба мерос гузоштаанд.

***
Донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар роҳи таблиғи забони илм дар кишвар бояд фаъолтар бошанд ва дар ин кор саҳми бевосита гузоранд. Агар мо дар бораи илми воқеии ватанӣ барои имрӯзу фардои ҷомеа бо хушбинӣ ва эътимод қазоват кунем ва насли ҷавони ояндасозро ба пайроҳаи равияҳои гуногуни илм ҳидоят намоем, бояд дониста бошем, ки ҳадафи мо ташкили илми миллӣ аст.

***
Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир иборат аст.

***
Модари тоҷик Рӯдакӣ – султони мулки сухани Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро ҳамроҳ бо ҳамосаи мардонагии Фирдавсӣ, осори безаволу наҷотбахши Ибни Сино, ашъори пуршӯр, пур аз ишқу муҳаббат ва панду андарзи Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар фарзандони худро бо забони ширину гуворои тоҷикӣ ва нармиву покии тоҷикона барои наслҳо хонд, аз боду борон ва газанди рӯзгор ҳифз карда, барои наслҳои оянда, аз ҷумла мову шумо, ҳамчун мероси падар ба ворисонаш расонд.

***
Мо пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд сатҳи маърифати миллатро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои тамаддуни муосир баҳраварро тарбия намоем. Дараҷаи саводу маърифат ва густариши ҷаҳонбинии нав бошад, танҳо бо роҳи таъмини саводу маърифати занмодар ба даст меояд. Вобаста ба ин, масъалаи омӯзиши забонро, ки ҳамчунин аз оила оғоз мегирад, бори дигар таъкид менамоям. Занону модарон бояд ифтихор дошта бошанд, ки башарият, аз ҷумла мо – тоҷикон, забони худро бо номи забони модарӣ мешиносем.

***
Занону модарон масъулияти покизагии забон, сатҳи забондонии фарзандон ва, дар баробари ин, омӯзиши забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва англисиро, ки имрӯз аллакай талаботи ногузири ҷомеаи пешрафта мебошад, ба зимма доранд.

***
Бузургони илми сиёсат беҳуда нагуфтаанд: «Барои он, ки миллатро нест кунӣ, бояд ӯро аз решаҳои таърихиаш, аз ҷумла забону фарҳангаш, ҷудо созӣ». Ман доимо таъкид мекунам, ки вақте забону фарҳанги халқ аз байн рафт, давлат низ худ ба худ аз байн меравад. Таърих чунин мисолҳоро бисёр медонад.

***
Ҳар як эҷодкор сабку услуби худро дорад, вале он бояд ба доираи васеи хонандагон фаҳмо бошад. Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи Қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад.

***
Аз шумо – хонандагони азиз – мо танҳо хониши аъло, одоби ҳамида, ифтихори баланди миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиромро ба устодону омӯзгорон ва рамзу муқаддасоти Ватан, аз ҷумла Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллӣ, тақозо дорем, зеро бо пос доштани нишонаҳои олии худшиносиву худогоҳии миллӣ ақлу заковату хирадмандӣ таҳким меёбанд. Ҳамчунин таъкид менамоям, ки вазифаи шумо боз ҳам хубтар азхуд кардани забони давлатӣ, яъне забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, мебошад. Чунки забони давлатӣ ифодакунандаи ҳастии миллат ва асоси маънавии ваҳдати миллии мо – тоҷикон – мебошад.

***
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо амиқан дарк намудем, ки забони тоҷикӣ, ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад. Ва имрӯз бо шукронаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори дигар иброз медорем, ки аз баракати он барои рушду такомули арзишҳои асили маънавӣ ва анъанаву суннатҳои неки мардуми тоҷик заминаи мусоиди сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фароҳам оварда шуд. Дар раванди ташаккул ва рушди забони муосири тоҷикӣ, боз ҳам ба шарофати соҳибихтиёрии давлатамон, осори гузаштаи хаттӣ ва дигар захираҳои маънавии халқамон, ки ҳамеша аз ҷумлаи сарчашмаҳои шодоби он мебошанд, ба таври бесобиқа мавриди истифодаи соҳибзабонон ва, бахусус, мутахассисон қарор гирифтанд.

***
Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

***
Собиқаи таърихии забони тоҷикӣ – аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз - гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон, ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло, шуҳрат дорад. Барои ба ин шуҳрату мартаба расидани он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳазорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адабиву илмии худ тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд.

***
Забони мо дар тӯли таърих, ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун, нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ, ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон, – Қуръони карим, пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт,эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад.

***
Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар давраи пешрафту таҳаввулоти босуръати техникӣ ва технологӣ забони мо дигаргуниҳои ҷаҳони муосирро фаро гирифта, онҳоро бо дарназардошти табиат ва имкониятҳои худ дарҷ ва ҳазм карда тавонад.

***
Барои таъмин кардани раванди дурусти инкишофи забони адабӣ ва истифодаи васеи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зарур аст, ки барномаи давлатии рушди забони миллӣ таҳия карда шавад. Ин барнома бояд тамоми масъалаҳои назария ва амалияи инкишофи забони давлатиро, бо дарназардошти таҳаввулоти минбаъдаи он, дарбар гирифта, таҳкими мавқеъ ва густариши истифодаи забонро дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ таъмин намояд.

***
Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Ва чунон ки дар суханронии худ ҳангоми мулоқоти имсола бо зиёиёни кишвар таъкид карда будам, зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо вазифаи илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлат оид ба забон, бахусус забони давлатӣ, мебошад.

***
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ба масъалаҳои рушди устувори забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва мақоми онро ҳимоя мекунад. Чунки маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддиву маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд.

***
Ба ҳар кадоми мову шумо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.

***
Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии миллатро, пеш аз ҳама, аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамояд.

***
Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар шахсе, ки забони тоҷикиро, ҳамчун забони модари худ, дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯи он амал намояд.

***
Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ, ки бо шеъри қофиласолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз мегардад ва маҳз тавассути он меҳру муҳаббати модар дар қалбҳои мо ҷой мегирад, бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд.

***
Вазифаи наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки ба фарзандони худ ва, умуман, ба ҷавонон ва насли наврас як масъаларо ҳамеша таъкид ва талқин намоем: забони модарӣ, мисли неъматҳои худододи Модар, Ватан ва Истиқлолият, арзиши ҷовидонӣ мебошад ва, чун гавҳари бебаҳо, эҳтиёт кардани он қарзи ҳар кадоми мост.

***
Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, алалхусус забонҳои русиву англисӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан имконпазир мегардад.

***
Ҷавҳари худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, пеш аз ҳама, аз дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии солим боис мегардад.

***
Зан-модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд.

***
Таъкид менамоям, ки модарон ва ҳар яки шумо бояд ба фасоҳати забонамон диққати махсус диҳед, ба фарзандон, дар баробари одоб ёд додан, тарзи сухан гуфтан, тарзи муомила намуданро омӯзонед ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба забони модарӣ афзун намуда, забонро поку беолоиш ва софу бегазанд нигоҳдорӣ кунед. Дар баро бари ин, завқи фарзандонро ба азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бедор карда, барои онҳо шароит муҳайё созед, то фарзандони шумо забондону соҳибихтисос ва шоистаи даврон гарданд.

***
Омӯзгорон вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

***
Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ, ҳамчун бақои миллат, нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.

***
Ба ҳамагон маълум аст, ки забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли Ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Дар тӯли тамоми таърих забон барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Хусусан имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро, ҳамчун неъмати бузург, эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем.

***

***
Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор менамояд ва ба хубӣ дарк мекунад, ки миллат бе забон амсоли парандаест, ки аз болу пар маҳрум гардида, парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст.

***
Миллати тоҷик нек медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.

***
Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллиихудро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз, чун ганҷинаи гаронбаҳо, ба мо ба ёдгор мондааст.

***
Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он ҳамаи шароити мусоидро фароҳам овард ва ҳама гуна маҳдудияту монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф намуда, онро ба шоҳроҳи нави тараққиёт раҳнамун сохт.

***
Дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои русӣ ва англисӣ, тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, ба мо дар густариши муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва гузашта аз ин, ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат мекунанд.

***
Мо бояд забони давлатиамонро, мисли оинаи поку пурҷило, нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем.

***
Ба шарофати истиқлолият миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарбро мавриди истифода қарор дода, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд ва имрӯз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад.
Ба кулли шаҳрвандон ва, махсусан, ба ҷавонон мехоҳам таъкид намоям, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст.

***
Ифтихор аз Ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ, аввалтар аз ҳама, вобаста ба мақому эътибори забони давлатӣ ва дар поку бегазанд нигоҳ доштани он мебошад.
Пеш аз он ки номи миллат ва забони он таҳаввулоти таърихиро аз сар гузаронида, ташаккул ёбад, тоҷикон тӯли асрҳо барои истиқлолият ва ҳувияти худ бо аҷнабиён муборизаҳои дуру дарози мазҳабию фарҳангӣ бурдаанд.

***
Дӯст доштани забон ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст.

***
Театр ва, дар маҷмӯъ, фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

***
Мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат, давлатдориамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтиву бегонапарастӣ раҳида, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем, дар зери парчами Тоҷикистон гирд омада, истиқлолият ва якпорчагии Ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеш гирем ва давлати воқеан мутамаддин созем.

***
Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад.

***
Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар аст. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад.

 Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад.

***
Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

***
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

***
”Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад“.

***
«Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.»

***
Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

***
Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

***
Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад.

***
Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд.

***
Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зиёд дорад.

***
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

***
Дар ин ҷо бори дигар хотирнишон месозам, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

Маҳз бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгароямон мо дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардем ва боз ҳам бо заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодем.

***
«Имрӯз ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро,ки иродаи мардуми Тоҷикистон асту ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем».
Аз китоби «Истиқлолият ва эҳёи миллат»

***
«Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид».

***
«Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид».

***
«Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад».

***
«Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлатии мо арзёбӣ мегардад».

***
«Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд».

***
«Имрӯз аз фарҳанги сулҳ ва рисолати сулҳпарварӣ натанҳо ояндаи кишвари мо, балки тақдири ояндаи ҷомеаи башарӣ вобастааст. Аз ин лиҳоз мо, тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем».

***
«Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

***
Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад».

***
«Миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва ҳар фарзанди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Барои ин пеш аз ҳама нангу номус, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зарур аст».
***
«Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзмини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд. Бинобар ин, сулҳ барои мардуми мо баробари истиқлолият муқаддас ва бебаҳост».

***
«Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

***
Халқи мо дар фаросӯи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, ҳамчунин фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ, ки дар давраи Сомониён ба авҷи камолоти худ расида буд, бо вуҷуди фишори суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд».

- Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем.

***
Аз ҳеҷ кас ва ё аз ҳеҷ чиз наҳаросед..
Натарсед!
Мо Соҳибистиқлол ҳастем!
Баробари дигар давлатҳои дунё мо низ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ як овоз дорем.
Ҳуқуқи худамонро бояд ҳимоя кунем.
Ватанамонро дӯст дорем!
Мо давлати кучак бошем ҳам таърихи қадима дорем, миллати сарҷамъ ҳастем, ананаҳои қадима дорем бояд ҳифз намуда ва ба дигарон шинос кунем.
Як чизро ҳеҷ гоҳ фаромуш накунед, ки Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад!!!
Ман бори дигар таъкид менамоям, ки бо садоқати баланди ватандӯсти хизмат кунем!

***
Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.