Ҳуқуқ

Илми ҳуқуқшиносӣ – ин соҳаи донишҳои махсусест, ки ба воситаи онҳо омӯзиши назариявию амалии зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ сурат мегирад

Низоми илми ҳуқуқшиносӣ дар ягонагии илмҳои ҳуқуқӣ ифода ёфта, ба ҳалли вазифаҳои гуногун дар таркиби илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳамчун маҷмӯи томи донишҳои ҳуқуқӣ фаъолият менамояд

Ҳуқуқ – қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда шуда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад

Ҳуқуқи фитрӣ – ин маҷмуи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ки аз табиати биологӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳии инсонҳо ба миён омада, шарти мавҷудияти ӯро ҳамчун махлуқи бошуур ва иҷтимоӣ ифода менамояд

Ҳуқуқ – ин арзиши умумибашарӣ буда, ба инсон аз лаҳзаи таввалуд тааллуқ дошта, давлат онро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд;Ҳуқуқ – ин арзиши умумибашарӣ буда, ба инсон аз лаҳзаи таввалуд тааллуқ дошта, давлат онро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд

Ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ, сотсиалистӣ

Ҷамъиятӣ

Он аз маҷмӯи донишҳои асосии ҳуқуқӣ дар бораи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои он, соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳуқуқи байналхалқӣ ва асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иборат аст

Методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқ гуфта он роҳу восита ва тарзу усулҳоеро меноманд, ки тавассути онҳо объетҳои омӯзиши предмети фанни ҳуқуқ омӯхта мешавад

Умумӣ ва махсус

Дар додани донишҳои асосии ҳуқуқӣ дар бораи зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ

Давлат – ин машинаест, ки идоракунии як синфро аз болои синфи дигар ба танзим медарорад

Давлат – ин ташкилоти сиёсии муайянест, ки бо ёрии он синфи ҳукумрон идоракунии ҷамъиятро ба амал мебарорад

Додани донишҳои асосии ҳуқуқӣ, шинос намудан бо масъалаҳои воқеияти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, ҳамчунин ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён

Назарияи давлат ва ҳуқуқ – ин маҷмӯи донишҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ буда, дар он масъалаҳои давлатию ҳуқуқӣ омӯхта мешаванд

Назарияи умумии давлат ва ҳуқуқ

Тараққиёти ҷамъияти ибтидоӣ, бавуҷуд омадани зиддияти байни синфҳо, пайдоиши моликияти хусусӣ

Шакли идоракунӣ, сохти давлатӣ, режими сиёсӣ

Намояндагӣ ва бевосита

Назарияи илоҳӣ, шартномавӣ, патриархалӣ, зуроварӣ, нажодӣ, органикӣ, марксистӣ, иригатсионӣ

Функсияҳои давлат гуфта яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлатро меноманд

Ҳокимияти оммавӣ, ҳудуд, аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, ҷамъоварии андоз

Рамзҳои давлатӣ, забон ва пойтахти давлат

Принсипҳои ҳуқуқ гуфта он асосҳои роҳбарикунандаеро дар илми ҳуқуқ меноманд, ки барои ба амал баровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳамчун замина хизмат менамоянд

Умумӣ-ҳуқуқӣ ва соҳавӣ-ҳуқуқӣ

Қонун – санади олии ҳуқуқист, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва халқ қабул гардида муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад

Дастгоҳи давлатӣ аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иборат буда, функсияҳои давлатро ба амал мебарорад

Давлати ҳуқуқбунёд гуфта давлатеро меноманд, ки дар он ҳуқуқ ҳукумрон аст

Волоияти қонун, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, назорати суди конститутсионӣ ва масъулияти тарафайни давлат ва шахс

Ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта ҷомеаеро меноманд, ки он худташкилшаванда, худидорашаванда, кушод ва гуногунақида аст

Сарчашмаҳои ҳуқуқ гуфта шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқро меноманд

Миллӣ ва байналмиллалӣ

Ваколатдоркунанда, ӯҳдадоркунанда, манъкунанда

Гипотеза, диспозитсия, санксия

Муносибатҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои ҷамъиятии бо меъёрҳои ҳуқуқ танзимшударо меноманд

Субъект, объект, мазмун, факти ҳуқуқӣ

Ҳуқуқвайронкунӣ гуфта кирдори содирнамудаи (ҳаракат ва беҳаракатии) ба ҷамъият хавфнок, гунаҳгорона, зиддиҳуқуқиро меноманд, ки ба ҷамъияту давлат ва шахсони алоҳида зарар расонида бо таҳдиди татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқӣ манъ карда шудааст

Ҷиноят, кирдорҳои зиддиҳуқуқии маъмурӣ, интизомӣ ва гражданӣ

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ гуфта таҳти маҷбурияти давлати иҷро намудани ҷавобгарии ҳуқуқиро меноманд

Ҷавобгарии ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, интизомӣ, моддӣ, маънавӣ

Ҳуқуқи инсон ин чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин бо қоидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва динӣ кафолат дода шудааст

Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро меноманд, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф, танзим ва ҳифз карда мешаванд

Сарчашмаҳои миллӣ ва байналхалқии ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ

Ҳуқуқҳои инсон аз се насл иборатанд

Дохилидавлатӣ ва байналхалқӣ

Ҳуқуқи конститутсионӣ яке аз соҳаи намоёни ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмуъи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст, ки асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ-ро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд

Ҳокимияти давлатӣ ин ҳокимияти халқ аст, ки идоракунии давлатро ба воситаи мақомотҳои салоҳиятдор амалӣ мегардонад

Ба се шохаи ҳокимият

Ҳокимияти давлатӣ ба шохаи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

Мансубияти шахсро ба ин ё он давлат 

Аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш сохт, муқарраркунӣ мебошад

Ҳуқуқи маъмурӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, бо маҷмуъи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷо ба ҷо шуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ташкил ва фаъолияти он ба танзим медарорад

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳгоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад

Намегардад

то 15 шабонарӯз

Ҷавобгарии маъмурӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳаққи шахси воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ аз ҷониби суд татбиқ карда мешавад

Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад

Огоҳӣ, огоҳии сахт, сарзаниш ва ҳадди охир аз кор озод намудан;

Раиси Ҳукумат, Раиси Ҷумҳур

Ҷамоати шаҳрак мақомоти худидораи шаҳрак буда онро раиси ҷамоат идора карда, намояндагони кӯчаю маҳаллаҳо, дигар воҳидҳои марзии дар ҳайати ӯ буда чун вакил иштирок менамоянд

Ҷамоати деҳа мақомоти худидора буда, онро раиси ҷамоат идора карда, намояндагони деҳаҳои дахлдор дар он чун вакил иштирок менамоянд

Ҳуқуқи экологӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист ба танзим медарорад

Муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ мустаҳкам карда шудаанд

Фактҳои ҳуқуқӣ, субъект, объект, мазмун

97,5% обҳои шӯр ва 2,5% обҳои тоза

Ҷавобгарии экологӣ дар натиҷаи вайронкунии экологӣ ба вуҷуд омада, вақти содиршавии он дар доираи муқарраршудаи ҳуқуқ табиат зарар мебинад

Ҳуқуқи молиявӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил, тақсим ва истифодабарии захираҳои молиявии давлатӣ ба танзим медарорад

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ гуфта он қоидаҳои умумиҳатмии рафторро меноманд, ки бо ҳуқуқи молиявӣ ба танзим дароварда шудааст

Шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, давлат

Субъект, объект ва мазмун

Ҳуқуқи андоз соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба андоз ва андозбандӣ ба танзим медарорад

Шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи андозро сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз меноманд

Андоз гуфта боҷ, хироҷ ва дигар пардохтҳои умумиҳатмии давлатиро меноманд

Боҷи давлатӣ гуфта боҷҳоеро меноманд, ки барои ҷуброни хароҷоти давлат ҳангоми расонидани хизматҳо ба пулдиҳандагон таъин карда шудаанд

Зери мафҳуми хироҷ – хароҷотҳо барои ҳуқуқи савдо дар бозорҳо барои баровардани хароҷот омода сохтани шароити мусоид барои фурушандагон таъин карда шудаанд

Пурра кардани буҷети давлатӣ

Андозҳои умумиҷумҳуриявӣ, андозҳои маҳаллӣ

Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ

Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ танзим менамояд

Пардохтҳои гумрукӣ гуфта боҷҳои гумрукиро меноманд

3 намуд

Конститутсияи ҶТ

Огоҳӣ, ҷарима, бозхонди литсензия ё шаҳодатномаи ихтисос, мусодираи молу воситаҳои нақлиёт, ситонидани арзиши молу воситаҳои нақлиёт, мусодираи воситаи нақлиёт

Ҳуқуқи гражданӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба танзим медарорад

Қобилияти ҳуқуқдорӣ – ин қобилияти соҳиби ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ буда, барои ҳамаи шаҳрвандон баробар эътироф шуда, аз лаҳзаи таваллуд пайдо ва баъди вафот қатъ мегардад

Қобилияти шаҳрванд барои бо ҳаракатҳои худ соҳиби ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ шуданро меноманд

Ташкилотҳое, ки молу мулки алоҳида доранд, аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ ба даст дароварда, ӯҳдадориҳоро ба ҷо оварда, дар суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ даъвогар ё ҷавобгар шуда метавонанд, шахсони ҳуқуқӣ эътироф карда мешаванд;

Коллективи ягонаи муташаккил, молумулки алоҳида, аз номи худ дар муомилоти гражданӣ иштирок карда тавонад, дар судҳо даъвогар ва ҷавобгар шуда тавонад

Ихтиёран ва маҷбуран

Тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ ё шахсони дигаре, ки аз сабаби амалиёти ҷангӣ бедарак гум мешаванд баъд аз ду соли тамом шудани амалиёти ҷанг вафотёфта эълон мешаванд

Аҳд яке аз фактҳои ҳуқуқӣ буда, амали шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро, ки барои ба вуҷуд овардан, таъғир додан ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ равона карда шудаанд, эътироф мекунад

Яктарафа, дутарафа ва бисёртарафа, хаттӣ, даҳонӣ, музднок ва бемузд ва ҳоказо

Созиши ду ва зиёда шахсонеро меноманд, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мегардад

Шаҳрванди ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа

Ҳуқуқи оилавӣ яке аз соҳаи мустақили ҳуқуқи ҶТ ба шумор рафта, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои шахсӣ ва молу мулкие, ки дар натиҷаи никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, байни шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, ба танзим медарорад

Никоҳ – ин иттифоқи ихтиёрона ва озодонаи зану мардро меноманд, ки бо ҳиссиёти меҳру муҳаббат, дустию садоқати тарафайн, баробарҳуқуқӣ чун қоидаи умрбоди зану шавҳар асос меёбад ва бо мақсади барпо намудани оила баҳри тавлид ва тарбияи фарзанд ва бо риояи ҳамаи шартҳои нишондодаи қонун, умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро дар байни аъзоёни оила ба миён меорад ва инчунин дар ҳифз ва ҳимояи давлат қарор дорад

Дар моддаҳои 17 ва 33

Розигии никоҳшавандагон, ба синни никоҳи расидан, ҷой надоштани монеаҳои ақди никоҳ

Розигии ҳамсарон ва мавҷуд набудани баҳсҳои молу мулкӣ

30 ва 50 фоизи музди кор

Ба муҳлати то 2 сол ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба ҳамин муҳлат ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ;

Ин созишномаи шахсони издивоҷшуда ё зану шавҳар мебошад, ки ҳуқуқи молумулкӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи зану шавҳарӣ ва дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд

Вафот кардан, ба тариқи судӣ вафотёфта эълон кардани зан ё шавҳар, талоқ

Фарзандхонӣ – ин санади ҳуқуқӣ буда, дар натиҷаи он байни шахсони фарзандқабулкунандаю хешовандони онҳо ва шахсони фарзандхоншаванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модарӣ ва фарзандӣ пайдо шуда, танзимкунонида мешавад

Ҳуҷҷатҳои қарор қалбакӣ бошад, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, надоштани қобилияти амалкунӣ, ғайриқобили амал дониста шуда бошад ва ҳоказо

Бо розигии кӯдак ва мақомоти судӣ аз синни 10 солагӣ

На камтар аз 16 сол

Ба васоят кӯдакони синнашон ба 14 нарасида ва ба парасторӣ кӯдакони синнашон аз 4 солагӣ то 18 солагӣ гирифта мешаванд

Ҳуқуқи меҳнатӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқи ҶТ ба шумор рафта, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои меҳнатии ҷомеаро, ки корманд ба онҳо дар иртибот бо татбиқи қобилияти меҳнатӣ ва корфармо бошад, дар иртибот бо истифода аз қобилияти меҳнатии корманд ба вуҷуд меоянд ба танзим медарорад

Шартномаи коллективӣ санади меъёрие фаҳмида мешавад, ки муносибатҳои истеҳсолию меҳнатӣ ва иҷтимоиро дар байни корфармо ва меҳнаткашон дар корхона, муассиса, ташкилот новобаста аз шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ ба танзим медарорад

Шартномаи меҳнатӣ гуфта созишномаи байни корфармо ва кормандро меноманд, ки тибқи он корманд вазифадор аст, корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаи тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад

Ҳамчун факти ҳуқуқӣ, асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ, робитаи ҳуқуқии байни корфармо ва корманд

Номуайян, муайян, вале на бештар аз 5 сол, барои вақти иҷрои кори муайян ва иҷрои корҳои мавсимӣ

Инфиродӣ, коллективӣ

Сарзаниш, танбеҳ ва аз кор озод намудан

Дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот, билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ

Муътадил, кӯтоҳ ва нопурра

Ҳуқуқи кишоварзӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар кор ва фаъолияти хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти кишоварзӣ ба танзим медарорад

Хоҷагии деҳқонӣ – субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллуқдошта ташкил медиҳанд

Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиеро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ кишоварзӣ мустаҳкам гардонида шудаанд

Ҳуқуқи соҳибкорӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оиди кор ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва муносибатҳои ба он зич алоқамандро бо мақсади таъмину манфиати давлат ва ҷамъият ба танзим медарорад

Соҳибкор шахси иштироккунандаи асосии бозор ва пояи ҳар низоми иқтисодие мебошад, ки на дар заминаҳои давлатӣ балки дар заминаи рақобати бовиҷдон бунёд ёфтааст

Соҳибкории инфиродӣ, дастаҷамъӣ ва соҳибкории шахси ҳуқуқӣ

Аз лаҳзаи гузаштан аз қайди давлатӣ

Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ, ҳамчун соҳаи қонунгузорӣ, ҳамчун илми ҳуқуқи ҷиноятӣ

Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки кодекси ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо онро манъ кардааст

Ин муносибати рӯҳии шахс дар шакли қасдона ё беэҳтиётӣ нисбат ба кирдори содирнамуда ё оқибатҳои он мебошад, ки муносибати манфии ӯро нисбат ба манфиатҳои шахс ва ҷомеа нишон медиҳад

Ҷавобгарии ҷиноятӣ ин аз номи давлат маҳкум кардани шахси ҷиноятсодиркарда буда, он дар баровардани ҳукми айбдориаш ифода мегардад

Ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин, махсусан вазнин

Номукаллафӣ гуфта чунин ҳолати нимсолими рӯҳиву зеҳнии шахсро меноманд, ки бар асари он ӯ хафнокии кирдорашро дарк намекунад ё онро идора карда наметавонад

Мудофиаи зарурӣ, расонидани зарар, зарурати ниҳоӣ

Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад;

Сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ гуфта қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ танзим шудаанд

Суд, шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ, шахсони ба адолати судӣ ёрирасон

Барои ҷиноятҳои начандон вазнин на бештар аз ду сол, барои ҷиноятҳои дараҷаи миёна зиёда аз панҷ сол

Айбдоркунӣ – ин фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад, ки ба исбот кардани гунаҳгории шахси содирнамудаи ҷиноят ва муайян кардани ҳолатҳои ҷавобгариро вазнинкунанда, равона карда шудааст

Ҳимоя – ин рад кардани айбдоркунӣ, исбот кардани бегуноҳии гумонбаршаванда (айбдоршаванда, судшаванда) ё ин, ки муайян кардани ҳолатҳои ҷавобгарии онҳоро сабуккунанда мебошад

Соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои умумиҳатмии давлатӣ иборат мебошад, ки аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор қабул карда шуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ батанзим месозад

Низоми умумӣ ва низоми пурзур

Низоми умумӣ ва низоми сахт

Низоми ҳуқуқие мебошад, ки аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз ҷониби худи субъектони байналхалқӣ қабул гардида, муносибатҳои субъектони ҳуқуқи байналхалқиро ба танзим медарорад

Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта он асосҳо ва ғояҳои роҳбарикунадаи фаъолияти субъектҳои ҳуқуқи байналҳалқиро меноманд, ки табиати асосии онро баён намуда, нисбати меъёрҳои он қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд

Мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ назорат мекунад

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия амал карда, танҳо ба суд тааллуқ дорад

Таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад

Мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат менамояд

Эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор, қарори прокурор ва амри прокурор

Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия метавонад аз яроқи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд

Илтимоси никоҳшавандагон ба назар гирифта мешавад, вале на бештар аз як сол синни никоҳиро кам кардан мумкин аст

Мақомоти амнияти миллӣ амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд

Додани маслиҳату тавзеҳот, маълумоти шифоҳӣ ва хаттӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, тартиб додани ариза, шикоятнома, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, гирифтани маълумотҳо, ҷамъ намудани далелҳо ва тайёр намудан барои баррасӣ ва ҳал кардани онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда, ба ҷо овардани вазифаи намояндагӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва навъҳои дигари парвандаҳо

Ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ, ҳуқуқи дипломатӣ, консулӣ, атомӣ, кайҳонӣ, ҳавоӣ, ҷиноятӣ, бехатарӣ, инсондустӣ

Шуури ҳуқуқӣ ин маҷмӯи ҳиссиёт, эҳсосот, ақидаҳо, ғояҳо, арзишҳо, нишондодҳо, фаҳмишҳо, мафҳумҳои ҳуқуқӣ, ки муносибати одамонро бо ҳуқуқ ифода мекунад, мебошад

Тарбияи ҳуқуқӣ ҷараёни муташаккил, мақсаднок, таъсиррасон ба шуури одамон аст, ки баҳри ташаккули донишу арзишҳои ҳуқуқӣ ва таъмини рафтори қонунии шахс истифода мешавад

Маданияти ҳуқуқӣ як намуди маданияти ҷамъиятӣ буда, арзишҳои ҳуқуқиро дар бар гирифта, оиди шуури ҳуқуқӣ маълумот дода, вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро ифода менамояд

Шаҳрвандони давлат, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа

Шахсони ҳуқуқӣ гуфта корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои диниро, ки иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқианд, меноманд

Ҳар як шаҳрванди қобили амал дошта – як шахс, як оила ва гурӯҳи шахсон

Ҳар як шаҳрванди қобили амал дошта – як шахс, як оила ва гурӯҳи шахсон

Дар асоси сабти ном дар дафтарчаи меҳнатӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ

Гипотеза – шарту шароити татбиқшавии меъёр, диспозитсия – қоидаи рафтори муносибатҳо ва санксия маҷбурсозӣ барои вайрон намудани қоидаи рафторро мефаҳмонад

Ариза ин муроҷиатномаи шаҳрванд барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояш маълумшуда равона карда шудааст ё ин, ки хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо мебошад

Шикоят ин муроҷиатномаи шаҳрванд бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии он, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд, мебошад

Ба ду намуд – судӣ ва ғайрисудӣ

Хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ

Шарикӣ дар ҷиноят гуфта иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда ашхос дар содир намудани ҷинояти қасдона эътироф мешавад

Не

Аз лаҳзаи дар мақомоти САҲШ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд

Ҳуқуқшиносе интихоб мегардад, ки синни он аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад

Аз 30 солагӣ

Ба муҳлати 5 сол

Президенти кишвар

Наметавонад

Раисони маҳалла ва ҷамоат

Ба шохаи қонунгузор, иҷроия, судӣ

Маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ

Суди олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

5 сол

Президенти кишвар

Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон

Сарзаниш, танбеҳ, аз кор озод намудан

Тарбияи маҳкумшудагон дар рӯҳи муносибати софдилона ба меҳнат, ҳурмат намудани қонунҳо, ислоҳ шудан

Ягонагии қонуният дар миқёси давлат, вологии қонун, ҷорӣ намудани назорати қатъӣ аз болои риояи қонуният, ҳатмӣ будани талаботи қонуният барои ҳама

Ҳокимияти судӣ

Муҳлати даъво 3 сол

Мафҳум ва мавзӯи фанни таълимии ҳуқуқ, асосҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, асосҳои ҳуқуқи инсон, асосҳои соҳаҳои ҳуқуқ, асосҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Нисбӣ ва мутлақ

Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор

Қонун ва санадҳои зериқонунӣ

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ

Ҳодиса, ҳаракат

мафкураи ҳуқуқӣ, психологияи ҳуқуқӣ

дарккунӣ, танзимӣ, нусхасозии фикрӣ

Ҷамъиятӣ, шахсӣ

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

Ҳуқуқҳои насли якум, дуюм, сеюм

Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрванд

Ҳуқуқҳои кӯдакон, занон, гурезагон, маъюбон, маҳбусон

Ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ

Ҳуқуқҳои мутлақ ва нисбӣ

Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ

Озодии сухан, ҳуқуқи ба интихобот, ҳуқуқ ба иштирок дар корҳои идоракунии давлатӣ

Ҳуқуқ ба моликият, озодии фаъолияти соҳибкорӣ

Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, ҳаёти арзанда

- Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ; - Таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон; - Таъмини амнияти давлатӣ; - Таъмини қонуният

Судӣ, маъмурӣ, ғайридавлатӣ

Универсалӣ, минтақавӣ;

Ҳуқуқи маъмурӣ, гражданӣ, экологӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, меҳнатӣ, молиявӣ

Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ, дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода, дар бораи райпурсӣ

Бо роҳи таваллуд ва гирифтани шаҳрвандӣ

Созишномаи байнидавлатӣ «Дар бораи ба даст овардани душаҳрвандӣ»

Низомномаи шаҳрвандии фахрии Тоҷикистон

Ҳуқуқи конститутсионӣ

Деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят

Қонунгузорӣ

Президент, Маҷлиси олӣ, Ҳукумат, Мақомоти судӣ, Прокуратура, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Президент, Ҳукумат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

16 солагӣ

Конститутсия, қонун «Дар бораи истифодабарӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот», қонун «Дар бораи ҳифзи тандурустии аҳолӣ», кодексҳои замин, об, ҷангал, фазои ҳаво

Дар Қонун «Дар бораи муҳофизати табиат»

Конститутсия, Қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ», Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», Қонун «Дар бораи бонки миллӣ», Қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»

Ҳуқуқи буҷетӣ, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи андоз, молиякунонии давлатӣ, назорати молиявӣ

Андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андозҳо барои захираҳои табиӣ

Андоз аз воситаҳои нақлиёт, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул

Дар зери мафҳуми ҷавобгарӣ дар соҳаи ҳуқуқи андоз таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро кардани ҷазои маъмурӣ ва ҷазои ҷиноиро меноманд

Конститутсия, Кодекси гумрукӣ, дигар қонунҳо, шартномаҳои байналхалқӣ, санадҳои зериқонунӣ

Муносибати байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ бо объектҳои он

Низоми гумрукӣ гуфта маҷмӯи режимҳои гумрукиро меноманд, ки рафти интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ба воситаи онҳо сурат мегирад

Воридоти муваққатӣ, анбори гумрукӣ, нобудкунӣ

Андози арзиши иловашуда, аксиз, боҷи гумрукӣ

11 январи соли 1995

Соҳибкор ва суд

Конститутсияи ҶТ, кодекси граждании ҶТ, қонун дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ғ

Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, давлат

Ягонагии ташкилӣ, молу мулки мустақил доштан, ҷавобгарии мустақили молу мулкӣ, дар муомилоти граждани аз номи худ баромад намудан

Ҳуқуқи гражданӣ

Ҳуқуқи истифода бурдан, ихтиёрдорӣ кардан, доштан

Харидани молу мулки давлатӣ (корхона, бино, иншоот ва ғ.) ва ба моликияти хусусӣ гардонидани он

Ин чунин муносибати ҳуқуқиест, ки як шахс (қарздор) ӯҳдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро ба ҷо оварад (чунончи молу мулкро супорад, корро иҷро кунад, пул диҳад) ё аз иҷрои амалиёти муайян худдорӣ кунад, кредитор бошад ҳақ дорад аз қарздор иҷрои онро талаб кунад;

Ҳуқуқи гражданӣ

Аз рӯи қонун, аз рӯи васиятнома

Молумулкӣ, маънавӣ

Байъона, гарав, замонат

Молумулкӣ, шахсӣ

Дар никоҳ будани яке аз тарафҳо, никоҳи хешони наздик, ғайри қобилияти амал будани яке аз тарафҳо

Вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ, бастани никоҳ бо шахси ғайри қобили амал донисташуда, байни хешони наздик, бо роҳи фиреб бастани никоҳ, бастани никоҳ бо шахси ба синни никоҳ нарасида, вайрон кардани принсипи ихтиёрӣ

25 фоизи музди кор

Нисбати ноболиғони аз 14 то 18 сола ва шахсони қобилияти амалкуниашон маҳдуд

Интизомӣ

Аз 15-14 солагӣ

5 рӯз

Коллективи меҳнатӣ ва маъмурият

Корманд, корфармо

40 соат дар як ҳафта

35 соат дар як ҳафта

24 соат

Танафус дар давоми рӯзи корӣ, танафуси байни бастҳои корӣ, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатии ҳарсола

1 моҳ

120 соат

Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рухсатиҳои иҷтимоӣ, рухсатиҳои бе музди меҳнат

Мардҳо аз 63 соллагӣ, занҳо аз 58 солагӣ

Меҳнатӣ, иҷтимоӣ

Пиронсолӣ, маъюбӣ, ба сабаби гум кардани саробон, барои хизмати дарозмуддат

Намешавад

- Барои ҷамъият хавфнок будани кирдор; - Рафтори зиддиҳуқуқӣ будани он; - Гунаҳгорӣ; - Лоиқи ҷазо будани чунин кирдор;

аз 16 солагӣ ва дар мавридҳои пешбини намудаи қонунгузор аз 14 солагӣ

Барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои нав

Ҳукумати ҶТ, вазорати адлияи ҶТ, раёсати мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, колонияҳо, маҳбасхонаҳо, сизо

Даъвогар, ҷавобгар

Мурофиаи фармонӣ, даъвогӣ, парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии омма бармеоянд, махсус

Намоянда

Ҷабрдида, гумонбаршаванда, айбдоршаванда

Ҳимоячӣ

Ҳукуқи байналхалқии оммавӣ, ҳукуқи байналхалқии хусусӣ

Ба амал баровардани адолати судӣ

Назорат аз болои аниқ ва бечунучаро риоя кардани қонунҳо

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Бо таклифҳо, аризаҳо, шикоятҳо

то 3 моҳ

15 рӯз, аз 1 моҳ то 2 моҳ

Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошад, иштироки ҳимоятгар ҳатмӣ мебошад.

Гумонбаршуда, айбдоршавандагони ноболиғ чунин ҳуқуқҳо доранд:
- аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати ҳимоятгар истифода баранд, бе мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунанд;
- нишондод диҳанд ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад;
- донанд, ки барои чӣ гумонбар шудаанд;
- нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гиранд;
- бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонанд, нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- далелҳо пешниҳод кунанд;
- дархост изҳор кунанд;
- бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ў гузаронида шудаанд, шинос шаванд;
- раддия изҳор намоянд;
- аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда шикоят намоянд.

Ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки ӯ метавонад бе татбиқи чораҳои ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ шавад. Дар ин ҳолат нисбати ноболиғи ҷиноятсодиркарда метавонад чунин чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявидошта татбиқ карда шаванд:
- огоҳ кардан;
- ба назорати падару модар ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ё мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон супурдан;
- ба зимма гузоштани уҳдадории барқарор намудани зарари расонидашуда;
- маҳдуд кардани фароғат ва муқаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.

Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ноболиғе, ки дар озодӣ аст, ба воситаи падару модари ў ё намояндагони дигари қонунии вай ва агар ноболиғ дар муассисаи махсуси кўдакон бошад, ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба назди муфаттиш ё ба суд даъват карда мешавад.

Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида иштироки омўзгор ва (ё) равоншинос ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло омўзгор ё равоншинос бо салоҳдиди прокурор, муфаттиш ва ё бо дархости ҳимоятгар иштирок мекунад. Иштироки намояндагони қонунии шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ ҳангоми пурсиши онҳо ҳатмӣ аст.

Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки ноболиғро дастгир кардааст, вазифадор аст бетаъхир аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷойи нигоҳ доштани дастгиршуда ё ивазкунии ҷойи нигоҳдории дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад.

Эмкунӣ ин ба организми инсон гузаронидани дорувории иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ мебошад.

Эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ анҷом дода мешавад.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 106 Кодекси тандурурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шахсони воқеии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта уҳдадоранд, ки мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ эмкунии пешгирикунандаро ба таври ройгон гиранд.”

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ё бемор шудани кӯдак ба табиби оилавии минтақаи зист бояд муроҷиат карда шавад. Табиби оилавӣ беморро табобат менамояд ё барои тишхису табобат роҳхат медиҳад.

Ҳангоми зарурат (агар кӯдак ба бемории шадид гирифтор шуда бошад) пеш аз ҳама ёрии таъҷилиро даъват намудан лозим аст.

Бемор ҳангоми муроҷиат кардан барои гирифтани кумаки тиббӣ чунин ҳуқуқҳоро дорад:
- ба муомилаи боэҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб, инчунин ҳайати хизматрасонӣ;
- ба интихоби табиб ва муассисаи тиббӣ;
- барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунӣ.

Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии ҶТ шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) ҳуқуқ доранд ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла, кӯмаки дорувориро дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ ройгон гиранд.

Инчунин мувофиқи қисми 4 моддаи 167 Кодекси тандурустии ҶТ “Барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кӯмакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад.” Вобаста ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 тасдиқ шудааст, ки тибқи он ба оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони то 16-солаи гирифтор ба вируси норасоии масунияти одам зиндагӣ мекунанд, кӯмакпулиҳои моҳонаи иҷтимоӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (350 сомонӣ) дода мешавад. Кӯмакпулӣ ба ҳар як кӯдаки гирифтор ба ВНМО алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Барои гирифтани кӯмакпулии мазкур волидайн ё дигар намояндаи қонунии чунин кӯдакон бо ариза ва ҳуҷҷатҳои лозима ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷои истиқомат муроҷиат менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахсро, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии мардон ва занон ва ҳуқуқ ба ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатиро барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар кафолат медиҳад.

Тибқи қонунгузории ҶТ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.

Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуда, ба кӯдакони то як сола, кӯдакони маъюб ва зимни дигар бемориҳое, ки қарори зикршуда муайян намудааст, ба тариқи ройгон табобат расонида мешавад.

Дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ намудҳои зерини кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад:
- кўмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
- кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кўмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;
- таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхиси лабараторӣ дар шароити дармонгоҳ;
- кўмаки тиббӣ дар шароити беморхона;
- кўмаки стоматологӣ;
- чорабиниҳои санитарӣ-гигиенӣ.

Ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мӯҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад. Аммо падар ё модаре, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳолат огоҳӣ додан ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар кардааст, ки маблағи аз 150 то 250 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” бақайдгирии таваллуди кӯдак дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар шаҳраку деҳот бошад, аз тарафи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сурат мегирад.

Бақайдгирии таваллуди кӯдакони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.

Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Барои бақайдгирии таваллуди кӯдак баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти аризадиҳанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда шаванд.

Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 11 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар сурати гум шудани шаҳодатномаи таваллуд, инчунин корношоям гардидани он, шаҳодатномаи такрорӣ дар асоси аризаи шаҳрванд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи бойгонии вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрорӣ қайди «Такрорӣ» гузошта мешавад.

Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном, инчунин номи падар ҳуқуқ дорад. Номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ гузошта мешавад. Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст.

Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Дар Феҳристи мазкур ҳудуди 5000 номҳои духтарона ва писарона мавҷуд аст.

Номгузорӣ ба Феҳристи мазкур маҳдуд нашуда, номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Тибқи қонунгузории ҶТ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сабти насаб ва ном ҳатмӣ буда, номи падар ҳатмӣ нест. Яъне шаҳрвандон метавонанд фақат насаб ва ном дошта бошанд. Аммо баъзан ин меъёри қонун нодуруст фаҳмида шуда, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷойи (сутуни) насабро холӣ гузошта, ҷойи ном ва номи падар пур карда мешавад (мисол: Насаб: холӣ Ном:Хуршед Номи падар:Анварзода), ки чунин тарзи номгузорӣ нодуруст мебошад. Чунки дар шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳо аввал насаб ва баъд ном навишта мешавад. Бинобар ин агар шхс “номи падар” надошта бошад дар шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома бояд ҷойи “насаб” ва “ном” мутобиқан пур карда шуда, ҷойи “номи падар” холӣ гузошта шавад (мисол: Насаб:Анварзода Ном:Хуршед Номи падар: холӣ).

Насаб метавонад аз насаби падар ё модар инчунин аз номи падар бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад (мисол: Анварзода Хуршед). Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад (мисол: Анвар Хуршед). Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи пасвандҳои насабсоз ҷиҳати фарқ намудани насаб аз ном ё номи падар нақши муҳим дошта, истифодаи онҳо афзалтар аст.

Бале, мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кўдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кўдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Албатта, дар қисми 4 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» барои пешнҳоди ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак мўҳлат пешбинї шудааст, ки тибқи он ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кўдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мўҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.

Мутобиқи талаботи қисми 5 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» падар ё модаре, ки дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур барои ба қайди давлатӣ гирифтани кўдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.