Ҳамадон

Ашёҳову чизҳое, ки моро иҳота кардаанду онҳоро мушоҳида кардан, ламс намудан (расидан) ва эҳсос кардан имкон дорад (аз он ҷумла газ, ки эҳсосоти мо қабул намекунад). Ҳамаи инҳо ҷои муайянро ишғол менамоянд ва вазн доранд. Ҳамаи ин чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, аз материя (ҳастӣ) иборат мебошанд. Яъне материя (ҳастӣ) – ҳамон чизҳоест, ки гирду атрофи моро иҳота кардааст. Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар он дорои ҳаҷм ва вазн Ашёҳову чизҳое, ки моро иҳота кардаанду онҳоро мушоҳида кардан, ламс намудан (расидан) ва эҳсос кардан имкон дорад (аз он ҷумла газ, ки эҳсосоти мо қабул намекунад). Ҳамаи инҳо ҷои муайянро ишғол менамоянд ва вазн доранд. Ҳамаи ин чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, аз материя (ҳастӣ) иборат мебошанд. Яъне материя (ҳастӣ) – ҳамон чизҳоест, ки гирду атрофи моро иҳота кардааст. Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар он дорои ҳаҷм ва вазн мебошад. Гоҳо истилоҳи «материал» низ истифода мешавад. Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки онҳоро ташкил мекунад, хусусиятҳои гуногун дорад. мебошад. Гоҳо истилоҳи «материал» низ истифода мешавад. Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки онҳоро ташкил мекунад, хусусиятҳои гуногун дорад.

Обро мо дар шакли табиӣ дар чашма, баҳру дарёҳо, уқёнусҳо ва кӯлҳо пайдо мекунем. Онҳо аз абрҳои осмон ба воситаи борону барф (боришот) ба замин мерезанд. Об материяи табиӣ аст. Аз ду намуди газ гидроген ва оксиген иборат мебошад. Дар ҳеҷ ҷое об истеҳсол карда намешавад. Табиат онро ба мо ройгон медиҳад. Албатта, дар лабараторияҳои кимиёвӣ, обро ҳосил кардан мумкин аст, лекин на ба он миқдоре, ки табиат онро ба мо ато мекунад. Барои он ки дар лабаратория об ҳосил карда шавад, ду моддаи таркиби он аз гидроген ва оксиген бударо омехта мекунанд ва онҳоро то ҳарорати баландтарин мерасонанд ва об ҳосил мекунанд. Ин равандро синтез меноманд.

Ҳамаи мо медонем, ки оби баҳру уқёнусҳо шӯр аст. Уқёнус ва баҳрҳо аз оби борон ва бухори обҳои вулканҳо пайдо шудаанд. Оби борон ва бухорҳои обӣ ягон таъм (маззае) надоранд. Ғайр аз ин ба уқёнусу баҳрҳо дарёҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамроҳи худ маҳлули намакҳоро меоранд. Азбаски намак бухор намешавад, дар уқёнусу баҳрҳо миқдори зиёди он ҷамъ шуда, боиси шӯр гардидани оби онҳо мешавад. Аз ин ҷо оби баҳрҳо оби тоза набуда, балки оби омехта бо намак аст. Ин омехта шаффоф ва якҷинса аст, ки маҳлул меноманд ва инсон онро то чашидан аз оби тоза фарқ намекунад.Ҳамаи мо медонем, ки оби баҳру уқёнусҳо шӯр аст. Уқёнус ва баҳрҳо аз оби борон ва бухори обҳои вулканҳо пайдо шудаанд. Оби борон ва бухорҳои обӣ ягон таъм (маззае) надоранд. Ғайр аз ин ба уқёнусу баҳрҳо дарёҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамроҳи худ маҳлули намакҳоро меоранд. Азбаски намак бухор намешавад, дар уқёнусу баҳрҳо миқдори зиёди он ҷамъ шуда, боиси шӯр гардидани оби онҳо мешавад. Аз ин ҷо оби баҳрҳо оби тоза набуда, балки оби омехта бо намак аст. Ин омехта шаффоф ва якҷинса аст, ки маҳлул меноманд ва инсон онро то чашидан аз оби тоза фарқ намекунад.

Нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои барқӣ, ки дар он ҷо истеҳсол мешавад, тавассути ноқилҳои электирикӣ ба ҷои истифодабарӣ фиристода мешавад. Барои истеҳсоли ноқилҳои электрикӣ металҳоро (қабл аз ҳама мис) истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Ғайр аз ин аз мис нахҳои ниҳоят борик ва дарозро ҳосил намудан мумкин аст, бинобар ин онро барои истеҳсоли ноқилҳои фиристандаи шабакаи электрикӣ истифода мебаранд. Нахҳои мисин бо моддаи пластикӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо нерӯи барқро намегузаронанд. Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳо истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.Нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои барқӣ, ки дар он ҷо истеҳсол мешавад, тавассути ноқилҳои электирикӣ ба ҷои истифодабарӣ фиристода мешавад. Барои истеҳсоли ноқилҳои электрикӣ металҳоро (қабл аз ҳама мис) истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Ғайр аз ин аз мис нахҳои ниҳоят борик ва дарозро ҳосил намудан мумкин аст, бинобар ин онро барои истеҳсоли ноқилҳои фиристандаи шабакаи электрикӣ истифода мебаранд. Нахҳои мисин бо моддаи пластикӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо нерӯи барқро намегузаронанд. Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳо истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.

Таҷриба мегузаронем: ягон зарферо гирифта, онро аз об пур мекунем ва сипас ягон ашёро ба даруни он мандозем. Дар ин вақт камтари об мерезад. Ҳамин тавр мо ба зери миз қуттии калонеро мегузорем, он гоҳ дар ин ҷо дигар чизро ҷой дода наметавонем. Масоҳатеро, ки онро қуттӣ ишғол кард, ҳаҷм меноманд. Тамоми чизҳои мавҷудбуда хусусиятҳои худро, ки онро ҳаҷм, ё ки ишғолкардаи ҷойи муайян меноманд, доро мебошанд. Дар як вақт наметавонем, ки масоҳати ишғолкардаи қуттиро бо дигар чизҳо банд намоем. Ба ғайр аз ҳаҷм ҳамаи чизҳо ва моддаҳо масса ва бинобар он, вазни худро доранд.Таҷриба мегузаронем: ягон зарферо гирифта, онро аз об пур мекунем ва сипас ягон ашёро ба даруни он мандозем. Дар ин вақт камтари об мерезад. Ҳамин тавр мо ба зери миз қуттии калонеро мегузорем, он гоҳ дар ин ҷо дигар чизро ҷой дода наметавонем. Масоҳатеро, ки онро қуттӣ ишғол кард, ҳаҷм меноманд. Тамоми чизҳои мавҷудбуда хусусиятҳои худро, ки онро ҳаҷм, ё ки ишғолкардаи ҷойи муайян меноманд, доро мебошанд. Дар як вақт наметавонем, ки масоҳати ишғолкардаи қуттиро бо дигар чизҳо банд намоем. Ба ғайр аз ҳаҷм ҳамаи чизҳо ва моддаҳо масса ва бинобар он, вазни худро доранд.

Мисли он ки моҳиён дар об зиндагӣ мекунанд, мо, одамон, ҳамчунин набототу ҳайвоноти рӯи заминро ҳаво иҳота кардааст ва мо гӯё дар ҳаво ғӯтавар мебошем Мо мавҷуд будани ҳаворо, ки бо вуҷуди дар шакли газ буданаш, дорои ҳаҷм ва вазн мебошад, ҳис намекунем. Дар фазо тақрибан 60 км ҳаво вуҷуд дорад. Вазни ҳаво дар 1 метри мукааб 1,2 кг дар рӯи замин аст. Ҳамин тариқ, агар тамоми ҳавои атмосфера дар рӯи замин як хел паҳн шавад, он гоҳ дар ҳар як метри мураббаи рӯи замин як қатораи10 тоннагии ҳаворо, яъне ҳар як қатораи 10 000 кг вазн доштаи ҳаворо тасаввур кардан мумкин аст, ки дар муқоиса бо вазни фил хеле зиёд аст.Мисли он ки моҳиён дар об зиндагӣ мекунанд, мо, одамон, ҳамчунин набототу ҳайвоноти рӯи заминро ҳаво иҳота кардааст ва мо гӯё дар ҳаво ғӯтавар мебошем Мо мавҷуд будани ҳаворо, ки бо вуҷуди дар шакли газ буданаш, дорои ҳаҷм ва вазн мебошад, ҳис намекунем. Дар фазо тақрибан 60 км ҳаво вуҷуд дорад. Вазни ҳаво дар 1 метри мукааб 1,2 кг дар рӯи замин аст. Ҳамин тариқ, агар тамоми ҳавои атмосфера дар рӯи замин як хел паҳн шавад, он гоҳ дар ҳар як метри мураббаи рӯи замин як қатораи10 тоннагии ҳаворо, яъне ҳар як қатораи 10 000 кг вазн доштаи ҳаворо тасаввур кардан мумкин аст, ки дар муқоиса бо вазни фил хеле зиёд аст.

Ҳамаи мо медонем, ки об низ вазн дорад. Аммо вазни он вобаста ба ҳолаташ (шаклаш) ва миқдори намаку моддаҳои дигари дар он маҳлулшуда тағйир меёбад. Масалан, ҳарорати 4 гр С як литр оби борон 1кг (1000г) вазн дорад. Агар ин ҳарорат зиёд карда шавад, вазни об кам мешавад. Аз ин рӯ вазни як литр оби сард нисбат ба як литр оби гарм зиёд аст.Ҳамаи мо медонем, ки об низ вазн дорад. Аммо вазни он вобаста ба ҳолаташ (шаклаш) ва миқдори намаку моддаҳои дигари дар он маҳлулшуда тағйир меёбад. Масалан, ҳарорати 4 гр С як литр оби борон 1кг (1000г) вазн дорад. Агар ин ҳарорат зиёд карда шавад, вазни об кам мешавад. Аз ин рӯ вазни як литр оби сард нисбат ба як литр оби гарм зиёд аст.

Вақте ки ҳарорати об то 0/с паст мешавад, он ба ях табдил мегардад. Одатан чунин аст, ки гӯё об пас аз он ки ба ях табдил мешавад, чунин тасаввур мекунем, ки як литр ях аз 1л об вазнинтар аст. Аммо дар асл ин тавр нест, зеро об ҳангоми ях бастан ҳаҷман зиёд мешавад. Аз ин хотир, дар зарфи 1-литра нисбат ба об миқдори камтари ях меғунҷад. Муқоиса кунед: 1л об дар ҳарорати 0 0 С999-грам вазн дорад. Аммо 1л ях ҳамагӣ 990-граммро ташкил мекунал. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин ҳолат литр на ченаки вазн, балки ченаки ҳаҷм Вақте ки ҳарорати об то 0/с паст мешавад, он ба ях табдил мегардад. Одатан чунин аст, ки гӯё об пас аз он ки ба ях табдил мешавад, чунин тасаввур мекунем, ки як литр ях аз 1л об вазнинтар аст. Аммо дар асл ин тавр нест, зеро об ҳангоми ях бастан ҳаҷман зиёд мешавад. Аз ин хотир, дар зарфи 1-литра нисбат ба об миқдори камтари ях меғунҷад. Муқоиса кунед: 1л об дар ҳарорати 0 0 С999-грам вазн дорад. Аммо 1л ях ҳамагӣ 990-граммро ташкил мекунал. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин ҳолат литр на ченаки вазн, балки ченаки ҳаҷм аст

Антуан Лоран Лавуазйе олими асри 18 (17431794)-и Фаронса. Вай асосгузори кимиёи муосир мебошад, яъне он илме, ки материяро меомӯзад. Антуан бо материалҳои гуногун таҷрибаҳои зиёде гузаронидааст. Яке аз ин гуна таҷрибаҳои муҳими ӯ тадқиқот оид ба об аст. Вай нахустин шахсест, ки таркиби обро муайян кардааст. Яъне об аз газҳои оксиген ва гидорген таркиб ёфтааст. Ғайр аз ин, ӯ ҳамчунин ҳангоми нафасгирии ҳайвоноту наботот мавҷуд будани гази оксигенро омӯхтааст.Антуан Лоран Лавуазйе олими асри 18 (17431794)-и Фаронса. Вай асосгузори кимиёи муосир мебошад, яъне он илме, ки материяро меомӯзад. Антуан бо материалҳои гуногун таҷрибаҳои зиёде гузаронидааст. Яке аз ин гуна таҷрибаҳои муҳими ӯ тадқиқот оид ба об аст. Вай нахустин шахсест, ки таркиби обро муайян кардааст. Яъне об аз газҳои оксиген ва гидорген таркиб ёфтааст. Ғайр аз ин, ӯ ҳамчунин ҳангоми нафасгирии ҳайвоноту наботот мавҷуд будани гази оксигенро омӯхтааст.

Резин ашёест, ки аз латекс ном материал тайёр карда шудааст. Латекс як навъи шираи рустаниҳост, ки пас аз кашидан, фишурдан ва қат кардан ҳам хусусияти боз ба ҳолати аввала баргаштанро дорад. Ин хусусияти ашё эластикӣ ё ёзандагӣ ном дорад. Резин ёзанда аст, бинобар ин метавонад, ҳангоми кашидан канда нашавад ва шаклаш низ вайрон нагардад. Ёзандагӣ хусусияти материалҳои муайян буда, бо ҳамин аз ашёи дигар фарқ мекунанд. Зеро қисме аз онҳо шакли аввалаи худро барқарор карда наметавонанд ва онҳоро материалҳои сахт меноманд.Резин ашёест, ки аз латекс ном материал тайёр карда шудааст. Латекс як навъи шираи рустаниҳост, ки пас аз кашидан, фишурдан ва қат кардан ҳам хусусияти боз ба ҳолати аввала баргаштанро дорад. Ин хусусияти ашё эластикӣ ё ёзандагӣ ном дорад. Резин ёзанда аст, бинобар ин метавонад, ҳангоми кашидан канда нашавад ва шаклаш низ вайрон нагардад. Ёзандагӣ хусусияти материалҳои муайян буда, бо ҳамин аз ашёи дигар фарқ мекунанд. Зеро қисме аз онҳо шакли аввалаи худро барқарор карда наметавонанд ва онҳоро материалҳои сахт меноманд.

Коғаз аз нахҳои селюлоза, ки асосашро дарахт ташкил мекунад, ҳосил карда мешавад. Аз кундаҳои арракардаи танаи дарахт аррамайда (гарди арра) тайёр мекунанд ва бо об меомезанд. Маҳлули ҳосилшударо бо кислотаи хлорид ва ё воситаҳои дигар шустагарӣ мекунанд. Баъд онро коркард менамоянд, яъне бо об омехта карда, аз он нах ҷудо мекунанд. Маҳсулоти тайёршударо барои он ки рангро ба худ накашад бо ширеш омехта мекунанд ва ба воситаи пластинаҳои махсуси металлӣ пресс (фишор) мекунанд. Баъд онро ҳамвор карда мехушконанд. Маҳсулоти тайёршуда коғаз мебошад.Коғаз аз нахҳои селюлоза, ки асосашро дарахт ташкил мекунад, ҳосил карда мешавад. Аз кундаҳои арракардаи танаи дарахт аррамайда (гарди арра) тайёр мекунанд ва бо об меомезанд. Маҳлули ҳосилшударо бо кислотаи хлорид ва ё воситаҳои дигар шустагарӣ мекунанд. Баъд онро коркард менамоянд, яъне бо об омехта карда, аз он нах ҷудо мекунанд. Маҳсулоти тайёршударо барои он ки рангро ба худ накашад бо ширеш омехта мекунанд ва ба воситаи пластинаҳои махсуси металлӣ пресс (фишор) мекунанд. Баъд онро ҳамвор карда мехушконанд. Маҳсулоти тайёршуда коғаз мебошад.

Тавре ёдовар шудем, коғазро аз дарахт, боқимонда (партов)-ҳои найшакар ва ё коғазҳои кӯҳнаи аз нав коркардашуда тайёр мекунанд. Яъне хамираи коғазро ба пластинаҳои тунук табдил медиҳанд, ки онҳоро ҳарчанд борҳо қат кунем ҳам намедаранд. Он хусусияти ашёро, ки бо вуҷуди қат кардан намедарад қаишӣ меноманд. Коғазро аз ашёи қаиш тайёр мекунанд.Тавре ёдовар шудем, коғазро аз дарахт, боқимонда (партов)-ҳои найшакар ва ё коғазҳои кӯҳнаи аз нав коркардашуда тайёр мекунанд. Яъне хамираи коғазро ба пластинаҳои тунук табдил медиҳанд, ки онҳоро ҳарчанд борҳо қат кунем ҳам намедаранд. Он хусусияти ашёро, ки бо вуҷуди қат кардан намедарад қаишӣ меноманд. Коғазро аз ашёи қаиш тайёр мекунанд.

Нӯшобаҳои гуногунро ба зарфҳое мегиранд, ки дар шакли лӯла ва силиндр, аз латун ё алюминий (арзиз) сохта шудаанд. Латун аз гудохтаи ду металлмис ва қалъагӣ (синк) тайёр карда мешавад. Ин гудохтаи сабук ва мустаҳкам мебошад. Алюминий низ мустаҳкам ва сабук мебошад. Ин металҳоро чунон тунук кардан мумкин аст, ки ҳатто ба осонӣ қайчӣ карда мешаванд. Одатан, деворҳои ин зарфҳоро аз латун ва сарпӯшашонро аз алюминий месозанд. Онҳо хеле сабук буда, ба осонӣ ҳамлу нақл мешаванд. Металҳо ва гудохтаҳои онҳо ғайр аз хусусиятҳои дигар боз ду хусусияти фарқкунанда доранд: Онҳоро метавон ба пластинаҳои тунуктарин ва нахҳои гуногун табдил дод. Хусусияти аввал чаккушхӯр (тунукшаванда) дуввумин бошад, нарм ва ё мулоим ном доранд.Нӯшобаҳои гуногунро ба зарфҳое мегиранд, ки дар шакли лӯла ва силиндр, аз латун ё алюминий (арзиз) сохта шудаанд. Латун аз гудохтаи ду металлмис ва қалъагӣ (синк) тайёр карда мешавад. Ин гудохтаи сабук ва мустаҳкам мебошад. Алюминий низ мустаҳкам ва сабук мебошад. Ин металҳоро чунон тунук кардан мумкин аст, ки ҳатто ба осонӣ қайчӣ карда мешаванд. Одатан, деворҳои ин зарфҳоро аз латун ва сарпӯшашонро аз алюминий месозанд. Онҳо хеле сабук буда, ба осонӣ ҳамлу нақл мешаванд. Металҳо ва гудохтаҳои онҳо ғайр аз хусусиятҳои дигар боз ду хусусияти фарқкунанда доранд: Онҳоро метавон ба пластинаҳои тунуктарин ва нахҳои гуногун табдил дод. Хусусияти аввал чаккушхӯр (тунукшаванда) дуввумин бошад, нарм ва ё мулоим ном доранд.

Шиша барои истеҳсоли тиреза ва зарфҳои дигари шишагӣ истифода мешавад. Вай ҷисми сахт буда, буридани он хеле душвор аст. Металли аз ин сахттаре вуҷуд дорад, ки ба осонӣ шишаро мебурад. Ин алмос аст. Алмос ашёи аз ҳама сахттарин дар табиат мебошад. Барои он, ки шишаро буранд, пораи алмосро истифода мекунанд.Шиша барои истеҳсоли тиреза ва зарфҳои дигари шишагӣ истифода мешавад. Вай ҷисми сахт буда, буридани он хеле душвор аст. Металли аз ин сахттаре вуҷуд дорад, ки ба осонӣ шишаро мебурад. Ин алмос аст. Алмос ашёи аз ҳама сахттарин дар табиат мебошад. Барои он, ки шишаро буранд, пораи алмосро истифода мекунанд.

Вақте ки ях гарм мешавад, ҳарорати он баланд шуда, то ба 0 0 С мерасад. Агар ҳарорат аз ин ҳам баланд шавад, ях об мешавад. Яъне гармӣ ҳолати яхро дигар мекунад: ях аз ҷисми сахт ба моеъ табдил мешавад, ки онро обшавӣ меноманд.Вақте ки ях гарм мешавад, ҳарорати он баланд шуда, то ба 0 0 С мерасад. Агар ҳарорат аз ин ҳам баланд шавад, ях об мешавад. Яъне гармӣ ҳолати яхро дигар мекунад: ях аз ҷисми сахт ба моеъ табдил мешавад, ки онро обшавӣ меноманд.

Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Обҳои бухоршуда аз қатраҳои хурдтарин иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин дар баргҳои рустанӣ (шабнам) ва нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд. Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо вақте, ки ин заррачаҳо сард мешаванд, ба ҳам омехта мегарданд ва онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Обҳои бухоршуда аз қатраҳои хурдтарин иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин дар баргҳои рустанӣ (шабнам) ва нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд. Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо вақте, ки ин заррачаҳо сард мешаванд, ба ҳам омехта мегарданд ва онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.

Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд. Ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро намебинем. Чунин ҳолат барои он рӯй медиҳад, ки ҳавои хона ба сатҳи ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил мешаванд. Чунин табдилшавии газ ба моеъ канденсатсия ва ё моёъшавӣ ном дорад. Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад.Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд. Ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро намебинем. Чунин ҳолат барои он рӯй медиҳад, ки ҳавои хона ба сатҳи ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил мешаванд. Чунин табдилшавии газ ба моеъ канденсатсия ва ё моёъшавӣ ном дорад. Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад.

Обро ба ягон зарф рехта, бе сарпўш онро ба яхдон гузоред. Пас аз чанд соат он ба яхпора табдил мешавад. Он зарфро аз яхдон гирифта ба рўи миз гузоред; пас аз чанд соат ях аз нав об мешавад. Баъд он обро ба чойљўш рехта онро ба оташдон гузоред. Пас аз муддате об љўшида, бухор мешавад. Њамин тавр дар як муддати кўтоњ шумо се њолати табдилшавии обро мушоњида мекунед: моеъ, сахт ва газшакл. Табдилшавии љисм аз моеъ ба сахтї – сахтшавї, аз сахтї ба моеъ – гудохташавї ва аз моеъ ба газ – бухоршавї номида мешавад.Обро ба ягон зарф рехта, бе сарпўш онро ба яхдон гузоред. Пас аз чанд соат он ба яхпора табдил мешавад. Он зарфро аз яхдон гирифта ба рўи миз гузоред; пас аз чанд соат ях аз нав об мешавад. Баъд он обро ба чойљўш рехта онро ба оташдон гузоред. Пас аз муддате об љўшида, бухор мешавад. Њамин тавр дар як муддати кўтоњ шумо се њолати табдилшавии обро мушоњида мекунед: моеъ, сахт ва газшакл. Табдилшавии љисм аз моеъ ба сахтї – сахтшавї, аз сахтї ба моеъ – гудохташавї ва аз моеъ ба газ – бухоршавї номида мешавад.

Дар минтақаҳое, ки наздики қутбҳои шимол ва ҷануби Замин мебошанд, ҳарорат ба -60 дараҷаи поён аз 0 дараҷаи С мебошад, яъне -60 дар. С. Дар чунин ҳарорати пасти ҳаво об ях карда, пиряхҳои бузургро ташкил мекунад. Ин пиряхҳо дар қутбҳои шимолу ҷануби замин миллион солҳо бетағйир мемонанд.Дар минтақаҳое, ки наздики қутбҳои шимол ва ҷануби Замин мебошанд, ҳарорат ба -60 дараҷаи поён аз 0 дараҷаи С мебошад, яъне -60 дар. С. Дар чунин ҳарорати пасти ҳаво об ях карда, пиряхҳои бузургро ташкил мекунад. Ин пиряхҳо дар қутбҳои шимолу ҷануби замин миллион солҳо бетағйир мемонанд.

Дарёҳо – маҷрои об (обҳои ҷорӣ) мебошанд. Онҳо ҳаҷман калон ва чуқур, яъне дорои миқдори зиёди об мебошанд. Дар баробари ин дарёҳо хурд ва на он қадар чуқур, яъне камоб низ ҳастанд. Як қисми оби дарёҳо дар натиҷаи гармии ҳаво бухор мешавад. Агар миқдори оби дарёҳое, ки қисман ба замин меравад ва қисман бухор мешавад, аз миқдори оби сарчашмаашон (аз борону ҷараёнҳои дигар) зиёд шавад, он гоҳ дарё мунтазам қобилияти ҷоришавиро гум карда хушк мешавад. Дарёҳои чуқур ва сероб ҳеҷ гоҳ хушк намешаванд, аммо дарёҳои камоб одатан, дар фасли тобистон хушк ме шаванд.Дарёҳо – маҷрои об (обҳои ҷорӣ) мебошанд. Онҳо ҳаҷман калон ва чуқур, яъне дорои миқдори зиёди об мебошанд. Дар баробари ин дарёҳо хурд ва на он қадар чуқур, яъне камоб низ ҳастанд. Як қисми оби дарёҳо дар натиҷаи гармии ҳаво бухор мешавад. Агар миқдори оби дарёҳое, ки қисман ба замин меравад ва қисман бухор мешавад, аз миқдори оби сарчашмаашон (аз борону ҷараёнҳои дигар) зиёд шавад, он гоҳ дарё мунтазам қобилияти ҷоришавиро гум карда хушк мешавад. Дарёҳои чуқур ва сероб ҳеҷ гоҳ хушк намешаванд, аммо дарёҳои камоб одатан, дар фасли тобистон хушк ме шаванд.

Дарахт ҳам мавҷуди зинда мебошад. Тамоми мавҷудоти зинда бошад – тавлид мешаванд, ба воя мерасанд ва ба ин восита зиёд шуда, дер ё зуд мемиранд. Баъзе дарахтон солҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар давоми мавҷудияти худ сабзишро қатъ намекунанд. Дарахтон барои он сабз шуда калон мешаванд, ки аз обу замин (хок) ба воситаи решаҳо ғизо мегиранд. Ин ғизоҳо бо таъсири нурҳои офтоб ба материалҳои нав (шоху барг) табдил гардида, дар натиҷа дарахт (ниҳол) калон мешавад. Ин раванд ба сабзиши инсону ҳайвонот монанд аст, ки онҳо ҳам тавассути ғизохӯрӣ ҷисман калон шуда, ба воя мерасанд.Дарахт ҳам мавҷуди зинда мебошад. Тамоми мавҷудоти зинда бошад – тавлид мешаванд, ба воя мерасанд ва ба ин восита зиёд шуда, дер ё зуд мемиранд. Баъзе дарахтон солҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар давоми мавҷудияти худ сабзишро қатъ намекунанд. Дарахтон барои он сабз шуда калон мешаванд, ки аз обу замин (хок) ба воситаи решаҳо ғизо мегиранд. Ин ғизоҳо бо таъсири нурҳои офтоб ба материалҳои нав (шоху барг) табдил гардида, дар натиҷа дарахт (ниҳол) калон мешавад. Ин раванд ба сабзиши инсону ҳайвонот монанд аст, ки онҳо ҳам тавассути ғизохӯрӣ ҷисман калон шуда, ба воя мерасанд.

Сангҳо мавҷудоти зинда нестанд. Онҳо ҷисмҳои беҳаракат (беҷон) мебошанд. Ҷисмҳои беҳаракат афзоиш намеёбанд. Аз ин хотир, сангҳо (тавассути реза шудан, совиш хӯрдан ва ғ.) ба ҷисмҳои дигар табдил мешаванд. Масалан, сангҳои дохили кӯл ва дарёҳо шаклан лӯндаву ҳамвор мебошанд, зеро ҷараёни об онҳоро дар давоми солҳои зиёд суфта мекунад.Сангҳо мавҷудоти зинда нестанд. Онҳо ҷисмҳои беҳаракат (беҷон) мебошанд. Ҷисмҳои беҳаракат афзоиш намеёбанд. Аз ин хотир, сангҳо (тавассути реза шудан, совиш хӯрдан ва ғ.) ба ҷисмҳои дигар табдил мешаванд. Масалан, сангҳои дохили кӯл ва дарёҳо шаклан лӯндаву ҳамвор мебошанд, зеро ҷараёни об онҳоро дар давоми солҳои зиёд суфта мекунад.

Маҷмӯи ноқилҳо, ки аз доираи хати симу симчӯбҳо иборат мебошад.Маҷмӯи ноқилҳо, ки аз доираи хати симу симчӯбҳо иборат мебошад.

Тақрибан ҳамаи материалҳое, ки мо истифода мекунем, асосан аз масолеҳи дигар ҳосил карда мешаванд. Масалан, пластмассаро аз нафт ҳосил мекунанд, коғазро бошад, аз дарахт. Материалҳоеро, ки бе коркард ба корхонаҳои истеҳсолӣ оварда мешаванд, материяи нахустин меноманд. Тамоми материалҳои табиӣ материяи нахустин мебошанд: масалан, дарахт – барои истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел зарур аст; пахта аз рустанӣ ҷамъоварӣ мешавад ва барои тайёр кардани матоъ истифода мегардад. Хамин тариқ, маъданҳои зиёди табиӣ низ (мисли оҳан, мис, ва ғ.) материяи нахустин ҳисоб мешаванд.Тақрибан ҳамаи материалҳое, ки мо истифода мекунем, асосан аз масолеҳи дигар ҳосил карда мешаванд. Масалан, пластмассаро аз нафт ҳосил мекунанд, коғазро бошад, аз дарахт. Материалҳоеро, ки бе коркард ба корхонаҳои истеҳсолӣ оварда мешаванд, материяи нахустин меноманд. Тамоми материалҳои табиӣ материяи нахустин мебошанд: масалан, дарахт – барои истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел зарур аст; пахта аз рустанӣ ҷамъоварӣ мешавад ва барои тайёр кардани матоъ истифода мегардад. Хамин тариқ, маъданҳои зиёди табиӣ низ (мисли оҳан, мис, ва ғ.) материяи нахустин ҳисоб мешаванд.

Шир ва йогурт (як навъ ҷурғот) – аз ҷиҳати таркиб фарқ мекунанд: шир моеъ, йогурт бошад, каме ғализтар аст. Йогурт, панир, қаймоқ ва творог (шири бурида)-ро аз шир ҳосил мекунанд, бинобар ин онҳоро маҳсулоти ширӣ меноманд. Қабл аз он ки шир ба ҷурғот табдил шавад, чандин зинаҳоро тай намуда, коркард мешавад, ки онро фарментатсия меноманд. Ба шарофати ферменитатсия ҷурғот туршмазза мешавад.Шир ва йогурт (як навъ ҷурғот) – аз ҷиҳати таркиб фарқ мекунанд: шир моеъ, йогурт бошад, каме ғализтар аст. Йогурт, панир, қаймоқ ва творог (шири бурида)-ро аз шир ҳосил мекунанд, бинобар ин онҳоро маҳсулоти ширӣ меноманд. Қабл аз он ки шир ба ҷурғот табдил шавад, чандин зинаҳоро тай намуда, коркард мешавад, ки онро фарментатсия меноманд. Ба шарофати ферменитатсия ҷурғот туршмазза мешавад.

Нон яке аз маҳсулоти хӯрокворист, ки дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷомеа ва тамаддунҳои гуногун вуҷуд дорад. Онро аз орди ҷуворимакка, гандум, ҷав ва ғайра тайёр мекунанд. Барои тайёр кардани нон аввал ордро бо об омехта мекунанд ва ба он намак омехта, инчунин барои расидани хамир ба он хамиртурш ҳамроҳ мекунанд. Баъди тайёр шудани хамир онро дар навъҳои гуногун (фатир, чаппотӣ ва ғ) дар танӯр мепазанд. Вобаста ба сифати орд ранги нон сафед ва нисбатан хиратоб мешавад.Нон яке аз маҳсулоти хӯрокворист, ки дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷомеа ва тамаддунҳои гуногун вуҷуд дорад. Онро аз орди ҷуворимакка, гандум, ҷав ва ғайра тайёр мекунанд. Барои тайёр кардани нон аввал ордро бо об омехта мекунанд ва ба он намак омехта, инчунин барои расидани хамир ба он хамиртурш ҳамроҳ мекунанд. Баъди тайёр шудани хамир онро дар навъҳои гуногун (фатир, чаппотӣ ва ғ) дар танӯр мепазанд. Вобаста ба сифати орд ранги нон сафед ва нисбатан хиратоб мешавад.

Дар як қатор минтақаҳои Аврупо ва Осиё одамон ба шарофати истеъмоли маҳсулоти ширии дар байни аҳолӣ маъруф, яъне ҷурғот умри дароз мебинанд. Ҷурғотро аз шир ба воситаи ҳамроҳ кардани сафеда (бактерияҳои махсус барои ферментатсия) тайёр мекунанд. Бактерияҳои дар таркиби сафеда буда, вақте ба шир ҳамроҳ мешаванд, афзоиш меёбанду чанд тақсим мешаванд. Ҳамин тариқ, шир ба ҷурғот табдил гардида, туршмазза мешавад.Дар як қатор минтақаҳои Аврупо ва Осиё одамон ба шарофати истеъмоли маҳсулоти ширии дар байни аҳолӣ маъруф, яъне ҷурғот умри дароз мебинанд. Ҷурғотро аз шир ба воситаи ҳамроҳ кардани сафеда (бактерияҳои махсус барои ферментатсия) тайёр мекунанд. Бактерияҳои дар таркиби сафеда буда, вақте ба шир ҳамроҳ мешаванд, афзоиш меёбанду чанд тақсим мешаванд. Ҳамин тариқ, шир ба ҷурғот табдил гардида, туршмазза мешавад.

Нах (ришта) материали ниҳоят борику (мисли мӯй) дароз мебошад. Риштаро аз нахи маҳсулоти гуногун (пахта, абрешим (пилла), канаб ва ғайра) мересанд. Аз ришта бошад, матоъҳои гуногун ва ресмонҳо тайёр мекунанд. Баъзе нахҳо табиӣ мешаванд, зеро онҳоро аз рустаниҳои табиат (пахта, пашми ҳайвонот, пилла) тайёр мекунанд. Навъҳои дигари нахро сунъӣ меноманд яъне он нахҳоро аз материалҳои ғайритабиӣ (аз пластика) тайёр мекунанд. Инҳо нейлон, полиэстра ва лайкрҳо мебошанд.Нах (ришта) материали ниҳоят борику (мисли мӯй) дароз мебошад. Риштаро аз нахи маҳсулоти гуногун (пахта, абрешим (пилла), канаб ва ғайра) мересанд. Аз ришта бошад, матоъҳои гуногун ва ресмонҳо тайёр мекунанд. Баъзе нахҳо табиӣ мешаванд, зеро онҳоро аз рустаниҳои табиат (пахта, пашми ҳайвонот, пилла) тайёр мекунанд. Навъҳои дигари нахро сунъӣ меноманд яъне он нахҳоро аз материалҳои ғайритабиӣ (аз пластика) тайёр мекунанд. Инҳо нейлон, полиэстра ва лайкрҳо мебошанд.

Ин таъғирёбиест, ки қариб ҳамеша дар организмҳои ниҳоят хурд: бактерияҳо, замбӯруғҳо ё хамиртуруш ба вуҷуд меояд. Чунин организмҳо дар таркиби шир, мева ва ё дигар маҳсулот реаксияи химиявиро, ки дар натиҷа аз онҳо шакар ва машрубот ҳосил мешавад, ба вуҷуд меоянд.Дар мавриди якҷояшавии он бо шир кислотаи оксипропинат ҳосил мегардад.Ин таъғирёбиест, ки қариб ҳамеша дар организмҳои ниҳоят хурд: бактерияҳо, замбӯруғҳо ё хамиртуруш ба вуҷуд меояд. Чунин организмҳо дар таркиби шир, мева ва ё дигар маҳсулот реаксияи химиявиро, ки дар натиҷа аз онҳо шакар ва машрубот ҳосил мешавад, ба вуҷуд меоянд.Дар мавриди якҷояшавии он бо шир кислотаи оксипропинат ҳосил мегардад.

Ҳоло қариб тамоми бозичаҳо аз пластика сохта мешаванд. Пластикаро аз маҳсулоти нафтӣ истеҳсол мекунанд. Пластика чанд хел мешавад. Он вобаста ба тарзи истифода ба намудҳои сахт, мулоим, элластикӣ (қайиш) ва ғ. ҷудо мешавад. Маводе, ки аз он бозича тайёр мекунанд, бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошад. Дар ҷаҳон қонуни ягонае амал мекунад, ки мувофиқи он бояд бозичаҳо ба ҳаёти кӯдакон хатарнок набошанд ва боиси ҳодисаҳои нохуш нашаванд.Ҳоло қариб тамоми бозичаҳо аз пластика сохта мешаванд. Пластикаро аз маҳсулоти нафтӣ истеҳсол мекунанд. Пластика чанд хел мешавад. Он вобаста ба тарзи истифода ба намудҳои сахт, мулоим, элластикӣ (қайиш) ва ғ. ҷудо мешавад. Маводе, ки аз он бозича тайёр мекунанд, бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошад. Дар ҷаҳон қонуни ягонае амал мекунад, ки мувофиқи он бояд бозичаҳо ба ҳаёти кӯдакон хатарнок набошанд ва боиси ҳодисаҳои нохуш нашаванд.

Материалҳои табиӣ аз рустаниҳо (дарахт, пахта ва ғ), ҳайвонот (пӯст, пашм, пилла) ва минералҳои гуногун ҷинсҳои мухталифи кӯҳӣ (ангишт, нафт) истеҳсол карда мешаванд. Материалҳои сунъӣ ғайритабииӣ мебошанд ва онҳоро аз чизҳои дигар тайёр мекунанд. Масалан, сементро аз омехтаи гил ва оҳак, яъне аз чор се ҳиссаи он резаи оҳаксанг ва як қисми боқимонда аз гил иборат аст.Материалҳои табиӣ аз рустаниҳо (дарахт, пахта ва ғ), ҳайвонот (пӯст, пашм, пилла) ва минералҳои гуногун ҷинсҳои мухталифи кӯҳӣ (ангишт, нафт) истеҳсол карда мешаванд. Материалҳои сунъӣ ғайритабииӣ мебошанд ва онҳоро аз чизҳои дигар тайёр мекунанд. Масалан, сементро аз омехтаи гил ва оҳак, яъне аз чор се ҳиссаи он резаи оҳаксанг ва як қисми боқимонда аз гил иборат аст.

Дар корхонаҳо автомобил, пластмасса, зарфҳои барқӣ, мебел, таҷҳизоти гуногун, ресмонҳои бофандагӣ ва ҳазорон чизҳои дигар истеҳсол мекунанд. Дар корхонаҳо мошину дастгоҳҳои зиёде ба воситаи нерӯи барқ фаъолият мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳо технологияи нав-компютару роботҳо ба таври васеъ истифода мешаванд. Корхонаҳо маҳсулоти гуногуни мавриди истеъмоли ҷомеаро истеҳсол мекунанд.Дар корхонаҳо автомобил, пластмасса, зарфҳои барқӣ, мебел, таҷҳизоти гуногун, ресмонҳои бофандагӣ ва ҳазорон чизҳои дигар истеҳсол мекунанд. Дар корхонаҳо мошину дастгоҳҳои зиёде ба воситаи нерӯи барқ фаъолият мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳо технологияи нав-компютару роботҳо ба таври васеъ истифода мешаванд. Корхонаҳо маҳсулоти гуногуни мавриди истеъмоли ҷомеаро истеҳсол мекунанд.

Либос моро аз сардї ва ашёњои дигаре, ки ба пўсти мо зарар мерасонанд, эњтиёт мекунад. Онро аз нахњои пашмин, пахтагин, абрешимин ва ё сунъї (нейлон) истењсол мекунанд. Барои ин аз нахњои номбурда дар дастгоњњои бофандагї матоъњои гуногун мебофанд ва сипас аз онњо либосњои гуногун истењсол мекунанд. Саноатеро, ки либос истењсол мекунад, саноати бофандагї меноманд.

Истеҳсолоти конвейерӣ, ки аз ҷониби Алӣ Уитни дар асри 18 пешбарӣ карда шудааст як навъи ташкили меҳнат мебошад. Он имкон медиҳад, ки истеҳсолот беҳтар карда шавад. Яъне дар конвейер ҳар як коргар қисми муайяни корро доимӣ иҷро мекунад. Маҳсулот дар конвейер аз дасти як коргар ба дасти дигаре мегузарад ва дар охири конвейер маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад.

Пойафзол пойҳои моро аз таъсири обу ҳаво ва намии замин эҳтиёт мекунад. Вобаста ба мавсими сол, ҳарорат, мавсими хушкӣ ва боришот пойафзоли мувофиқ интихоб карда мешавад. Барои ин материалҳои мувофиқ истифода мекунанд. Асосан барои истеҳсоли пойафзор чарм (пӯсти гов ё хук) истифода мешавад. Ҳамчунин барои истеҳсоли пойафзол нахҳои бофандагӣ, аз қабили пахта ва нахҳо сунъӣ, пӯст, ки аз материалҳои табиӣ фарқ намекунанд, истифода мешаванд. Резин ва каучук барин материалҳо дар пойафзол барои аз борон ва намӣ эҳтиёт намудани пой истифода бурда мешавад. Ҳоло материалҳои зиёди эластикӣ (қайиш) маълуманд, ки хусусияташон аз материалҳои табиӣ аз қабили нахҳои бофандагӣ ва маводи чармӣ фарқ намекунанд.

Хонаро аз чизҳои гуногун сохтан мумкин аст. Кадоми онро интихоб бояд кард? Ин аз ҷои истиқомат, иқлим, одат ва маблағи дар даст доштаи сохтмончиён вобастагӣ дорад. Бештар дар хонасозӣ аз санг ё хишт, семент, оҳан, чӯб, маҳсулоти сафолӣ, шиша ва барои изолятсия (ҷудо кардан) аз маҳсулоти нафтӣ истифода мебаранд.

Собун ҷисмест, ки аз равғани рустанӣ ва ё ҳайвонот бо илова намудани маводи ишқордор – содаи каустикӣ ё калийи ангидриди карбон ҳосил мекунанд. Собун дар об ҳал мешавад ва барои тоза кардану шустани либос, дасту рӯй ва ғ. истифода бурда мешавад. Собун чандин аср пеш ихтироъ шуда буд ва истеҳсоли он ҳанӯз дар Мисри Қадим ва тамаддуни антиқаи Шарқ маъмул буд.

Шиша материалест, ки ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Вай вазнин ва мустањакам буда, њарчанд, бинобар хеле нозук буданаш зуд реза-реза шавад њам, буридани он нињоят душвор аст. Аммо муњим он аст, ки шиша шаффоф аст. Њоло шишаро аз регмайда (ќум), карбонати калсий ва оњак тайёр мекунанд. Њангоми истењсоли шиша њамаи ин мањсулотро омехта карда, дар танўрњои оњанин (печњо) дар њарорати то 14001500/с мепазанд. Дар ин њолат омехта об мешавад, яъне ба љисми моеъ табдил мегардад ва пас аз хушк шудан ба шиша табдил мегардад.

Атр моддаест, ки бӯйи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот тайёр карда мешавад. Онро инчунин ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ истеҳсол мекунанд. Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда дорои равғанҳои хушбӯй мебошанд, ки аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд. Атрҳое, ки аз ҳайвонот, масалан, аз навъҳои кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводи мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд. Равғанҳои рустаниро бо маводи ёрирасон бо спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифода мерезанд.Атр моддаест, ки бӯйи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот тайёр карда мешавад. Онро инчунин ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ истеҳсол мекунанд. Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда дорои равғанҳои хушбӯй мебошанд, ки аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд. Атрҳое, ки аз ҳайвонот, масалан, аз навъҳои кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводи мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд. Равғанҳои рустаниро бо маводи ёрирасон бо спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифода мерезанд.

Пасмондаҳои хӯрокро дар як ҷо ҷамъ овардан, ба замин рехтан мумкин нест, зеро ки бактерияҳои дар ҳавобуда барои вайроншавии боқимондаҳои гӯшт, моҳӣ ва меваҷот мусоидат карда, боиси пӯсиши онҳо мешавад. Дар шаҳрҳо пасмондаҳои аз хонаҳо ҷамъшуда ба беруни шаҳр кашонида мешавад. Як қисми пасмондаҳо коркард шуда, қисми дигараш сӯзонида мешавад.

Ҳамарӯза мо миқдори зиёди маҳсулотро истифода мебарем, ки дар маҷмӯъ, боиси ғуншавии чунин пасмондаҳо, аз қабили қуттиҳои консерва, коғазхалтаҳо, шишаҳо, коғаз ва ғайра мегардад. Дар баъзе мамлакатҳо оилаҳои иборат аз чор нафар рӯзе қариб се килограмм пасмондаро ҷамъ меоранд. Фақат тасаввур кун, ки ҳар рӯз дар шаҳрҳое, ки аҳолиаш чандин ҳазор ё миллион нафарро ташкил медиҳад, чӣ қадар пасмонда ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, ҳар чӣ қадар зиёд пасмондаро коркард намудан зарур аст. Барои ин ҷамъоварии ҷудогонаи партов талаб карда мешавад, ки он аз кадом вазифаро ба ҷо овардани қисматҳои таркибии он вобаста буда, коғазу картон, қуттиҳои консерва, шиша, пластика: алоҳида ва материалҳои ба тариқи табиӣ тақсимкунанда баъди кадом муддати муайян, яъне вобаста ба таъсири таҷзияи биохимиявӣ ҷудо карда мешавад.

Бисёр маҳсулоте, ки мо истеъмол мекунем, аз он ҷумла, консерваҳо, шарбатҳои гуногун, нӯшобаҳо ва ғайраҳо дар зарфҳои шишагӣ нигоҳ дошта мешаванд Шиша аз ҷумлаи материалҳоест, ки пас аз муддати муайян мешиканад. Бинобар ин онро дубора истифода кардан лозим аст. Пас аз коркарди шишаҳои шикаста, зарфҳои нав истеҳсол мешаванд. Ҳоло дар ҳар маҳаллаҳои шаҳр нуқтаҳои қабули шишаворӣ мавҷуд аст, ки вазифаи онҳо ҷамъоварӣ намудану барои коркард фиристодани шишаворӣ мебошад.

Зиёда аз чоряки пасмондаҳои дар қуттиҳои партов партофтаи моро материалҳои пластикӣ ташкил медиҳанд. Маҳсулоти пластикиро коркард кардан, яъне об кардан мумкин аст, то ки аз он дигар чиз созем. Аз пластикаи коркардшуда либосовезак, мизу курсиҳо, қуттии партовгирӣ ва ғайра тайёр мекунанд. Пластикаи ба коркард тоб наоваранда муҳити атрофо бениҳоят ифлос мекунад, чунки вай ба таври табиӣ вайрон намешавад.

Тавре гуфтем, коғазро аз чӯб, партовҳои найшакар ва рустаниҳои дигар тайер мекунанд. Бинобар ин он муҳити атрофро он қадар ифлос намекунад. Вале азбаски ҳангоми тайёр кардани он баъзе маводи заҳролуд ба мисли маводи шустагарӣ истифода мебаранд, беҳтар аст, ки коғазҳои истифодашуда (рӯзнома, маҷалла ва ғ.) ба марказҳои қабули коғаз супорида шаванд. Зеро дар корхонаҳои коғазбарорӣ онҳо ба осонӣ коркард мешаванд ва дубора коғаз истеҳсол менамоянд.

Бо чанд калима энергияро таъриф кардан мумкин аст. Таъсири онро мушоҳида карда, метавон чӣ будани онро фаҳмид. Мисол меорем: Тани одам қобилияти ҷамъ кардану сарф кардани энергияро дорад. Агар ин тавр намебуд, мо ҳаракат карда наметавонистем, чизеро ҷунбондан наметавонистем, таҳсил намекардем, нафас намекашидем, фикр намекардем ва ғайра, зеро бе энергия ягон мавҷудот тағйир намеёбад ва ҳаракат намекунад. Энергия метавонад, дар шаклҳои гуногун зуҳур ёбад. Гармӣ як навъи энергия аст, зеро ҳолати чизҳоро тағъир медиҳад, яъне яхро об мекунад, ҳарорати чизҳоро боло бебардорад, металро об мекунад. Қувваи барқ низ як намуди энергия аст: гармӣ меофарад, хунук мекунад, рӯшноӣ тавлид мекунад, ба ҳаракат медарорад ва ғайра. Навъҳои дигари энергия низ вуҷуд дорад садои рӯшноӣ, кимиёӣ кинетикӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо қодиранд, ки ҳолати ҷисмҳоро тағъир диҳанд. Ҳамин тариқ, энергияро метавон тағъирдиҳандаи ҳолати чизҳои атрофи мо шуморид.

Инсон энергия истеҳсол карда наметавонад, вай фақат онро тағъир дода метавонад. На ҳайвонот, на мошинҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз қудрати онро надорад, ки энергия офарад ва ё онро нест кунад, лекин онро тағйир дода ва истифода қарда метавонад. Об, шамол, офтоб дорои захираҳои бузурги энергия мебошанд, вале агар инсон онҳоро ба энергияи фоиданок табдил намедод, ҳамаи ин захираҳо бефоида мемонданд. Ҳамин тариқ, энергияи шамол (бод)-ро метавон ба нерӯи барқ табдил дод. Ё ба чархи велосипед генератор васл намуда, метавон ба воситаи чарх занондани педал, қувваи кинетикетро ба нерӯи барк табдил дод. Телевизор нерӯи барқро ба рӯшноӣ ва садо табдил медиҳад.

Ҳаёти инсонро ҳоло бе оташ тасаввур кардан имкон надорад. Шояд одамони қадим ба ҳарорати берун одат карда, дар ғорҳо зиндагии худро ба рӯшании офтоб мутобиқ намуда буданд. Кашфи оташ ҳаёти одамони қадимро хеле тағйир дод. Бо ёрии оташ онҳо манзили зисташонро равшан мекарданд, худро аз хунукӣ муҳофизат менамуданд, хӯрок тайёр мекарданд. Дертар ба шарофати оташ онҳо металҳоро об карда, ҳар гуна олот (силоҳ) месохтанд, ғайр аз ин дар идҳои маросимӣ оташ боиси мустаҳакам шудани муносибатҳои миёни қабилаҳои гуногун мешуд.

Нерӯи барқ – як навъи энергия мебошад, ки хонадонро обод мекунад, фаъолияти корхонаҳо, мағозаву идораҳо, инчунин боғи истироҳату фароғати бачагонро таъмин менамояд. Мо нерӯи барқро барои рӯшноӣ кардани хонаҳо, тайёр кардани хӯрок, тару тоза нигоҳ доштани хӯрокворӣ, меваҷоту сабзавот, таъмини кори комппотерҳо ва ҳаракати бозичаҳо истифода мебарем. Гуфтан мумкин аст, ки пас аз кашф намудани оташ оғози истифодаи нерӯи барқ барои таракқиёти инсоният хизмати босазое кардааст.

Нерӯи барқро дар нерӯгоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Ҳоло якчанд намуди нерӯгоҳҳои барқӣ мавҷуд аст, ки муҳимтарини онҳо дар ҷаҳон – нерӯгоҳҳои ҳароратӣ, атомӣ ва обӣ мебошанд. Дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ба воситаи сӯзондани ангишт ва нафт нерӯи барқ ҳосил мекунанд. Дар дегҳои бузург ба воситаи сӯзишвориҳои номбурда обро меҷӯшонанд ва буғи аз он ҳосилшуда чархҳо – турбинаҳоро ба кор медарорад, турбинаҳо бошанд, генераторҳоро ба кор медароранд. Генератор чарх зада нерӯи барқ ҳосил мекунад. Дар нерӯгоҳҳои обӣ – об аз сарбанд, ки дар дарёҳо сохта мешаванд, ба турбинаҳо мерезад ва онро ба кор медарорад. Турбина чарх зада генераторҳоро ба кор медарорад ва дар натиҷа нерӯи барқ ҳосил мешавад. Дар нерӯгоҳҳои атомӣ – маъдани кӯҳӣ, ки дар таркибаш уран дорад, истифода мешавад. Пас аз коркарди маъдан вай нерӯи атомӣ ҳосил мекунад ва дегҳои бузурги пуробро меҷӯшонад. Буғи ҳосилшуда бошад, турбинаҳоро чарх занонда нерӯи барқ ҳосил мекунад.

Агар дар сурате, ки дастатон ба ноқили лучи барқе, ки ба воситаи он ҷараёни барқ мегузашт расид, гӯё ба баданатон чун безарядшавӣ зарбаи электрикӣ ворид мегардад. Агар шиддатнокии он баланд бошад, вай метавонад одамро бикушад ё ба таври ҷиддӣ онро сӯзонад. Агар шиддат пасттар бошад, он чун рагкашии андак ҳис карда мешавад. Зарур аст, ки аснои бо асбобҳои барқӣ кор кардан ба таври ҷиддӣ қоидаҳои муносибат бо онҳоро риоя намуд: вакте ки дастатон тар аст, набояд ба асбобҳои барқӣ даст расонид, зеро об аз худ ҷараёни барқро бештар мегузаронад. Ҳеҷ гоҳ чароғҳои кӯчагӣ ва симчӯбҳои телефонро парма накунед, ҳамчунин ба минтақае, ки навиштаҷоти «Хавфнок» ва ё «Шиддатнокии баланд» овехта шуда бошад, наздик наравед.Агар дар сурате, ки дастатон ба ноқили лучи барқе, ки ба воситаи он ҷараёни барқ мегузашт расид, гӯё ба баданатон чун безарядшавӣ зарбаи электрикӣ ворид мегардад. Агар шиддатнокии он баланд бошад, вай метавонад одамро бикушад ё ба таври ҷиддӣ онро сӯзонад. Агар шиддат пасттар бошад, он чун рагкашии андак ҳис карда мешавад. Зарур аст, ки аснои бо асбобҳои барқӣ кор кардан ба таври ҷиддӣ қоидаҳои муносибат бо онҳоро риоя намуд: вакте ки дастатон тар аст, набояд ба асбобҳои барқӣ даст расонид, зеро об аз худ ҷараёни барқро бештар мегузаронад. Ҳеҷ гоҳ чароғҳои кӯчагӣ ва симчӯбҳои телефонро парма накунед, ҳамчунин ба минтақае, ки навиштаҷоти «Хавфнок» ва ё «Шиддатнокии баланд» овехта шуда бошад, наздик наравед.

Қувваи ҳаётбахшро, ки барои таъмини ҳаёт зарур аст, мо ҳангоми истеъмоли ғизо мегирем. Ҷисми мо ин энергияро захира карда, онро ба нерӯ табдил медиҳад ва барои нафаскашӣ, гардиши хун ва ҳаракат истифода мебарад. Вақте мо нафас мегирем, шушамон аз ҳаво оксигенро қабул мекунад ва заррачаҳои хуни рагҳо аз он истифода мекунанд. Хун ғайр аз оксиген, маҳлулҳои ғизоиро низ мебарад, ки дар натиҷаи ҳазми хӯрок – ғизо ҳосил мешавад. Ҳам оксиген ва ҳам маводи ғизоӣ ба воситаи гардиши хун ба тамоми узвҳои бадан тақсим мешаванд. Гардиши хунро дар организм дил ба воситаи рагҳои хунгузар таъмин мекунад. Дар мушакҳои бадан бошад, оксиген барои «сӯзондан»-и маводи ғизоӣ ва аз онҳо ҳосил кардани энергия зарур аст.Қувваи ҳаётбахшро, ки барои таъмини ҳаёт зарур аст, мо ҳангоми истеъмоли ғизо мегирем. Ҷисми мо ин энергияро захира карда, онро ба нерӯ табдил медиҳад ва барои нафаскашӣ, гардиши хун ва ҳаракат истифода мебарад. Вақте мо нафас мегирем, шушамон аз ҳаво оксигенро қабул мекунад ва заррачаҳои хуни рагҳо аз он истифода мекунанд. Хун ғайр аз оксиген, маҳлулҳои ғизоиро низ мебарад, ки дар натиҷаи ҳазми хӯрок – ғизо ҳосил мешавад. Ҳам оксиген ва ҳам маводи ғизоӣ ба воситаи гардиши хун ба тамоми узвҳои бадан тақсим мешаванд. Гардиши хунро дар организм дил ба воситаи рагҳои хунгузар таъмин мекунад. Дар мушакҳои бадан бошад, оксиген барои «сӯзондан»-и маводи ғизоӣ ва аз онҳо ҳосил кардани энергия зарур аст.

Ҷисми мо қобилияти захира кардан ва нигоҳ доштани энергияро дорад, бинобар ин мо метавонем, гоҳо ғизо нахӯрем. Дар ҷараёни ҳазми ғизо глюкозаи зиёде ҳосил мешавад, ки ба таркиби хун дохил мешавад. Глюкоза «сӯзишворӣ»-и муҳими энергияи ҷисм мебошад. Одатан, ҳамаи глюкозаи ҳосилшуда истифода бурда намешавад, аз ин рӯ онро захира кардан лозим меояд. Ҷигар маводи зиёдатии глюкозаро аз хун ҷамъоварӣ мекунад ва онро нигоҳ медорад. Онҳоро ба глюкоген ном модда табдил медиҳад. Ҳамин вазифаро мушакҳо низ иҷро мекунанд. Ҳангоме ки ба ҷисм «сӯзишворӣ» лозим мешавад, ҷигар ва мушакҳо глюкогени захиракардаашонро аз нав ба глюкоза табдил медиҳанд. Албатта, захира кардани глюкоген низ ҳадду ҳудуди худро дорад. Вақте захира аз ҳад мегузарад, маводи ғизоӣ ба чарбу (равған) табдил мешавад. Дар оянда агар ба ҷисм боз «сӯзишворӣ» зарур шаваду глюкоген набошад, он гоҳ чарбуи захирашуда ба глюкоза табдил мешавад.

Организми мо барои иҷрои вазифаҳои зерин қувва (энергияи)-и аз маводи ғизоӣ гирифтаашро сарф мекунад:

1. Барои таъмини фаъолияти тамоми узвҳои бадан.

2. Барои таъмини ҳарорати мӯтадили бадан (36,5 – 37,0/С) дар вазъи гуногуни обу ҳаво (ҳам гармӣ ва ҳам сардӣ).

3. Барои таъмин намудани сабзиши ҷисм, яъне барои организм бофтаҳои нав ҳосил мекунад ва кӯдак ба воя мерасад. Маълум аст, ки инсон дар кӯдакӣ ва наврасӣ ба воя мерасад, вале дар давоми тамоми ҳаёт организм ба тағйирот дучор мешавад ва фаъолият мекунад.

4. Барои таъмин намудани фаъолият ва ҳарорати мӯътадили мушакҳои бадан. Зеро мантиқан дуруст аст, ки ҷисми одамони ба корҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, нисбат ба онҳое, ки фаъолияти ҷисмонӣ надоранд, энергияи зиёдеро тақозо мекунад.

Қисми зиёди энергияи баданро мағзи сар сарф мекунад. Майна маркази назорат ба фаъолияти инсон аст. Дар он тамоми ахбороте, ки аз ҷониби узвҳои ҳис, биноӣ, шунавоӣ ва ғ. ҷамъ мешаванд баъд аз коркард, яъне пас аз омӯхтани ҳодисаву воқеаҳо ба ҳар кадоми он ахборот «ҷавобҳои мувофиқ»фармон медиҳад. Албатта, иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо энергияи зиёдеро тақозо мекунад. Тавре таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, майнаи одами калон 1,5 кг вазн дорад ва панҷяки энергияи зарурии организмро сарф мекунад.

Маълум аст, ки ҳангоми сӯхтани чӯб гармӣ ва рӯшноӣ ҳосил мешавад. Дарахт ин энергияро аз офтоб мегирад. Дар натиҷаи раванде, ки фотосинтез ном дорад, дарахтон ду чиз: глюкоза ва селлюлоза ҳосил мекунанд. Дарахт асосан, аз селлюлоза иборат аст. Дар ҳақиқат, энергияи офтоб дар дарахтон дар шакли селлюлоза ва бофтаҳои дигар захира мешавад. Вақте чӯб месӯзад, ҳамон энергияи дар селлюлоза ҷамъшуда озод мешавад ва ҳам гармиву ҳам рӯшноӣ медиҳад.

Офтоб ба тамоми мавҷудоти рӯи замин – кӯҳу дашту хок ва ғ. гармӣ медиҳад. Ҳаво низ дар иртибот ба ин маводи гармшуда гарм мешавад. Ҳавои гарм сабуктар шуда, ба қишрҳои баланди атмосфера мебарояд ва ҳавои хунуки дар боло буда ба поён, ба ҷои ҳавои гарм мефарояд. Ин ҷойивазкунии ҳаво шамолро ба вуҷуд меорад. Дар рӯи замин ҷойивазкунии шамол доимӣ аст, зеро дар тамоми фаслҳои сол минтақаҳои гарм ва хунук мавҷуданд. Энергияи шамолро метавон барои фаъолияти осиёби бодӣ истифода бурда, энергия барқ ҳосил кард. Дар ин сурат энергияи офтоб ба нерӯи барқ ва ё нерӯи дигари механикӣ табдил мешавад.

Вақте ки оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳои гарм мешавад, онҳо ба буғшавӣ сар  мекунанд. Буғ ба қабати болоии атмосфера, ки дар он ҷо вай ба абр табдил меёбад,  боло мебарояд. Вақте ки ҳарорати ҳаво паст мефарояд, об дар абрҳо ба борон табдил  ёфта ба замин рехта, наҳрча ва сели обро ба вуҷуд меоранд. Об аз болои замин  равон шуда, ба нишебиву ҷойҳои ноҳамвор ҷорӣ шуда, аз пасаш сангу қумҳоро канда  бароварда, дар навбати худ ҷарӣ, дара ва тагноҳоро ба вуҷуд меорад. Об ба сатҳи  ҳамвори замин афтида, суръату қувваашро гум мекунад ва чизу ашёи вазнинро боқӣ  мегузорад(дар ин марҳилаи резиши худ дарё одатан, гардишҳои тез, ки онро хамгаштҳо  меноманд, ба вуҷуд меорад), лекин бо худ хок, лойқа ва регро кашонда, онҳоро дар  даҳана мемонад, ки баъзан делтаҳоро (резишгоҳҳоро) ташкил медиҳад.Вақте ки оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳои гарм мешавад, онҳо ба буғшавӣ сар  мекунанд. Буғ ба қабати болоии атмосфера, ки дар он ҷо вай ба абр табдил меёбад,  боло мебарояд. Вақте ки ҳарорати ҳаво паст мефарояд, об дар абрҳо ба борон табдил  ёфта ба замин рехта, наҳрча ва сели обро ба вуҷуд меоранд. Об аз болои замин  равон шуда, ба нишебиву ҷойҳои ноҳамвор ҷорӣ шуда, аз пасаш сангу қумҳоро канда  бароварда, дар навбати худ ҷарӣ, дара ва тагноҳоро ба вуҷуд меорад. Об ба сатҳи  ҳамвори замин афтида, суръату қувваашро гум мекунад ва чизу ашёи вазнинро боқӣ  мегузорад(дар ин марҳилаи резиши худ дарё одатан, гардишҳои тез, ки онро хамгаштҳо  меноманд, ба вуҷуд меорад), лекин бо худ хок, лойқа ва регро кашонда, онҳоро дар  даҳана мемонад, ки баъзан делтаҳоро (резишгоҳҳоро) ташкил медиҳад.

Офтоб ба мисли гулхани бузургест, ки сӯхтани он бо ҳарорати ниҳоят баланди газҳои гидроген ва гелий таъмин мешавад. Замин энергияи офтобро дар давоми 4600 миллион сол мегирад. Ҳанӯз то асри 20 олимон медонистанд, ки Офтоб чун гулхан доимо месӯзаду вале сӯзишвориаш тамом намешавад. Илм дар оғози асри 20 сабаби ин ҳодисаро муайян кард. Офтоб энергияи худро дар натиҷаи раванде мегирад, ки онро синтези ядроӣ меноманд. Ин раванд чунин аст, ки атомҳои гидроген (обзо) ҷамъ шуда, атоми гелийро ташкил мекунанд. Ин омехта чунон энергияе ҳосил мекунад, ки ба Офтоб имкон медиҳад, то онро ба замин ва сайёраҳои дигар дар давоми миллионҳо сол равон кунад. Ин раванд абадӣ буда, ҳеҷ гоҳ қатъ намешавад.

Замин яке аз сайёраҳои хурдтарини системаи Офтоб мебошад ва бешак ҷоест, ки дорои миқдори зиёди энергия аст. Агар мо дар боғу майдон, дашту ҳомун, баҳру уқёнус ва ғ. ба атрофи худ назар афканем, мебинем, ки тамоми чизҳои атроф дар ҳаракатанд: Одамон рафтуомад мекунанд, ҳайвон, тайёра, мошин, кометаҳо, инчунин шамол (бод), оби баҳр, дарё ва ғ. дар ҳаракатанд. Ҳамчунин он чизҳое, ки мо бо чашми оддӣ дида наметавонем (бактерияҳо, атом ва ғ.) низ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин чизҳо дар ҳаракатанд, зеро энергия доранд. Аз ин ҷо энергия ҳаракатдиҳандаи тамоми мавҷудот аст. Энергияе, ки ҳаракат мекунад, энергияи кинетикӣ ном дорад.

Дар муҳаррики реактивӣ керосин барин сӯзишворӣ, ки мисли бензин аст, истифода мешавад. Газҳое, ки дар ҷараёни сӯзиши керосин ба вуҷуд меоянд, ба воситаи қисми ақиби муҳаррик ҳамроҳи ҳаво ба берун мераванд ва дар ҷои баромад чунон қувваеро ба вуҷуд меоранд, ки тайёраро ба пеш тела медиҳад. Энергияи барои ҳаракати тайёра зарур дар муҳаррик аз энергияи кимиёии керосин ба вуҷуд меояд. Аммо, албатта, онҳо ба саломатии мо ва муҳити атроф зараовар мебошанд. Дар таркиби дуди ҳосилшуда маводи зараровар, аз қабили меркурий мавҷуд аст, ки дар натиҷаи бо хоку об омехта шуда онҳоро заҳролуд мекунад ва эҳтимоли ба хӯроки чорво ва ҳайвоноти обӣ гузаштанашон низ мавҷуд аст.

Автомобил ба воситаи энергияи сӯзишвории бензин ба ҳаракат медарояд. Бензинро аз нафт ҳосил мекунанд ва мисли он бензин низ дорои энергияи офтоб аст, ки дар шакли энергияи кимиёӣ мебошад. Вақте бензин дар камера, ки силиндри муҳаррик меноманд, месӯзад, таркиш ба вуҷуд меояд ва газҳои дар натиҷаи ин ҳодиса ба вуҷудомада, поршенро ба ҳаракат медароранд, поршен бошад, ба воситаи системаи мураккаб ба зонунавард (коленчатый вал) пайваст шудааст. Вақте зонувард ба ҳаракат медарояд, чархҳои мошин давр мезананд ва мошин ҳаракат мекунад. Ҳамаи энергияи кимиёвӣ ба энергияи гармӣ мубаддал мегардад ва гармӣ бошад, дар навбати худ ба энергияи кинетикӣ ё ҳаракат диҳан да табдил ме шавад.

Ҳаракат чун дилхоҳ намуди дигари энергия метавонад ба дигар энергия табдил дода шавад. Масалан, дар неругоҳҳои барқӣ ҳаракати генератор қувваи барқро истеҳсол мекунад ва ба ҳамин монанд тавассути ба ҳаракат даровардани педалҳо дар динамои велосипед қувваи барқ ҳосил мешавад. Вақте ки мо чизи вазнинеро кашолакунон мебарем, байни фарш ва он бор қуввае ба вуҷуд меояд, ки соиш меномем, ки як қисм ҳаракатро ба гармӣ мубаддал менамояд. Ҳамин тавр, мисол вақти кордтезкунӣ ё ҳангоме ки чархҳои поезд аснои тормоздиҳӣ давр назада, болои релсҳо гармиро ба вуҷуд оварда, рафтан мегирад. Ҳамчунин, ҳангоми соидани ду чиз ё ба ҳам задани ду санг гармӣ ҳосил мешавад. Дар ҳарду маврид шарора пайдо шуда, бо худ қувваи равшанидиҳанда ҳосил мекунад. Ҳамин тавр, ҳаракат метавонад ба қувваи электрик, гармӣ ва ҳоказо табдил ёбад. Тамоми ин зуҳурот намудҳои энергия мебошанд.

Манбаи энергия материал ва ё маҷмӯи материалҳост, ки аз онҳо энергия ҳосил мешавад. Агар энергия доимо ҳосил карда шавад ва ин манбаъ тамом нашавад, он манбаъро – манбаи барқароркунандаи энергия меноманд. Офтоб, шамол, баҳр, об аз ҷумлаи манбаъҳои барқароркунандаи энергия мебошанд, зеро онҳо дар сатҳи замин доимианд. Ангиштсангу нафт ва гази табиӣ манбаи барқароркунандаи энергия нестанд, зеро дар қишри замин вуҷуд доранд ва дар натиҷаи истифодаи мунтазам, оқибат тамом мешаванд.

Нафт, ангишт ва гази табиӣ аз ҷумлаи сӯзишвориҳои табиианд, зеро онҳо чандин сол қабл аз боқимондаҳои рустаниҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ ба вуҷуд омадаанд. Ангишт аз дарахт ва рустаниҳои дигар, ки аз энергияи офтоб барои сабзиши худ истифода бурдаанд, ҳосил шудааст. Дарахтон ва рустаниҳо дар давоми ҳазорсолаҳо бо хок пӯшида шудаанд. Ин хоку гил мунтазам афзуда зич шуда ба санг табдил шудаанд. Дар зери фишори сангҳо рустаниҳои зери онҳо мунтазам сӯхта ба ангишт мубаддал мешаванд. Нафт бошад, аз рустаниҳои хурд ва ҳайвонҳои зериобӣ, ки пас аз марг дар қаъри баҳр боқӣ мондаанд, ҳосил мешавад. Дар қаъри баҳр онҳо зери қум ва гили ба санг табдилшуда монда, дар давоми миллионҳо сол ба нафт мубаддал мегарданд. Гази табиӣ низ аз ҳамин манбаъҳо пайдо шудааст ва дар қишрҳои бузурги кӯҳҳо, баъзан дар зери шахҳои қаъри баҳрҳо низ вомехӯрад.

Энергияи ядроӣ ё атомӣ энергияи дохилии Замин мебошад, ки дар тамоми қитъаҳои он мавҷуд аст ва Замин онҳоро аз замони пайдоиши худ захира кардааст. Дар як қатор ҷисмҳо энергияи мазкур хеле кам ва ё истифодаашон душвор аст. Ин дар ҳолест, ки аз ҷисмҳои дигар, масалан, уран чунин энергия ба осонӣ ҳосил карда мешавад. Уран ба қатори канданиҳои фоиданок дохил мешавад. Он аз атомҳои ниҳоят вазнин иборат мебошад, ки ядрои онҳо дар натиҷаи таъсир расондан пора-пора мешавад. Ин ҷудошавӣ таҷзияи ядроӣ номида мешавад. Раванди таҷзияи ядроӣ миқдори зиёди энергияро ба вуҷуд меорад, ки дар камераҳо ва ё реакторҳои ядроӣ дида мешаванд. Энергияи дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада, барои ҳосил намудани бухори об истифода мешавад. Бухори об бошад, барои ба ҳаракат даровардани турбинаҳову генераторҳое, ки нерӯи барқ ҳосил мекунанд, истифода мешавад.

Энергияи кинетикии шамол барои ҳосил намудани барқ ба воситаи дастгоҳҳое ба даст оварда мешавад, ки онҳоро аэрогенератор меноманд. Аэрогенераторҳо асосан аз се ҷузъ пропеллер ё ротор, сафина (заврақ) ва манора иборат мебошанд. Фаъолияти онҳо чунин аст: шамол парраҳои сафинаро ба ҳаракат медарорад ва ин ҳаракат ба вал ва сипас ба генератор мегузарад, дар натиҷа нерӯи барқ ҳосил мешавад. Ҳарчанд, истифодаи энергияи шамол, ки аз он нерӯи барқ ҳосил мешавад, ба муҳити атроф зиён надошта бошад ҳам, азбаски насби аэрогенераторҳо масоҳати зиёдеро ишғол мекунанд, онҳо ҳусни маҳалу мавзеъро коҳиш медиҳанд.

Офтоб энергияи худро дар шакли мавҷ ба замин интиқол медиҳад. Ин гуна интиқолёбии энергияро радиатсия ва ё афканишоти электромагнити мегуянд. Қисмати зиёди афканишот дар қабати болоии атмосфера гумм мешаванд, танҳо қисми ночизи он – шуоҳои ноайёни гарми ки мавҷашон нисбат ба мавҷи шуоҳои сурхи офтоб хеле дароз аст ба замин мерасад.

Рӯшноӣ ва гармӣ, ки ба мо аз Офтоб мерасад, зиндагиро осон мекунад, аммо гармии офтоб доимӣ набуда, балки аз вақти шабонарӯз, мавсими сол ва мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст. Масалан, дар экватори Замин ҳаво доим гарм аст, аммо дар Қутбҳои Шимолу Ҷануби он ҳамеша хунук аст. Барои он ки аз офтоб доимо гармӣ гирифта шавад, бояд энергияи офтоб ба ягон восита табдил дода шавад. Масалан, барои оби гарми ҳарораташ то 70 дараҷаи С ҳосил карда шавад, дастгоҳи оддии иборат аз пластина ва ё панелҳо, ки бо маводи махсуси нигоҳдорандаи гармӣ ва шиша рӯпӯш шудааст, истифода мешавад. Ин пластинаҳои рӯ ба Офтоб гарм шуда, оби дар дохили онҳо бударо гарм мекунад, об ба зарфҳои захиракунанда меравад ва аз он ҷо барои ҳар ҳоҷат истифода бурдан тақсим мешавад. Агар оби ҳарораташ зиёдтар зарур бошад, дастгоҳҳои оинадорро истифода мебаранд, ки он шуои офтобро дар як нуқта ҷамъ мекунад ва ҳарорати он то ба 4000 дараҷаи С мерасад. Ин система дар соҳаи саноат истифода мешавад.

Нерӯи барқи аз генераторҳо ҳосилшуда, тавассути симтанобҳои ғафс ба шабакаи электрикӣ фиристода мешавад, ки шиддати он ба 10 000 волт баробар аст. Аз ин ҷо, ба воситаи трансформатор гузашта, шиддатро то ба 75 000 волт мерасонад. Баъд неруи барқ ба воситаи хатҳои электрикӣ ва симчӯбҳо ба маҳаллаву шаҳрҳо фиристода мешавад. Қабл аз он ки нерӯи барқ ба ҷои лозима фиристода шавад, аз истгоҳҳои трансформаторӣ мегузарад ва дар он қувваи барқ ба миқдори зарурӣ паст карда мешавад. Барои хонаҳои истиқоматӣ қувваи барқ 300 волт ва барои корхонаҳои на он қадар калон 10 000 ё 12 000 волт муқаррар шудааст.

Қисми асосии эелемент, ки ба он қисми боқимонда якҷоя шуда, онро пурра мегардонад.

Қувваи электрик тозатарин ва қулайтарин навъи истифодашавандаи энергия мебошад, ки аз худ пасмондаҳо ва газҳои ғайрирадиактивиро боқӣ намегузорад. Албатта (бешубҳа) истеҳсоли қувваи барқ дар натиҷаи истифодаи ашёи хом дар ҷараёни истеҳсолот ба андозаи муайян ба муҳити зист таъсир мерасонад, ғайр аз он таҷҳизот ва дигар воситаҳои техникии дар шабакаҳои барқ истифодашаванда ҳусни манзараи табиатро коҳиш медиҳад.

Баҳр манбаи энергия шуда метавонад, аммо ҳосил кардани он ниҳоят душвор аст. Дар баъзе истеҳсолоти аҳди қадим техникаҳое мавҷуд буданд, ки дар он аз қувваҳои мадду ҷазр бо фарогирии масоҳати маҳдуд истифода мекарданд. Айни замон ин қувваро барои ҳосил кардани электрик истифода мебаранд, лекин ба самарабахшии кам. Барои истифодаи мадду ҷазр дар резишгоҳи дарё бо мақсади бунёди кӯлҳои сунъӣ сарбандҳо месозанд. Вақте ки сатҳи баҳр баланд мешавад, кӯл аз об пур мешавад ва ҳангоме ки обаш паст мешавад, вай хушк мегардад. Ҷараёни об дар кӯл ва аз он барои ба ҳаракат овардани техникаи дастгоҳ (генератор)мошинҳои генератори ҳосилкунандаи электрик мавриди истифода қарор дода мешавад.

Алессандро Волта (1745 – 1827) олими итолиёвӣ буда, ба таҳқиқоти неруи барқ машғул буд. Соли 1800, ӯ пас аз таҳқиқоту таҷрибаи зиёд элементи электрикиеро кашф намуд, ки ток ба вуҷуд меовард. Ин бозёфт дар илм инқилоб шуморида шуд. Ҳамин шиддати нерӯи барқ ба шарафи олими номбурда Волт номида шуд ва дар оянда воҳиди ифодакунандаи шиддати нерӯи барқ гардид, ки бо ҳарфи В ифода мекунанд.Алессандро Волта (1745 – 1827) олими итолиёвӣ буда, ба таҳқиқоти неруи барқ машғул буд. Соли 1800, ӯ пас аз таҳқиқоту таҷрибаи зиёд элементи электрикиеро кашф намуд, ки ток ба вуҷуд меовард. Ин бозёфт дар илм инқилоб шуморида шуд. Ҳамин шиддати нерӯи барқ ба шарафи олими номбурда Волт номида шуд ва дар оянда воҳиди ифодакунандаи шиддати нерӯи барқ гардид, ки бо ҳарфи В ифода мекунанд.

Ҳар вақт ки мо дар хонаҳо фурӯзонакҳои барқиро даргиронем ва ё таҷҳизоти барқиро истифода намоем, нерӯи барқ сарф мекунем. Бо гузашти вақт талаботи мо ба нерӯи барқ афзун мегардад. Дар он мамлакатҳое, ки техника тараққӣ кардааст, нерӯи барқ асосан, беҳуда сарф мешавад. Бидуни зарурат аз асбобҳои барқӣ, баҳудаву беҳуда истифода мебаранд, дар рӯзи равшан фурӯзонакҳоро даргирон мемонанд, яку якбора аз тамоми лавозимоти барқӣ баробар (телевизор, компютер, чангкашак ва ғ.) истифода мекунанд. Ин ҳолатҳо боиси исрофи беҳудаи нерӯи барқ мешавад. Ғайр аз ин, барои он ки гармӣ дар хонаҳо сарфа карда шавад, бояд тарқишҳои дару тирезаҳо махкам карда шавад ва аз фурӯзонакҳои каммасраф истифода бурда шавад.

Нерӯгоҳҳои барқи аловӣ барои ҳосил кардани қувваи барқ сӯзишвории табииро месӯзад. Ҳам ангишт, ҳам нафт ҳангоми сӯхтан пайвастагии дуокси карбонро якҷоя бо буғи об хориҷ менамояд. Ва дар навбати худ, онҳо дар қабатҳои тунуки ҳаво ҷамъ мешавад. Дуоксиди карбон гармии аз замин хориҷшаванда (барояндаро) «ғасб карда гирифта», ҳамин тавр, эффекти парникӣ, яъне ҷараёнеро ба вуҷуд меорад, ки боиси гармшавии иқлими сайёраамон гаштааст. Нерӯгоҳҳои атомӣ ҳарчанд газҳои зарарнок ҷудо накунанд ҳам, миқдори зиёди партовҳои радиоактивро боқӣ мегузоранд, ки нест кардан ва ё нигоҳ доштанашон хеле душвор аст. Нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ муҳитӣ зистро ифлос намекунанд, лекин манзараҳои табиатро халалдор менамоянд. Дар мавриди кори генераторҳои бодӣ, ки барои энергияи шамол истифода мегардад, боз навъи дигари ифлосшавӣ-ифлосшавии акустикиро ба назар гирифтан зарур аст, зеро ки ҳаракати парраҳои бодбони он садои баландеро ба вуҷуд меовард.

Ҳангоме ки офтоб дар уфуқ пинҳон мешавад, шаб фаро мерасад ва дар пеши чашми мо манзараи мафтункунанда, яъне осмони ситоразор намудор мешавад. Ҳамаи мо наззораи нуқтаҳои бешумори ҷилодиҳандаи осмон ситораҳоро дӯст медорем. Дар назари аввал гумон меравад, ки агар онҳоро бишморем, чандин ҳазоранд, вале дар асл шумораашон ба миллиард мерасад. Ба мисли он ки рӯшноии чароғи барқӣ ва ё керосинӣ рӯзона мушоҳида намешавад ва танҳо дар шаб дида мешавад, ситораҳо низ дар шаби торик ҷило медиҳанд, вале рӯзона ба назар намерасанд, зеро онҳоро шуоъҳои офтоб мепӯшонанд. Ҳамин тариқ, агар дар осмон моҳи равшан низ бошад, ситораҳо на он қадар хуб мушоҳида мешаванд.. Ситораи ягонае, ки рӯзона мо онро мебинем – Офтоб аст, аммо вай чунон ба Замин наздик аст, ки мо рост ба он нигоҳ карда наметавонем, зеро шиддати нурҳои он ба чашми одам зарар мерасонад. Офтоб ҳанӯз ситораи калонтарини Дунё нест ва нисбат ба ситораҳои дигар гармии зиёд надорад. Аммо азбаски он ба Замин нисбатан наздиктар аст, ба назари мо аз ситораҳои дигар калон метобад. Ситораҳо аз Замин дар масофаи ниҳоят дур воқеанд, аз ин рӯ ба назари мо хеле хурд метобанд.

Ситораҳо ба курраҳои бузурги оташ монанданд ва аз худ нури зиёдеро паҳн мекунанд ва аз Замин мо ин нурҳоро чун ҷилои нуқрагин ҳис мекунем. Чунин ҳолат барои он аст, ки ситораҳо низ мисли офтоб аз газҳои сӯзандаи гидроген ва гелий иборатанд ва газҳои мазкур ҳангоми сӯхтан аз худ гармию рӯшноӣ ҷудо мекунанд. Дар асл равшании ситораҳои аз ҳама бештар ҷилодиҳанда, назар ба рӯшноиву гармии Офтоб чандин маротиба зиёд аст. Дар баробари ин ситораҳое ҳам ҳастанд, ки нури онҳо аз нури Офтоб миллионҳо маротиба камтаранд.

Ситораҳо доимо вуҷуд надоштаанд. Биёед, бубинем, ки онҳо чи тавр тавлид мешаванд. Ҳамаи ситораҳо аз массаи нисбатан сарди газ ва ғубор пайдо шуда, гурӯҳ-гурӯҳ инкишоф меёбанд. Массаи мазкур, яъне ҷирмҳои гуногуни Кайҳон ҷамъ мешаванд ва абреро ташкил мекунанд, ки онро туманнокӣ меноманд. Эҳтимол ҳамин туманнокӣ ҷарх зада, ҳарорати баландро ба вуҷуд меорад, ки дар тақсимоти саддараҷагӣ тақрибан ба миллионҳо дараҷа мерасад. Туманнокӣ дар натиҷаи мунтазам сӯхтан зич шуда, ба ситора табдил мешавад.

Вақте мо ба ситораҳо менигарем, дар тасаввури мо онҳо ҳама якранга – сафеди кабудчатоб менамоянд. Вале дар асл онҳо вобаста ба ҳарораташон гуногунранг мебошанд. Аз ин хотир, ситораҳое, ки гармии зиёд доранд, сафед ва кабудчатобанд, онҳое, ки гармии дараҷаи миёна доранд, ранги зарду норанҷӣ (сурхчатоб) доранд. Ранги ситораҳое, ки гармии нисбатан камтар доранд, сурх мебошад. Офтоб ба гурӯҳи ситораҳои миёна мансуб аст, бинобар он ранги зард дорад. Аммо вақте нурпошиаш кам шуда ба фазаи ниҳоии худ мерасад, ранги сурхро гирифта, оқибат ғуруб мекунад.

Барои он ки ситораҳо дурусттар фарқ карда шаванд, ҳанӯз аз замонҳои қадим, ҳазорон сол қабл ситорашиносон онҳоро миёни ҳамдигар гурӯҳбандӣ намудаанд ва ба онҳо мувофиқи шакли ҷойгиршавиашон номгузорӣ кардаанд: яъне Ҳамал, Ҷадӣ, Саратон, Каҳкашон ва ғайра.

Соли нур ин масофаест, ки рӯшноӣ онро дар давоми як сол тай мекунад. Суръати рӯшноӣ дар як сония 300 000 км мебошад. Бо чунин суръат мушаки ҳавоӣ (ракета) метавонад, экватори Заминро дар як сония бисту панҷ маротиба давр занад. Ситорашиносон соли нурро барои чен кардани масофаи байни ситораҳо истифода мебаранд. Ин масофа номи масофаи кайҳонӣ ва ё масофаи ситорагиро гирифтааст.

Галактика аз маҷмӯи миллиардҳо ситора, ғубори ситораҳо ва газҳо иборат аст. Ҳамаи инҳо дар фазои ягона ҷойгир шудаанд ва дар гирди меҳвар (марказ)и умумиашон давр мезананд. Ин маҷмӯи ситораҳо аз газҳои гидроген, азоту карбон ва силитсий ва шуоъҳои зиёде иборатанд. Галактика чунон бузург аст, ки ҳаҷми онро муайян кардан аз имкон берун аст. Масалан, Офтоб яке аз ситораҳои хурдтарини галактикае мебошад, ки Роҳи Каҳкашон ном дорад. Олимон то ҳанӯз муайян накардаанд, ки дар Дунё чӣ қадар галактика мавҷуд аст, аммо бовар доранд, ки шумораи он аз миллиард зиёд аст ва ҳар яки ин галактика аз миллиардҳо ситора иборат мебошад.

Дар Дунё галактикаҳо ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ гуногунанд. Онҳо метавонанд, шакли эллиптикӣ дошта бошанд, ё морпеч бошанд ва ё ягон шакли махсусе надошта бошанд. Ҳаҷман бошад, галактикаро ба бузург, миёна ва хурд (майда) ҷудо кардан мумкин аст. Галактикаҳо аз гурӯҳҳо иборатанд, вале фосилаи миёни онҳо – миллиардҳо километр аст. Ситораҳое, ки галактикаро ташкил мекунанд, дар гирди як марказ ё худ меҳвар (ядро) давр мезананд.

Роҳи Каҳкашон – ин галактикаи морпеч мебошад, ки аз садҳо миллиард ситора иборат аст. Вай барои он чунин ном гирифтааст, ки дар осмон чун нуқтаҳои шуоъдиҳандаи тасмашакл ба назар мерасад ва ранги ширро дорад. Онро мо дар шаби торик бо чашми оддӣ дида метавонем. Системаи офтобии мо ба Роҳи Каҳкашон тааллуқ дорад. Офтоб аз меҳвари галактика дар масофаи хеле дур ҷойгир шудааст.

Ба сайёраи мо галактикаи наздиктарин ин Андромед мебошад, ки якҷоя бо Роҳи Каҳкашон ва пайвастшавии 20 галактикаи дигар бо номи гурӯҳи маҳаллӣ таркиб ёфтааст. Вай аз замин дар масофаи беш аз ду миллион соли нур ҷойгир шуда, бо худ галактикаи печдор (морпеч)-ро ифода мекунад. Онро аз нимкураи Шимолӣ дидан мумкин буда, ситораҳаои асосии он идомаи бурҷи галаситораи Пегасро ташкил медиҳад.

Ситорашиноси белгиягӣ Ҷорҷ Ламетр ҳангоми омӯхтани ситораҳо чунин тахмин кардааст, ки 15 миллиард сол қабл Дунё хеле хурд ва ниҳоят зич будааст. Ин шакли Дунёро вай «тухми кайҳонӣ» номида буд. Дар лаҳзаи муайяне дар ин «тухми кайҳонӣ» таркиши бузург ба вуҷуд омада, тамоми ҳастӣ (материя)-и таркиби он бо суръати ниҳоят тез ба ҳар тараф пош хӯрдааст. Галактикаҳои имрӯза натиҷаи ҳамон таркиши азими тухми кайҳонӣ мебошанд. Ситораҳои галактикаҳо низ дар навбати худ инкишоф ёфта, оқибат ҳолати имрӯзаро гирифтаанд.

Телескоп, таҷҳизотест барои мушоҳида намудани Кайҳон. Фаъолияти он ба воситаи истифодаи линза ва ойинаҳои оптикӣ сурат мегирад. Телескопро барои мушоҳида намудани ситораву сайёраҳо ва ҷирмҳои дигари Кайҳон истифода мебаранд. Радиотелескооп барои қабул кардан ва сабт намудани нурпошӣ ва ё мавҷҳои гуногун истифода мешавад. Шуоъ ва мавҷҳои мазкур ба воситаи компютерҳои пуриқтидор қабул карда мешаванд ва баъд онҳоро ситорашиносон меомӯзанд. Яке аз чунин радиотелескопҳо дар шаҳри Бонни Олмон ҷой дорад, ки бо ёрии мавҷгири параболӣ шуоъҳои диаметрашон 100 метрро қабул карда метавонад.

 

Системаи офтобї ин маљмўи сайёрањоест, ки дар мадори Офтоб љойгир шудаанд ва ба он тобеъ мебошанд. Шумораи чунин сайёрањо њамагї 9-то буда, бинобар масофаи љойгиршавиашон бо Офтоб, онњоро ба сайёрањои наздик ва дур људо мекунанд. Инњо сайёрањои Уторид, Зўњра, Замин, Миррих, Муштарї, Сатурн, Уран, Нептун ва Плутон. Њар кадоме аз ин нўњ сайёра њам дар гирди мењвари худ ва њам дар гирди Офтоб давр мезананд. Офтоб дорои кашиши гравитатсионї буда, дигар сайёрањоро намегузорад, ки аз мадораш хориљ шаванд. Баъзе аз ин сайёрањо радифи худро доранд. Масалан, Моњ радифи Замин ба шумор меравад ва он дар гирди Замин давр мезанад.

Николай Коперник (1473-1543) ситорашиноси лаҳистонӣ аст. Дар аввали асри 16 қисми зиёди ситорашиносон чунин мешумориданд, ки дар Кайҳон сайёраи Замин мавқеи марказиро ишғол мекунад ва тамоми сайёраҳову ҷирмҳои дигар дар гирди он давр мезананд. Коперник бошад, баракс, назарияеро талқин мекард, ки мутобиқи он Офтоб маркази системаи сайёраҳои дар гирди он даврзананда буда, Замин аз ҷумлаи ҳамин сайёраҳост. Ин ғояи ӯ солҳои зиёд қабул карда нашуд ва истифодаи асарҳояш, ки назарияи номбурдаро шарҳ медоданд, мамнӯъ буд. Аммо бо мурури замон дар асрҳои минбаъда Галилео Галилей ном олим исбот намуд, ки дар ҳақиқат Замин дар гирди Офтоб давр мезанад. Аз ин рӯ Коперникро ҳамчун падари ситорашиносии имрӯза эътироф мекунанд.

Агар Офтобро ҳамчун кура тасаввур намоем, он гоҳ радиуси он ба 696 000 километр баробар аст, ки ин аз радиуси Замин 109 маротиба дарозтар аст. Ҳаҷми он бошад, аз сайёраи мо 1.300 000 маротиба калон аст. Вазни он низ аз вазни Замин 133 000 маротиба зиёд аст. Ҳангоми омӯхтани Офтоб олимон қисмҳои зерини онро ба эътибор гирифтаанд: қисми дохилӣ, ки ядро номида шудааст, берунӣфотосфера, ва сатҳи он ки фотосфераро иҳота кардааст ва хромосфера номида мешавад. Пас аз хромосфера тоҷи офтоб ҷойгир аст, ки қисми шуоъдиҳандаи Офтобро ташкил мекунад. Қисми дохилии Офтоб – ядроро бевосита мушоҳида кардан аз имкон берун аст, аммо олимон дар натиҷаи таҳқиқот ба воситаҳои формулаҳои мураккаб муайян намуданд, ки ҳарорати ядрои Офтоб 15 млн дараҷаи С аст. Ҳарорати фотосфера бошад, 6 000 дараҷаи С ва қисми болоии он 100 000 дараҷаи С аст.

Кайҳон мисли кура паҳн шудааст ва тамоми сайёраву ситораҳоро ба ҳаракат медарорад. Дар ин раванд Офтоб ҳамроҳи тамоми чирмҳои осмонӣ ҷой иваз мекунад. Офтоб дар гирди меҳвари галактика, ки марбути Роҳи Каҳкашон аст, давр мезанад. Ғайр аз ин, Офтоб дар гирди меҳвари худ низ давр мезанад ва ин ҳаракат 25 рӯз давом мекунад. Аз Замин чунин тасаввур мешавад, ки Офтоб дар осмон ҳангоми даврзанӣ фақат як роҳро тай мекунад. Аммо дар асл Замин низ мисли сайёраҳои дигари системаи Офтоб ҳам дар атрофи меҳвари худ ва ҳам дар атрофи Офтоб давр мезанад.

Офтоб, мисли тамоми ситораҳои дигар, асосан аз гидроген ва гелий иборат аст. Гидроген сӯзишворӣ аст ва пас аз сӯхтан ба гелий мубаддал мешавад. Ғайр аз ин ду намуди газ, Офтоб элементҳои зиёдеро дорост, ки ҷинсҳои кӯҳии дар Замин бударо ташкил мекунанд, Аммо азбаски ҳарорати Офтоб ниҳоят баланд аст, онҳо на дар ҳолати сахтӣ, балки дар ҳолати газ мебошанд.

Зӯҳра дуввумин сайёраи ба Офтоб наздик аст ва ҳарорати он ба 460 дараҷаи С баробар мебошад. Абрҳое, ки онро иҳота кардаанд, дорои кислотаи ниҳоят тез – кислотаи сулфат мебошанд. Зӯҳра нисбат ба Замин дар гирди Офтоб баръакс давр мезанад. Ғайр аз ин, мо онро метавонем, танҳо субҳгоҳон ва бегоҳӣ мушоҳида намоем. Азбаски субҳгоҳон вай нисбатан шуоъҳои дурахшон дорад, онро шафақи субҳ меноманд. Ба шарофати кураҳои кайҳонӣ маълум карда шуд, ки Зӯҳра асосан, аз ҳамворӣ ва ду қаторкӯҳ иборат аст ва дар сатҳи он вулқонҳои бузурги дорои танӯра ва гудозаҳои сахт низ вуҷуд доранд. Аз Замин танҳо як тарафи Зӯҳра дида мешавад ва ситорашиносон онро ҳангоми ба ҳам наздик шудани сайёраҳо мушоҳида мекунанд.

Кураи (моҳвора) кайҳонӣ дастгоҳест, ки дар фазои хориҷ аз атмосфера парвоз мекунад ва ба Замин дар бораи ситораҳо маълумот медиҳад. Барои анҷом додани ин вазифа дар он дастгоҳҳои махсуси назораткунанда насб карда шудаанд. ба воситаи моҳвораҳои кайҳонӣ мо баъзе аз асрори Кайҳон (Дунё)-ро кашф намудаем.

Галилео Галилей олими итолиёии асрҳои 16-17 (1564-1642) мебошад, ки дар инкишофи илми ситорашиносӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчун намояндаи давраи Эҳё, вай ба таҳқиқи соҳаҳои гуногуни илм машғул буд, вале барои як қатор кашфиётҳояш дар соҳаи ситорашиносӣ шӯҳратёр гашт. Вай аввалин шуда, телескоп сохт ва ба воситаи он Моҳро омӯхт. Баъдтар вай радифҳои Муштарӣ, ҳалқаи Сатурн ва гардиши Офтобро ошкор намуд. Мисли корҳои илмии олимони дигар, аз қабили Коперник ва Кеплер, назарияҳои ӯ низ эътироф нашуданд. Чандин сол пас инсоният ба ихтироъҳои вай баҳои баланд дод.

Агар Миррихро мо тавассути телескоп мушоҳида кунем, он гоҳ сатҳи он ҳамчун ҷисми бузурги сурх ба назар мерасад. Ин сайёра нисбатан ба Замин наздиктар аст ва дар масофаи 48 млн. километр ҷойгир шудааст. Дар ин сайёра фасли тобистон кӯтоҳ буда, зимистон бошад, дарозу хунук аст ва қисми зиёди сатҳи Миррих ях мебандад. Атмосфераи сайёраи мазкур аз газҳои гуногун иборат аст. Дар зимистон Миррихро абрҳои яхбаста иҳота мекунанд. Ҳарорати он аз 27 дараҷаи С то – 140 дараҷаи С тағйир меёбад.

Кайҳоннавардон таъкид мекунанд, ки ҳангоме ки кас аз фазои Кайҳон ба Замин назар мекунад, ранги он кабуди баланд аст. Ин ранги Замин вобаста ба хусусиятҳои атмосфера ва сатҳи Замин аст. Замин ягона сайёраест, ки дар он об дар шакли моеъ вуҷуд дорад, атмосфераи он бошад, аз газҳои оксиген, азот ва қабати борики озон таркиб ёфтааст. Қабати озон нурҳои зараровари ултрабунафши Офтоб ва сайёраҳои дигарро ба Замин гузаштан намемонад.

Вақте мо ба осмон назора мекунем, он гоҳ мо сайёраҳову ситораҳои шуоъдиҳандаро мебинем. Сайёраҳо барои он шуоъ медиҳанд, ки нурҳои Офтобро акс мекунанд, аммо худи онҳо рӯшноӣ надоранд. Дар асл сайёраҳо ба ойина ва ё сатҳи об монанданд: вақте нурҳои Офтоб ба сатҳи онҳо меафтад, онҳо шуоъ медиҳанд ва рӯшноиро «бармегардонанд». Ситораҳо бошанд, худ шуоъ доранд, зеро мисли Офтоб аз маводи сӯзанда иборатанд. Нури ситораҳо то ба Замин масофаеро тай мекунанд, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Бинобар ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар асл мо шояд нурҳои ҳазорсолаҳо қабл хомӯшшудаи ситораҳоро мушоҳида мекунем.

Мегӯянд, ки иқлими сайёраҳои Уторид ва Зӯҳра гарм аст, зеро нисбат ба сайёраҳои дигар ба Офтоб наздиктар ҷойгир шудаанд. Масалан, сайёраи Уторид нисбат ба Офтоб ҳамагӣ дар масофаи 58 миллион километр ҷойгир шудааст, ки барои Кайҳон масофаи ниҳоят наздик аст. Дар ин сайёра қариб атмосфера вуҷуд надорад. Ҳарорат бошад, дар рӯ ба рӯи Офтоб то ба 430 дараҷаи С мерасад, дар тарафи муқобил, ки доимо шаб аст, то ба –175 дараҷаи С мерасад. Уторид дар гирди офтоб давр мезанад ва мӯҳлати гардиши мадории он 88 рӯз мебошад, дар баробари ин вай дар гирди меҳвари худ низ давр мезанад ва он 58 рӯзу 6 соатро ташкил менамояд. Ҳарчанд, сайёраи мазкур ба Офтоб нисбатан наздик аст, лекин сатҳи он иборат аз сангҳои сиёҳу хира мебошад, бинобар ин шуоъҳои офтобро хуб акс намекунад. Дар сатҳи Зӯҳра ҳарорат дар байни 400-500 дараҷаи С мебошад ва мӯҳлати даврзании он дар гирди Офтоб 225 рӯз, дар гирди меҳвари худ бошад, 117 рӯзи заминиро ташкил мекунад.

Сайёраҳои аз ҳама калонти системаи Офтоб Муштарӣ ва Сатурн мебошанд. Ҳаҷми Муштарӣ аз Замин 1500 маротиба ва ҳаҷми Сатурн бошад, 1200 маротиба бузургтар аст. Ҳар ду сайёра аз газҳо иборатанд ва аз ин хотир, бо вуҷуди ҳаҷман калон буданашон, сабуктаранд.

Сайёраҳо рӯшноию гармиро аз Офтоб мегиранд, аммо онҳо ҳар қадар нисбат ба Офтоб дар масофаи дуртар ҷойгир бошанд, сатҳи онҳо ҳамон қадар хунуктар аст. Бинобар он сайёраҳои Уран, Нептун ва Плутон, ки нисбатан аз Офтоб дуртаранд, сайёраҳои аз ҳама хунуктарини система ба шумор мераванд. Дар ин се сайёра ҳарорат аз –200 дараҷаи С то –230 дараҷаи С тағйир меёбад.

Ба ғайр аз сайёраҳо ва радифҳо дар фазои кайҳон боз дигар ҷисмҳо вуҷуд доранд, ки барои ба сайёраи алоҳида табдил ёфтани онҳо моддаҳо нарасидаанд. Ҷисмҳои осмоние, ки ба гурӯҳи сайёра дохил нашудаанд-астероидҳо, кометаҳо (ситораҳои думдор) ва метеоритҳо (шиҳобпораҳо) мебошанд.

То ҳанӯз бештар аз 2000 астероид пайдо карда шудааст, бештари онҳо мисли харсангҳои азим мебошанд. Дар асрҳои гузашта олимон гумон доштанд, ки астероидҳо боқимондаҳои сайёраи нестшудаи байни Мирриху Муштарӣ мебошанд. Дар баробари ин таъкид мекарданд, ки материяҳои таркиби астероидҳо аз ҷинсҳои таркиби сайёраҳо фарқ мекунанд. Астероидҳо ҷинсҳое мебошанд, ки диаметрашон аз 100 то 1000 километр буда, албатта, дар муқоиса бо сайёраҳо ва радифҳои онҳо ниҳоят хурданд. Астероидҳо дар миёни сайёраҳо мушоҳида мешаванд ва дар мадори худ ҳаракат мекунанд. Аввалин астероидро соли 1801 ситорашиноси итолиёӣ Ҷузеппе Пятси кашф кардааст.

Гази дар қабати стратосфера ҷойгир шуда, ки бо ҳарорати хеле баланд нурҳои ултрабунафши нисбатан зарарнокро фурӯбаранда. Вай яке аз қабатҳои таъсирноки ҳифзкунанда барои нигоҳдории ҳаёт дар рӯи Замин маҳсуб меёбад.

Комета чунин ҷирми дарози осмонист, ки тавассути хати эллиптии мадор дар гирди Офтоб давр мезанад. Баъзан кометаҳо чунон дароз мешаванд, ки як хати ростро ташкил мекунанд. Комета аз зарраҳои ғубор ва газҳои хунуки таркибашон омӯхтанашуда иборат аст. Вақте он ба Офтоб наздик мешавад, аз вай заррачаҳо ҷудо мешаванд, ки мо онҳоро ситораи думдор меномем. Ва ҳамин ҷиҳати кометаҳо диққати заминиёнро ба худ ҷалб мекунад. Дар асл мушоҳида намудани комета бисёр мушкил аст. Бинобар он ситорашиносону одамони оддӣ пайдо шудани кометаро ба рӯй додани ягон ҳодисаи таърихӣ нисбат медиҳанд.

Метеоритҳо сангҳои бузурги осмонианд, ки ба Замин аз Кайҳон ва ё сайёраҳои дигар меафтанд. Қисми зиёди боқимондаи ин сангпораҳо маҳлул шуда, ба буғ табдил мегарданд, бинобар ин ба Замин намерасанд ва чун чангу ғубор дар фазо боқӣ мемонанд. Аммо доимо ин тавр нест, яъне баъзан метеоритҳои нисбатан бузург ба Замин меафтанд ва дар сатҳи он чуқуриҳои калонро ба вуҷуд меоранд.

Олимон кайҳо таъкид карда буданд, ки дар Моҳ ҳаёт нест. Ва соли 1969, вақте кайҳоннавардони амрикоӣ ба Моҳ баромаданд, ин ақида исбот гардид. Таҳқиқотҳои ситорашиносон ба он далолат мекунанд, ки дар ягон сайёраи системаи Офтоб, он ҳаёте, ки дар замин вучуд дарад, мушоҳида намешавад. Бо вуҷуди ин олимони соҳа бар ин ақидаанд, ки шояд дар ягон ситора ва ё сайёраи берун аз системаи Офтоб, дар Кайҳони беҳадду канор шароити зиндагӣ мавҷуд бошад.

Замин – яке аз сайёраҳои бешумори Кайҳон аст. Дар Дунё ҳазорон сайёраҳое мавҷуданд, ки аз Замин бузургтаранд, вале тавре мо имрӯз медонем, ҳаёт танҳо дар сайёраи мо вуҷуд дораду халос. Замин курашакл буда, ба тӯб монанд аст. Албатта, он кураи асил набуда, балки дар самтҳои қутби Шимол ва Ҷануб каме маҷақшуда аст. Ин чунин маъно дорад, ки агар мо дар хати хаёлии Экватор (мобайнӣ) заминро давр занем, масофаи он дар самти ҳаракат бо меридиан аз масофаи қутбҳои Шимол то Ҷануб ва баръакс бештар аст.

Замин дар гирди хати хаёлии худ, ки аз қутбҳои Шимолу Ҷануб мегузарад ва онро меҳвар меноманд, давр мезанад. Мӯҳлати даврзании Замин дар гирди меҳвари худ, дар давоми як шабонарӯз, 24 соат аст. Ғайр аз ин Замин боз дар гирди Офтоб давр мезанад ва ин мӯҳлат 365 рӯзу 6 соату 9 дақиқаву 9,5 сонияро ташкил мекунад, ки онро сол меноманд. Замин дар гирди Офтоб аз рӯи хати муайяни тасаввуршаванда, ки мадори Замин ном дорад, дар шакли эллипс давр мезанад. Ин хатро эклиптика низ меноманд. Барои он ки оғозу анҷоми соли офтоби (шамсӣ) ба оғозу анҷоми шабонарӯзӣ пурра мутобиқ афтад, 1 солро – 365 рӯз ҳисоб мекунанд. Агар рақами мазкурро бо рақамҳои қаблан оварда муқоиса намоем, он гоҳ соли тақвимӣ аз соли шамсӣ 6 соату 9 дақиқаву 9,5 сония кам мебошад. Барои ҳамин дар ҳар 4 соли тақвимӣ як рӯз дар моҳи феврал илова мекунанд ва он дар соли чорум на 28 рӯзи муқаррарӣ, балки 29 рӯз мешавад. Ин солро соли кабиса меноманд.

Ҳаракати Замин дар гирди Офтоб боиси ивазшавии фаслҳои сол мегардад. Ин ҳаракат дар гирди меҳварест, ки мутаносибан ба меҳвари Офтоб моил аст. Дар он қисми Замин, ки ба Офтоб наздик аст ва нурҳои пуртаъсири онро қабул мекунад, фасли тобистон фаро мерасад. Агар ин қисм нисбатан дуртар равад, шуоъҳои Офтоб низ камтар мерасанд ва зимистон мешавад. Дар фаслҳои тирамоҳу баҳор бошад, шуоъҳои Офтоб миёна мебошанд. Агар мавқеи сатҳи Замин ба экватор наздик бошад, фарқи фаслҳои сол он қадар хуб мушоҳида намешавад. Зимистону тобистон аз инқилоби Офтоб шурӯъ шуда, баҳору тирамоҳ бошад, аз эътидоли шабу рӯз оғоз мегардад.

Моҳ радифи (ҳамроҳ) ягонаи Замин аст ва тахминан дар масофаи 392 000 км аз он дур ҷойгир шудааст. Диаметри Моҳ 3450 км аст. Моҳ низ мисли сайёраву радифҳои дигар ҳам дар гирди меҳвари худ ва ҳам дар гирди Замин давр мезанад. Даври чархзаниии Моҳ дар гирди Замин 27 рӯзу 43 дақиқаро ташкил мекунад. На дар сатҳи Моҳ ва на дар дохили он об ба миқдори зиёд вуҷуд надорад, аз ин хотир дар он ҷо ҳаёт нест.

Мо барои он аз Замин Моҳро хуб мебинем, ки шуоъҳои офтоб сатҳи онро равшан мекунанд ва акси он шуоъҳо аз Моҳ ба Замин меафтанд. Ҳодисаҳое низ мушоҳида мешаванд, ки ин ҳолат ба вуҷуд намеояд ва Моҳе, ки дар осмон намудор буд, пӯшида мешавад. Ин ҳолат ҳамон вақт рӯй медҳад, ки агар Замин миёни Офтоб ва Моҳ бошад. Дар ин ҳолат Офтоб сатҳи Заминро равшан мекунад ва сояи он ба Моҳ меафтад. Он гоҳ мо гумон мекунем, ки Моҳ нопадид шудааст ва онро гирифтани Моҳ меномем. Вақте сояи Замин сатҳи Моҳро тарк мекунад, онро мо боз мебинем ва Моҳ боз Заминро равшан мекунад.

Ҳарчанд мо мунтазам Моҳро дар шаклҳои гуногун мебинем, дар асл ин тағйирёбии худи Моҳ набуда, балки тағйирёбии ҳамон сатҳи моҳ аст, ки ба он шуоъҳои офтоб меафтанд. Тағйирёбии шакли Моҳро мо авзои Моҳ (фазаи Моҳ) меномем. Моҳ тамоми фазаҳои худро дар давоми 29 рӯзу 12 соату 44 дақиқа тай мекунад, ки онро сикл меноманд. Дар ин сикл, ки моҳ номида мешавад чор фаза вуҷуд дорад: 1. Моҳи нав (оғози моҳ (ҳилол)) ба он тарафи Моҳ, ки аз Замин мушоҳида мешавад, шуои офтоб намеафтад. 2. Чоряки афзуншаванда. Шуоъҳои офтоб мунтазам қисми аз Замин дидашаванда Моҳро бештар рӯшноӣ медиҳанд. 3. Моҳи пурра (бадр). Шуоъҳои офтоб дар ин ҳолат тамоми қисми дидашавандаи Моҳро равшан мекунанд. 4. Чоряки коҳишёбанда. Шуъоҳои офтоб мунтазам қисми аз замин дидашавандаро тарк мекунанд.

Замин ва Моҳ бо ҳам таъсири мутақобила (ҷозиба) медоранд ва агар ба ҳам наздикии онҳо ба эътибор гирифта шавад, он гоҳ ҷозиба чунон пурққувват аст, ки онро ҳатто мушоҳида кардан мумкин аст. Қувваи ҷозибаи Моҳро мо дар мадду ҷазри оби баҳру уқёнусҳо бараъло мушоҳида карда метавонем. Ҳангоме ки оби баҳр аз ҷониби Моҳ ҷабида мешавад, он гоҳ оби сатҳи баҳр баланд шуда, афзоиш меёбад ва ин ҳолатро мадд меноманд. Баъд оби сатҳи баҳр паст мешавад ва онро чазр меноманд. Ин ҳодиса ба нафаскашӣ монанд аст. Энергияи ҳангоми ҳаракати мазкур ҳосилшуда барои коркарди нерӯи барқ истифода мешавад.

Замин аз материалҳои зиёд иборат аст. Ҳар яки он дорои вазни муайян ва зичии хос буда, қисмҳои гуногуни Заминро ташкил мекунанд. Ҷисмҳои аз ҳама вазнин дар Маркази Замин ҷойгир шуда, ядрои онро ташкил мекунанд. Ядро аз металлҳои гуногун, аз қабили оҳан ва никел иборат мебошад. Қисми берунии ядроро моеъ ташкил мекунад ва ҳаракати он ба 5 000 дараҷаи С мерасад. Сатҳи ядро дорои қабати ғафс буда мантия ном дорад. Ғафсии он 2900 км буда, аз материалҳои сахт ва зич иборат аст. Қисми аз ҳама болои Заминро қишр меноманд. Ғафсии қишри замин 35 км буда, нисбатан аз ҷисмҳои сабук иборат аст. Дар таркиби қишри замин кремний, алюминий, калсий, натрий ва калий мавҷуд аст. Мантия ва қишр литосфера, яъне қисми сангдори Заминро ташкил мекунанд.

Атмосфера аз қабатҳои гуногун газҳо иборат аст, ки Заминро иҳота кардаанд. Таносуби газҳо вабаста ба баландӣ тағйир меёбад. Таркиби миёнаи атмосферааз 78% азот, 21% оксиген, миқдори ками аргон, буғи об, инчунин миқдори кам ва тағйирёбандаи гази карбон иборат аст. Атмосфера имкон медиҳад, ки мавҷудоти зинда нафас кашад, зеро он оксиген дорад, инчунин онҳоро аз маводи зараровари шуоъҳои офтоб муҳофизат мекунад ва чун изолятори гармӣ онҳоро аз гармии зиёд низ муҳофизат мекунад.

Чизу ашёҳое, ки дар атмосфера ба вуҷуд омадаанд, мисли ҷисмҳои рӯи Замин бо қувваи ҷозибаи Замин дучор шудаанд. Бо вуҷуди он, ки газҳои атмосферӣ сабук буда, аз Замин дар фосилаи дур ҷойгиранд, қувваи ҷозибаи Замин ба онҳо то андозае таъсир мекунад, ки онҳо дар ҳаво мувозинат нигоҳ дошта мешаванд. Қувваи ҷозибаи Заминро гравитатсия меономанд. Шиддатнокии зиёдтари қувваи ҷозиба дар маркази Заамин аст.

Бешубҳа, барои инсон қабати болоии Замин қишри он муҳим мебошад, зеро ҳаёт дар ҳамин қабат инкишоф меёбад. Қишри Замин, ки аз поён ба мантия мерасад ва аз боло бо атмосфера, аз ин рӯ аз оксиген бой буда, бевосита аз шуоъҳои Офтоб истифода мебарад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки дар он рустаниҳову мавҷудоти дигар арзи вуҷуд кунанд. Ғайр аз ин ҷисмҳое, ки дар қаъри Замин вуҷуд доранд, аз қабили оҳан, натрий, калсий ва ғ. ба рустаниҳо ғизо медиҳанд. Сангҳое, ки дар қишри Замин ҷойгиранд, бо мурури замон реза-реза шуда ба хоку гил табдил мешаванд. Хоку гил бошад, намиро нигоҳ медорад ва қисми ҳосилхези қишри Заминро ташкил мекунад. Барои афзун намудани ҳосилхезии Замин кишоварзон онро ба воситаи техникаи мувофиқ шудгор мекунанд.

Оби рӯи Замин тақрибан сеяки сатҳи онро ташкил мекунад ва гидросфера ном дорад. Гидросфера иборат аз баҳру уқёнусҳо, яъне обҳои зеризаминӣ, кӯлу дарёҳо, ки обҳои минтақавӣ (континенталӣ) мебошанд, иборат аст. Оби баҳрҳо қисми зиёди гидросфераро ишғол мекунанд ва ҳаҷмашон 524 млн километри мукааб аст. Ҳарчанд дар тасаввур ин миқдори зиёди об бошад ҳам, дар асл мутаносибан қисми ками ҳаҷми сайёраамон аст.

Замин ягона сайёраест, ки дар он об дар шакли моеъ вуҷуд дорад. Дар сайёраҳои дигар ҳарчанд об мавҷуд бошад ҳам, дар шакли ях ва ё ғубор (буғ) аст. Ҳарорати Замин имкон медиҳад, ки дар тамоми фаслҳои сол ҳам дар сатҳ ва ҳам дохили он обро пайдо кунед. Дар сайёраҳои дигар ҳарорат ниҳоят паст аст, бинобар он сатҳи онҳо бо ях пӯшонида шудааст.

Инсон тавассути мушакҳои кайҳонӣ сайёраҳои дигарро меомӯзад, ҳатто худ ба кайҳон парвоз мекунад, вале ба қаъри Замин то ҳанӯз нарасидааст. Ҳарчанд, то имрӯз кӯшишҳо буданд, аммо танҳо ҳамагӣ чанд метри Замин таҳқик шудаасту халос. Вале инсон ба қаъри Замин нарасида бошад, ҳам ба воситаи таҳқиқоти мавҷҳои заминҷунбӣ тавонист, дар бораи қишрҳои гуногуни Замин маълумот пайдо намояд.

Аз рӯи ҳарорат ва таркиб атмосфераро метавон ба 5 қабат тақсим кард:

1. Тропосфера – аз сатҳи Замин оғоз меёбад ва то баландии 11 км. давом мекунад. Дар ин қабат 80%-и ҳавои атмосфера мавҷуд аст. Дар ҳолати ҳар қадар баланд баромадан ҳарорат паст мешавад ва ба -40 дараҷаи С мерасад.

2. Стратосфера, пас аз тропосфера оғоз гардида то ба 50 км мерасад. Миқдори ҳаво мунтазам коҳиш меёбад ва аз қабатҳои гуногун иборат аст. Вай қабати махсусе бо номи озоносфера дорад, ки ба шарофати он шуъоҳои зараровари Офтоб ба Замин намерасанд.

3. Ионосфера баландияш то 85 км идома меёбад ва иборат аз шуоъҳои зиёд мебошад.

4. Термосфера

5. Экзосфера, қабати аз ҳама баландтарини атмосфера буда, дар он оксиген ниҳоят кам аст. Қабати мазкур ба фазои кайҳонӣ дохил мешавад ва сарҳад надорад.

Тропосфера қабати аз ҳама наздиктарин ба Замин аст, ки иборат аз газҳои барои ҳаёт зарурӣ – оксиген, азот ва карбон мебошад. Тағйири обу ҳавоборон, шамол, барф ва ғ. дар қабати тропосфера ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин он моро аз шуоъҳои сӯзони Офтоб муҳофизат мекунад, зеро қисми ками шуоъҳоро мегузаронад ва ҳарорати мӯътадили обу ҳавои Заминро таъмин мекунад. Тропосфера, аз ин ҷиҳат, ҳамчун батанзимдароварандаи гармӣ низ хизмат мекунад. Агар тропосфера набошад, ҳарорати ҳаво аз 80 дараҷаи С то ба – 140 дараҷаи С тағйир меёфт ва зиндагӣ дар Замин номумкин мешуд.

Офтоб ба Замин равшанӣ ва гармӣ мебахшад. Рустанӣ, хок, сангҳо ва объектҳое, ки дар рӯи Замин мавҷуданд, гармиро фурӯ мебаранд ва ҳангме ки онҳо гарм мешаванд, як қисми он гармиро ба ҳаво бармегардонанд. Вақте ки моддаҳои нафтдори гарм месӯзад, пасмондаҳои он дар шакли газҳои ҳархела, аз ҷумла гази ангидриди карбон пайдо мешавад. Ин газ дар тропосфера истода, гармиеро, ки аз Заамин мерасад, нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба қабатҳои баландтари атмосфера рафта расад. Ҳамин тавр ҳаво сахт метафсад ва ин ҳаво бозпас ба замин бармегардад. Ин ҳодиса таъсири парникӣ номида мешавад; атмосфера ҳангоми мавҷуд будани миқдори барзиёди гази ангидриди карбон, гӯё ки чодире мешавад, ӯ гармиро мисли гунбаси пластикӣ, ки дар гармхонаҳо барои парвариши баъзе рустаниҳо истифода мешаванд, (сар намедиҳад) берун баромадан намемонад.

Дар марҳалаи якӯми сардшавӣ замин аз гидроген ва гелий иборат буд. Баъдтар газҳои дар протсеси фавворазании пуршиддати вулканҳовулканизмҳо ҷудошуда дар атмосфера ҷой гирифтанд. Ин газҳо бухори сулфур, сулфур, аммиак ва метан буданд. Аммо нурафкании сахт ин газҳоро вайрон карда, онҳоро ба оксиген ва гидроген табдил дод. Дар ин шароит намудҳои нахустини рустанӣ, ки таввасуси протсеси фотосинтез миқдори оксигенро зиёд мекард, пайдо шуданд; сипас озон ба вуҷуд омад. Ҳамин тавр дар муддати дурру дароз таркиби навтарини атмосфера ташкил ёфт.

Дар рӯзҳое, ки ҳаво соф аст, ранги осмон ба назари мо кабуд метобад. Дар асл осмон ранги муайян надорад. Ранги он вобаста ба рӯшноиест, ки аз қабати материалҳои атмосфера мегузарад. Рӯшноии Офтоб дорои рангҳои гуногун аст, ки тирукамонро ташкил мекунад. Вақте шуоъҳои офтоб ба атмосфера мерасанд, як қисми гарду хок ва буғи об ин рангҳоро пароканда мекунанд. Азбаски ранги кабуд хеле хуб пароканда мешавад, мо ин рангро дар тамоми гӯшаву канори атмосфера мушоҳида мекунем. Аз ин хотир осмон ба назарамон кабуд менамояд.

Ҳавое, ки мо аз он нафас мекашем, ҳеҷ гоҳ хушк нест, он дорои буғи обест, ки дар натиҷаи бухоршавии оби баҳру дарёҳо ва нафаскашии рустаниҳову ҳайвонот ба вуҷуд меояд. Агар ҳаво мисли буғ гарм бошад, ба қабатҳои болоии атмосфера мебарояд ва дар он ҷо ба ҳавои хунук бармехӯрад. Дар ин ҳолат заррачаҳои буғи об якҷоя шуда абрҳоро ба вуҷуд меоранд. Вақте ҳаво хунуктар шуд, миллионҳо заррачаҳои абр ба ҳам омехта шуда, ба қатраҳои об табдил меёбанд. Ин қатраҳо дар шакли борон ба Замин мерезанд.

Дар доираҳои атмосферӣ, ки ҳаво гармтар аст, фишори атмосферӣ пасттар аст, чунки ҳавои гарм назар ба ҳавои хунук сабуктар аст. Чунин фарқияти фишори атмосферӣ сабаби ба ҳаракат даромдани ҳаво, яъне ба вуҷуд омадани шамол (бод) мегардад. Вай аз минтақаи фишори баланд бо ҳавои хунуктар ба минтақаи фишори паст, ки аз он ҷо шамоли гарм бармехезад. Дар рӯи замин аз сабаби каму зиёдшавии шиддати нурҳои офтоб вобаста ба вақти шабонрӯзӣ ҳарорат таъсир меёбад. Аз ин рӯ давоми рӯз самти ҳаракати шамол дар рӯи замин дигаргун мешавад. Чунин шамолро насим мегӯянд. Чунин насим рӯизаминӣ, баҳрӣ, наздисоҳилӣ, кӯҳӣ ё даштӣ буда метавонад. Самти насим рӯзона ва шабона дигар мешавад.

Сиклони тропикӣ хоси мамлакатҳои тропикӣ буда, дар баҳру уқёнусҳо пайдо мешавад. Онро тундбод, тӯфон, гирдоб ва ғ. меноманд. Онҳо вақте ба вуҷуд меоянд, ки оби баҳру уқёнус аз ҳад зиёд гарм шуда, як қисми он ба буғ табдил шавад. Ҳамин буғ (ҳавои гарм) зуд ба боло мебарояд ва дар атмосфера ба қабати хунуки он бармехӯрад ва ба боришоти сахт табдил мегардад. Он ҷое, ки буғ аз он ба боло баромада буд, тамоман холӣ мешавад ва қариб беҳаво мемонад. Он гоҳ ҳавои атроф бо суръати тез ин ҷои холишударо мегирад ва дар роҳи худ тамоми чизҳои мавҷударо мебарад. Ҳамин боди суръатнок тӯфон аст.

Биёбонҳоминтақаҳои хушку беҳосили Замин мебошанд, дар он ҷо қариб рустанӣ вуҷуд надорад. Дар қисми зиёди дашту биёбонҳо борон тамоман намеборад ва ё хеле кам мушоҳида намешавад. Дар баъзе биёбонҳо бошад, борон як муддати кӯтоҳ борад ҳам, бинобар гармии зиёд, тез хушк мешавад ва ҳатто сатҳи заминро тар намекунад. Ғайр аз ин дар биёбонҳо на кӯл ҳасту на дарё, бинобар ин обе, ки бухор шуда, абрҳоро ба вуҷуд оварад, мавҷуд нест, бинобар ин боришот дар ин ҷо хеле кам аст. Дар биёбон ҳарорат рӯзона хеле баланд ва шабона хеле паст аст. Дар ҷаҳон биёбонҳои калону хурд бисёранд, ки биёбонҳои Саҳрои Кабир дар Африқо, Араб ва Гоби дар Осиё ва биёбони Бузург дар Австрслия аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Биёбонҳо асосан, аз баҳру уқёнусҳо ба воситаи қаторкӯҳҳо ҷудо шудаанд ва шамоли гарме, ки дар болои баҳрҳо ба вуҷуд меоянд, ҳангоми ҳаракат ва ҷойивазкунӣ ба кӯҳҳо бармехӯранд ва хунук шуда, ба барфу борон табдил мегарданд, ҳавои хунук бошад ба биёбон дар шакли хушк мегузарад бинобар ин дар ин ҷо бориш намешавад.

Раъд ҳангоми тағйирёбии зиёди намӣ ва ҳарорат дар атмосфера ба вуҷуд меояд. Вақте ҳавои гарм бо суръат боло меравад, бо ҳавои хунук бархӯрда, ба қатраҳои борон табдил меёбад ва ба Замин мерезад. Дар ин ҳолат қатраҳои борон бо ҳавои гарми аз Замин босуръат баро мадаистода совиш мехӯрад ва ин совиш нерӯи барқро ҳосил мекунад. Ба ҳам бархӯрдани қатраҳои борону ҳавои гарм садои баландеро ба вуҷуд меоранд, ки онро раъд меноманд.

Раъду барқ дар натиҷаи ба ҳам совиш хӯрдани қатраҳои борону ҳавои гарм энергияи электрикии зиёде ҳосил мешавад. Агар заррачаҳои электрикӣ дар байни абрҳову Замин ба вуҷуд оянд, онро барқ меноманд.

Континентҳо – қитъаҳои бузурги сатҳи хушкии Замин мебошанд, ки соҳилҳои онҳо ба уқёнусҳо мерасанд. Дар Замин 6 континент ё худ қитъаи хушкӣ вуҷуд дорад: Осиё, Амрико, Аврупо, Африқо, Австралия ва Антарктида. Аксарият Аврупову Осиёро як қитъа шуморида онро Авроосиё меноманд. Қитъаи калонтарин Осиё ҳудудаш 43 млн км. мураббаъ, сипас Амрико 42 млн км. мураббаъ, Африқо 30 млн км. мураббаъ мебошанд. Қитаъаи Антарктида пурра бо ях пӯшида шудааст. Дар маҷмӯъ ҳамаи қитъаҳои номбурда 29-фоизи сатҳи Заминро ташкил мекунанд.

Экватор – хати тахминиест. ки сатҳи Заминро аз маркази он иҳота менамояд. Он заминро ба нимкурраи Шимолӣ ва Ҷанубӣ тақсим мекунад. Хати экваторро ҳангоми муайян намудани арзҳои ягон нуқтаи сатҳи Замин аз 0 дараҷа ҳисоб мекунанд. Хати Экватор аз мамлакатҳои Венесуэла, Бразилия, ҷумҳуриҳои демократии Конго, Кения ва Индонезия мегузарад.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар тамоми кишварҳо барои муайян кардани ҷои исти худ дар маҳал ҳангоми таъсири макон нақшаи маҳалро тартиб медоданд. Савдогарон ва маллоҳон дар хусуси харитаҳои калон барои дар он нишон додани хатсайрҳои худ ва тартиб додани китобчаи роҳнамо дар дил орзӯ мепарвариданд. Зарурати чунин харита рушди картографияро ба миён овард, ки пайвандгари усулҳои техникӣ ва донишҳои зарурии ҷуғрофӣ бобати сохтани харитаи рӯи Замин гардидааст. Дар робита ба истифодабариашон намудҳои гуногуни харита, аз қабили табиӣ, барои пурра нишон додани релеф ва маҳал; сиёсӣ-барои пурра нишон додани релеф ва мамлакатҳо, сайёҳӣ-бо расми роҳҳои автомобилӣ ва шоҳроҳҳо, баҳрӣ барои киштигардӣ, ҳамчунин харитаи қаъри уқёнусҳо мавҷуданд. Тамоми харитаҳо бояд макони ҷойгиршавии муайян, маълумот ва масофаро дақиқу бехато нишон диҳанд.

Олимон пас аз омӯхтани кӯҳҳову қаъри баҳру уқёнусҳо ба чунин хулоса омаданд, ки миллионҳо сол қабл қитъаҳои Замин шакли имрӯзаро надоштаанд. Ба ақидаи онҳо қитъаҳо бо мурури замон дар натиҷаи инкишофи Замин шакли худро тағйир додаанд. 200 млн сол қабл дар сатҳи замин континенти ягона бо номи Пангея ва уқёнуси ягона бо номи Панталасса вуҷуд доштаанду халос. Тақрибан 20-млн сол баъд қитъаи Пангея тақсим шуда ба ду континентЛавразия (Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё) ва Гандвана (Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо) ҷудо мешавад. Инчунин тақсимшавии Антаркдида ва Ҳиндустон ки бо Африқо ҳамроҳ будаанд, ба вуҷуд омадааст. 155 млн сол қабл Амрикои Ҷанубӣ аз Африқо ҷудо шуд ва пас аз чанде Африқо бо Аврупо наздик гардид. Баъдтар Амрикои Ҷанубӣ бо Амрикои Шимолӣ наздик шуда, Австралия бошад, аз ҳамаи онҳо ҷудо шудааст. Ин тақсимшавӣ, ки 20 млн сол идома ёфт, оқибат шакли имрӯзаи Заминро ба вуҷуд овард. Вақте дар асри 16 аввалин харитаҳо ба вуҷуд омаданд таваҷҷӯҳи олимонро ба ҳам монандии тарҳи қитъаҳои имрӯза ҷалб намуд. Ва аз куҷо будани монандиро мо акнун тасаввур мекунем (медонем).

Барои муайян кардани ким-кадом нуқтаи рӯи замин аз арз ва тӯл истифода мебаранд. Арзин масофа аз нуқтаи муайян то экватор, тӯл бошад-масофа то меридиани нӯли, ё тӯл бошад-масофа бо дараҷаҳо ( о ) дақиқаҳо ( 1 ) ва сонияҳо ( II ) нишон дода мешавад. Мисол, шаҳри Гамбурги Германия дар арзи шимолии 53 0 30 1 ва тӯли шарқии 10 0 ҷойгир шудааст. Шаҳри Порту –Алегри дар Бразилия дар арзи ҷанубии 30 0 ва тӯли ғарбии 51 0 ҷой гирифтааст.

Қисми зиёди қаторкӯҳҳо дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду қисми бузурги Замин ба вуҷуд омадаанд. Энергия ҳангоми чунин бархӯрд, чунон бузург аст, ки гӯшаҳои яке аз ин қитъаҳо ва ё ҳарду дар натиҷаи зарба қат шуда, ба боло бардошта мешаванд. Қаторкӯҳҳои Анд, дар Амрикои Шимолӣ, кӯҳҳои серхарсанг дар ИМА, Ҳимолой дар Осиё ва Алп дар Аврупо ҳамин тариқ ба вуҷуд омадаанд. Кӯҳҳои дигари рӯи замин бошанд, дар натиҷаи ба болои ҳам зам шудани материалҳои ба боло ҳавододаи вулқонҳо ба вуҷуд омадаанд.

Қаторкӯҳи аз ҳама баландтарин Ҳимолой мебошад, ки дар байни Тибет ва Непал ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини он Эверест ном дорад, ки 8848 метр аст. 150 млн. сол қабл қитъаи Ҳинд ба қитъаи Осиё наздик шуда бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин бархӯрд канорҳои ин ду қитъа боло бардошта шуда ва оҳиста-оҳиста ин қаторкӯҳро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин қаторкӯҳ қуллаҳо то ҳанӯз боло мераванд. Кӯшиши ба қуллаҳои он баромадан мардону занони далерро водор кард, ки қуллаи баландтарини Ҳимолой, инчунин кӯҳҳои Алп, Анд ва ғайраро фатҳ намоянд.

Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки санг ва  минералҳо – як чизанд. Аммо ин тавр нест.  Сангҳо материалҳоеанд, ки асосан  сатҳи Заминро ташкил мекунанд. Онҳо  ҷисмҳои кӯҳиеро, ташкил мекунанд,  ки аз минералҳои гуногун иборатанд.  Элементҳои асосии таркиби ҷинсҳои  кӯҳӣ ғайр аз оксиген, инчунин минералҳои  ситсилий, калсий, оҳан ва алюминий низ  мебошанд. Масалан, санги мармар, ки ҷисми  кӯҳист, аз оксиген ва ду минерал шпати оҳаксанг  ва даломит иборат мебошад. Минерал бошад, аз  чизҳои якҷинса таркиб ёфтааст ва ҳамеша хусусияти  ягона дорад. Масалан, рубин, аметист, зумуррад  минерал мебошанд.

Агар ба дастамон чанд намуди сангро гирем, фарқи онҳоро муайян карда метавонем. Баъзе аз ин фарқиятҳо ба сарчашмаи пайдоишашон вобаста аст. Ҷисмҳои кӯҳие ҳастанд, ки дар натиҷаи хунук шудани материалҳои қишри Замин, ки дар ҳолати моеъ буданд, ба вуҷуд омадаанд. Инҳо ҷинсҳои магматӣ аз қабили санги хоро, базалт (рухом) мебошанд. Ҷинсҳои боришотӣ дар натиҷаи пораҳои ҷинсҳои дигар, ки об онҳоро аз ҷойҳои дигар ҳамроҳ овардааст, ба вуҷуд омадаанд. Гаҷ ва намаксанг аз ҷумлаи ҷинсҳои боришотӣ мебошанд. Ҷинсҳои метаморфӣ (тағйирёфта) низ аз ҷинсҳои дигар пайдо шудаанд. Онҳо дар дохили Замин дар натиҷаи гармӣ ва вазни материалҳои дар қишри болоии Замин мавҷудбуда шаклашонро дигар кардаанд. Санги мармар ва варақсанг аз ҳамин қабил ҷинсҳои метаморфӣ мебошанд.

Ғайр аз тилло ва нуқра, боз сангҳои дигари қимматбаҳо ҳастанд, ки дар саноат барои истеҳсоли ҷавоҳирот ва ороишоти дигар истифода мешаванд. Инҳо алмос, лаъл (ёқути сурх), зумуррад ва монанди онҳо мебошанд. Баъзе аз ин сангҳо бо тамоми рангҳои тирукамон ҷило медиҳанд ва бо ҳамин хусусият диққати касро ҷалб мекунанд. Азбаски дар табиат онҳо камёфтанд, аз ин рӯ қиматбаҳо мебошанд.

Минералҳои гуногунро дар шакли табиӣ ба микдори зиёд дар ҷойҳои махсус, ки онро кон меномаманд, пайдо мекунад. Конҳои гуногун дар рӯи Замин ҳам вомехӯранд, вале асосан, дар қаъри заминанд, бинобар ин барои пайдо намудани онҳо корҳои ҷустуҷӯи гузаронидан лозим меояд. Маҷмӯи асбобу олоти кор ва ҷои фаъолиятро дар конҳо шахта мегӯянд. Дар шахтаҳо шароити кор ниҳоят вазнин аст?

Вулқон зуҳуроти гармии дохилии Замин аст. Дар зери ҳар вулқон таҳти фишори баланд магма ном моддаи гудохташуда мавҷуд аст. Вақте ки фишор ниҳоят баланд мешавад, магма кӯшиш менамояд аз ҳар навъи тарқишу сурохӣ истифода намуда, боло барояд. Ва ҳамин тавр дар сатҳи Замин аз гудозаҳо дарёи ҷушон ба вуҷуд меояд. Ин бухоршавии гудозаҳо фаввора ё оташфишонӣ ном дорад. Фаввораи вулқон ҳамроҳи худ миқдори зиёди газ, хокистар ва сангҳоеро мебарорад, ки ҳанӯз об нашудаанд. Чунин тахмин меравад, ки дар сайёраамон зиёда аз ҳазор вулқони фаъол амал мекунад. Вулқонҳои зиёде ҳанӯз хобидаанд ва эҳтимол ҳар лаҳза бедор шаванд.

Агар аз канораҳо нигоҳ кунем, вулкан ба кӯҳ монанд аст. Ин кӯҳро конуси вулканӣ меноманд, ки аз чизҳои шахшудаи аз қаъри замин беруновардаи худи вулкан бунёд шудааст. Дар даруни конус канали бароранда мавҷуд аст, ки танӯра номида шуда, аз он гудоза боло мебарояд. Дар ин канал шохаҳо ё чандин даҳанаи начандон калон вуҷуд дорад ки аз онҳо газ мебарояд. Дар охири танӯра кратер ё сӯрохии вулкан ҷой гирифтааст, ки аз он ҳамаи чизҳои хориҷшаванда ба берун бароварда мешавад. Вақте ки вулкан хомӯш мегардад, даҳана (танӯра), низ то вақти дубора хуруҷ кардани маҳкам мешавад. Баъзе конусҳои вулқонӣ дар давоми 10000 сол ба вуҷуд омадаанд, баъзеи дигарашон бошанд, бо як фавворазанӣ ҳамон қадар материалҳоро ба берун мепартояд, ки аз онҳо конуси бузург пайдо мегардад.

Фаввораи вулқонҳо зарари зиёде бор меоваранд. Шаҳрҳои Помпей ва Гуркуланум дар Итолиё соли 79-и эраи мо дар натиҷаи вулқони Везувий пурра зери гудозаҳо монданд. Соли 1883 бошад, фаввораи вулқон дар ҷазираи Кракатауи Индонезия боиси марги 36000 инсон гашт. Соли 1985 дар Колумбия фаввораи вулқон дар чанд лаҳза барфи кӯҳро об карда сели дар натиҷаи он ба вуҷудомада ҳаёти 25000 нафарро ба коми худ кашид.

Гейзерҳо-фаввораҳои бузурги оби гарм мебошанд, ки аз қаъри Замин бо суръати баланд ба боло мебароянд. Мисли вулқон Гейзерҳо ҳам бар асари фишори дохилии Замин ба вуҷуд меоянд, аммо ба ҷои гудозаҳои гуногун аз қаъри замин буғи об ва оби гарм фаввора мезанад. Дар баъзе ҷойҳои сайёра, ки ҳарорат хеле паст аст, гейзерҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба кӯҳҳои яхбастаи зинадор монанданд.

Баъди фавворазании вулқонҳо сангу гудозаи онро чун масолеҳи сохтмонӣ, хокистарашро баъди чанд муддат бо мақсади серҳосил гардонидани замин ҳамчун нурӣ истифода мебаранд. Баъзе металҳои нафис ва сангҳои қиматбаҳо (сиркон ва ёқут) одатан дар наздикии вулкан дучор меояд; мис, нуқра, тилло ҳамчунин дар шахтаҳои дар заминаи ҷинсҳои кӯҳии вулканикӣ истихроҷ мегарданд, дар баъзе ҷойҳо, мисол, дар Африкаи Ҷанубӣ ба миқдори зиёд алмосро дар дохили ҷинсҳои кӯҳии вулканикӣ пайдо намудаанд. Он чизе ки ба гейзерҳо дахл дорад; ин аст, ки гейзерҳои Исландия дар шимоли Европа машҳур мебошад. Он ҷо хеле хунук буда, оби гарми гейзерҳо ба воситаи қубурҳо барои шабакаҳои гармидиҳии шаҳрҳо истифода бурда мешавад.

Заминларза ин ҳаракат ва ё ҷунбиши Замин аст. Вақте гармии зиёд дар қабати болоии Замин (пӯсти Замин) ба ҷисмҳои сарди кӯҳӣ бар мехӯрад, чунон фишори баланд ба вуҷуд меояд, ки таркишро ба миён меорад. Ва ин таркиш ларзишро ба вуҷуд меорад, ки ба воситаи қабатҳои ҷисмҳои кӯҳӣ ба сатҳи Замин мерасад ва онро тела медиҳад. Ин ҳодиса ба назари мо чун ҳаракат ва ё ларзиши Замин менамояд. Ҳамин теладиҳӣ ва ё ларзиши сатҳи Замин – заминларза аст. Заминларзаро инчунин сейсмикӣ низ меноманд. Ҳаракатҳои сейсмикӣ ба Замин имкон медиҳанд, ки он худро аз гармии дохилӣ озод намояд.

Нуқта ва ё минтақаеро, ки заминларзаи аз ҳама пуршиддат ба вуҷуд омадааст, маркази заминларза меноманд. Вай одатан дар сатҳи гипосентр – нуқтаи зеризаминӣ, ки дар он ҷо тарқиши ҷинсҳои куҳӣ ба амал омадааст, ҷойгир шудааст. Эписентр (маркази заминҷунбӣ) метавонад, дар қабати сахти Замин ва ё дар қаъри баҳру уқёнусҳо ҷой дошта бошад. Дар ҳолати такрор шудани ларзиши Замин мавҷҳои бузурги уқёнусро ба боло мебардорад, ё заминларзаи зериобиро ба миён меорад. Дастгоҳҳоеро, ки заминларзаро ба қайд мегиранд, сейсмограф меноманд.

Тақрибан 80 фоизи заминларзаҳо дар соҳилҳои уқёнуси Ором, 15 фоизи дигари заминларзаҳо дар қисми шарқии Баҳри Миёназамин ва ҷануби Осиё, боқимондааш, дар минтақаҳои дигари сайёра ба вуҷуд меоянд. Қисми зиёди заминларзаҳо дар мавзеъҳои вулқондор рӯй медиҳанд ва худи ҳамин ҳодиса исботи он аст, ки яке аз сабабҳои хурӯҷи вулқон ва заминлларза, ғайр аз омилҳои дигар, ҳаракати гармии дохили Замин мебошад.

Пешгӯӣ кардани заминларза хеле душвор аст. Олимон баъзе нишонаҳои аз он даракдиҳандаро, аз қабили пайдо шудани чашмаҳо ва ё нест шудани чашмахои кӯҳна ва ғ. пайдо намудаанд. Аммо дар айни ҳол ин аломатҳо ҳанӯз дақиқ нестанд. Ҳарчанд заминҷунбиро дақиқ пешгӯӣ кардан мумкин нест, ба он омода шудан имкон дорад. Барои ин хонаҳои зиддизаминларза бино кардан лозим аст, яъне ба таҳкурсии бино таркибҳоеро илова кардан зарур аст, ки ҳангоми заминларза хароб мешаванд.

Дастгоҳи мазкур барои муайян намудани ҳаракати қишри Замин, яъне мавҷҳои заминларза дар нуқтаҳои муайяни Замин истифода мешавад. Ин асбоб аз ҷониби олими соҳа Ҷ.Ф.Рихтер соли 1935 ихтироъ карда шудааст. Ин дастгоҳ микдор ё андозаи мавҷҳои сейсмикиро дар ҷадвали аз 1 то 10 балл, яъне аз поён ба боло чен мекунад. Заминҷунбии иқтидораш аз рӯи ҷадвали Рихтер зиёда аз 6 балл боиси хароб гардидани биноҳо ва қурбонии одамон мегардад. Агар ин иқтидор аз 3 бал паст бошад, он гоҳ одамон онро ҳис намекунанд.

Уқёнусҳо – массаҳои бузурги обҳои шӯре мебошанд, ки аз чор се ҳиссаи сатҳи Заминро ишғол кардаанд. Онҳо қатъаҳои Заминро иҳота ва аз ҳамдигар ҷудо кардаанд. Уқёнусҳои рӯи Замин – Атлантика, Ором, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ мебошанд. Уқёнуси калонтарин – уқёнуси Ором аст, ки ҳам аз шимол то ҷануб ва ҳам аз шарқ ба ғарб масофаи 15 000 километрро дар бар мегирад. Баҳрҳо нисбат ба уқёнусҳо хурд буда, он қадар чуқур ҳам нестанд.

Эҳтимол меравад, ки об дар замин ҳамон вақт пайдо шудааст, ки сайёраи мо пас аз таркиши бузург хунук шуда, ба ҷисми сахт табдил ёфтааст. Аммо он вақт об дар қаъри Замин монда буд ва баъдтар дар натиҷаи фаввораи вулқонҳо миқдори бузурги буғҳои обӣ ба атмосфера партофта шуданд. Ин буғҳо ба ҳавои хунуки атмосфера расида ба об табдил ёфтанд ва дар шакли борон ба замин рехтанд. Боронҳои пай дар пай, ки асрҳои зиёд идома ёфтанд чуқуриҳои заминро пур карда аввалин уқёнусҳоро ба вуҷуд оварданд. Соҳили уқёнусҳо камоб буда, онро тунукобаҳои қитъаҳо меноманд. Поёнтар аз тунукобаҳо нишебӣ меояд, ки он то ба қаъри уқёнус меравад ва дар он ҷо на рӯшноӣ ҳасту на ҳаёт вуҷуд дорад. Дар қаъри уқёнус танҳо як қисми ками моҳӣ ва рустаниҳое дида мешаванд, ки ба чунин шароит мутобиқ гардидаанд. Ин минтақаҳоро – минтақаҳои пуроб ё абиссалӣ меноманд.

Баҳрҳои Хазар, Майит ва Арал аз ҷумлаи кӯлҳои бузурги рӯи Замин буда, обашон шӯр аст. Баҳри Хазар дар байни қитъаҳои Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст ва обро аз дарёҳои Волга ва Урал гирифта ба ягон баҳри дигар роҳи баромад надорад. Баҳри Майит дар байни Ӯрдун ва Исроил воқеъ аст, ва он нисбатан шӯртар – сернамак мебошад. Агар касе дар он оббозӣ кунад, бинобар зиччии таркиби об, бемалол рост истода метавонад ва ғарқ намешавад. Намак дар баҳри Арали Осиёи Марказӣ низ зиёд аст ва ҳоло онро аз сабаби камобӣ хатари нобуд шудан таҳдид мекунад.

Жак Ив Кусто (1910 1997) уқёнусшинос ва ҳуҷҷатнигори кинои фаронсавӣ аст. Вай дастгоҳеро ихтироъ кардааст, ки дар қаъри оби баҳру уқёнусҳо гаштанро осон кард. Ғайр аз ин ӯ фотокамераеро ихтироъ намуд, ки ба воситаи он дар зери об сурат ва наворгирӣ имкон дорад. Вай дар бораи ҳаёти мавҷудоти қаъри баҳру уқёнусҳо филмҳои зиёде ба навор гирифтааст ва дар ин хусус асарҳои зиёде низ таълиф кардааст.

Кӯлҳо – обанборҳои табиӣ дар рӯи Замин мебошанд. Онҳо дар натиҷаи боришоти зиёд ва ба ҳам омадани оби як ё якчанд дарё ба вуҷуд омадаанд. Баъзан онҳо обро аз зери замин низ мегиранд. Оби аксари кӯлҳо ширин аст, вале кӯлҳое низ ҳастанд, ки обашон шӯр аст.

Ном  Масоҳат (км2)
Каспий  424300
Виктория  68800
Арал  6550
Гурон 59500
Мичиган  58016
Танганика  32893
Байкал  31500

 

Дарёҳо маҷрои муайяни обҳое мебошанд, ки дар сатҳи Замин ба ин ё он баҳр ва ё дарёи дигар мерезанд. Онҳо бо ду роҳ пайдо мешаванд. Аввал аз оби чашмаҳо, ки шорида дар роҳи худ аз обҳои борон ва сойҳои дигар ба дарёи азим табдил мешаванд ва ба баҳру дарёи дигар мерезад. Дигар аз барфу пиряхҳои кӯҳҳо, ки солҳои зиёд хобанд ва шорида, дар роҳи худ ҳамроҳи обҳои сой ва дарёчаҳои дигар ба баҳру дарёҳои дигар мерезанд

Ҳангоме ки дарё дар ҷараёни худ ба чуқуриҳои сатҳи Замин мерезад ва сипас идома меёбад, ба чуқурӣ рехтани онро шаршара меноманд. Агар баландии шаршараҳо он қадар зиёд набошад онро шалола низ меноманд. Шаршараи баландтарини дунё Анхел аст, ки вай дар дарёи Чуруни Венесуэла ҷой дорад. Баландии Анхел 978 метр аст. Шаршараи зебо ва машҳури Ниагара дар байни давлатҳои Канада ва ИМА ҷойгир шудааст, ки баландиаш 59 метр аст.

Шаршараи баландтарини дунё Анхел аст, ки вай дар дарёи Чуруни Венесуэла ҷой дорад. Баландии Анхел 978 метр аст. 

Дарёи Амазонка, ки дар ҳудуди Амрикои Ҷанубӣ ҷорист, яке аз дарёҳои бузургтарини ҷаҳон аст. Ҳавзаи он дар марказ ва дохил Амазония минтақаи сарсабзро ташкил мекунад, ки масоҳати он 7 050 000 км-ро дар бар мегарад ва барои ҳаёти инсонҳои ниҳоят муҳим аст. Дарёи Амазонка аз тамоми ҳудуди Бразилия ва як қисми Венесуэла, Колумбия, Экватор, Перу ва Боливия мегузарад. Дар резишгоҳаш ҳаҷми об дар як сония ба 150 000 метри мукааб мерасад. Дар поёноб паҳнии Амазонка ба 350 километр баробар буда, аз шохобҳои зиёд иборат аст.

Дарёи дарозтарини ҷаҳон Нил аст, ки дар қитъаи Африқо ҷой дорад. Дарозиаш 6670 км мебошад. Он аз кишвари Бурунди оғоз мегардад ва маҷрои он аз тамоми ҳудуди Мисрро гузашта, қисми зиёди биёбонро низ убур мекунад. Мисриёни қадим онро худованди худ мехонданд, зеро пас аз обхезиҳои ҳамасола, қитъаҳои зиёди замини ҳосилхез боқӣ мемонд, ки аз он ҳосили бемисли ғалла мегирифтанд, ки сарчашмаи боигарии фиръавнҳо ба ҳисоб мерафт.

Як қисми оби боришот дар баҳру уқёнус боқӣ монда, қисми дигараш бухор мешавад ва боқимондаи он дар сатҳи Замин ҷаббида мешавад ва ба қаъри Замин рафта, ба ҷирмҳои обногузар бармехӯрад ва ҷамъ шуда дарёҳои зеризаминиро ташкил мекунад. Ин сатҳи заминро қабати обгузар меноманд. Ин обҳоро ба воситаи кофтани чоҳҳо ва насб намудани насосҳо ба рӯи Замин кашида истифода мебаранд.

Ғор ин чуқурии табиӣ ва ё сунъӣ дар кӯҳҳо мебошад. Баъзе ғорҳо якҳуҷрагӣ мебошанд, аммо баъзеи онҳо аз ҳуҷраҳои зиёд ва дарёву кӯлҳои зеризаминӣ иборат мебошанд, ки ҳазорон километрро ташкил мекунанд. То ҳанӯз асрори пайдоиши онҳо мавриди омӯзиш қарор доранд.

Хок қабати рӯи Замин аст, ки мо ва мавҷудоти дигар дар он умр ба сар мебарем. Он яке аз қисмҳои фаъоли Замин мебошад, ки дар натиҷаи таъсири боришоту шамол ва гузаронидани корҳои кишоварзӣ, сохту таркиби худро тағйир медиҳад. Он қабати на он қадар ғафси Заминро ташкил мекунад.

Хок аз ду шакли материя-органикӣ (зинда) ва ғайриорганикӣ (ғайризинда) иборат аст. Материяи ғайризинда аз қум, шаклҳои ҷисмҳои кӯҳӣ, об ва намакҳои минералӣ иборат аст. Материяи зинда аз боқимондаи рустанӣ ва ҳайвонот ба вуҷуд омада ба воситаи бактерия ва замбӯруғҳо пӯсидаанд. Материя дар ҳолати пӯсиш гумус ном дорад. Дар асл ҳарду навъи материя низ барои инкишофи ҳаёт дар рӯи замин заруранд.

Хок баъзан аз сабаби эрозия (шӯршавӣ) вайрон мешавад. Одатан, шӯршавии хок дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни табиат ба вуҷуд меояд (аз қабили боду борон ва фаъолияти ногооҳонаи инсон), инчунин нобуд кардан ва сӯзондани рустаниҳо низ ба нобуд гардидану шӯра задани хок оварда мерасонад.

Пиряхҳо дарёҳои яхианд, ки дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои қутбӣ мушоҳида мешаванд. Онҳо дар давоми сол аз 10 то 200 м. ҷорӣ мешаванд. Пиряхҳо аз барфҳои дар давоми солҳои зиёд борида ва аз замонҳои қадим ҷамъшуда ба вуҷуд меоянд.

Кӯҳҳои баланд дар зимистон бо барф пӯшонида мешаванд, аммо дар бисёр ҳолатҳо ин барф чандон сахту мустаҳкам набуда, тӯдаи ҷамъшудаи он баъзе маврид пош хӯрда ба нишебиҳо меафтад. Ҳар хел ҳаракат, садои мотор ё аз роҳ гузаштани лижаронҳо метавонад боиси канда шудани барфи бисёр ва аз кӯҳ ғелида фуромадани он гардад. Ин тӯдаи кандашудаи барф тарма мебошад, ҳар чизи дар пеши роҳаш баромадаро, бо худ кашида мебарад. Дар кӯҳҳои ростфуромадаи нишеб тармафуроӣ тез-тез рух медиҳад.

Адад ин ифодаи шумораи муайян мебошад. Дар давоми ҳазорсолаҳо барои ифодаи рақамҳо ангуштонро истифода мебурданд. Ҳамин тавр як чизро бо як ангушт ва се чизро-бо се ангушт нишон медоданд. Бо ёрии дастон онҳо то панҷ воҳидро нишон дода метавонистанд. Барои ифодаи шумораи бештар онҳо ҳарду даст, дар баъзе маврид ҳатто пойҳоро истифода мекарданд. Ҳамин тавр, барои он ки шаш гӯянд, онҳо як даст ва як ангушт, барои он ки даҳ гӯянд-ҳарду пойро нишон медоданд. Айни замон ҷомеаи мо доимо аз рақамҳо истифода менамояд. Мо онҳоро истифода мебарем, то ки вақтро ҳисоб кунем, харид кунем, фурӯшем, занг занем, телевизор тамошо кунем, мошин ронем. Ҳамчунин ҳар як одам дорои рақамҳои ҳархела аст, ки ба шахсияташ мутобиқат мекунад; гувоҳнома, шиноснома, ҳисоби бонкӣ, варақаи қарздиҳӣ ва ғайра. Илова бар он, имрӯз дар олами компютер ҳамаи маълумот ба воситаи кодҳои рақамӣ дода мешаванд. Мо сари ҳар қадам ба рақамҳо вомехӯрем ва ончунон бо онҳо одат кардаем, ки ҳатто аз худ намепурсем, онҳо то чӣ андоза дар ҳаёти мо муҳим мебошанд. Рақам як қисми тафаккури инсон аст. Дар тӯли таърихи дуру дароз ҳар як халқ рақамҳоро ба таври хос менавишту мешумурд, ҳисоб карда меба ровард.

Тақрибан 5 ҳазор сол қабл аз ин дар қисмати шимолии Африқо, аниқтараш дар соҳили Нил маданияти бузурге арзи ҳастӣ кард. Маҳз оби зиндагисози Нил боис гашт, ки дар соҳили ин дарё мисриҳо ба кишоврзӣ шуғл варзанду шаҳру аҳром, мақбараву маъбадҳои бузург бунёд карда, аз худ ба ояндагон ёдгориҳои беназири сангӣ боқӣ гузоранд. Гузашта аз ин онҳо – мисриҳо папирусро ихтироъ карданду ба пайдоиши анвои гуногуни хат замина гузоштанд. Ҳамзамон нақши мисриҳо дар самти улуми тиббиёт, ҳандаса ва арифметика низ назаррас аст.

Римиёни қадим ҳангоми ҳисоб кардани ададҳо аз ҳарфҳои муайян I. V.L.C.D.M истифода мебурданд. Ҳар як ҳарфи зикршуда вобаста ба ҳолати нигориш ададеро ифода мекард. Ба хотири огаҳии комил ёфтан аз усули ҳисоби римиҳо ин 5 қоидаи асосиро бояд дар ёд дошт:

1. Ҳарфҳо аз чап ба рост навишта шуда, аз адади бузург оғоз мешавад. Масалан, XV (IS). DLV (555), MCLI (1151).

2. Ҳарфҳои I.X.C. ва М имкон доранд, ки 3 маротиба пай дар пай нигошта шаванд. Масалан, 11 (2), ХХХ (30), СС (200) М СС ХХХ (1230)

3. Ҳарфҳои V,L,D такрор навишта намешавад.

4. Ададҳои 4, 9, 40, 90 ва 900 дар шакли ба ҳам пайваст намудани ҳарфҳо навишта мешавад: VV (4) IX (9)? XL (40), XC (90), CD (400) CM (900). Масалан 48-XVVIII, 449-CDLIX. 9560 зиёд зарб мешавад: масалан V (5000) СТ, 103000 ва IXDL.

Рақам ва рамзҳои ифодакунандаи ададҳое, ки мо имрӯз истифода мебарем, арабиасос шуморида мешаванд, ҳарчанд арабҳо ин рақамҳоро аз мардуми ҳинд гирифтаанд. Дар миёнаи асрҳои 8 – 13 дунёи мусулмонӣ давраи муҳими инкишофи илмро аз сар гузаронидааст. Зеро мусулмонон ҳам бо мардуми шарқ ва ҳам бо мардуми ғарб робитаи зич барқарор намуда, беҳтарин анъанаҳои илмро азони худ карданд. Ҳамин тариқ, аз Ҳиндустон онҳо ҳисоб кардану як қатор тарзҳои дигари риёзиётро ба мерос гирифтанд. Рақамҳои имрӯза (1, 2, 3, 4…) он қадар ба рақамҳои ҳиндӣ монанд нестанд, зеро арабҳо каме шакли онҳоро тағйир дода, ба ҳарфҳои худ мувофиқ кардаанд. Аммо бино ба таъсири амиқ ва нуфузи бештари тамаддуни мардуми араб, рақамҳои имрӯзаро арабӣ меноманд.

Фибоначчи (1180-1250), ки дар таърих бо номи Леонардо де Пиза маъруф аст, тоҷири итолиёӣ мебошад. Ҳамроҳи падар ӯ ба минтақаҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик сафар кардааст. Дар ин ҷойҳо вай риёзиёти ҳиндӣ ва тарзи ҳисоббарории арабиро омӯхтааст. Соли 1202 ба ватанаш – Пиза баргашта, китобе навишт ва дар он хонандагонро бо системаи ҳисоббарории арабӣ ошно намуд.

Дар натиҷаи зарби якчандинаи як рақам ба худаш дараҷа ҳосил мешавад. Адади зарбшавандаро ва асос ва зарбкунандаро нишондод мегӯянд.

Масалан, 9ин 3 зарби 3 аст: 3х3=9

Агар рақами дилхоҳ дар дараҷаи 2 ифода шавад мураббаъ ҳосил мешавад: 52 =5х5=25

Агар рақами дилхоҳ дар дараҷаи 3 ифода ёбад, мукааб ҳосил мешавад: 23 =2х2х2=8

Мураббаъҳои соҳирона аз замонҳои қадим машғулияти аҷоибу шавқовар ҳисоб мешуд. Онҳо одатан, аз қатор ва сутунҳои баробар тартиб ёфта бо раҳамҳои гуногун бо дарназардошти се шарт хонапурӣ карда мешаванд: 1. Ҳосили ҷамъи ҳар қатор ҳамеша рақами якхела аст. 2. Ҳосили ҷамъи ҳар сутун ҳамеша рақами якхела буда, ба ҳосили ҷамъи рақамҳои қатор баробар аст. 3. Ҳосили ҷамъи рақамҳои диагоналӣ ба ҳосили ҷамъи рақамҳои ҳар қатор ва ҳар сутун баробар аст.

Мутобиқи ривоятҳои қадими ҳиндӣ шахсе бо номи Сесса шоҳмотро ихтироъ намудааст. Вақте ки ӯро бо ин ихтироаш ба шоҳ шинос карданд, шоҳ аз хурсандӣ хост, ба Сесса тӯҳфаи гаронбаҳо диҳад. Бинобар он вай аз худи Сесса пурсид, ки чӣ тӯҳфае мехоҳад. Сесса тахтаи шоҳмотро гирифта, ба подшоҳ муроҷиат кард: 
– Шоҳам ба ман, ҳамин миқдоре, ки бароятон мефаҳмонам, гандум диҳед, кифоя аст. Яъне дар хонаи якуми шоҳмот 1 дона гандум, дар хонаи дуюм 2 дона, дар хонаи сеюм 4 дона, дар хонаи чорум 8 дона, дар хонаи панҷум 16 дона ва ғайра бо ҳамин тартиб то хонаи 64-ум. Умуман, тавре ман мехоҳам, ҳар бор миқдори гандум аз пештарааш ду маротиба афзояд. Шоҳ ин дархости Сессаро ниҳоят хоксорона шумурда, фармон дод, то ба вай як халта гандум диҳанд. Яке аз риёзидонҳои дарбор ҳисоб карда ба подшоҳ гуфт: 
– Ҷаноби аълоҳазрат, дар тамоми шоҳигарии Шумо он миқдор гандумеро, ки ба Сесса ваъда кардед, пайдо карда наметавонед. Шоҳ чизе нафаҳмид, аммо он олим, ки аз прогрессияи риёзӣ хабар дошт, донист, ки миқдори гандуми Сесса дархосткарда хеле зиёд аст.

Прогрессия – силсилаи ададҳоест, ки дар он рақами баъдӣ аз адади қаблӣ ҳосил мешавад. Прогрессия ду намуд дорад: прогрессияи арифметикӣ ва прогрессияи геометрӣ.

Ин прогрессияи арифметикии ду таносубаест, ки ҳудуди рақамҳои аз 3 то 17-ро дар бар мегирад.

 

Ин прогрессияи геометрии ду таносубаест, ки ҳудуди рақамҳои аз 2 то 256-ро дар бар мегирад.

 

Рақамҳои чинӣ тақрибан байни солҳои 1500-1200 то солшумории мо пайдо шуданд. Дар интиҳои асри XIX ҳангоми кишти замин деҳқонони хитоӣ шумори зиёди нигораҳоеро дрёфт карданд, ки он аз системаи рақамҳои чиниёни қадим дарак медод. Бадтар дар қисмати дигари чин бостоншиносон ба системаи дигари ҳисоби хитоиёни қадим рӯ ба рӯ шуданд. Бозёфти навбатии онҳо чубчаҳои аз устухони фил ва нахли бамбук тайёркадашуда буданд, ки ҳар яке ададеро ифода мекард. Системаи нави рақамҳои чинӣ комилан аз рақҳои қадима тафовут дорад: ҳар як рақам вобаста ба ҳолат ададро ифода мекунад. Масалан, ду чубчаи рост, ду чубча ба шакли «т», як чубчаи рости алоҳида ва чор чубчаи рости дигар адади 2614-ро ифода мекунад.

Афлотун (427 то м. -348 то м.) файласуфи Юнони Қадим. Дар асарҳои худ вай оид ба ҷаҳони ғоя ва ашё, нисбияти ашёҳо дар тасаввури мо ва ҷовидонии рӯҳи инсон маълумоти ҷолиб додааст. Афлотун ба илми геометрия таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷисмҳои бисёррӯяро таҳқиқ кардааст.

Секунҷа – бисёркунҷаест, ки се тараф дорад. Агар ҳамаи кунҷҳои секунҷа баробар бошад, онро секунҷаи баробартараф меноманд. Агар танҳо ду кунҷи секунҷа рост бошад онро секунҷаи баробарпаҳлӯ мегӯянд. Вақте ҳамаи кунҷҳо ва тарафҳои секунҷа баробар нестанд, пас вайро секунҷаи нодуруст меноманд. Агар ду тарафи секунҷа байни ҳам перпендикуляр бошанд онҳо кунҷи ростро ташкил медиҳанд, дар ин сурат сухан дар бораи секунҷаи росткунҷа меравад.

Пифагор Самосский файласуф ва риёзидон буда, дар асрҳои 6-5и то м. дар Юнон умр ба сар бурдааст. Вай хусусиятҳои ададҳоро пурра омӯхта, чунин назарияеро таълим медод, ки ҳақиқати воқеиро тавассути ададҳо тасаввур намудан имкон дорад. Ғайр аз ин вай ба омӯхтани геометрия машғул шуда теоремаи машҳури Пифагорро исбот намудааст. Вай асосгузори мактаби фалсафа мебошад, ки дар он ҷо инчунин дин, риёзӣ ва геомерияро меомӯхтанд

Технология –маҷмӯи донишу малакаҳоест, ки инсон барои осон намудани зиндагӣ ва инкишофу пешрафти ҷомеа истифода мебарад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсон кӯшиш менамуд, ки сохти материал ва чизҳои табиии гирду атрофро тағйир диҳад ва барои худ чизҳои зарурӣ созад. Ҳамин чизҳои манфиатоварро, ки инсон офаридааст, дастгоҳу таҷҳизот меноманд, тарзи истифодаи онҳоро бошад, техника мегӯянд. 
Ҳамин тариқ, технология ин мафҳуми ниҳоят васеъ аст. Он маҷмӯи донишу маълумотҳо дар бораи аз чӣ ва чӣ тавр сохта шудани ин ё он таҷҳизот, барои чӣ лозим будани онҳо ва ҳангоми истифодаашон зарур будани кадом намуди энергияро медиҳад.

Ҳарчанд инсон дар бораи дар табиат мавҷуд будани оташ тасаввурот дошт, аммо барои ӯ боз ҳазорсолаҳо лозим шуд, ки оташро кашф кунад ва истифода барад. Оқибат одамон фаҳмиданд, ки агар ду чӯбчаи хушкро муддати зиёд бо ҳам совиш диҳанд, онҳо дармегиранд, агар ду сангро ба ҳам зананд аз онҳо шарора мепарад. Ин кашфиёт ба инсон имкон дод, ки кадом вақте хоҳад оташ афрӯзад, ба воситаи он гарм шавад, ҳайвонҳои ваҳширо тарсонад ва барои худ хӯрок пазад.

Бо мурури замон роҳҳои ҳосил намудани оташ такмил ёфтанд. Пас аз чӯбчаҳо одамон аз чақмоқсанг истифода мекардагӣ шуданд. Хеле баъдтар барои тезтар гирон кардани оташ аз фосфор истифода намуданд. Ҳамин тариқ, кашфи оташ боиси инкишофи технологияҳои нав дар самтҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз қабили тайёр намудан ва нигоҳ доштани хӯрокворӣ, коркарди металл, тайёр намудани ойина ва зарфҳои кулолӣ, коркарди пӯст, гарм кардани хонаҳо ва ғайра гардид.

Одамони ҷомеаи ибтидоӣ рӯшноии сунъӣ надоштанд ва аз хоб ҳангоми тулӯи офтоб мехестанду баробари торик шудан хоб мерафтанд. 
Пас аз он ки оташро кашф намуданд, онҳо баъди ғуруби офтоб метавонистанд, пеш аз хоб аз ҳисоби оташдон боз чанд соати дигар бедор истанд. Ғайр аз ин одамон тайёр кардани шамъро ёд гирифтанд. Яъне онҳо чӯберо гирифта, ба нӯки он алафи хушкро печонида ба он чарбу (равған) молиданд, то он зуд даргирад ва муддати зиёд боқӣ монад. 
Лампаҳои аввалин аз гил ва ё металл сохта шуда буданд. Ин зафҳоро бо ягон навъи сӯзишворӣ, масалан, равғани рустанӣ пур карда, ба он пилта дохил намуда, дармегиронданд. Пилта равғанро ҷаббида, то тамом шудани равған даргирон меистод. Баъдтар ба ҷойи равған аз спирт ва керосин истифода мебурдагӣ шуданд. Аз аввалҳои асри 19 бошад, лампаҳои газӣ маъмул гашт. Аммо бештар барои равшан намудани хона аз шамъи, муми силиндршакл, ки дар байни он пилта гузаронида буданд, истифода мекарданд.

Томас Эдисон (1847-1931) соҳибкори амрикоӣ мебошад, ки дар таърихи инсоният аз ҳама бештар лавозимоти гуногун ихтироъ намудааст. Дар синни ҷавонӣ вай барои рӯзгузарониаш дар қатораҳо ба фурӯхтани рӯзномаҳо машғул буд. Шавқу ҳаваси машғул шудан ба соҳибкорӣ ғолиб омад ва дар яке аз вагонҳои қатора чопхона сохту ба нашри рӯзнома оғоз намуд. Соли 1878 вай лампаи барқиро ихтироъ кард. Ғайр аз ин вай телефон ва аввалин дастгоҳи сабти овоз – фонографро ихтироъ намудааст.

Муҳаррик – механизмест, ки як навъи муайяни энергия, масалан, нерӯи барқ, энергияи гидравликӣ ва кимиёвиро ба энергияи механикӣ табдил медиҳад. Вобаста ба он ки муҳаррик тавассути кадом қувва ба кор медарояд, ба чанд намуд ҷудо мешавад: бодӣ, ҳароратӣ, гидравликӣ, муҳаррикҳои берунсӯз, мисли мошини буғӣ ва муҳаррики дарунсӯзмуҳаррики автомобил ва реактивию барқӣ.

Қалами хатнависиеро, ки мо онро «қалами худкор» меномем, соли 1939 ихтироъкори маҷорӣ – Ладислав Ҷозеф Биро ихтироъ кардааст. Фарқи қалами ихтироъкардаи ӯ аз қаламҳои гузашта, ки аз ранги моеъ истифода мекарданд, дар он аст, ки барои қалами худкор ранги ғализ, мисли хамираро истифода мебаранд ва ин имкон медиҳад, то ранг дар дафтар паҳн нашавад. Меҳвари чунин қаламҳо бо ранги ғализ пур карда мешавад ва дар нӯки меҳвар саққочаи металлӣ ҷойгир карда шудааст. Вақте ки нӯки саққочадори меҳвар ба дафтар расида, ҳангоми навиштан ҳаракат мекунад, саққоча чарх мезанад ва ба ин восита ранги меҳвар саққочаро тар мекунаду ранг ба дафтар мегузарад.

Дар аҳди қадим тамаддунҳои гуногун барои ҳисоб кардани вақт ҳар гуна тадбир меандешиданд. Яке аз соатҳои атиқаву машҳур ин соати офтобии Мисриён мебошад, ки таърихи 3500 сола дорад. Дар асри II-и то мелод дар шаҳри Александрияи Миср соати обӣ ихтироъ намуда буданд. Дар асри XIII баъди мелод дар Аврупо соатҳои қумӣ ё региро истифода мекарданд, ки аз Шарқ оварда буданд. Дар асри X нахустин соатҳои механикӣ пайдо шуданд. Дар асри XI соатеро чиниҳо ихтироъ карданд, ки вақтро бо ёрии моҳу ситораҳо муайян мекард.

Агар ҷисмҳо дар масофи ниҳоят дур бошанд ва бо чашми оддӣ дида нашаванд, онҳоро ба воситаи дастгоҳҳои оптикӣ – дурбин ва устурноб (телескоп) дидан мумкин аст. Дар дохили ин асбобҳо ба тартиби муайян линзаҳо – шишаҳои нимкурраи суфта ва ойна гузошта шудаанд. Линзаҳо ҷисмҳои дури дар назар хурдро калон нишон медиҳанд, ойнаҳо бошанд, онҳоро ба шабакияи чашмҳо наздик мекунанд. Телескопро соли 1671 табиатшиноси англис Исаак Нютон ихтироъ намудааст. Дурбин бошад, баъдтар – соли 1850 аз ҷониби ихтироъкори итолиёвӣ – Игнасио Порро сохта шудааст.

Дар табиат ҳам ҷисмҳои бузург, ба мисли кӯҳҳо ва ҳам ниҳоят хурд, ба мисли микробҳо мавҷуданд, ки онҳоро ба чашми оддӣ фарқ карда намешавад. Барои он ки мо онҳоро бинем, дастгоҳҳои махсуси оптикӣ – микроскоп (пурбин)-ро истифода мебарем. Ин асбоб ба воситаи линзаҳои махсус предметҳоро миллион маротиба калон мекунад. Ҳанӯз аз асри 15 одамон ба воситаи линзаҳо ва лупаҳо предметҳоро мушоҳида мекарданд. Аммо аввалин микроскоп дар асри 16 дар Фландрия, (Нидерландияи имрӯза) ихтироъ шудааст. Дақиқ муайян нест, ки онро кӣ ихтироъ кардааст, вале тахмин мекунанд, ки онро олимони нидерландӣ Захария Янсен, Ханс Липпершей ва Корнелиус Дреббел сохтаанд. 
Дар асри 19 бошад, Эрнст Аббе ном ихтироъкор микроскопро бо ёрии назарияҳои нави илмӣ такмил дод ва акнун ба воситаи он мушоҳида кардани ҷисмҳои микроскопӣ, яъне микроорганизмҳо – ҳуҷайраву бофтаҳои хурдтарин, ки бо чашм дида намешуданд, имконпазир гардид. Ба шарофати микроскоп дар масъалаи омӯхтани табиат ва мавҷудоти зинда, аз он ҷумла, узвҳои бадани инсон кашфиёти зиёде ба вуҷуд омаданд.

Термометр асбобест, ки ба воситаи он ҳарорат санҷида мешавад. Онро соли 1592 олими Галилео Галилей ихтироъ намудааст. Барои ҳамаи мо термометри тиббӣ, ки барои чен кардани ҳарорати бадани инсон аст, шинос мебошад. Сохти ин термометр хеле содда аст: вай аз шиша сохта шудааст, дар як тарафи он дар резервуар симоб мавҷуд аст. Вақте ки мо термометрро ба таги китф мегузорем, аз таъсири ҳарорати бадани мо симоб гарм шуда, аз дохили найчаи ниҳоят танг ба боло меравад. Дар термометр ҷадвал тартиб дода шудааст ва симоб ба кадом нуқтае, ки барояд, мо медонем, ки ҳарорати симоб чӣ қадар баланд шудааст. Ва ҳамин нуқта ҳарорати бадани моро инъикос мекунад. Ғайр аз ин термометрҳои электронӣ мавҷуданд, ки ҳароратро ба воситаи рақамҳои дар экран буда ифода мекунанд.

Дар хона зуд-зуд моро зарур аст корҳои таъмирро анҷом бидиҳем: расмеро ба девор меовезем, рафи китоб месозем, мебелҳоро дуруст мекунем, қулф мечаспонем ва ғайра. Барои анҷом додани ин корҳо барои мо асбобҳои махсус лозиманд: болға, анбӯр, мурваттоб ва боз чанд чизи дигар. Дар миёни ин асбобҳо асбобҳое ҳастанд, ки истифодаашон кори моро осонтар мекунад, аз ҷумла сӯрохкунаки электрикӣ ва арраи электрикӣ. Сӯрохкунакӣ электрикӣ (электродрел) асбобест барои сӯрох кардани девор ва дигар ашёҳои оҳанию чӯбӣ. Дар қисмати пеши электродрел асбоби махсусест, ки ба он пармаҳои гуногунандозаи оҳаниро насб карда ашёи дилхоҳро сӯрох мекунанд.

Радар барои мушоҳида кардани ҷисмҳои дар масофи дур ҷойгиршуда истифода мешавад. Соли 1911 нависандаи амрикоӣ Хю Ҷемсбэк дар яке аз асарҳои хаёлии худ асбоберо тасвир карда буд, ки айнан мисли радарҳои имрӯза аст. Аз он замон олимон ва таҳқиқотчиёни зиёде кӯшиш намуданд, ки ин хаёлотро амалӣ гардонанд, вале муддатҳои тӯлони касе ба ин мақсад муваффақ нашуд. Танҳо соли 1935 ба олими англис Роберт Александр Уотсон –Уатт муяссар шуд, ки ба воситаи радар тайёраи дар масофаи 50 км. парвозкунандаро мешоҳида кунад. Ҳамин тариқ, радар ихтироъ карда шуд. Радари имрӯза асбобест, ки мавҷҳои электромагнитиро ба воситаи мавҷгир паҳн мекунад. Мавҷҳо ба масофаҳои ниҳоят дур паҳн мешаванд ва агар дар роҳи онҳо ягон чизе дучор ояд, онро зуд акс мекунанд ва ба асбоби таҳқиқкунанда, яъне ба мавҷгири радар бармегардонанд. Радар ин мавҷро қабул карда, масофаи ҷисмро муайян менамояд ва ба экран медиҳад.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим одамон осмони пурситора ва ниҳоят дуру асрорангезро мушоҳида мекарданд ва меомӯхтанд. Дар ин хусус ба мо боқимондаҳои биноҳои қадим нақл мекунанд. Халқҳои гуногун: сокинони Байнаннаҳрайн, Миср, Ҳиндустону Чин, ҳиндуҳои майя, арабҳо – биноҳои махсусро барои мушоҳида намудани ситораҳо сохтаанд, ки намунаи аввалин расадхонаҳо ба шумор мераванд. Расадхонаҳои имрӯзаиншоотҳои ниҳоят бузург мебошанд. Дар онҳо барои мушоҳида намудани ҷирмҳои осмонӣ, сайёраву радифҳои онҳо, тағйироти гуногун дар Кайҳон ва ғайра технологияи навтарин истифода мешавад. дастгоҳи аз ҳама муҳими расадхона – телескоп мебошад, ки дар дохили гумбази нимкураи даврзанандаи боми расадхона гузошта шудааст. Одатан, расадхонаҳоро дар теппаҳо ва ҷойҳое месозанд, ки боду ҳавои тоза ва осмони соф доранд.

Қутбнамо асбобест, ки барои муайян намудани самти ҳаракат истифода мешавад. Бо ёрии ин таҷҳизот кас метавонад, самтҳои дунё – шимол, ҷануб, шарқ ва ғарбро муайян кунад. Механизми қутбнамо хеле содда аст, дар дохили он ақрабаки магнитӣ (оҳанрабо) мавҷуд аст, ки дар гирди меҳвари амудӣ давр мезанад ва ҳамеша қутби Шимолро нишон медиҳад. Вақте ки самти Шимол муайян гардид, муайян кардани самтҳои дигар душворие надорад. Қутбнаморо ҳанӯз дар асрҳои 4-6-и мелодӣ чиниҳо ихтироъ намудаанд. Баъдтар ба воситаи мардуми чин арабҳо қутбнаморо аввал ба Аврупо ва баъд ба Амрико расондаанд. Қутбнамо барои баҳрнавардону сайёҳон ва кашшофон чизи зарурӣ аст, зеро то пайдоиши он баҳрнавардон самти ҳаракатро рӯзона танҳо ба воситаи офтоб ва дар шабҳои соф ба воситаи ситораҳо муайян мекарданд.

Оҳанрабо материалест, дорои хусусияти фавқулодда: Вай метавонад, баъзе металлҳоро ба худ кашад. тамоми навъҳои оҳанрабо ду қутб дорад, ки онро шартан қутбҳои «шимол» ва «ҷануб» меноманд. Оҳанрабо ғайр аз металҳо, инчунин ҳамдигарро низ ҷазб мекунад. Дар ин сурат қутби шимоли як оҳанрабо қутби ҷануби оҳанрабои дигарро мекашад ва баръакс. Аммо ду қутби якҷинсаи оҳанрабо (қутбҳои шимолу шимол ва ҷанубу ҷануб) ҳамдигарро тела медиҳанд. Оҳанрабо предметҳоеро ба худ мекашад, ки аз оҳан, чӯян, кобалт ва никел сохта шудаанд, вале ба тилло, мис, нуқра, алюминий, пластика ва чӯб таъсир намерасонад.

Одамон ҳанӯз аз давраҳои қадим ба омӯхтани бемориҳо ва пайдо намудани роҳҳои табобати онҳо машғул буданд. Қабл аз ҳама дар қабилаҳои гуногуни қадима, доруҳое мавҷуд буданд, ки барои табобат ва паст кардани шиддати ин ё он беморӣ, ислоҳи захм ва монанди инҳо аз рустанӣ ва ҷинсҳои дигари табиӣ тайёр карда мешуданд. Ба ин дар қадимулайём донистани хусусиятҳои ин ё он рустанӣ имкон медод. Ғайр аз ин дар Байнаннаҳрайни қадим, тақрибан чор ҳазор сол пеш бобулиён амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида метавонистанд. Мисли ҳамин мисриёни қадим ҳам амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида, ҳатто косахонаи сарро мекушоданд. Дар Ҳиндустон 1000 сол пеш аз мелод тарзҳои маъмули табобати захмҳои гуногун аз қабили варам, бартараф намудани инфексияи узвҳои ботинӣ, шикастабандӣ ва осон намудани таваллуди занони ҳаёташон зери хатарбуда ва ғ. мавҷуд буданд. Дар Чин бошад, ҳанӯз аз асри 8-и пеш аз мелод тавассути сӯзандору табобат менамуданд, ки имрӯз низ васеъ истифода мешавад.

Фонендоскоп – ин дастгоҳест, ки бо ёрии он садоҳои даруни ҷисми инсонро мешунаванд. Ҳарчанд онро бо мақсадҳои гуногун метавон истфода кард вале, асосан дар тиб истифода бурда мешавад. Духтур бо ёрии фонендоскоп оҳанги тапиши дил ва нафасгириро шунида аз рӯйи ин садоҳо навъи касалро муайян месозад.

Соли 1846 духтури дандон Вилям Мортон ба воситаи равғани эфир дандони иллатноки мизоҷашро канд. Як сол баъд ҷарроҳи англис Ҷеймс Янг Симпсон аввалин маротиба аз хлороформ истифода намуда, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронд. Ин маводро наркоз ном мебаранд бо таъсири он инсон ҳарчанд беҳуш шавад ҳам, оганизм функсияи ҳаётиро гум намекунад, ва олами атроф ва дарду ранҷро ҳис намекунад.

Соли 1796 духтури англис Эдвард Љеннер аввалин шуда, эмкуниро љорї намуд. Мизољи ў љавоне буд, ки ба бемории гузарандаи наѓзак гирифтор шуда буд. Љеннер муайян намуд, ки агар ба организми инсон вируси бемории муайян, ки дар говон мушоњида мешавад, ворид карда шавад, он гоњ инсон аз бемории наѓзак наљот меёбад. Ин ихтирои худро ў ваксина номид, ки дар забони лотинї маънояш «гов» аст. Пас аз ин њамаи доруворие, ки нисбат ба ин ё он беморї сироятнопазиранд, ваксина номида мешуданд. Моњияти эмкунї дар он аст, ки ба воситаи сўзандору ба хуни инсон барангезандањои бемориро ворид менамоянд, вале онњо њам коркард шудаанд ва њам дар њаљми нињоят кам мебошанд, бинобар он дар организм хуруљ намекунанд. Чунин сўзандору эмкунї (ваксина) номида мешавад. Ваќте ин вирусњо ба организм ворид мешаванд, организм моддањоеро ба вуљуд меорад, ки бар зидди ин беморї мубориза бурда онро нобуд мекунанд. Аз ин хотир, агар дар оянда вирусњои чунин беморї ба организм ворид шаванд, инсон аллакай худро муњофизат карда метавонад ва ба ин беморї гирифтор намешавад.

Ба шарофати кашфиёте, ки соли 1853 аз ҷониби олими олмонӣ Вилгелм Конрад фон Рентген амалӣ карда шуд, духтурон имконият пайдо намуданд, ки узвҳои ботинии инсонро бидуни амалиёти ҷарроҳӣ таҳқиқ намоянд. Рентген шуоъҳои махсусеро кашф намуд, ки дар оянда номи шуоъҳои рентгениро гирифтанд. Инҳо шуоъҳои электромагнитие мебошанд, ки аз қабати пӯст ва рагу пайи инсон мегузаранд, вале аз устухон намегузаранд. Шуоъҳои аз бадани инсон гузаранда, дар пластинкаи махсус акси узвҳои ботинӣяъне акси рентгениро инъикос мекунанд.

Маънои УЗИ таҳқиқоти ултрасадоӣ мебошад. Он технологияест, ки имкон медиҳад, узвҳои дохилии инсон таҳқиқ карда шаванд. Тавассути дастгоҳи махсус ба ботини инсон мавҷҳои ултрасадоӣ ворид карда мешаванд ва акси онҳо аз узвҳои таҳқиқшавандаи ботинӣ ба сигналҳои электрикӣ табдил шуда, ба экрани махсус меафтанд.

Вилгелм Конрад фон Рентген (1845-1923)олими олмонӣ, профессори чандин донишгоҳҳои Страсбург, Гессен, Вюрсбург ва Мюнхени Олмон. Вай шуоъҳоеро ихтироъ намуд, ки худ онҳоро «шуоъҳои икс» номид ва сипас ба шарафи ӯ номи шуоъҳои рентгениро гирифтанд. Вай ошкор намуд, ки шуоъҳои мазкур бо хати рост паҳн шуда, аз майдонҳои магнитӣ ва электромагнитӣ ба осонӣ мегузаранд. 
Соли 1901 барои чунин кашфиёт Рентген сазовори Ҷоизаи нобелӣ дар соҳаи табиатшиносӣ (физика) гардид.

Садо дар натиҷаи лаппиши (ларзиши) предметҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Масалан, агар ба тори сахт кашидашудаи сим ё ришта даст расонем, он лаппиш мехӯрад ва мо садоро мешунавем. Ин лаппишҳо мавҷҳои ба чашм ноаёнро ба вуҷуд меоранд ва ба воситаи ҳаво ба ҷисмҳои дигар ё моеъҳо мерасанд. Дар дохили гӯши инсон пардаи нозуке ҳаст, ки ин лаппишҳоро қабул мекунад ва худ низ меларзад. 
Ҳамин тариқ, мо овозро мешунавем. Вобаста ба басомади мавҷҳо садоҳо пасту баланд мешаванд.

Дастгоҳи аввалини киноро фаронсавиҳо бародарон Луи ва Огюст Люмер соли 1895 ихтироъ намуданд. Дастгоҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки навори пайиҳам гирифташуда ҳангоми намоиш дар суръати ниҳоят тез, тасаввуротеро пайдо кунанд, ки гӯё тасвирҳо ҳаракат мекунанд. Филмҳои аввалин сиёҳу сафед ва бесадо буданд ва бо навохтани мусиқӣ дар фортопиано намоиш дода мешуданд. Соли 1911 пас аз 16 соли намоиши филмҳои сиёҳу сафед филмҳои ранга ба вуҷуд омаданд ва соли 1927 бошад, филмҳои садодор ба навор гирифта шуданд.

Волфганг Амадей Мотсарт (1756-1791) бастакор ва ромишгари австриягӣ мебошад. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ фортепианоро хеле хуб менавохт ва мусиқӣ эҷод мекард. Дар синни 6 солагӣ барои маликаи Австрия Мария Тереза консерт намоиш дод, дар синни 12-солагӣ бошад, барои фортепиано чандин асарҳо эҷод намуда, ҳатто ду опера ҳам навиштааст. Вай яке аз бузургтарин оҳангсозон дар таърихи илми мусиқӣ мебошад. Муаллифи операҳои машҳури «Хонадоршавии Фигаро», «Дон Жуан», «Флейтаи сеҳрнок» ва як қатор асарҳо барои кларнет, арфа, флейта ва созҳои дигари мусиқӣ мебошад.

Ба ҳама маълум аст, саг ва дарахт – мавҷудоти зиндаанд, вале санг – ғайризинда аст. Аммо муайян кардани он ки кадом чиз зинда аст, хеле душвор мебошад. Биёед, бубинем, ки мавҷудоти зинда чӣ хусусият доранд ва аз ғайризинда чӣ гуна фарқ мекунанд? Тамоми мавҷудоти зинда вазифаҳои ҳаётиро иҷро мекунанд. Асоситарини ин вазифаҳо – ғизогирӣ, робита ба муҳит ва афзоиш аст. Мавҷудоти зинда дар натиҷаи ғизогирӣ соҳиби нерӯ (қувва) мегардад. Барои он ки зиндагӣ кунанд, онҳо бо муҳити атроф, яъне бо мавҷудоти дигари зиндаву ғайризинда ҳамеша дар робита мебошанд. Ҳамчунин як мавҷудоти зинда, дигареро тавлид мекунад, ки ба худаш монанд аст. Ҳамин тариқ, онҳо афзоиш меёбанд. Ҳамаи мавҷудоти зинда ин вазифаҳоро адо мекунанд ва бо ҳамин хусусият аз мавҷудоти ғайризинда фарқ мекунанд, зеро мавҷудоти ғайризинда амалҳои номбурдаро иҷро намекунанд.

Мавҷудоти зинда аз моддаҳои зиёд иборатанд. Дар организми ҳамаи онҳо гази карбон, оксиген ва гидроген, ки обро ташкил мекунанд, ҳастанд. Ғайр аз ин азот, фосфор, калсий ва барин моддаҳои дигар низ дар таркибашон мавҷуданд. Ҳамаи ин моддаҳоро дар мавҷудоти ғайризинда низ мушоҳида кардан мумкин аст – ҳам дар минералҳо, ҳам дар об, ҳам дар ҳаво ва ҳатто дар таркиби ҷисмҳои сайёраҳои дигар. Дар организми мавҷудоти зинда ҳуҷайраҳо мавҷуданд. Ҳар як ҳуҷайра – ин организми хурди зинда аст, вай қобилияти иҷро намудани тамоми вазифаҳои ҳаётиро дорад яъне ғизо мегирад, бо бофтаҳои дигар алоқа дорад ва афзоиш меёбад. Ҳуҷайраҳои зиёд бофтаҳои гуногунро ташкил мекунанд, ки аз онҳо организми рустанӣ ва ҳайвонот таркиб ёфтааст.

Рустанӣ – мавҷудоти зиндаест, ки мустақилона ҳаракат карда наметавонад, бо ёрии решаҳояш ба замин паванди мустаҳкам дорад. Рустаниҳо об ва намакҳои минералиро ба воситаи решаҳо аз замин гирифта аз онҳо маводи ғизоии барои ҳаёт заруриро дармеёбанд ва сабз мешаванд. Ҳар кадом ҳуҷайраи рустанӣ бо пардаи селюлозӣ пӯшонда шудааст, бинобар ин селюлоза материали асосии организми рустаниҳо ба ҳисоб меравад. Рустаниҳое ҳам ҳастанд, ки ҳамагӣ аз якчанд ҳуҷайра иборатанд. Дар ин гуна рустаниҳо аломати ба рустаниҳо хос он қадар аён нест. Ба қатори ин гуна организмҳои содда бактерияҳо ва замбӯруғҳо дохил мешаванд, онҳо ба рустанӣ монанд бошанд ҳам, вале на ҳамаи хусусиятҳои онро доранд. Илмеро, ки рустаниҳоро меомӯзад, ботаника меноманд.

Дар Замин нахустин рустаниҳо дар об пайдо шудаанд, зеро он вақт сатҳи хушкӣ ва қабатҳои атмосфера барои ҳаёт гузаронидан ҳанӯз мутобиқ набуданд. Инҳо организмҳои якҳуҷайрагӣ ва ҷисман хеле хурд буданд. Ҳангоме ки дар атмосфераи Замин озон ба вуҷуд омад, шароити зиндагӣ беҳтар шуд ва аз рустаниҳои якҳуҷайра бисёрҳуҷайра инкишоф ёфта, оҳиста-оҳиста аз об берун шуда, барои дар хушкӣ рӯидан мувофиқ гардиданд. Ин ҳодиса тақрибан 750 миллион сол пеш рӯй додааст.

Хлорофилл – хокаест, ки дар таркиби баргу пояҳои рустаниҳо вуҷуд дорад ва ба онҳо ранги сабз медиҳад. 
Хлорофилл хусусияти муҳим дорад: вай энергияи рӯшноии офтобро фурӯ бурда, онро барои табдил додани об ва маводи минералӣ ба ҳуҷайраву бофтаҳои нав истифода мекунад ва бо ин роҳ рустаниҳо инкишоф меёбанд. Ин равандро фотосинтез меноманд. 
Хролофиллро дар соҳаи тиб барои тайёр намудани дорувориҳои дармонбахш ва чун атриёт истифода мекунанд.

Планкмон инҳо хурди рустани ва ҳайвонот аст, ки дар баҳру кӯлу рӯдҳо арзи ҳасти доранд. Агар планкмон танҳо аз рустаниҳо иборат бошад, онро фитопланкмон ном мебаранд, агар аз организми ҷонварон иборат бошад – Зооплонктон. 
Фитоплонктон барои мавҷудияти ҳаёт дар руйи замин бисёр муҳим аст, зеро қисмати зиёди фотосинтез аз ҷониби ин мавҷудоти назарногир сурат мегирад. Дар натиҷаи фотосинтез кислороди зиёде ихроҷ мешавад, ки аз он ҳамаи мавҷудоти зинда истифода мебарад. 
Ғайр аз ин фитоплонктон, ки дар таркибаш моддаҳои ғизоии зиёде дорад, бисёр мавҷудоти баҳрӣ, аз ҷумла моҳиҳо ва китҳо ҳамчун хӯрок истифода мебаранд

Обсабзҳо хӯроки ҳайвоноти гуногуни баҳрӣ мебошанд, онҳо инчунин аз худ оксиген низ хориҷ мекунанд. Онҳо ғизоро аз минералҳое мегиранд, ки дар об вуҷуд доранд. Бо ёрии бехчасп (навда) ҳои решамонанди худ ба қаъри баҳр ва ё сангҳои зериобӣ мечаспанд. Мисли рустаниҳои дигар обсабзхо дорои хлорофил буда, фотосинтез мекунанд. Азбаски обсабзҳо маводи зиёди органикӣ ва намакҳои минералӣ доранд, аз онҳо нуриҳои минералӣ тайёр карда, дар киштукор истифода мебаранд.

Баъзе обсабзхо хусусияти шифоӣ низ доранд. Аз ин рӯ онҳо барои тайёр намудани маводи ороиши рӯй, доруворию маводи ғизоӣ як манбаи муҳиманд. Обсабзҳоро ҳатто ҳангоми парвоз ба кайҳон истифода мекунанд зеро дар таркибашон оксиген вуҷуд дорад, ва барои нафасгирии кайҳоннавардон ниҳоят муфид аст. Инчунин онро ҳамчун ғизо низ истифода мебаранд.

Занбӯруғҳо – организмҳои зиндаи ба рустанӣ монанданд. Чандин навъи занбӯруғ мавҷуд аст: занбӯруғҳо асосан дар ҷангалзор мерӯянд, баъзеи онҳоро ба таври сунъӣ ҳам парвариш мекунанд. Одатан, пояи он дароз буда, бо он ба замин мечаспад. Қисми болоӣ, ё худ кулоҳи он зич ва сергӯшт буда дар ҳақиқат ба кулоҳ монанд аст. Ранги занбӯруғ ҳар хел сафед, сурх, қаҳваранг ва доғдор мешавад. Қабати поёнии кулоҳи занбӯруғ ба лаб монанд аст. Баъзеяшон аз пластинаҳои хурду тунук иборат мебошанд. 
Занбурӯғҳо дар таркиби худ хлорофил надоранд ва аз худ моддаҳои ғизоӣ тайёр намекунанд, аз ин рӯ рустанӣ шумурда намешаванд. Аммо ба ҳайвонот, ҳам монанд нестанд, бинобар ин олимон онҳоро як гурӯҳи махсуси мавҷудоти зинда ҳисоб мекунанд, ки на ба гурӯҳи рустаниҳо ва на ба олами ҳайвонот дохил мешаванд. 
Ба ин гурӯҳ мағор ва пӯпанакро низ дохил макунанд, ки ҷисман хеле хурд буда (онҳоро занбурӯғҳои микроскопӣ меноманд), баъзеашон боиси беморӣ низ мешаванд.

Организми зиндаи якҳуҷайрагӣ; баъзе бактерияҳо мубталои беморӣ мекунад, дигарашон баракс ба организмӣ мо муфид аст.

Дар мамлакатҳои гуногун аз занбурӯғҳои сафед хӯрокҳои болаззат тайёр мекунанд. Зеро онҳо серғизо буда, дар таркибашон миқдори зиёди протеин ва намакҳои минералии ба организми инсон зарур мавҷуд аст. Баъзе намуди замбӯруғҳо, масалан, шомпинёнҳоро сунъӣ парвариш мекунанд. Бештари онҳо дар ҷангал ва марғзор мерӯянд. Замбӯруғҳо асосан, дар тирамоҳи серборон, дар назди решаҳои дарахтон мушоҳида мешаванд ва ғизоро аз маводи органикии баргҳои рехта мегиранд. Бояд дар вақти ҷамъоварии замбӯрғ эҳтиёткор буд, зеро замбӯруғҳои заҳрдор низ вомехӯранд, ки ба саломатӣ зарар доранд. Онҳоро аз замбӯруғҳои безаҳр фарқ кардан қариб имкон надорад.

Баъзе занбуруғҳо чунон заҳрноканд, ки аз хурданаш мурдани одам имкон дорад. Яке аз ин занбуруғҳои хатарнок ин рангпаридаи заҳрнок ном дорад. Баъди 8 соати истеъмоли ин занбуруғ заҳр таъсири худро мерасонад. Ташнагӣ, дарди шикам, исҳол нишонаҳои таъсири ин занбуруғи заҳрнок аст. Дар сурати сари вақт ба духтур муроҷиат накардан заҳр ҷигарро аз кор мононда ба марг мерасонад. Занбуруғи дигари заҳрнок ин мухомор ном дорад. Заҳри вай баъди 2 соат таъсир мерасонад. Мухомор ба дарди шикаму вайроншав ии меъда меорад, вале он қадар марговар нест.

Ӯ яке аз олимонест, ки барои инсоният манфиати бештар овардааст. Вай соли 1881 дар Шотландия таваллуд шуда, профессори соҳаи тибби Донишгоҳи Лондон буд. Вай барои кашфи дорувории пенитсилин шӯҳратёр гашт. Александр Флеминг тасодуфан мушоҳида намуд, ки мағор гурӯҳи калони бактерияҳо барангрезандаҳои бемории сироятиро, ки ӯ мавриди таҳқиқ қарор дода буд, нобуд кард. Вай чунин қарор дод, ки агар мағор бактерияҳоро нобуд карда тавониста бошад, онро барои табобати бемориҳое истифода бурдан мумкин аст, ки омилашон ҳамин навъи бактерияҳоянд. Баъд дар ин самт таҷрибаҳо гузаронида, азбаски мағори номбурда бо забони лотинӣ пенитсилин ном дошт, ба доруворирӣ низ ҳамин номро гузошт. Вай барои ин кашфиёт соли 1945 дар соҳаи тиб сазовори Ҷоизаи нобелӣ гашт ва соли 1995 аз олам даргузашт. Инсоният барои чунин кашфиёт ба Александр Флеминг арҷгузор аст, зеро то имрӯз ҳазорон одамон ба воситаи пенитсилин аз марг раҳо карда шуданд.

На танҳо замбӯруғҳои ғизоӣ, инчунин навъҳои дигари онҳо мисли мағорҳо ва пӯпанакҳо, ки ниҳоят хурданд ва онҳоро танҳо бо микроскоп дидан мумкин аст, фоидаоваранд. Масалан, яке аз ин гуна замбӯруғҳо – хамиртуруш аст. Онро ба хамир барои расидан илова мекунанд. Аз он барои ҳосил кардани нӯшокиҳои спиртӣ низ истифода мебаранд. Мағорҳои махсус барои аз шир тайёр намудани ҷурғот, йогурт ва мост ниҳоят муҳим аст. Яке аз мағорҳои фоиданок тавре гуфтем, ки пенитсилин мебошад, ки аз он доруворӣ тайёр мекунанд.

Реша – он қисми рустанист, ки дар зери хок ҷой дорад. Он се вазифаи муҳим дорад: аввал рустанӣ ба воситаи реша дар замин мустаҳакам мешавад, аз замин чун ғизо об ва маводи минералӣ мегирад, баъзан рустанӣ дар решаҳо ғизоро низ захира мекунад. 

Поя – қисми болоии рустанӣ аст. Назар ба реша, ки дар зери хок аст ва ба ҳар сӯ давида аз он ҷо об ва ғизо мегирад, поя ба боло қад кашида рӯшноӣ мегирад. Вай шоху навда медавонад, барг сабз мекунад ва мева медиҳад. Ғайр аз ин ба воситаи поя ба шоху баргҳо об ва моддаҳои минералӣ мерасанд, дар поя шираҳои барои ҳаёт зарур гардиш мекунанд, инчунин маводи ғизоӣ низ захира мешавад. 

Баргҳо – низ аз ҷумлаи узвҳои ҳаётан зарурии рустанӣ мебошанд. Онҳо дар муғчаҳои хурди шохҳои рустанӣ ва баъзан дар худи поя сабз мешаванд. Одатан, баргҳо ранги сабз доранд, зеро дар таркибашон моддаи хлорофил мавҷуд аст. Инчунин, баргҳо энергияи рӯшноии офтобро фурӯ мебаранд, аз минералҳо маводи гизоӣ тайёр мекунанд, гази карбонро фурӯ бурда, оксиген ҳосил мекунанд, намиро фурӯ бурда, буғ ҳосил менамоянд.

Дар фасли тирамоҳ баргҳои дарахтон зард мешаванд ва баъд аз шохҳо канда шуда, ба замин рехта заминро бо «кӯрпаи тиллоӣ» мепӯшонанд. 
Чунин ҳодиса барои он рӯй медиҳад, ки дар фасли тирамоҳ ҳаво хунук шуда, хок низ оҳистаоҳиста сард мешавад ва барои решаҳо дарёб намудани об душвор мегардад. Фасли зимистон бошад, онҳо аз хок гирифтани обу ғизоро қатъ мекунанд ва агар баргҳо дар дарахт боқӣ монанд, тамоми оби поя ва шоху навдаҳоро бухор мекунанд. Дар натиҷа дарахт хушк мегардад. Ана барои ҳамин дарахтон баргҳояшонро мерезанд. Вақте ки фасли баҳор мерасад ва мунтазам ҳаво гарм мешавад, решаҳо ба ғизогирӣ оғоз мекунанд ва дар шохҳои дарахт низ баргҳо сабз мешаванд.

Появу шохаҳои дарахтон бо қабати ғафс – пӯстлох печонида шудаанд. Пӯстлох барои рустаниҳо ҳамчун пӯсти инсону ҳайвонот аст. Он организми рустаниро аз хунукии сахт ва хушкшавию захмҳои дигар муҳофизат мекунад. Агар пӯстлох набошад, дарахт хушк шуда мешавад.

Дилаи нозуки дарахт, ки дар маркази поя ҷойгир аст бо пардаи зич иҳота шудааст. Ҳар сол дар фасли баҳор дар рӯи ин парда қабати нав пайдо мешавад ва он боз пардаи нав ҳосил мекунад. Ин қабатҳо мисли ҳалқа зиёд мешаванд. Агар дарахтро аз пояаш бурем, он гоҳ чунин ҳалқаҳоро мушоҳида мекунем. Ва шумораи ин ҳалқаҳоро ҳисоб карда, метавонем, чанд соли будани дарахтро муайян кунем.

Ҳангоми фотосинтез энергияи рушании офтоб ба энергия ё нерӯи химиявӣ табдил меёбад. Бо ёрии ин энергияи химиявӣ рустаниҳо аз намакҳои минералӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд, ки бароин пайдоиш ва ғизои натиҷаи ҳуҷайраҳо унсури асосист. Дар натиҷаи фотосинтез ба атмосфера кислород, газ хориҷ мешавад, ки барои нафсгирии тамоми мавҷудоти зинда мусоидат мекунад.

Рустаниҳои гулдор дар рӯи замин аз навъҳои дигари онҳо хеле дертар пайдо шудаанд ва аз ҷумлаи рустаниҳои инкишофёфта мебошанд. Онҳо тақрибан 100 милион сол қабл пайдо шудаанд ва имрӯз дар илм қариб 250 000 намуди рустаниҳои гулдор маълум аст. Рустаниҳои гулдор асосан, дар рӯи замин мерӯянд, вале баъзе намудҳои онҳо дар об низ дида мешаванд. Миллионҳо сол пеш рустаниҳо танҳо дар об зиндагӣ мекарданд, баробари дар рӯи замин муҳайё шудани шароити ҳаёт ба сатҳи замин кӯчиданд. Дар онҳо узви афзоиш – гул пайдо шуд. Яъне аз гулҳои рустанӣ тухм ҳосил мешавад ва ба воситаи он рустаниҳо афзоиш меёбад.

Гул асосан аз косача, ҳолача (гулчанбари хурд), узви модина ва гардбарг таркиб ёфтааст. Косача – баргҳои сабзи хурд аст, ки гулчанбарро иҳота намуда, онро муҳофизат мекунанд. Гулчанбарҳо аз гулбаргҳои тунук иборат буда, ранги баланд доранд ва танҳо онҳо гулро зебову дилкаш мекунанд. Узвҳои асосии гулҳо – узви модина ва гардбаргҳо мебошанд. Дар гардбаргҳо ҳуҷайраҳои мардона мавҷуданд, ва онҳо ба узви модинаи гул таъсир расонда, онро бардор мекунанд. Пас аз ин ҳодиса тухм пайдо мешавад ва гул ба мева табдил меёбад.

Нилуфари обӣ яке аз рустаниҳои зебоест, ки дар обанбору кӯл ва ҳавзҳо мерӯяд. Нилуфар дар тамоми минтақаҳо мушоҳида мешавад, вале бештар дар минтақаи Амрикоӣ Ҷанубӣ месабзад. 
Гули нилуфар – яккагул аст ва хеле калону хушрӯй мебошад. Пояи он ниҳоят дароз буда, ба қаъри об меравад ва дорои решаҳои пурқувват аст. Аммо баргу гулҳои нилуфар дар рӯи обанд. Азбаски дар баргу пояи нилуфар ҳубобчаҳои зиёди ҳаво мавҷуданд, ин ҳубобчаҳо имкон медиҳанд, ки гулу барги нилуфар ғарқ нашавад.

Агар мо ҳаёти мӯрчаҳоро мушоҳида кунем, он гоҳ мебинем, ки онҳо ҳамеша дар такопӯ ва машғули меҳнатанд. Барои зиндагӣ мӯрчаҳо хона месозанд, роҳ мекобанд ва тамоми фасли тобистон аз пайи захира намудани ғизо мешаванд. Дар ин амал онҳо ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Мӯрчаҳо мисли занбӯри асал ҳашароти муташаккил мебошанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ зандагӣ мекунанд, ки дар онҳо ҳар як гурӯҳ нақшу вазифаи махсуси худро дорад: Яке ғизо ҷамъоварӣ мекунад, дигаре ба кирмакҳо ғамхорӣ менамоянд, саввумӣ мӯрчахонаро муҳафизат мекунад ва ғайра. Дар мӯрчахона ҳамагӣ як модармӯрча – малика зиндагӣ мекунад, ки вазифааш танҳо тухм гузоштан аст. Дар оянда аз тухмҳо мӯрчаҳои нав тавлид мешаванд.

Бисёриҳо аз тортанак ҳазор мекунанд. Аммо дар асл қисми зиёди онҳо барои инсон хатаре надоранд ва зиён намерасонанд. Хӯроки онҳо ҳашароти гуногун буда, бо воситаи торҳои часпаки танидаашон онҳоро дошта мехӯранд. Аммо чанд намуди тортанакҳо ҳастанд, ки заҳрдоранд. Инҳо бий (ротил) ва модатортанаки сиёҳ мебошанд. Бий (ротил) тортанаки калонҷуссаи қаҳваранг аст. Дар ш ик ам ва па нҷаҳ ояш  доғҳ ои сурхранг дорад. Асосан бий дар ғорҳо зиндагӣ мекунад ва метавонад, инсонро газида заҳролуд кунад, аммо заҳри он нисбат ба заҳри занбӯри асал камтаъсир аст. Модатортанаки сиёҳ ҳам заҳрдор аст. Хусусан заҳри модатортанаки сиёҳи калонсол марговар аст, вале заҳри тортанаки нарина ва модартортанаки ҷавон он қадар хатарнок нест.

Каждумҳо мисли тортанакҳо ҳашт пой доранд. Дар қисми пеши сари онҳо мисли харчанг шохчаҳо мавҷуд аст ва ба воситаи онҳо тӯъмаи худро мехӯранд. Дар тафовут бо тортанакҳо шикамчаи каждум ба ду қисм ҷудо мешавад. Дар қисми пеш пойҳои каждум ҷойгир шудааст. Кисми ақиби каждум бошад, борику дароз буда, ба сигмент (буғумчаҳо) ҷудо мешавад. Ин қисмати ҷисми каждум мисли дум ба боло бардошта шудааст ва неши заҳрдори вай низ дар ҳамин думаш аст. Каждумҳо аслан дар минтақаҳои хушку гарм зиндагӣ мекунанд. Рӯзона онҳо дар биёбон ва нимбиёбонҳо зери сангу пӯстлохи дарахтон хобида, шабона ба шикор мебароянд ва хӯрокашон асосан, тортанаку ҳашароти гуногун мебошад.

Термитҳо монанди мӯрчаҳоянд, вале андозаашон бузургтар аст. Онҳоро мурчаҳои сафед низ меноманд. Онҳо дар иқлими гарм зиста цилюлоза яъне, рустаниҳои хушку тарро истеъмол мекунанд. Баъзе аз термитҳо дар замин зиста баргҳои рустаниҳову дарахтҳоро мехӯранд. Термитҳое ҳастанд, ки хӯрокашон чӯб мебошад, аз ин рӯ ба одамон зиёни ҷиддӣ меоранд. Онҳо дар сутуни хонаҳо ё мебелҳо манзил ихтиёр намуда ба харобкорӣ машғул мешаванд. Агар дар хонаи чӯбин термитҳо пайдо шаванд онҳо метавонанд он, хонаро вайрон кунанд.

Занбӯрҳои асал ба тарзи оилавӣ зиндагӣ мекунанд. Як оилаи занбӯр аз чанд гурӯҳ иборат аст, ки ҳар кадоме вазифаи муайянро иҷро мекунад. Занбӯрҳои корӣ (заҳматкаш) аз гулҳо шаҳд ҷамъ мекунанд ва ба шон (занбӯрхона)-ҳо рехта онро ба асал табдил медиҳанд; Занбӯрҳои сарбоз занбӯрхонаро муҳофизат мекунанд. Нарзанбӯрҳо маликазанбӯрро бордор менамоянд ва ӯ тухм мегузорад. Дар фасли зимистон нарзанбӯрҳо мемиранд, аммо занбӯрҳои корӣ асали тайёркардаашон ғизо мегиранд ва зинда мемонанд. Вақте ки ба занбӯр душман таҳдид мекунад, аз шикамчааш неши тези заҳролудро бароварда ӯро мегазад. Аммо ин тарзи муҳофизат ба ивази ҷони худи занбӯр муяссар мегардад, зеро пас аз халондани неш аз он маҳрум мешавад ва мемирад.

Моҳиҳо низ мисли ҳайвонҳои дигар оксигенро нафас мегиранд, аммо онҳо оксигенро на аз ҳаво, балки аз об мегиранд. Барои ин дар сари моҳиҳо узви махсуси нафаскашӣ – ғалсама мавҷуд аст. Ба воситаи даҳон об ба ғалсама мерезад ва дар он ҷо окссиген ҷудо шуда, оби боқимонда ба воситаи сӯрохии ғалсама хориҷ мешавад. 
Ғалсама пластинаҳои сахтест, ки дар дохилаш рагҳои сершумори хунгузар мавҷуданд. Дар ҷонварҳои дигар вазифаи нафаскаширо шуш иҷро мекунад.

Қисми зиёди моҳиҳо дар хушкӣ нафас гирифта наметавонанд, зеро ғалсамаҳояшон оксигени холиро фурӯ бурда наметавона. Онҳо онро танҳо аз таркиби об мегиранд. Бинобар ин моҳӣ дар хушкӣ мемирад. Аммо то имрӯз се навъи моҳиҳо боқӣ мондаанд, ки ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо асосан, дар Австралия, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо ҳаёт ба сар мебаранд.

Ҳамаи ҳашаротҳо аз тухм мебароянд. Баъзеи онҳо баъди ба дунё омадан шакли бадан ё ҷисмашонро тағийр медиҳанд – ин ҷараёнро метоморфоза меноманд. Бархе аз ҳашаротҳо метоморфозаи соддаро аз сар мегузаронанд: кирмаки аз тухм баромада ба падару модараш монанд аст, вале пари парвоз надорад. Чунин кирмакро нимфа мегӯянд. Вай низ монанди ҳашаротҳои бузург хӯрок мехӯрад. Баъди муддате пар мебарорад. Ба ин гурӯҳ нонхӯрак, малах ва кона мисол шуда метавонанд. Вале аксари ҳашаротҳо метаморфозаи пурраро аз сар мегузаронанд. Аз тухм кирмин мебарояду баъди муддате худро дар ғилофак – пилла пинҳон мекунад. Дар ин давраи метоморфоза, яъне кирмак ё кирмаки ғилофакдорро зочаи кирмак меноманд. Дар дохил зочаи кирмак ё кирмин пурра ба ҳашарот табдил ёфта аз ғилофак берун мебарояд. Ин тарзи инкишоф хоси шапаракҳо, гамбӯсакҳо, оруҳо, пашшаҳо, мӯрчаҳо ва боз чанд намуди ҳашарот мебошад.

Қаъри баҳру уқёнусҳо хеле торик аст. Зеро нурҳои офтоб дар об бештар аз 90-100 метр намегузаранд. Аммо моҳиҳо дар чуқуриҳои бештар аз ин низ зиндагӣ мекунанд. Гап дар сари он аст, ки моҳиҳо аз худ нурҳои махсус хориҷ мекунанд ва ба ин восита роҳи ҳаракаташонро равшан менамоянд. Ин хусусияти моҳиҳоро люминесенсияи биологӣ (шуоъдиҳӣ) меноманд. Чашмони моҳиҳое, ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд, нисбатан калонанд. Ғайр аз ин узвҳои ҳиссиёт, шунавоӣ ва шоммаи маҳиҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо барои пайдо намудани ғизо, ҳис кардани хатар ва ғайра зарур мебошанд. Моҳии бузургтарини дунё наҳанги китмонанд аст, ки дарозиаш 18-метр ва вазнаш бештар аз 15-тонна аст. Аммо назар ба навъҳои дигари китҳо ин намуди моҳӣ ба инсон хатаре надорад.

Монанди дигар ҳайвонот моҳиҳо низ муҳити атрофро тавассути узвҳои ҳис дарк мекунанд. Бешак дар моҳиҳо тамъу қувваи ломиса рушд ёфтаанд. Биниши моҳиҳо ҳам бо шароити зисташон мутобиқ шудааст. Чашмони моҳиҳое, ки дар обҳои чуқур зиндагӣ мекунанд хеле бузурганд. Чашмони калон имкон фароҳам меорад, ки онҳо ҳар чи бештар равшании аз моҳиҳои дигар ихроҷ шударо дар худ қабул намоянд. Моҳиҳое, ки дар қаъри уқёнусҳо бидуни рушноӣ зиндагӣ мекунанд аз чашмонашон маҳрум шудаанд.

Организми обхокиҳо чунин таркиб ёфтааст, ки онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ карда метавонанд. Обхокиҳоро амфибия низ меноманд, ки калимаи юнонӣ буда маънояш «ҳаёти дугона» аст. Ба ин гурӯҳи ҳайвонот ғукҳо, қурбоқаҳо ва калтакалосҳо дохил мешаванд. Онҳо дар лаби ҷӯю кӯлҳо зиндагӣ мекунанд. Обхокиҳои калонсол дар хушкӣ бисёр зиста наметавонанд, зеро пӯсти онҳо бояд доим намнок бошад. Онҳо дар об афзоиш меёбанд ва худро аз хатар муҳофизат мекунанд.

Вақте ки кирмакҳои обхокиҳо аз тухмчаҳо мебароянд тамоман ба падару модарашон монанд нестанд ва пеш аз бузург шуданашон метаморфозро аз сар мегузаронанд. Масалан, кафлесакҳои навтаввалудшудаи ғуку қурбоққаҳо бештар ба моҳӣ монанданд. Бо ёрии сари гирду думи дароз хуб шиноварӣ мекунанд, ғалсамаҳо имконият медиҳанд, ки онҳо дар зери об зиндагӣ кунанд. Дар баробари инкишоф ёфтан шаклу сохти организми кафлесак ҳам тағйир меёбад. Дум оҳиста-оҳиста нобуд мешавад вале намеафтад ҳамзамон панҷаҳо инкишоф меёбанд. Ғалсамаҳо маҳв шуда ба ҷойи онҳо шушҳо пайдо мешаванд, ки имкон медиҳад ҳавои атмосфераро нафас гиранд. Ранги пӯст ҳам дигар шуда ҳамин тавр ба ғук ё қурбоққа табдил меёбанд.

Зоҳиран ғук ва қурбоққа ба ҳам хеле монанданд, аммо дар асл ҳам аз ҷиҳати шакли организм ва ҳам тарзи зиндагӣ фарқ доранд. Ғукҳо пӯсти серожанг ва озахдор дошта, рангашон хокӣ аст. Ғайр аз ин пойҳои ақибашон нисбатан кӯтоҳ мебошад. Онҳо дандон надоранд ва нисбат ба қурбоққа бузургҷуссаву пурқувватанд. Қурбоққаҳо баръакс, пӯсти ҳамвор ва сабзранг дошта, дандон доранд, қисми зиёди ҳаёташонро дар об мегузаронанд. Ғукҳо низ дар об зиндагӣ карда метавонанд, аммо агар обу ҳаво салқин бошад, дар хушкӣ буданро авло медонанд. Қурбоққаҳо асосан, ҷонварони гӯшхӯранд ва пашшаву хомӯшак ва кирмҳои гуногунро шикор мекунанд. Кирмчаҳои қурбоққаҳо бошанд, асосан дар об аз рустаниҳо ғизо мегиранд. Қурбоққа забони нисбатан дарози часпак дошта, метавонад, аз даҳонаш ба якчанд сантиметр ёзад. Бо ҳамин восита вай ҳашаротҳоро дарёфт карда, тӯъмаи худ мегардонад. Аз ин ҷиҳат қурбоққаҳо барои хоҷагии қишлоқ манфиати зиёд доранд.

Кафлесак то қурбоққа шудан рустаниҳои обиро истеъмол менамояд. Қурбоққа ҳайвони гӯшттхӯр буда ҷонварҳое ба монанди мотос, кӯрпашша, кирм, шапарак, ҳавоборонакро истеъмол мекунад. Қурбоққа дандонҳои тез ва забони дароз дорад. Забони қурбоққа бо моеи ширешдор пӯшонида шудааст. Чун қурбоққа ҳашаротро мебинад бо забонаш ӯро «мепарронад». Ҳашарот дар забони ӯ часпида ба тӯъмааш табдил меёбад.

Калтакалосҳо асосан, ҳайвонҳои хурд қурбоққа ва ҳашаротҳоро истеъмол мекунанд. Баъзан рустаниҳоро низ мехӯранд ва тухми паррандаҳоро медузданд. Қисми зиёди калтакалосҳо дар ҷойҳои гарму хушк, миёни сангҳо зиндагӣ мекунанд. Дандонҳои тез ва ҷоғи қавӣ доранд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ба инсон зарар намерасонанд.

Одамҳо асосан, аз мор метарсанд, вале на ҳамаи морон зарар мерасонанд. Онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ мекунанд. Хӯрокашон ҳашароту хазандаҳо калламуш ва ғайра аст. Аммо баъзе морон, аз қабили мори афъӣ, мори айнакдор ва шақшақамор хатарнок мебошанд. Дандонҳои онҳо мисли сӯзандору буда, д а р вақти газидан аз он ба организми тӯъма заҳр ворид мешавад ва ӯро мекушад. Морон заҳри худро барои муҳофизат кардан низ истифода мебаранд, бинобар он барои инсон низ хатарноканд. Баъзе морон аз қабили питон, мори печон ва анаконда ба ҳайвонҳои калон ҳуҷум карда, онҳоро бо тани худ мепечонанд ва то ҷон доданашон буғӣ мекунанд.

Бӯқаламун ҳам як навъи калтакалос мебошад. Хусусияти аҷоиби он иваз намудани рангаш аст. Одатан, ранги бӯқаламун сабз аст, вале агар хатаре таҳдид кунад ва дар появу шохҳои дарахтон бошад, метавонад, дарҳол қаҳваранг шавад. Забони бӯқаламун мисли забони қурбоққа дарозу часпак буда, ба воситаи он ҳашаротҳои гуногунро шикор мекунад. Зиндагии бӯқаламунҳо асосан, дар болои дарахт мегузарад онҳо ба воситаи думи дарозу пурқуввати худ дар болои дарахт ба осонӣ ҳаракат мекунанд.

Ин ҳайвонҳо, тавре ки аз номашон маълум аст, аз зери шикам ва болояшон бо ҷисми ниҳоят сахт (мисли санг) пӯшида шудаанд. 
Барои муҳофизат аз душман сару пойҳои худро зери он пинҳон мекунанд. 
Баъзе сангпуштҳо то 100-150 сол умр мебинанд. Онҳо гармиро дӯст медоранд, бинобар он дар биёбону нимбиёбонҳо зиндагӣ мекунанд. 
Аммо сангпуштҳои баҳрӣ ҳам ҳастанд, ки тамоми умрашон дар об мегузарад. Фақат ҳангоми наслгирӣ ба хушкӣ баромада, тухм мегузоранд. Онҳо баробари аз тухм баромадан ба баҳр мераванд.

Мори калонтарин анаконда аст. Ин мори обӣ, дар ҷангалҳои тропикӣ, дар Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Бадани анаконда сабзранги баланд ва доғдор буда, дарозиаш қариб 9 м аст. Хӯроки анаконда парранда ва ширхӯрҳое мебошанд, ки дар об ва ё хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди ҳаёти худро вай дар об мегузаронад, аз ҳавои атмосфера нафас мегирад. Гап сари он аст, ки вақте вай дохили об мешавад, сӯрохиҳои биниаш пӯшида мешаванд ва ҳаворо аз шуш хориҷ шудан намегузорад. Ва ин ҳаво имкон медиҳад, ки анаконда муддати зиёд дар об монад. Рӯзона вай баъзан ба хушкӣ мебарояд ва аз нурҳои офтоб истифода меборад, ҳамчунин хӯроки фурӯбурдаро ҳазм мекунад.

Паррандаи хурдтарини сайёраамон калибри ном дорад, ки ҳамагӣ 5 см аст. Онро баъзан пашша-парранда низ меноманд. Зеро ғайр аз он ки хурдҷусса аст, инчунин қанотҳояш хеле тез ҳаракат мекунанд ва мисли пашша садои ғингосӣ мебароранд. Вай дар як сония 80-маротиба пар мезанад. Ин парранда асосан дар Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираи Куба зиндагӣ мекунад. Қанотҳои калибри хеле зебо, ба мисли сангҳои қиматбаҳо ҷило дода, диққати касро ба худ ҷалб мекунанд.

Баъзе намуди парандаҳое, ки дар минтақаҳои зимистонаш хунук зиндагӣ мекунанд, аз охирҳои тирамоҳ сар карда, муҳоҷир мешаванд: онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, ба ҷануб – ба минтақаҳои гарм парвоз мекунанд. Дар асл муҳоҷирати Онҳо барои сард шудани ҳаво набуда, балки сабаби он камёфт шудани ғизо аст, зеро зимистон рустаниҳо ва ҳашаротҳову ҳайвонотҳои хурд нест мешаванд, дар минтақаҳои гарм бошад, дар ин боб мушкилие нест. Баҳорон онҳо, боз ба маконҳои азалии худ бармегарданд ва зиндагиашон идома меёбад.

Баъди он ки паррандаи мода тухм мегузорад ҳам нарина ва ҳам модина бо навбат болои тухм нишаста бо ҳарорати баданашон онҳоро гарм нигоҳ медоранд. Пас аз чанд рӯз аз тухмҳо чӯҷаҳо сар мебароранд. Чуҷаҳои баъзе паррандаҳо пашму парҳояшон инкишофёфта аз тухм мебароянд, баъзеи дигарашон урён таваллуд шуда сонӣ пашму пар мебароранд. То мустақил шуданашон падару модар онҳоро хӯронида, ҳимоят намуда, меҳрубонӣ мекунанд.

Дар миёни ҳама паррандаҳо давандатарин бешак шутурмурғи африқоист. Шутурмурғ (страус) гардани лучи баланд ва пойҳои дарозу боқувват дорад. Тааҷҷубовар он аст, ки шутурмурғ бо вазни гаронаш ба панҷаҳои пояш такя мекунад, ки ҳамагӣ ду ангуштӣ доранд. Наринаи шутурмурғ чуқурии амиқе меканаду модинааш дар онҳо то 12 тухм мегузорад, ки ҳар кадоме 2 кг вазн дорад. Онҳо бо навбат то чӯҷа баровардан боли он тухмҳо менишинанд. Онҳо аз хатари душманҳояшон – даррандаҳо мегурезанд агар гурехта натавонанд бо панҷаҳои боқувваташон ҳуҷуми душманонро мегардонанд. Гоҳо зарбаҳои сахти шутурмурғҳо марговар мешаванд.

Бум ва ҳамҷинси вай чуғз парандаҳои шабона ҳисоб мешаванд. Чашмони бум ниҳоят калон буда, ба мисли парандаҳои дигар на дар ду тарафи сар балки дар пешонӣ ҷойгир шудаанд. Қобилияти биноӣ ва шунавоии бум хеле хуб инкишоф ёфтааст. Бум ва чуғз одатан, шабона ба шикор мебароянд ва ниҳоят ором парвоз мекунанд. Чунин ҳолат имкон медиҳад, ки тӯъмаашон яъне ҳайвоноти хурд ва паррандаҳои дигар наздик шуданашонро пай набаранд.

Фарқи асосии ҳайвонҳои ширхӯр аз навъҳои дигар дар он аст, ки онҳо тифлони худро бо шири пистон тарбия мекунанд. Ғайр аз ин ҳамаи ширхӯрҳо насли худро зинда таваллуд мекунанд, яъне ҳамл дар дохили батни модар инкишоф ёфта, сипас таваллуд мешавад. Ширхӯрҳоро бо чунин аломатҳо фарқ мекунанд: баъзе ширхӯрҳо, масалан, кӯршапаракҳо парвоз карда метавонанд, вале аз паррандагон бо он фарқ мекунанд, ки пистони ширдиҳӣ доранд. Инсон низ ба гурӯҳи ширхӯрҳо дохил мешавад.

Ҳайвони даррандаи африқоӣ бабр аз ҷумлаи ҷондорҳои ширхӯрест, ки нисбат ба ҳайвоноти дигар тезтар медавад. Ғайр аз ин вай яке аз шикорчиёни моҳир дар миёни ширхӯрон аст, ки тӯъмааш аз чанголи вай халос шуда наметавонад. Бабр ба оилаи гурбаҳо дохил мешавад ва шаклан ба юз ва гурбаи хонагӣ монанд аст. Ин ҷонварҳо дар биёбону саваннаҳо зиндагӣ мекунанд ва ба шикори навъҳои гуногуни оҳу, харгӯш ва баъзе парандаҳо машғуланд.

Дар биёбонҳои рӯи замин (Саҳрои Кабири Африқо ва биёбони Ғарбии Осиё) шутур зиндагӣ мекунад. Вай ҳайвонест, ки ба шароити вазнини биёбон мутобиқ шудааст. Шутур ҳайвони пурқувват буда, дар мавсими гармову хушксолӣ пуртоқат аст. Аз ин хотир сокинони атрофи биёбонҳо шутурро ҳамчун ҳайвони боркаш ва саворӣ истифода мебаранд. Шутур бе об метавонад, якчанд рӯз зиндагӣ кунад, ӯ обро дар ҷои махсуси меъдааш захира мекунад. Барои хӯрок дар аррапушти худ кӯҳоне дорад, ки дар он чарбу захира мекунад ва ҳангоми пайдо накардани ғизо организмаш аз он истифода мебарад. Дар рӯи замин чанд навъи шутур вуҷуд дорад, ки асосан яккӯҳона ва дукӯҳона мешаванд. Ба ин оила инчунин лама ном ҳайвон низ дохил мешавад, ки дар қаторкӯҳҳои Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад.

Баъзе ширхӯрҳо тамоми умр дар об зиндагӣ мекунанд. Инҳо наҳанг, делфин ва моҳиҳои китмонанданд. Ҷисми ин ҷонварон ба моҳӣ монанд буда, аммо аз онҳо фарқи зиёд доранд. Онҳо на тавассути ғалсама, балки бо шуш нафас мегиранд, бинобар он ҳангоми нафасгирӣ рӯи об мебароянд. Ғайр аз ин онҳо пистони ширдиҳӣ доранд ва бачаҳояшон айнан мисли ширхӯрҳои дигар таваллуд мешаванд.

Ҳайвони ширхӯри аз ҳама бузурги сайёраи мо кити кабуд аст. Дарозияш то ба 30-метр ва вазнаш то ба 100-тонна мерасад. Он аз ҳайвони калонтарини хушкигард фили африқоӣ ҳам бузургтар аст. Кити кабуд ҳарчанд бузург бошад ҳам, вале хеле ҳайвони ботамкин аст. Хӯрокаш танҳо рустаниву ҳайвонҳои баҳрӣ (планктон) мебошад.

Кенгуру, ки дар қитъаи Австралия зиндагӣ мекунад, аз ҳайвоноти дигар фарқ дорад. Яъне модакенгуруҳо тифли навзоди худро дар халтаи шикамашон мегардонанд. Чунин халта дар баъзе навъҳои дигари ҳайвонҳои австриягӣ ҳам вуҷуд дорад. Онҳоро ҳайвоноти халтадор меноманд. Кенгуру ҳайвони беозор ва тарсончак буда, хуб медавад ва то дарозии 10 м ҷаҳида метавонад.

Филҳо аз ҷиҳати ҷусса ва вазн бузургтарин ҳайвонҳои хушкигарди ширхӯр мебошанд. Вазни фили африқоӣ аз 6-тонна зиёд аст ва қадаш ба 4-метр мерасад. Филҳои ҳиндӣ бошанд аз 3-тонна зиёд нестанд. Яке аз нишонаи муҳими филҳо хартуми онҳост. Хартуми филҳо дар ҷои бинӣ ва лаби болоияшон аст. Хартуми фил дароз буда, сӯрох аст. Бо ёрии хартум фил вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла, барои нӯшидан ва салқин намудани бадан гирифтани об, дур кардани ҳашарот, дастрас намудани ғизо (навдаҳои дарахтон ва ғайра) ва муҳофизат аз душманро дорад. Дандонҳои ашк (оҷ)-и фил ниҳоят дароз буда, баъзан то ба 3м мерасад. Вазни оҷ то ба 70 кг мерасад. Устухони оҷ хеле мустаҳкам буда, маводи пурқиммат ба шумор меравад. Одамон барои ба даст овардани оҷ филҳоро шикор мекунанд.

Ҳар як инсон ба падару модари худ монанд аст. Чаро ин тавр аст? Дар организми зан тухмҳуҷайра – ҳуҷайраи ҷинсии зан мавҷуд аст ва вақте вай ба ҳуҷайраи ҷинсии мард омехта мешавад, ҳомиладор шуда, аз ин ду ҳуҷайра тифл ба вуҷуд меояд. Дар ҳар ду ҳуҷайра ҳам аломатҳои организми марду зан, яъне ахбороти ирсӣ (генӣ), дар ирс (бофтаҳои мураккаби кимиёвии дохили ҳуҷайраҳо) ниҳон аст. Ҳамин тариқ, ҳам падар ва ҳам модар ба воситаи генҳо қисме аз аломатҳои худро ба фарзанд медиҳанд ва дар натиҷа баъзе аломатҳои кӯдаки ба воя расида ба модар ва баъзеи дигар ба падар, ҳатто ба бобову бибӣ монанд мешавад.

Ҳарчанд мову шумо ба падару модари худ монанд бошем ҳам, лекин ҳар як шахс аз шахси дигар фарқ мекунад. Ин фарқият ҳам дар намуди зоҳирӣ (қад, тану тӯш, ранги чашмону мӯи сар ва ғ) ва ҳам дар хислату рафтор мушоҳида мешавад. Сабаби ин фарқият низ генҳо мебошанд, зеро ҳар як инсон дорои аломатҳои генетикии аҷиб ва танҳо ба худаш хос мебошад, ки аз падару модар гирифтааст. Ғайр аз ин фарқи миёни одамон ба муҳит ва шароиту тарбия гирифтан низ вобаста аст.

Инсон низ мисли ҳайвон мавҷудоти зинда аст ва ба гурӯҳи ширхӯрҳо тааллуқ дорад, бинобар ин дар вай аломатҳои зиёде, ки ба ширхӯрҳои дигар монанданд, мушоҳида мешавад. Аммо фарқияти асосие, ки миёни инсону ҳайвон мавҷуд аст, ақли ӯст, яъне ғайр аз инсон дар ҷаҳон ягон чизи дигар ин сифатро надорад. Ғайр аз ин инсон нутқ дорад ва бино бар дорои ақлбуданаш фикру андешаи худро ба воситаи калимаву ҷумлаҳо баён карда метавонад.

Бадани инсон аз силлионҳо заррачаҳои хурд – ҳуҷайраҳо иборат аст. Ҳар як ҳуҷайра организми ниҳоят хурд мебошад, ки ғизо мегирад, афзоиш меёбад ва бо ҳуҷайраҳои дигар иртибот дорад. Ҳуҷайраҳои зиёди якҷинса бофтаҳоро ташкил мекунанд, ки узвҳои гуногуни бадани инсон аз онҳо таркиб ёфтаанд. Ҳар кадом ҳуҷайра аз ядро, ки бомоддаи ситоплазма иҳота шудааст ва онро пардаи тунуке, ки мембрана ном дорад пӯшондааст иборат аст. Ситоплазма обест, ки дар он минералҳои гуногуни ғизоӣ – карбогидратҳо, сафеда ва ғ. маҳлул шудаанд. Дар ядро бошад, маводе бо номи ДНК вуҷуд дорад, ки дар он ахбороти генетикӣ (ирсӣ) ниҳон аст.

Ҳаёти кӯдак мисли тамоми ҷондорҳои ширхӯр дар батни модар сурат мегирад. Организми одами нав ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки бордоршавии тухмҳуҷайраи занона, яъне омехташавии он бо ҳуҷайраи ҷинсии мардина ба амал ояд. Ин ҳодиса дар батни организми зан, вақте ба он ҳучайраи ҷинсии мардина ворид мегардад, рӯй медиҳад. Сипас зан ҳомиладор мешавад, яъне тухмҳуҷайра ба ҷанин табдил мегардад ва аз он кӯдак инкишоф меёбад. Дар давоми 9 моҳ тифл дар батни модар зиндагӣ мекунад ва пурра ба модар вобаста аст: Вай нафас ва ғизоро мустақилона истеъмол накарда, балки ба воситаи ноф аз организми модар мегирад.

Ҳомиладорӣ – давраест, ки аз лаҳзаи бордоршавӣ кӯдак дар батни модар аст. Кӯдак, яъне ҷанин дар аввали инкишоф мисли каллаи сӯзанак аст. Он мунтазам инкишоф меёбад ва аллакай дар 56-60 рӯзагӣ тамоми узвҳои асосӣ дилу шуш, ҷигар ва ғ. дар он пайдо мегарданд. Пас аз 3 моҳ бошад шакли инсонро мегирад, яъне сару пой, даст ва бадан пайдо мешаванд. Ва аз ҳамин рӯз ҷанин ба тифл (кӯдак) мубаддал мегардад. Тифл инкишоф меёбад ва дар давоми 9 моҳ пурра омодаи тавлид мешавад. Ҳамин тавр, ҳомиладорӣ бо таваллуди кӯдак хотима меёбад. Он гоҳ кӯдак аз вобастагӣ ба модар озод шуда, ба ҳаёти мустақилона қадам мегузорад.

Одатан занон дар як бор танҳо як фарзанд таваллуд мекунанд. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки ду ва ё зиёда аз он кӯдак таваллуд менамоянд. Ин ҳодиса дар ду ҳолат рӯй медиҳад. Ҳолати аввал, он аст, ки агар ҳар як тифл аз тухмҳуҷайраҳои алоҳидаи бордоршуда ба вуҷуд ояд. Онҳоро кӯдакони ҳамандом (двойник) меноманд. Ин ду кӯдак метавонанд, писару духтар ва ё ҳамҷинс бошанд, онҳо метавонанд ба ҳамдигар монанд бошанд ва ё он қадар ҳам монанд набошанд, яъне мисли он ки ду фарзанд аз ҳамон падару модар паи ҳам таваллуд шудаанд. Дар ҳолати дуюм як ҳуҷайраи бордоршуда ба ду қисм ҷудо мешавад ва дар натиҷа ду ҳуҷайраи тамоман якхела инкишоф меёбад. Аз он ду тифли якҷинса таваллуд мешаванд, ки ба ҳамдигар мисли «як себи ду тақсим» монанданд ва онҳоро ҳамандом меноманд.

Ҳамаи ҳуҷайраҳои организми одам бояд доимо аз оксиген ва ғизо таъмин бошад. Барои таъмини ҳуҷайраҳои бадан бо маводи зарурӣ, инчунин тоза кардан аз маводи нолозим системаи хунгард хизмат мекунад: Хун аз ғизо маводи заруриро ҷаббида ба воситаи рагу пайвандҳои хунгузар ба тамоми узвҳои организм тақсим мекунад.

Бо ёрии нафаскашӣ ва ғизохӯрӣ мо тамоми маводи барои организм заруриро мегирем. Он узвҳое, ки бо ёриашон мо нафас мегирем, системаи нафаскаширо ташкил мекунанд. Узвҳои дигар, ки ба фурӯбариву ҳазми ғизо марбутанд, системаи узвҳои ҳозима мебошанд: танҳо ҳангоми хӯрокҳазмкунӣ тамоми маводи зарурӣ ба организм паҳн мешавад.

Маълум аст, ки ғизо ба организми инсон нерӯ мебахшад ва инкишофи онро таъмин менамояд. Барои нигоҳдории саломатии инсон ва фаъолияти пурсамари вай намудҳои зерини маводи ғизоӣ муҳим мебошанд: карбогидратҳо (нон, шираворӣ, картошка, сабзавот ва ғ.), сафедаҳо (гӯшт, моҳӣ, шир, тухм), чарбу (навъҳои гуногуни равған), витаминҳо (тамоми анвои меваҷот)-и гуногун, намакҳои минералӣ ва об. Олимон чунин ҳисоб кардаанд, ки дар давоми рӯз бояд 50 фоизи ғизоро карбогидратҳо, аз се як ҳиссаро сафедаҳо, аз шаш як ҳиссаро чарбу ташкил намояд. Ғайр аз ин инсон бояд дар як рӯз 1,5 литр об ва ё моеи дигар истеъмол кунад.

Организми мо қариб 60 фоиз аз об иборат аст. Об барои тамоми равандҳои кимиёвие, ки дар бадани инсон сурат мегиранд, зарур аст. об дар организм миқдори муайяни намакҳои минералиро ҳал мекунад. Вақте як қисми оби бадани инсон ба воситаи арақ кардану буғ шудан (ҳангоми нафасбарорӣ) ва пешоб хориҷ мешавад, таносуби обу намакҳои минералӣ вайрон мегардад, яъне намакҳои минералӣ зиёд мешаванду об кам. Барои он ки мувозинати ин таносуб барқарор шавад, организм об талаб мекунад. Ҳамин тариқ, мо об нӯшида, ин нобаробариро ислоҳ мекунем.

Барои иҷрои вазифаҳои гуногун ба организми инсон қувва зарур аст. Организм ин қувваро бо роҳи истеъмоли ғизо ва нафасгирӣ, коркарди онҳо ба даст меорад. Албатта, дар ин раванд организм на танҳо қувва мегирад, балки ҳар гуна заҳру маводи нолозимро, ки онҳо қобили қабул нестанд, низ ҷудо мекунад. Ҷамъшавии чунин мавод дар дохили бадан ба организм зарар дорад. Аз ин рӯ организмро лозим аст, то мунтазам аз ин партовҳо раҳоӣ ёбад. Ин кор ба воситаи рагҳои хунгузар ва системаи ихроҷ (гурда) муяссар мегардад.

Гурда – яке аз узвҳои муҳими инсон маҳсуб ёфта унсурҳои заҳрноки аз маводи ғизоӣ ба хун ҳамроҳшударо тоза менамояд. Вақте ки хун бо рагҳои хунгузар аз дохили гурдаҳо мегузарад унсурҳои нолозим аз хун ҷудо шуда, дар дохили гурдаҳо мемонад. Баъдан ин ғаждиҳо тавассути пешоб аз организми инсон берун мешавад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.
Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.
Аз сатвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.
Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷойи модар.
Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.
Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.
Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.
Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.
Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.
Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шӯълаи нигоҳи толеънамойи модар.
Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯйи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.
Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.
Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.
Ғамхору ғамшарикон аз мӯйи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар.
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.
Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.
Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.
Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.
Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.
Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.
Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.
Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.
То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.
Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?
Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам.
Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё, модарам.
Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавонӣ хандарӯст,
Гирярӯям дар ғамат дар боғи гулҳо, модарам.
Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардоштӣ,
Бекасам бигзоштӣ дар роҳи фардо, модарам.
Рӯхарошон сохтӣ, гесӯпарешон сохтӣ,
Қоматам кардӣ дуто, эй ганҷи якто, модарам.
Меҳрубониҳои дунё бо ту зери хок рафт,
Кас наёзад сӯйи ман дасти тасалло, модарам.
Пасту болои ҷаҳон болои ҳам ғам медиҳад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.
Ҳамчу гӯри ту дилам аз орзуҳо сард шуд,
Эй ҷаҳони содаи ишқу таманно, модарам.
Зуд рафтӣ, зуд рафтӣ аз ҷаҳони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.
Рафт дар тобути ту ҳам буд, ҳам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.
Бурдӣ аз лаб хандаам, эй шӯълаи ояндаам,
Водареғо, модарам, сад водареғо, модарам!
Бо ду чашми хирабин нури кӯҳистон, модарам,
Шӯълае аз оташи оташпарастон, модарам.
Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,
Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, модарам.
Рӯзу шаб хобат намеояд зи сӯзишҳои дил,
Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.
Бингарӣ ҳар бор бар гаҳвораи холии ман,
Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.
Аз заминларза сутуни хонаат тарқидааст,
Эй сутуни рӯзгори нобасомон, модарам.
Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,
Сӯйи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам…
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадият паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯйи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷойи туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.
Ба кӯйи охират рафтӣ, сари кӯйи ту менолам,
Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.
Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯйи замин холист,
Ба рӯйи ин замин дар ҳасрати рӯйи ту менолам.
Ду дастат бо ҳама раъша мададгори ҳаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададҷӯйи ту менолам.
Чӣ суд аз кӯҳи Чилмеҳроб* бе меҳроби абруят,
Ман аз маҳрумии меҳроби абруи ту менолам.
Зи кӯҳи Осиё* гар нолаҳои обшор ояд,
Фузун аз ӯ чу фарзанди ғазалгӯйи ту менолам.
Такопӯ кардӣ баҳри ман тамоми умр роҳи бахт,
Ман акнун рӯзу шаб андар такопӯйи ту менолам.
Зи ман шоиртаре будӣ, ки лафзи нобам омухтӣ,
Ба ёди он ҳама алфози дилҷӯйи ту менолам.
Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,
Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.
Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯйи мазори ту,
Гуле аз орзуҳои ҷавонию баҳори ту.
Намегунҷад ягон дар гӯшаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгоҳи тусту хатми рӯзгори ту.
Қарореро намедонистӣ дар рӯйи замин умре,
Чӣ сон дар зери хок осуд ҷони беқарори ту?
Чӣ дунёе, ҳамин дирӯз бар ман фотиҳа додӣ,
Ки ҳар ҷое равам, бошам ба ҷойи ёдгори ту,
Кунун имрӯз гӯратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар раҳам чашмони чори ту.
Ба пойи турбатат биншаста, ҷӯйи ашк сар додам,
Ки рӯяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.
Бихондам сурае ҳам, то ки рӯҳат шод гардонам,
Ки шояд бишнавад оҳи маро Парвардгори ту.
Ту азбаски малак будӣ дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандаҳо он ҷо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рӯзе бар канори ту…
Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро.
Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардаам
Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.
Чун ту ҳам бигзаштиву умри ҷавонӣ ҳам гузашт,
Ҳамчу даврони ҷавонӣ ёд меорам туро.
Дар ҷаҳони танги кӯҳистон гузаштӣ аз ҷаҳон,
Дар сафарҳои ҷаҳонӣ ёд меорам туро.
Ҳар гаҳе дар худ фурӯ монам ва ё худ лаҳзае
Сахт гирад зиндагонӣ, ёд меорам туро.
Ёд меорам туро, чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли ҷонӣ, ёд меорам туро.
Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ,
Зери лаб гап мезадӣ, бо сад дуо гап мезадӣ.
Гиря мекардӣ ниҳон дар пушти девори алам,
Бо алам аз марги хешу ақрабо гап мезадӣ.
Камсухан будӣ, вале то пур бубинӣ бахташон,
Баҳри фарзандон паи радду бало гап мезадӣ.
Тоза мекардӣ барои хеш роҳи охират,
Рӯ ба кӯйи охират бо илтиҷо гап мезадӣ.
Нимаҷону ниматан мерафтӣ сӯйи ломакон,
Бо макони охиринат бесадо гап мезадӣ.
Дар танат хушкида буд завқи тапишҳо, лек боз
Бо умеди зиндагӣ бо зиндаҳо гап мезадӣ.
Шири покат буд позаҳри ҳама носурҳо,
Боз ҳам аз дарди дарди бедаво гап мезадӣ.
Пеши худ то ҳол ҳайронам, ки бо лабҳои хушк
Худ ба худ гап мезадӣ ё бо Худо гап мезадӣ…

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ