Психология

Истилоҳи «психология» (аз юн. psychc-рӯҳ, ҷон, равон ва logos -илм, таълимот) дар асри XVI ба илм ворид карда шудааст (Рудолф Гоклениус соли 1590). Айни замон ин мафҳум асосан дар ду маврид истифода бурда мешавад. Дар мавриди аввал, он ифодакунандаи ҳодисаҳои олами руҳист, дар мавриди дигар бошад, ифодакунандаи илмест, ки ҳодисаҳои олами рӯҳиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Меҳвари умумии ҳарду ҳолат ҳодисаҳои олами руҳӣ мебошанд, яъне дар ҳарду маврид ин мафҳум бо ҳодисаҳои олами руҳӣ алоқамандӣ дорад. Ҳамин тавр, мафҳуми «психология» маҷмӯи донишҳоеро муттаҳид менамояд, ки тавсифдиҳандаи олами руҳии мо ҳастанд. Донишҳои психологиро ба ҳаётӣ (ғайриилмӣ) ва илмӣ ҷудо менамоянд. Донишҳои ҳаётии психологӣ ҷаҳонбинии психологии одамонро берун аз доираи психологияи касбӣ муттаҳид мекунанд. Чунин донишҳо дар асоси таҷрибаи шахсӣ ё ҷамъиятӣ ташаккул меёбанд ва аз ин рӯ баъзан «психологияи муқаррарӣ» номида мешаванд.

Психология-илм дар бораи қонуниятҳои тараққиёт, пайдоиш ва зуҳуроти психика мебошад. Психологияро ҳамчун системаи донишҳои илмӣ танҳо он одамоне медонанд, ки махсус ба омӯзиши он машғул буда, масъалаҳои илмӣ ва асосиашро ҳал мекунанд. Аммо ҳамчун системаи зуҳуроти ҳодисаҳои психикӣ психология ба ҳама шинос аст. Одамон онро дар шакли эҳсосҳо, образҳо, тасаввуротҳо, зуҳуроти хотир, диққат, тафаккур, нутқ, хаёл, ирода, шавқу ҳавасҳо, маромҳо, талаботҳо, эмотсияҳо, ҳиссиётҳо ва ғайраҳо медонанд. Мо зуҳуроти асосии психикиро метавонем дар худ дарёбем ва дар дигарон мушоҳида кунем. Психология тӯли садсолаҳо ҳамчун илми мустақил вуҷуд надошта, донишҳои психологӣ дар илмҳои фалсафа, тиб, физиология ва ғ. истифода мешуданд. Баъдтар дар асрҳои ХVII- ХIХ доираи тадқиқоти психологҳо васеъ гардида, протсессҳои психикии фаҳмиданашаванда (бешуурӣ) ва фаъолияти инсонро фаро гирифт. Аз асри ХIХ сар карда психология ҳамчун илми мустақил худро муаррифӣ намуд. Дар асри ХХ илми психология тавонист тамоми ҷанбаҳои худро дар як системаи муайян муттамарказ намояд.

Объекти омӯзиши илми психологияро психика ташкил медиҳад, ки ҳам хоси одам ва ҳам мутааллиқ ба ҳайвонҳо буда, дар худ зуҳуротҳои гуногуни субъективиро таҷассум менамояд. Одам бо ёрии бархе аз ин зуҳуротҳо, ба монанди эҳсос, идрок, диққат, хотир, тафаккур, нутқ ва хаёл оламро маърифат мекунад. Барои ин онҳоро аксар вақт протсессҳои маърифатӣ низ меноманд. Зуҳуротҳои дигар бошанд, муоширати одамро ба танзим дароварда, амалу рафторҳои ӯро идора мекунанд. Онҳоро хусусиятҳои психикӣ ва ҳолати рӯҳии шахс меноманд, ки талаботҳо, маромҳо, мақсадҳо, шавқу ҳавасҳо, ирода, ҳиссиёт ва эмотсияҳо, майл ва қобилиятҳоро дар бар мегиранд. Ба ғайр аз ин психология муошират ва рафтори одам, вобастагии онҳоро аз зуҳуротҳои психикӣ ва дар навбати худ вобастагии ташаккулёбии зуҳуротҳои психикиро аз онҳо меомӯзад.

Психика (аз юнонӣ–равон) - инъикоси субъективии олами объективӣ дар майнаи сари одам аст. Психика ин аз тарафи майнаи сар инъикос намудани ҳақиқати объективӣ мебошад. Мафҳуми «Психика» ҳам ба инсон ва ҳам ба ҳайвон тааллуқ дорад. Зинаи олии психика- психикаи одам аст, ки бо истилоҳи «шуур» ифода карда мешавад. Маълум аст, ки майнаи сари ҳайвон ҳар қадаре, ки тараққӣ ёфта бошад, психикааш низ ба ҳамон дараҷа такмил меёбад. Пас, дар байни дараҷаи тараққиёти майна ва психика алоқа вуҷуд дорад. Ин алоқаю вобастагиро дар мисоли бемории майна мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳангоми осеб дидани он протсессҳои психикӣ, ба монанди хотир, нутқ, тафаккур ва ғ. низ суст мешаванд ва фаъолияти психикӣ тағйир меёбад. Ҳамаи ин вобастагии психика ва системаи асабро нишон медиҳад. Дар таърихи психология фаҳмиши психика ҳамчун функсияи майнаи сар ҳар хел дида баромада мешавад. Намояндагони равияи идеалистӣ дар чунин ақидаанд, ки ҳеҷ як ҳодисаи психикӣ заминаи моддӣ надорад, яъне ба майнаи сар бевосита тааллуқдор будани психикаро инкор мекунанд. Материалистон бошанд, заминаи моддӣ доштани ҳодисаҳои психикиро эътироф мекунанд. Мавқеи материализми омиёна (вулгарӣ, ба маънои ниҳоят сода) доир ба ин масъала ҷиддист. Тарафдорони материализми омиёна таъкид менамоянд, ки психика ба материя тобеъ аст. Чунин мавқеи илмӣ ба пайдоиши хулосаҳои нодуруст асос шуд. Онҳо таъкид мекунанд, ки чӣ навъе ҷигар аз худ зарда ҷyдо мекунад ва гурда – пешоб, ҳамин тавр майна фикрро ҷудо менамояд. Материалистони омиёна фаҳмида натавониста буданд, ки маҳз майна олами мавҷудотро инъикос мекунад.

Психика дар инъикоси олами объективӣ зоҳир мешавад. Психика ҳамчун як системаи том баромад мекунад, ки дорои таърих ва хусусиятҳои рефлекторӣ аст. Хусусиятҳои рефлекторӣ маънои онро дорад, ки психика танҳо инъикоси яктарафаи ҳақиқат набуда, дар он алоқаи баръакс низ дида мешавад, яъне одам ба ҳақиқати воқеӣ таъсир мерасонад. Фаҳмиши табиати рефлекторӣ доштани психикаро аввалин маротиба физиологи рус И.М.Сеченов пешниҳод намудааст. Тасаввуроти асосии муосир доир ба механизмҳои физиологии фаъолияти психикӣ дар кори И.М.Сеченов, И.П.Павлов, И.Е.Введенский, А.А.Ухтомский, П.К.Анохин, Н.А. Бернштейн дида мешавад. Фаҳмиши муосири психика бошад, аз тарафи олимон Л.С.Виготский, А.Н.Леонтев, А.Р.Лурия, С.Л.Рубинштейн ва дигарон пешниҳод карда шудааст.

Шуур- дараҷаи олии инъикоси психикӣ ва худидоракунӣ буда, танҳо ба инсон хос аст. Шуур дар натиҷаи шароитҳои ҷамъиятӣ- таърихии ташаккули одам дар фаъолияти меҳнатӣ ҳангоми муоширати доимӣ бо одамони дигар ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ «муносибати ман ба ҷамъияти ман, ин аст шуури ман» (К.Маркс).

Ҳодисаҳои психикӣ гуфта, ҳамон ҳодисаҳоеро мафаҳмад, ки ба олами ботинии инсон хосанд.

Ҳодисаҳои психикиро аз рӯи зуҳуроташон ба се гуруҳ ҷудо мекунанд: протсессҳои психикӣ (маърифатӣ); хусусиятҳои фардӣпсихологии шахс; ҳолатҳои психикӣ (эмотсионалӣ).

Протсессҳои психикӣ зуҳуротҳои психикие мебошанд, ки дар намудҳои мураккаби фаъолияти психикӣ зоҳир мешаванд. Онҳо кӯтоҳмуддат буда, аз сонияҳо то даҳҳо дақиқа давом мекунанд. Ба протсессҳои психикӣ эҳсос, идрок, диққат, хотир, тафаккур, нутқ ва хаёл дохил мешаванд. Протсессҳои психикиро он гуруҳи ҳодисаҳои психикӣ ташкил мекунанд, ки ба воситаи онҳо маърифати олами воқеӣ ҷараён мегирад, яъне раванди донишазхудкунии одамро таъмин менамоянд.

Ба хусусиятҳои фардӣ-психологии шахс мизоҷ, характер ва қобилият дохил мешаванд, ки фардияти инсон, яъне такрорнашавандагии ӯро аз ҷиҳати психикӣ таъмин менамоянд.

Эмотсия, ҳиссиёт ва ирода ба ҳолатҳои психикӣ мансуб буда, туфайли онҳо таассуроти шахс ба таъсироти олами беруна зоҳир мешавад.

Психология ҳамчун илм дорои соҳаҳои гуногун мебошад: психологияи умумӣ, синну солӣ, иҷтимоӣ, педагогӣ, тафриқавӣ, зоопсихология, психологияи муҳандисӣ, психологияи кайҳон, психологияи тиббӣ, психологияи варзиш, нейропсихология, психогигиена, психогенетика, психолингвистика, психометрия, психосемантика, психологияи санъат, психологияи таблиғот, психологияи ҳуқуқ, этнопсихология, патопсихология, психотерапия, психофизика, психоформакология, психофизиология, психологияи меҳнат ва ғ.

Категорияҳои психология - мафҳумҳои характери умумӣ дошта мебошанд, ки моҳияти ҳодисаҳои психикиро инъикос менамоянд. А.Н. Леонтев чунин категорияҳои асосии психологиро, ба монанди фаъолият, шуур ва шахс ҷудо мекунад. М.Г. Ярошевский бошад образ, амал, маром, муошират, фард ва шахсро ҷудо кардааст.

Метод-ҳамчун вожа аз калимаи юнонии methodos гирифта шуда, маънояш дар забони тоҷикӣ таҳқиқ, усули таҳқиқи ҳодисот, муносибат бо зуҳуроти омӯхташаванда, роҳи нақшавии тафаккури илмӣ ва бунёдсозии ҳақиқат мебошад. Умуман методро маъмулан бо калимаҳои тарз, усули тадқиқ, восита, назария, тимсоли амал ифода кардан мумкин. Ҳар як намуди фаъолият методи худро дорад. Метод аслан натиҷаи фаъолияти амалии инсон мебошад.

а) мушоҳида б) озмоишӣ (эксперимент).

Мушоҳида (дар психология) - методи тадқиқоқӣ буда, барои ҷамъ овардани далелу маълумотҳо дар бораи ҳаёти психикии инсон хизмат мекунад. Объекти мушоҳидаро ягон тарафи муайяни ҳаёти психикии одам ташкил мекунад.

а) мунтазам ва номунтазам; б) куллӣ ва интихобӣ; в) ошкоро ва махфӣ; г) бавосита ва бевосита; ғ) воридшуда ва вориднашуда.

Агар мушоҳида аз рӯи нақшаи пешакӣ муайянкардашуда ҷараён гирифта, ҳангоми он хусусиятҳои бақайдгирифташавандаи рафтор муайян ва шароитҳои муҳити иҳотакарда гуруҳбандӣ шаванд, бақайдгирии хусусиятҳои предмети тадқиқот дар давраҳо ва ё шароитҳои гуногун ба нақша гирифта шавад, пас онро мушоҳидаи мунтазам меноманд. Дар мушоҳидаи номунтазам бақайдгирии вобастагиҳои сабабӣ ва тавсифи пурраи зуҳурот муҳим набуда, тадқиқот бо тасвири як қатор нишондиҳандаҳои ҷамъбастшудаи рафтори фард ё гуруҳ дар шароитҳои муайян қаноатманд мегардад. Ин намуди мушоҳида дар этнопсихология, психологияи иҷтимоӣ ва дар психологияи синну солӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Дар мавриди мушоҳидаи куллӣ тадқиқотчӣ ё гуруҳи тадқиқотчиён тамоми хусусиятҳои мушоҳидашавандаи рафтори объектро ба қайд мегиранд.Ҳангоми мушоҳидаи интихобӣ бошад, танҳо ба ҷанбаҳои муайяни рафтор диққат дода мешавад. Масалан, танҳо такроршавандагии бадхашмӣ, ё ин ки муддати амалиёти якҷояи модару кӯдак дар давоми рӯз ба қайд гирифта мешавад.

Чунин шакли баргузории мушоҳидаи психологӣ, ки ҳангоми он мушоҳидашаванда аз раванди мушоҳида огоҳ аст, мушоҳидаи ошкоро меноманд. Ҳангоми мушоҳидаи ошкоро хусусиятҳои шахсияти мушоҳид ва давомнокии раванди мушоҳида аҳамияти муҳим доранд, чунки барои бартараф намудани таъсири «назорат» ба ӯ лозим меояд, ки дар муддати муайян ва бо рафтори мувофиқ «худӣ» будани худро нишон диҳад, то мушоҳидашавандагон бо ӯ унс гиранд. Аксар вақт воқиф будани мушоҳидашаванда ба ҷараёни табиии мушоҳида таъсири манфӣ мерасонад, зеро «назорати» берунӣ боиси тағйирёбии рафтори вай мегардад. Дар чунин ҳолат мушоҳидаи махфӣ бештар натиҷа медиҳад, ки ҳангоми он объекти мушоҳида аз раванди он огоҳ нест.

Мушоҳидаи психологӣ метавонад ба таври бевосита ва ё тавассути воситаҳои техникӣ амалӣ гардонида шавад. Дар ҳолате, ки он тариқи «мушоҳидаи зинда» ҷараён гирифта, ба сифати воситаҳои бақайдгирӣ танҳо имкониятҳои табиии одам ва қаламу қоғаз баромад мекунанд, сухан дар бораи мушоҳидаи бевосита меравад.Ҳангоми мушоҳидаи бавосита ду намуди воситаҳо истифода бурда мешаванд: а) воситаҳои ёрирасон (дурбин, девори аз як ҷониб шаффоф - девори Гезелл, дастгоҳҳои банаворгирии махфӣ ва ғ.); б) воситаҳои бақайдгирандаи раванди мушоҳида (дастгоҳи суратгирӣ, видеобанаворгиранда, дастгоҳи сабти садо ва ғ.).

Мушоҳидаи воридшуда ҳамон мушоҳида аст, ки дар рафти он мушоҳид ба доираи фаъолияти мушоҳидашаванда ворид мешавад ва онро мушоҳида мекунад. Дар мушоҳидаи вориднашуда бошад, зарурати ворид шудан ба доираи фаъолияти объект вуҷуд надорад.

Эксперимент ё озмоиши психологӣ методи асосии тадқиқоти психологӣ ба шумор меравад. Донишҳои объективӣ ва назарияҳои илмии психологӣ маҳз бар асоси натиҷаҳои ин метод устуворанд. Асосгузори эксперименти психологӣ олим - табиатшиноси немис Г.Т. Фехнер (1801-1887) шуморида мешавад, ки ду даҳсола қаблтар аз таъсисёбии озмоишгоҳи Вундт як қатор методҳои эксперименталии психологиро кор карда баромада буд, аммо аз таърих маълум аст, ки озмоиши психологӣ аз ҷониби мутафаккирони замони пешин, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино низ истифода бурда шудааст. Психологи рус В.Н.Дружинин эксперименти психологиро таъриф дода, чунин қайд кардааст: «ин фаъолияти якҷояи озмудашаванда ва озмоишгар аст, ки аз ҷониби озмоишгар ташкил дода шуда, ба тадқиқи хусусиятҳои психикаи озмудашаванда равона мегардад».

а) табиӣ; б) лабараторӣ; в) муқарраркунанда; г) ташаккулдиҳанда.

Дар эксперименти табиӣ шароити бавуҷудовардашуда ба муҳити муқаррарии ҳаёти озмудашавандагон монанд буда, мазмуни табиии фаъолияти онҳоро нигоҳ медорад ва бо ин хусусияти худ имконият медиҳад, ки таъсири шароити нав ба психикаи озмудашаванда бартараф карда шавад. Эксперименти табиӣ бори аввал соли 1910 аз ҷониби А.Ф.Лазурский (1874-1917) барои омӯзиши шахсияти мактаббачагон кор карда баромада шудааст. Ин шакли озмоиши психологиро ба намудҳои гуногуни фаъолияти одам: бозӣ, таълим, меҳнат татбиқ намуда, унсурҳои психикаро дар шакли табиӣ ва дар раванди тараққиёташон омӯхтан мумкин аст, зеро чӣ тавре ки маълум аст, психика дар ҷараёни фаъолият зоҳир мешавад ва инкишоф меёбад.

Тадқиқот ҳангоми эксперименти лабораторӣ дар озмоишгоҳи психологӣ, бо ёрии дастгоҳҳои махсус баргузор мегардад. Озмудашаванда огоҳ аст, ки бо ӯ озмоиш гузаронида мешавад ва аз рӯи дастури пешниҳодшаванда амал мекунад (баъзан мақсади аслии озмоиш ба озмудашавандагон ошкор карда намешавад). Озмоиши лабораторӣ дар омӯзиши унсурҳои мухталифи фаъолияти психикӣ, аз ҷумла дар тадқиқи протсессҳои сенсорӣ (эҳсос), персептивӣ (идрок), мнемикӣ (хотир), интелектуалӣ (тафаккур, ақл), моторӣ (ҳаракат, аксуламалҳо), иродавӣ ва характерологӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Эксперименти муқарраркунада ба муқарраркунии алоқаҳои дар раванди инкишофи психикӣ шаклгирифта равона гардидааст, яъне ҳангоми он хусусияти алоҳидаи психикӣ муайян ва сатҳи инкишофи онҳо муқаррар карда мешавад.

Эксперименти ташаккулдиҳанда имконият медиҳад, ки хусусиятҳои чунин протсессҳои психикӣ, ба монанди идрок, хотир, тафаккур ва ғайра мақсаднок ташаккул дода шаванд. Таълимот дар бораи эксперименти психологӣ - педагогии ташаккулдиҳанда ба олими рус В.В.Давидов тааллуқ дорад.

а) худмушоҳида; б) методи дугоникҳо; в) баҳои экспертӣ; г) сотсиометрия; ғ) тамсиласозӣ.

Худмушоҳида-аз тарафи одам мушоҳида кардани ҳаёти психикии худ аст, ки барои ба қайд гирифтани зуҳуротҳои он (фикрҳо, ҳиссиётҳо ва ғ.) имконият медиҳад. Худмушоҳида дар раванди муошират бо одамони дигар ва аз худ кардани таҷрибаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Худмушоҳида дар ташаккули худшиносӣ ва худназораткунии шахс нақши муҳимро мебозад. Дар психологияи муосир худмушоҳида ҳамчун методи тадқиқотӣ эътироф карда намешавад ва маълумотҳои ба воситаи ин метод бадастовардашуда эътимоднок нестанд, вале ҳамчун маълумоти иловагӣ ба натиҷаҳои туфайли методҳои объективӣ гирифташуда истифода бурда мешаванд. Натиҷаҳои худмушоҳидаро дар ҳуҷҷатҳои гуногун-мактубҳо, ҳолнома, пурсишномаҳо ва ғ. қайд кардан мумкин аст. Худмушоҳидаро бояд аз интроспексия ҳамчун методи субъективӣ фарқ кард. Дар аксари ҳолатҳо натиҷаи худмушоҳида ҳеҷ гоҳ аз хатогӣ холӣ нестанд, зеро шахс ҳамеша барои ба дараҷае беҳтар нишон додани хусусиятҳои худ майл дорад.

Ин метод соли 1875 аз ҷониби олими англис Френсис Галтон (1822 - 1911) барои ошкор намудани нақши генотип ва муҳит дар инкишофи шахс кор карда баромада шудааст. Мақсади асосии ин метод муайян кардани нақши омили биогенетикӣ ва сотсиогенетикӣ дар асоси таҳлили муқоисавии дугоникҳои яктухма ва ҷудотухма дар детерминатсияи зуҳуроти омӯхташавандаи психикӣ аст. Айни замон вариантҳои гуногуни ин метод кор карда баромада шудаанд, аз ҷумла методи азҳамҷудосозии дугоникҳои яктухма, «дугоники назоратшаванда», «ҷуфти дугоникҳо» ва ғайра.

Баҳои экспертӣ - методи баҳо додан ба хусусиятҳои шахс бо роҳи дарёфти миёнаи арифметикии фикри мутахассисони алоҳида мебошад. Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки маълумот дар бораи хусусиятҳои шахс аз мутахассисоне, ки ӯро дар фаъолиятҳои гуногун мушоҳида кардаанд, дастрас ва ҷамъбаст карда мешавад. Барои ҷамъбастнамоии фикри мутахассисон ва дарёфти миёнаи арифметикии он асосан усули баҳогузорӣ аз рӯи «холҳои канорӣ»- ро истифода мебаранд, аммо баъзан усулҳои фаъолияти коллективии экспертӣ низ дар намуди машварат, мубоҳиса, «ҳуҷуми зеҳнӣ» истифода бурда мешаванд. Методи мазкур як навъ омезиши методҳои мушоҳида ва суҳбат буда, барои омӯзиши хусусиятҳои шахс ва динамикаи инкишофи психикӣ пешбинӣ гардидааст.

Ин метод аз ҷониби олими руминтабори амрикоӣ Ҷекоб Леви Морено барои омӯзиши муносибатҳои байнишахсӣ кор карда баромада шудааст. Сотсиометрия маъмултарин методи тадқиқоти иҷтимоӣ-психологии омӯзиши гуруҳҳои хурди одамон ва мавқеи шахс дар гуруҳ буда, моҳиятан аз омезиши методҳои озмоиш ва пурсиши психологӣ таркиб ёфтааст.

Мавқеи сотсиометрӣ ин мавқеи шахс дар системаи муносибатҳои дохилигуруҳии байнишахсӣ мебошад, ки бо ёрии тести сотсиометрӣ муайян мегардад. Ҷ.Марено чунин мавқеъҳои шахсро дар гуруҳ ҷудо намудааст: ситораи гуруҳ, писандидаи гуруҳ, қабулшудаи гуруҳ, радшудаи гуруҳ ва ҷудошудаи гуруҳ.

Тамсила-ин шакли ба таври сунъӣ сохташуда ва нисбатан соддакардашудаи зуҳуроти омӯхташаванда мебошад, ки унсурҳои барои тадқиқот зарурии сохтори он нигоҳ дошта шуда ё ҳатто пурзӯр гардонида шуда, унсурҳои дигар метавонанд бартараф карда шаванд. Тамсиласозӣ ё моделсозӣ ҳамчун метод дар он ҳолате истифода бурда мешавад, ки агар зуҳуроти омӯхташаванда мураккаб ва дастнорас бошад. Дар чунин маврид тамсилаи сунъии зуҳуроти омӯхташаванда сохта мешавад ва бо он тадқиқот гузаронида мешавад. Тамсилаҳо метавонанд техникӣ, мантиқӣ, математикӣ ва ё кибернетикӣ бошанд.

а) суҳбат; б) пурсиш; в) анкета; г) таҳлили маҳсули фаъолият; ғ) тестҳо; д) методи лоиҳавӣ.

Суҳбати психологӣ ин гуфтугӯ дар байни ду шахс аст, ки дар рафти он яке хусусиятҳои психологии дигареро ошкор месозад. Ин метод асосан бо мақсади ошкорсозии хусусиятиҳои фардии шахс (соҳаи маромҳо ва эмотсионалӣ, донишҳо, эътиқод, мақсадгузориҳо, системаи муносибатҳо ва ғ.) ташкил карда мешавад. Яке аз шаклҳои суҳбат мубоҳиса мебошад. Мусоҳиба ё интервючунин методи тадқиқоти иҷтимоӣ - психологӣ мебошад, ки бадастоварии маълумотро дар шакли пурсиши афкори одамон доир ба масъалаи тадқиқшаванда ва таҳлили муқоисавии ҷавобҳо пешбинӣ мекунад. Методи мусоҳиба асосан хоси тадқиқоти иҷтимоӣ мебошад. Дар психология бошад он дар соҳаҳои психологияи иҷтимоӣ, психологияи шахс ва психологияи меҳнат истифода бурда мешавад. Мусоҳибаро «псевдосуҳбат» (аз юн. псевдос-дурӯғин) меноманд, зеро он дар шакли суҳбати кӯтоҳ ҷараён мегирад ва ҳангоми он озодии мавзуъ низ маҳдуд аст. Шакли дигари суҳбати психологӣ пурсиш мебошад. Пурсиш дар тадқиқоти психологӣ чунин методи бадастоварии маълумот аст, ки ҳангоми он дар асоси ҷавобҳои озмудашавандагон ба як қатор саволҳои бо таври шифоҳӣ пешниҳодгардида доир ба хусусиятҳои психикаи онҳо хулосаҳо бароварда мешаванд.

Анкета ин варақаи саволнома барои дастраснамоии ҷавоб ба маҷмӯи саволҳои пешакӣ муқарраркардашуда мебошад. Анкетаҳои психологӣ одатан дар шакли саволномаҳои бастандартдаровардашудае сохта мешаванд, ки аз рӯйхати мулоҳизаҳо иборат буда, озмудашавандагон метавонанд бо мазмуни онҳо розӣ шаванд ва ё розӣ нашаванд.

Анкетаҳои кушода ва пӯшида. Дар анкетаҳои кушода савол гузошта мешавад ва ҷавоб озод аст. Дар анкетаи пӯшида бошад, барои ҳар як савол якчанд варианти ҷавоб пешбинӣ шудааст, ки озмудашаванда яке аз онҳоро интиҳоб мекунад.

Методи таҳлили маҳсули фаъолият ин методест, ки моҳиятан ба тестҳои проективӣ монанд аст, вале на натиҷаҳои супориши махсуспешниҳодгардида, балки маҳсули фаъолияти дар шароити табиӣ иҷронамудаи шахсро таҳлил менамояд

Тести психологӣ ин маҷмӯи супоришҳои бастандартдароварда- шудаи кӯтоҳмуддатест, ки баҳои миқдорӣ ва сифатии натиҷаи иҷроиши онҳо мавҷудият ва ё дараҷаи инкишофи функсияҳои муайяни психикиро ошкор месозад.

Методҳои лоиҳавӣ методест, ки дар доираи супоришҳои тестӣ маҳдуд нашуда, фаҳмиши васеътарро дорад ва аз рӯи мавқеи худ дар байни тестҳо ва таҳлили маҳсули фаъолият қарор гирифтааст. Методи мазкур хусусан дар ташхиси ҳолатҳои амиқи рӯҳии кӯдакон ва ҳодисаҳои дар сатҳи бешуурӣ ҷараёнгиранда фаъол аст.

Бихевиoризм – равияи психологиест, ки даҳаи дуюми асри ХХ дар ИМА ба вуҷуд омадааст (Э.Торндайк, Дж. Уотсон ва дигарон). Асоси бихевиoризмро инкори психика ва шуур ҳамчун предмети тадқиқоти психология ташкил медиҳад. Онҳо рафторро ҳамчун предмети омӯзиш қарор додаанд. Бихевиoризм дар асоси муносибати механикӣ ба одам пайдо шудааст. Бихевиористон ба рафтор ҳамаи он амалҳои ҷавобии организмро ба водоркунандаҳои берунӣ мансуб медонистанд, ки аз берун мушоҳида мешаванд. Ҳамин тариқ, бузургии таҳлили рафтор алоқаи мушаххаси водоркунанда (S) ва амали ҷавобӣ (R) мебошад. Бихевиoризм аз ҳама гуна шаклҳои методи интроспексия даст кашида, методи эксперимент ва мушоҳидаи объективиро пешниҳод менамояд, ки дар он алоқаи S-R бо мақсади пешгӯии рафтори субъект ва «идоракунӣ»и он тадқиқ карда мешавад. Дж. Уотсон ва шогирдонаш протсессҳои психикиро мaҳз дар доираи ин чорчӯба дида баромаданд.

Психоанализ-яке аз равияҳои илми психология мебошад, ки аз тарафи психиатр ва психологи австриягӣ З.Фрейд дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ пешниҳод шудааст. Дар таълимоти З.Фрейд мавқеи марказиро протсессҳо ва маромҳои психикии бешуурона ишғол мекунанд. Психоанализ ҳаёти руҳиро аз се ҷиҳат дида мебарояд: динамикӣ (ҳамчун натиҷаи ҳамкорӣ ва бархӯрди қувваҳои гуногуни психикӣ), иқтисодӣ (тавсифи энергетикии ҳаёти руҳӣ) ва топикӣ (ташкили сохтории психика). Хизмати бузурги З.Фрейд дар он аст, ки ӯ аввалин шуда проблемаҳои қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ҳаёти руҳии одам, маромҳо ва майлҳо, тавсифи маъногӣ ва энергетикии психика, ташкили сохторӣ ва динамикии онро дар як назарияи том тарҳрезӣ намудааст. З.Фрейд нақшаи психикаро бо фарогирии се доираи он пешниҳод намудааст, бошуурӣ; зершуурӣ, ки бо хусусиятҳои худ ба шуур наздик аст; бешуурӣ, ки ҳамчун инстансия-сензураи аз бошуурӣ ва зершуурӣ ҷудо буда тавсиф дода мешавад. Ппсихоанализ яке аз асосҳои назариявии Фрейдизм ба шумор меравад.

Психогенетика шохаи илм аст, ки дар байни генетика ва психология қарор дорад. Психогенетика асосан аз ду кори илмии Ф. Галтон сарчашма мегирад: «Ирсияти истеъдод» (1869) ва мақолаи «Таърихи дугоникҳо ҳамчун меъёри қувваи мутлақи табиат ва тарбия» (1875). Предмети психогенетикаро бавуҷудоии хусусиятҳои психологии фардии одам, ошкор кардани нақши генотип ва муҳит дар ташаккулёбии онҳо ташкил медиҳад. Психогенетика методҳои генетикаи муосирро истифода мебарад: популятсионӣ, генеалогӣ, методи кӯдакони ба фарзандҳон қабулшуда ва методи дугоникҳо. Дар байни ин методҳо ду методи охирон бартарӣ доранд.

Методи кӯдакони ба фарзандхон қабулшуда ба омӯзиши муқоисаи монандии кӯдаки ба фарзандҳон қабулшуда бо волидайни биологӣ ва қабулкарда сару кор дорад: аввалан кӯдак ба ҳисоби миёна дорои 50%-и генҳои умумӣ аст, аммо дорои муҳити умум нест; сониан, баръакс, дорои муҳити умумӣ аст, аммо генҳои умумиро соҳиб нест (агар волидайни ба фарзандхон қабулкарда ба кӯдакон муносибати хешутаборӣ надошта бошанд). Аз ин ҷост, ки монандии кӯдак бо ин ё он волидайн барои муайян кардани таъсири омилҳои генетикӣ ва ба муҳит вобаста ба гуногунии аломатҳои омӯхташаванда имконият медиҳад. Методи дугоникҳо дар он ифода меёбад, ки дугоникҳои монозиготӣ дорои маҷмӯи баробари генҳо мебошанд, аммо дугоникҳои дизиготӣ (дугоникҳое, ки аз ду тухмҳуҷайра ба вуҷуд омадаанд) монанди дигар бародарону хоҳарон 50%-и генҳои якхеларо соҳибанд.

Психологияи гуманистӣ равияи дигари психология мебошад, ки дар миёнаи асри ХХ дар Амрико пайдо шудааст. Ин равия таълим медиҳад, ки одам ҳамчун субъекти фаъол омӯхта шавад, чунки ӯ ҳамеша ба худ баҳо медиҳад, рафторашро идора мекунад ва ғайра. Психологияи гуманистӣ заминаҳои психологии инкишофи шахс, такмили шахсият, ҳисси масъулият, эҷодкории шахс ва дигар масъалаҳоро баён мекунад.

Гешталтпсихология таълимоти психологие аст, ки дар Германия охири асри XIX ва аввали асри ХХ пайдо шудааст. Дар пайдоиши ин равия хизмати олимони немис М. Вертчеймер, К. Кофка, В.

Психологияи ассотсиативӣ равияи илми психология мебошад, ки ассотсиатсияро ба сифати принсипи асосии шарҳдиҳии динамикаи протсессҳои психикӣ муаррифӣ мекунад. Таълимоти психологияи ассотсиативиро Р.Декарт, Б.Спиноза, Г.Гоббс, X.Локк,

Психологияи варзиш соҳаи илми психология аст, ки қонуниятҳои зоҳиршавӣ ва тараққиёти психикаро дар шароитҳои фаъолияти варзишӣ меомӯзад. Психологияи варзиш ба омӯзиши масъалаҳои зерин сару кор дорад: имкониятҳои баланд бардоштани таъсирбахшии машқи варзишгарон; масъалаҳое, ки ба иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳо алоқаманданд; масъалаи батанзимдарории ихтиёрии (психикии) фаъолияти варзишӣ ва ҳолати психикӣ, психологияи коллективҳои варзишӣ, муносибати байниҳамдиарии мураббӣ ва варзишгар; шахсияти варзишгар.

Психология дар мактаб фанни таълимӣ аст, ки мазмуни онро асосҳои донишҳои илмӣ дар бораи қонуниятҳои протсесҳои психикӣ ва қонуниятҳои ташаккулу инкишофи хусусиятҳои психикии шахс ташкил медиҳанд. Соли 1804 таълими ин фан дар Россия дар мактабҳои миёна ҷорӣ карда шуд. Омӯзиши психология дар мактаб дар гимназияҳо аз соли 1905 оғоз ёфт. Ҳокимияти подшоҳӣ таълими ин фанро барои мақсадҳои худ бар зидди материализм ва фаҳмиши табиию илмии ҳаёти руҳӣ истифода мебурд. Имконият намедод, ки дар дарсҳо масъалаҳои муносибати психика ва майнаи сар, озодфикрӣ, озодии ирода ва пайдоиши ҳиссиётҳо бардошта шаванд. Китоби дарсии «Психология дар мактаб», ки муаллифаш Г.И.Челпанов буд, ҷавобгӯи ин масъалаҳо буд. Аз соли 1947 то соли 1959 таълими психология дар мактаб дар мактабҳои шӯравӣ боз ҳам вусъат ёфт. То соли 1958 аз рӯи китоби дарсии Б.М.Теплов, баъдтар аз рӯи дастури таълимии «Психология»-и Г.А.Фортунатов ва А.В.Петровский таълим дода мешуд. Дар рафти таълими психология дар мактаб таҷрибаҳо, иҷрои супоришу масъалаҳо ва филмҳои таълимӣ истифода мешуданд. Баҳри ин дастури методии Ю.Н.Саморин «Очеркҳо доир ба усули таълими психология дар мактаби миёна» (1950) ва П.А.Шеварев «Тасвирҳо ва таҷрибаҳо дар курси психология» (1949) хизмат менамуданд. Хонандагон ҳангоми таълими «Психология дар мактаб» бо асосҳои илмии ташкили корҳои мустақилона шинос мешуданд, тарзҳои мушоҳидакунии мақсадноку мунтазамро аз худ менамуданд, бо роҳҳои бахотиргирии бардавом мусаллаҳ мегардиданд ва ғ. Психология дар мактаб нақши муҳимро дар худтарбиякунии ирода ва характери ҷавонон мебозад. Ба хонандагон дар бораи протсесҳои маърифатӣ, ҳолатҳои психикӣ ва хусусиятҳои фардии инсон маълумотҳои мушаххас медиҳад.

Психологияи дин соҳаи психологияи иҷтимоӣ мебошад, ки дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (В.Вундт, У.Джемс, Т.Рибо ва диг.) пайдо шуд ва имрӯзҳо кӯшиши ҳамчун илми мустақили психологӣ шуданро мекунад. Предмети он омӯзиши шуури динӣ ва объективикунонии он дар маросимҳои динӣ ва вазифаҳои он бурдани кори илман асосноккардашуда доир ба пешгирӣ намудани хурофотҳою таассуби динӣ ва инчунин азнавтарбиякунии диндорон аст. Психологияи дин асосҳои психологии дин, хусусиятҳои психологии эътиқоди динӣ ва ҳиссиёти динӣ, ҷанбаҳои психологии ибодат ва парастиши динӣ, ташаккул ва хусисиятҳои психологии шахсияти диндорро меомӯзад.

Психологияи мардумӣ (этнопсихология) соҳаи психология мебошад, ки бо таҳлили муқоисавии тарзи ҳаёти психикии қабила, халқиятҳо ва миллатҳо машғул аст. Тадқиқот асосан дар заминаи маълумотҳо доир ба маданияти моддӣ ва маънавии ин халқиятҳо, зимни ҳаёти иҷтимоӣ ва шуури ҷамъиятии онҳо сурат мегиранд. Дар психологияи мардумӣ (этнопсихология) забон яке аз унсурҳои муҳиме ба шумор меравад, ки тавассути он ҷанбаҳои муайяни ҳаёти руҳии мардумҳои гуногун тавсиф дода мешавад.

Психологияи меҳнат соҳаи илми психология аст, ки аллакай ҳамчун илми мустақил арзи вуҷуд дорад ва хусусиятҳои психологии фаъолияти меҳнатӣ, вобастагии онро аз шароитҳои иҷтимоӣ – таърихӣ ва мушаххаси истеҳсолӣ, аз олоти меҳнат, методҳои таълими меҳнат ва аз сифатҳои психологии меҳнаткашон (қобилият ва майлу рағбати онҳо) меомӯзад. Психологияи меҳнат масъалаҳои зеринро тадқиқ мекунад: мутобиқгардонии шахс ба намудҳои гуногуни меҳнат; касбинтихобкунӣ; мутобиқшавии касбӣ; интихоби психологии одамон барои касбҳои гуногун; омӯзиши нақшаи омили шахсӣ дар фалокатҳои меҳнатӣ (ташхиси ретроспективии меҳнатӣ); психологияи тарбия ва таълими меҳнатӣ; психологияи ташкили меҳнат; психологияи муҳандисӣ; мутобиқгардонии олоти меҳнат ва техника ба шахс; масъалаҳои психологии этикаи меҳнатӣ; гуманизатсияи техника дар системаи «коллектив–машина»; шахс ва коллективи меҳнатӣ; мутобиқшавии иҷтимоӣ- психологии шахс ба коллектив; мувофиқати психологӣ; муҳити психологӣ дар фаъолияти меҳнатӣ; психологияи ихтилофҳо дар истеҳсолот; психологияи роҳбарӣ ба коллективҳои меҳнатӣ ва ғ.

Психологияи сиёсӣ соҳаи илми психология буда, хусусиятҳои психологии ҳаёти сиёсии ҷомеаро меомӯзад, ки дар дараҷаҳои шуури сиёсии миллат, синф, гуруҳи иҷтимоӣ, фарди алоҳида зоҳир мешаванд, ташаккул меёбанд ва дар амалҳои мушаххаси сиёсии онҳо амалӣ мегарданд.

Психологияи тиббӣ масъалаҳои муносибати байни бемору табиб, муҳити психологии беморхона, психологияи корманди тиб ва беморони гуногунро омӯхта, зерсоҳаҳои зеринро дар бар мегирад: нейропсихология ё психофизиология, психофармакология, психотерапия, психопрофилактика ва психогигиена.

Психологияи ҳарбӣ рафтори одамро дар шароити амалиёти ҷангӣ, масъалаҳои психологии хизмати ҳарбӣ, муносибати байни аскарону афсарон, усулҳои психологии ташвиқу тарғиб, аксулташвиқот, масъалаҳои психологии идораи техникаи ҳарбӣ ва ғайраро меомӯзад.

Психологияи савдо шароитҳои психологии таъсири реклама, хусусиятҳои инфиродӣ ва синнусолии эҳтиёҷот, омилҳои психологии хизматрасонӣ ба мизоҷон, масъалаҳои психологии муд ва монанди инҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Психологияи эҷодиёти илмӣ хусусиятҳои шахсияти эҷодкор ё кашшоф, омилҳои ангезандаи фаъолии эҷодӣ, нақши фаросатро (интуитсия) дар амалинамоии кашфиёти илмӣ меомӯзад. Дар таркиби ин соҳа эвристикаро фарқ мекунанд, ки вазифаи он аз омӯзиши қонуниятҳои ҷараёнҳои эвристикии фаъолияти эҷодӣ ва коркарди методҳои идоранамоии раванди эвристикӣ иборат аст.

Психологияи эҷодиёти бадеӣ масъалаҳои психологии эҷодиётро дар соҳаҳои адабиёт ва санъат дида мебарояд.

Психологияи ташаккули аномалӣ ё психологияи махсус аз чунин қисматҳо таркиб ёфтааст: патопсихология, ки тамоюлҳоро дар инкишофи психикӣ меомӯзад; олигофренопсихология, ки патологияи инкишофи психикии алоқаманд бо ноқисиҳои модарзодии мағзро баррасӣ мекунад; сурдопсихология, ки психологияи ташаккули кӯдакро ҳангоми ноқисиҳои узви шунавоӣ меомӯзад ва тифлопсихология, ки психологияи инкишофи сустбиноён ва нобиноёнро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Тифлопсихология (аз юнонӣ-нобино) – соҳаи психологияи махсус аст, ки инкишофи психикии одамони нобино ва камбинанда, роҳҳои ислоҳкунии онҳоро ҳангоми таълиму тарбия меомӯзад.

Зоопсихология соҳаи илми психология аст, ки тараққиёти психикаи ҳайвонро меомӯзад. Пайдоиши қонуниятҳо ва тараққиёти тадриҷии психикии ҳайвонот, зуҳуроту тараққиёти протсесҳои психикии ҳайвонҳо дар давраи онтогенез ва филогенез предмети омӯзиши зоопсихология мебошанд. Пайдоиши зоопсихология ҳамчун яке аз соҳаҳои илми психология ба охири асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ рост меояд ва дар он caҳми олимони варзида Ж.Л.Бюффон, Ж.Б.Ламарк ва Ч.Дарвин беҳад бузург аст. Дар Россия асосгузорони омӯзиши илмии фаъолии психикии ҳайвонот К.Ф.Руле ва В.А.Вагнер буданд, ки ҷонибдори равияи материалистӣ дар шарҳу ҳалли масъалаҳои психикаи ҳайвонот ба шумор мерафтанд. Зоопсихология бо тадқиқи шаклҳои рафтори мутобиқшавандаи ҳайвонот ба муҳит (ғариза, малака, ақли сода) низ машғул аст.

Психологияи генетикӣ механизмҳои ирсии психика ва рафтор, вобастагии онҳоро аз генотип дида мебарояд.

Психологияи тафриқавӣ фарқияти инфиродии одамон, заминаҳои онҳо дар ҷараёни шаклгирӣ ва ғайраро баррасӣ менамояд

Психологияи менеҷмент ё психологияи идоракунӣ масъалаҳои психологии идораи намудҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, психологияи роҳбарӣ ва шахсияти роҳбар, инчунин психологияи муоширати кориро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Психологияи иҷтимоӣ соҳаи илми психология буда, қонуниятҳои рафтор ва фаъолияти одамонро дар гуруҳҳои иҷтимоӣ ва тавсифи психологии ҳамин гуруҳҳоро меомӯзад. Психологияи иҷтимоӣ ҳамчун илми мустақил дар заминаи психология ва сотсиология пайдо шудааст. Ба қисмҳои асосии психологияи иҷтимоӣ дохил мешаванд: 1) психологияи шахс; 2) тавсифдиҳандаҳои психологии гуруҳҳои иҷтимоӣ; 3) қонуниятҳои муошират ва муносибати байниҳамдигарии одамон дар рафти фаъолияти якҷоя; 4) муносибатҳои байнишахсие, ки дар ҷамоаҳои одамон, гуруҳ ва коллективҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Психологияи иҷтимоӣ се дараҷаи тадқиқотро дорад: эксперименталӣ-эмпирикӣ, назариявӣ ва фалсафӣ-методологӣ. Дараҷаи эксперименталӣ-эмпирикӣ предмети тадқиқи худро дорад ва он ҳодисаҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ҷамъоварии маводҳои эмпирикӣ мебошанд, ки барои омӯзишу ҷамъбасткунии оянда заруранд. Дар дараҷаи назариявии тадқиқот натиҷаҳои омӯзиши эксперименталӣ-эмпирикӣ ба системаи боз ҳам баландтари алоқаҳо дохил кунонида мешавад, моделҳои илмии протсесҳои психологию иҷтимоие сохта мешаванд, ки дар ҷамъиятҳои мушаххас зоҳир мегарданд. Дараҷаи фалсафӣ-методологии тадқиқотҳои иҷтимоию психологӣ мавқеъ ва аҳамияти ҳодиса, протсесс ва ҳолатҳои психологиро дар системаи иҷтимоӣ муайян карда, алоқаи дараҷаҳои назариявӣ ва эксперименталӣ-эмпирикиро аниқ намуда, имконияти ошкор намудани ҷиҳатҳои нави таъсири омили инсониро ба тараққиёти ҷамъият медиҳад. Психологияи иҷтимоӣ бо дигар соҳаҳои илм, ба монанди сотсиология, психологияи умумӣ, психологияи синну солӣ, педагогика, демография ва ғ. зич алоқаманд аст.

Психологияи синну солӣ соҳаи илми психология буда, қонуниятҳои тараққиёти психикаи одам, ташаккули хусусиятҳои психологии шахсро дар онтогенез меомӯзад. Ин соҳа психологияи бачаҳо, психологияи наврасон, психологияи одами калонсол ва геронтопсихологияро дар бар мегирад. Яке аз масъалаҳои марказии психологияи синну солӣ масъалаи омӯзиш ва тараққиёти ақлӣ дар дараҷаҳои гуногуни синну сол мебошад. Психологияи синну солӣ масъалаҳои aмалии омӯзиши одамони калонсолро дар давраи ҳозираи прогресси илмию техникӣ ҳал мекунад. Психологияи синну солӣ гуногунии сифатии дараҷаҳои тараққиёти психикиро тадқиқ менамояд ва ҳудудҳои синну солии онҳоро дида мебарояд, хусусиятҳои ташаккул ва тараққиёти нутқ, хотир, тафаккур, диққат ва дигар протсессҳои психикиро дар давраҳои гуногуни синну солӣ меомӯзад. Методҳои асосии психологияи синну солӣ методи санҷиши «лаҳзагӣ» ва методи санҷиши «бардавом» мебошанд. Дар ҳолати якум, гуруҳи калони одамони синнашон гуногун ба мақсади ба даст овардани маълумоти муқоисавӣ дар бораи хусусиятҳои психологии ҳар як давраи синну солӣ омӯхта мешаванд ва дар ҳолати дуюм ҳамон озмудашавандагон муддати дурудароз объекти омӯзиш гашта, дигаргуниҳои синну солии психикаи онҳо тадқиқ мегарданд.

Даврабандии синну солӣ ин аз рӯи хусусиятҳои анатомию физиологӣ ва аломатҳои иҷтимоию психологӣ ҷудо намудани ҳаёти инсон ба давраҳои синну солӣ аст.

Давраи балоғатрасӣ давраи балоғати ҷинсӣ аст, ки бо пайдоиши нишонаю аломатҳои дуюми ҷинсӣ ва бо ташаккули узвҳои ҷинсию ғадудҳои ҷинсӣ тавсиф дода мешавад. Дар наврасон ҳангоми балоғати ҷинсӣ як қатор тағйиротҳои характери ҷисмонию психикӣ дошта рӯй медиҳaнд.

Давраи сензитивии тараққиёт давраест дар ҳаёти одам, ки шароитҳои нисбатан мусоидро барои дар ӯ ба вуҷуд омадани хусусиятҳои муайяни психологӣ ва намудҳои рафтор таъмин менамояд.

Давраҳои бeҳронии тараққиёт- давраҳое дар тараққиёти кӯдак мебошад, ки дар он муносибатҳои дигаршуда ба эътибор гирифта намешаванд ва дар байни тарзҳои муносибатҳои байнишахсии дар давраи пешина ташаккулёфта бо атрофиён ва имкониятҳои дар ин давра тараққикардаи кӯдакон номувофиқатӣ ба вуҷуд меояд.

Психологияи бачагона-соҳаи психологияи синну солӣ аст, ки ҳодиса ва қонуниятҳои тараққиёти психикии кӯдакро меомӯзад. Бо психологияи педагогӣ, ки қонуниятҳои психологии таълиму тарбияро таҳқиқ мекунад ва инчунин бо морфология ва физиологияи синну сол зич алоқаманд аст.

Психологияи наврас соҳаи психологияи синну солӣ аст, ки хусусиятҳои психологии наврасро меомӯзад. Синну соли наврасӣ- ин давраи гузариш аз бачагӣ ба навҷавонӣ аст. Тараққиёти психикӣ дар ин синну сол душвору пурихтилоф мегузарад ва бо зоҳиршавии хусусиятҳои навташкил дар симои ҷисмонию психикии кӯдак тавсиф дода мешавад. Тараққиёти ҷисмонии наврас дар зиёдшавии вазн, баландшавии қад, қувваи ҷисмонӣ ва пайдошавии шарму ҳаё ифода меёбад. Давраест, ки балоғати ҷинсӣ сар мешавад ва пурҷӯшухурӯш мегузарад.

Психологияи ҷавонӣ-як давраи муайяни психологияи синну солӣ аст, ки дар он хусусиятҳои психологӣ ва қонуниятҳои тараққиёти шахсият дар давраи ҷавонӣ тавсиф дода мешаванд. Ҷавонӣ ҳамчун давраи муҳими ҳаёти одам ба навҷавонӣ ё худ синну соли калони мактабӣ (аз 15 то 17-18 солагӣ) ва камолот ё худ давраи дуюми ҷавонӣ, синну соли донишҷӯӣ (18-25) ҷудо мешавад.

Геронтопсихология- (аз юнонӣ-одами кӯҳансол) соҳаи психология аст, ки протсесс ва ҳодисаҳои бо пиршавии организм алоқамандро меомӯзад ва инчунин ҷиҳатҳои психологии давраи пириро тадқиқ мекунад. Психологияи геронтологӣ асосан соҳаи психологияи синну солӣ буда, қонуниятҳои тараққиёт ва зуҳуроти психикаро дар калонсолон ва пиронсолон меомӯзад.

Нейропсихология-соҳаи психология, ки муносибати ҳодисаҳои психикиро бо сохти физиологии майнаи сар дида мебарояд. Нейропсихология дар заминаи илмҳои психология, тиб (неврология, нейрохирургия) ва физиология пайдо шудааст. Нейропсихологияи муосир ба якчанд равияҳо ҷудо мешавад: клиникӣ, бозтавонӣ, эксперименталӣ, психофизиологӣ, нейропсихологияи синни бачагӣ. Дар нейропсихология таҳлили аломату нишонаҳои вайроншавии функсияҳои олии психикӣ истифода бурда мешавад, ки ба таснифоти сифатии ин вайроншавиҳо ва ташхиси осеби майна равона карда шудаанд. Нейропсихология барои инкишофёбии асосҳои методологӣ ва назариявии психология, ташхиси осебҳои қисмҳои алоҳидаи майнаи сар ва барқарор кардани функсияҳои вайроншуда аҳамияти калон дорад.

Психологияи юридикӣ соҳаи илми психология аст, ки дар амалияи суд ва пракуратура мавқеи хоса дорад. Психологияи юридикӣ аз чунин соҳаҳои алоҳида низ иборат аст: психологияи ҳуқуқӣ, ки предмети онро донишҳои ҳуқуқӣ дар алоқамандӣ бо донишҳои психологӣ ташкил медиҳад. Мусаллаҳ намудани ин донишҳо дар донишҷӯён – ҳуқуқшиносони оянда аз вазифаҳои асосии ин фан ба шумор меравад; психологияи криминалӣ, ки предмети он муайян кардани сабабҳои ҷинояткории аз шахсияти ҷинояткор ва қобилиятҳои ахлоқию ҳуқуқии он вобаста буда аст; психологияи оперативӣ-фаъолиятӣ; психологияи судӣ – психологӣ; психологияи ислоҳию меҳнатӣ.

Пихологияи педагогӣ масъалаҳои психологии раванди таълиму тарбияро дида мебарояд, психологияи хонанда ва муаллимро омӯхта истода, усулҳои самарабахши пешниҳоди дарс ва роҳҳои беҳтарини азхуднамоии онро тавсия медиҳад. Психологияи педагогӣ дар навбати худ, аз зерсоҳаҳои психологияи таълим, психологияи тарбия, психологияи муаллим, психологияи корҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо кӯдакони аномалӣ таркиб ёфтааст.

Психологияи таълим ҷанбаҳои психологии раванди мақсадноки педагогии ташкил кардан ва водоркунии фаъолияти таълимӣ-маърифатии хонандагонро бо мақсади аз худ кардани донишҳои илмӣ, мaҳорат ва малака, инкишофёбии қобилиятҳои эҷодӣ, ҷаҳонбинӣ, назариёти маънавӣ-эстетикӣ меомӯзад. Раванди таълим дорои чунин хусусиятҳо аст: 1) характери дутарафа доштан; 2) фаъолияти якҷояи муаллим ва хонандагон; 3) идоранамоӣ аз тарафи муаллим; 4) идоранамоӣ ва ташкилкунии махсус ба нақша гирифташудаи раванди таълим; 5) яклухтӣ ва ягонагӣ; 6) мувофиқат бо хусусиятҳои психологии инкишофи хонандагон; 7) идоранамоии инкишофёбӣ ва тарбияи хонандагон (И.П. Подласий 1999). Вазифаҳои асосии таълим инҳоянд: а) водоркунии фаъолии таълимӣ- маърифатии хонандагон; б) ташкил кардани фаъолияти маърифатӣ бо мақсади аз худ кардани донишҳои илмӣ, мaҳорат, малака; в) Инкишофдиҳии қобилиятҳои маърифатии эҷодӣ; г) ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ ва маданияти маънавӣ-эстетикӣ; д) ташаккул додани мaҳорат ва малакаи таълимӣ, аз ҷумла мaҳорати таъсир кардан ва истифодабарии донишҳо дар амал. Раванди таълим аз ду протсесси ба ҳамдигар алоқаманд иборат аст; таълим додан (фаъолияти муаллим) ва омӯзиш (фаъолияти хонанда) бе фаъолияти якҷояи муаллиму хонандагон ва ҳамкории дидактикии онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Дар раванди таълим танҳо таъсиррасонии оддии муаллим ба хонандагон не, балки ҳамкории онҳо ба амал меояд.

Психологияи омӯзиш раванди додан ва аз худ кардани дониш, маҳорат, малака инчунин усулҳои фаъолияти маърифатии одам аст. Омӯзиш аз мавқеи психологӣ як воситаи ташаккул додани шахс ва коллектив аст, ки зимни машқ додан ба амал меояд. Машқдиҳӣ бояд дар асоси алоқамандии мазмуни машқҳои нав бо пешина сурат гирад. Омӯзиш ба ташаккули амалҳои фикрӣ (П.Я.Галперин, ташаккули зина ба зинаи амалҳои фикрӣ) мебарад ва тарзи мақбули азхудкунии донишро дар робита бо мақсаду мароми ин фаъолият зимни қонуниятҳои психологӣ таъмин менамояд.

Одам пеш аз аҳама мавҷудоти биологӣ буда, намояндаи гурӯҳи homosapiens аст. Одам мафҳуми нисбатан умумию ҷамъбасткунанда - мавҷудест, ки дараҷаи олии инкишофи ҳаёт, маҳсули равандҳои ҷамъиятӣ - меҳнатӣ, ваҳдати ногусастании мабдаҳои табиӣ ва иҷтимоиро таҷассум менамояд, аммо ҳар як одам ҳамчун барандаи арзишҳои иҷтимоӣ - авлодӣ, мавҷуди такрорнашавандаи табиӣ - фард мебошад.

Фард ин одами мушаххас ҳамчун намояндаи авлоди homo sapiens, барандаи заминаҳои (нишонаҳои қобилият, истеъдод, лаёқат) инкишофи одамист. Ин тарзи тавсифдиҳӣ шаҳодати он аст, ки мавҷудият ба насли одам мансуб буда, дар мафҳуми фард таҷассум меёбад. Зери мафҳуми фард навзод ё калонсол, мутафаккир ё ноқисулақл, намояндаи ягон қабилаи дар зинаи ваҳшоният қарор дошта ё сокини бомаърифати ягон мамлакати тараққикарда дар назар дошта мешавад. Фарзанди инсон ҳамчун фард ба дунё меояд ва аз ҳамин давра ба системаи таърихан ташаккулёфтаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ шудан мегирад.

Фардият инсон, ки аз тарафи «фарқиятҳои аз дигар одамон доштаи муҳити иҷтимоӣ»-аш тавсиф дода мешавад; гуногунии психика ва шахсияти фард, такрорнашавандагии ӯ. Фардият дар хусусиятҳои мизоҷ, характер, дар махсусияти шавқу ҳавасҳо, сифатҳои протсессҳои персептивӣ ва ақлӣ, талабот ва қобилиятҳои фард зоҳир мешавад. Фардият гуфта, одамро ба хусусиятҳои ба худ хос ва такрорнашавандааш меноманд.

Шахс фарди бошуурест, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ иштирок карда, дар ҷамъият мавқеи муайянеро ишғол мекунад; одам ҳамчун маҷмӯи сифатҳои иҷтимоӣ дар намудҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ, субъекти меҳнат, муошират ва маърифат; одамият ҳамчун субъекти фаъоли фаъолият, барандаи шуур ва худшиносӣ.

«Ман» - натиҷаи аз тарафи шахс худро аз муҳити иҳотакарда ҷудо намудан мебошад ва ин ба ӯ имконият медиҳад, ки худро ҳамчун субъекти ҳолат, амал ва протсессҳои ҷисмонию психикии худ эҳсос кунад. Яклухтӣ ва шабоҳати худашро бо худаш чӣ дар гузашта, чӣ дар ҳозира ва чӣ дар оянда фаҳмад. «Ман» дар ҷараёни фаъолияту муошират ташаккул меёбад ва субъект дар рафти он «Ман»- и худро аз «Ман»- и дигарон ҷудо намуда, бо ҳамин номонандии худро аз дигарон муайян мекунад. «Ман» ин системаи такрорнашавандаи нисбатан устувори тасаввуротҳои фард дар бораи худ аст, ки дар асоси он муносибати байниҳамдигарии худро ташкил медиҳад. Ин мафҳум барои кушодани мазмуни худбаҳодиҳии шахс ниҳоят муҳим аст.

Дониш – натиҷаи рафти маърифати ҳақиқат аст, ки он дар шуури инсон дар шакли тасаввурот, мафҳумҳо, муҳокимаҳо, фарзияҳо, принсипҳо, қонунҳо, қонуниятҳо ва ғ. инъикос меёбад. Дониш дар шакли аломатҳои забонҳои табиӣ ва сунъӣ вуҷуд дорад ва метавонад тоилмӣ, ҳаётӣ, бадеӣ, динӣ ва илмӣ бошад. Донишро ҳамчун мазмуни хотир, тафаккур ва хаёл низ дида мебароянд. Дониш аз рӯи васегӣ ва амиқӣ фарқ карда мешавад. Намудҳои дониш инҳоанд: 1) истилоҳ ва мафҳумҳои асосӣ, ки бе онҳо ягон матн, андеша, далелҳои илмӣ, қонунҳои илмҳо, ташаккули эътиқод, тасдиқ ё инкори идеяҳо фаҳмида намешавад; 2) назарияҳо, ки системаи донишҳои илмиро дар бар мегиранд; 3) ахборот дар бораи воситаҳои фаъолият, усулҳои маърифат ва таърихи ҳосилкунии дониш, яъне дониши методологӣ; 4) дониши баҳодиҳанда, ки дар бораи меъёрҳои муносибат ба ҳодисаҳои гуногуни ҳаёт маълумот медиҳад. Дар ҷараёни таълим хонандагонро бояд бо ҳамаи ин намудҳои дониш шинос намуд.

Маҳорат- ин тарзҳои мустаҳкамшудаи дар фаъолияти амалӣ тадбиқ намудани донишҳо мебошад. Дониш ва маҳорат аз ҳам вобастаанд. Барои он ки талаба ба мaҳорат соҳиб шавад, яъне шумурдан, навиштан, хондан ва ғайраро ёд гирад, ӯ бояд дониш дошта бошад. Ӯ баъд аз ҳосил кардани дониш дар фаъолияти амалии худ тадбиқ намудани онҳоро ёд мегирад ва бо ҳамин дар талаба маҳорат ҳосил мешавад. Маҳорат дар рафти машқҳои дурудароз дар рафти фаъолияти амалӣ такмилу ташаккул меёбад.

Малака–амале, ки бо роҳи такрор намудан ташаккул меёбаду дараҷаи баланди азхудкунӣ ва назорати шууронаи ҷузъ ба ҷузъи фаъолиятро тавсиф медиҳад. Малакаи персептивӣ, ақлӣ ва ҳаракатиро фарқ мекунанд. Малакаи персептивӣ-ин инъикоси ҳиссии автоматии хосият ва хусусиятҳои ашёи пеш шиносу борҳо идрокшуда мебошад. Малакаи ақлӣ-ин усул ва воситаҳои автоматикунонидашудаи ҳалли масъалаҳои пеш дучоргардида аст. Малакаи ҳаракатӣ -ин таъсиррасонии автоматӣ ба объектҳои олами беруна бо ёрии ҳаракатҳои пеш иҷрошуда мебошад. Малакаи ҳаракатӣ дар худ малакаи персептивӣ ва ақлиро дар бар мегирад ва ба воситаи онҳо зимни инъикоси автоматии ашё, шароит ва тартиби иҷрои амалҳо ба низом дароварда мешавад.

Идентификатсия - монандкунӣ. 1) муайян намудани монандии як одам ба дигараш, ки ба хотира (ёддошт)-и ӯ ва ташаккули шахсии каси ба ӯ монандшуда равона шудааст; 2) механизми муошират ҳамчун дарки ҳамсӯҳбат буда, дар қобилияти тасаввур карда тавонистани худ дар ҷои ҳамсуҳбат ифода меёбад.

Шахси референтӣ-одамест, ки барои шахси дигар ҳамчун намуна барои пайравӣ махсусан арзишнок ва муҳим аст. Шахси референтӣ нисбати касе, ки ӯ барояш фарди референтӣ аст, таъсири пурзӯри психологӣ мерасонад. Шахси референтӣ ҳамчун сарчашмаи арзишҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои рафтор, муҳокимаҳо ва амалҳои асосӣ барои шахси дигар баромад мекунад.

Сохти психологии шахсро дар адабиёти илмӣ-психологӣ аз мавқеъҳои гуногун дида мебароянд ва онҳо дар маҷмуъ моҳияти иҷтимоии шахсро кушода медиҳанд. Масалан, С. Л. Рубинштейн ва К.К. Платонов чунин сохтро пешниҳод намудааст:

Равияи шахс-системаи ангезаҳо, ки муносибати интихобӣ ва фаъолии шахсро муайян мекунанд. Равияи шахс аз рӯи шавқу ҳавас, талабот, идеал, эътиқод, маромҳои бартаридошта, рафтор ва ҷаҳонбинии ӯ муайян карда мешавад. Равияи шахс дар се шакл пайдо шуда, ташаккул меёбад ва зоҳир мешавад: шахсӣ, корӣ ва ҷамъиятӣ.

Рафтор - шакли зуҳуроти фаъолии ҳаргуна организм, ки ба қонеъ намудани талаботи он равона шудааст; воситаи таъсири мутақобили ҳайвон ё одам бо муҳит; системаи амалҳои бо ҳам вобастаи мақсаднок, ки вазифаҳои муайяни фард, гуруҳи фардҳоро воқеӣ мегардонад. Рафтори ҳайвон ва рафтори oдам аз ҳамдигар сифатан фарқ мекунад ва дар ҳар ду ҳолат аз рӯи характери муносибати рафтор бо талабот муайян карда мешавад. Рафтори ҳайвон ҳамеша ба қонеъ намудани ин ё он талабот равона мешавад, ки он шакли биологии мутобиқшавиро бо муҳити табиӣ ифода мекунад. Рафтор одам ин шакли ҷамъиятӣ-таърихии мутобиқшавӣ ба муҳит мебошад. Одам ба туфайли фаъолият оламро дигаргун месозад, онро ба эҳтиёҷоти худ фаъолона мувофиқ мегардонад ва дар баробари ин худро низ тағйир медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо, хусусан, дар адабиёти педагогӣ, бо мафҳуми рафтор системаи кирдорҳои одамро ифода мекунанд, ки ба воситаи онҳо меъёрҳои муайяни ахлоқӣ ба амал бароварда мешаванд.

Худбаҳодиҳӣ – як тарафи муҳиму зарурии худшиносӣ буда, маҳорати ба қувваю имкониятҳои худ баҳо дода тавонистан, ба худ муносибати танқидӣ карданро ифода мекунад. Худбаҳодиҳӣ баҳои шахс ба худ, хусусиятҳо, бартарият ва камбудиҳои худ, мавқеи худ дар байни дигарон аст. Дар асоси худбаҳодиҳӣ танзими рафтори шахс ба амал меояд.

Худтарбиякунӣ -фаъолияти бошууронаест, ки ба ташаккул додани шахсияти худ аз тарафи одам равона карда шудааст. Худтарбиякунӣ дар худбатанзимдарорӣ асос ёфта, мавҷуд будани мақсад ва идеали равшан фаҳмидашударо тақозо мекунад. Худтарбиякунӣ дар онтогенез дертар ба вуҷуд омада, бо дараҷаи муайяни худшиносӣ, қобилият ва тайёрӣ ба худмуайянкунӣ, худифодакунӣ ва худтакмилдиҳӣ алоқаманд аст. Худтарбиякунӣ бояд дар худбаҳодиҳии мувофиқ, ки ба қобилиятҳои воқеии одам мувофиқат мекунанд, ба таҳлили танқидии хусусиятҳои фардӣ ва имкониятҳои зеҳнии худ асос ёбад. Бо зиёдшавии дарачаи дуруст фаҳмидани худтарбиякунӣ, он барои худинкишофдиҳии шахс аҳамияти боз ҳам зиёдтареро пайдо мекунад. Худтарбиякунӣ бо тарбия алоқаи ногусастанӣ дошта, раванди ташаккулёбии шахсиятро муайян мекунад. Ҷанбаҳои муҳимтарини худтарбиякунӣ -

Худхизматрасонӣ – 1) маҷмӯи дониш, маҳорат ва малакаҳо, ки ба шахс имконияти нигоҳ доштани худ ва ашёи шахсиро мувофиқ ба меъёрҳои қабулгардидаи санитарию гигиенӣ ва маишӣ медиҳад; 2) зинаи аввали тарбияи меҳнатии кӯдак аст. Кӯдакон малакаҳои оддитарини фардиро дар синни томактабӣ соҳиб мешаванд. Ҳамин, ки кӯдак ба қадаммонӣ ва гуфтани калимаҳои аввал сар мекунад, тадриҷан ташаккул додани малакаи мустақилонаи пӯшидан, шустани рӯй, хӯрдан, ҷамъ кардани бозичаҳо ва ғ. ба роҳ монда шавад. Ташаккули чунин малакаҳои меҳнатӣ раванди душвор ва дарозмуддат аст. Худхизматрасонӣ ки дар асоси талаботҳои ягонаи педагогӣ, худидоракунӣ, мусобиқа дар оила ва мактаб ташкил мегардад, дар ба даст овардани малакаю маҳоратҳои меҳнатӣ, инкишофи ҳисси қарз ва ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати коллективи худ, атрофиён ва бе ёрии «сарпарастон» иҷро карда тавонистани вазифаю супоришҳо мусоидат менамояд. Дар тарбияи малакаҳои худхизматрасонӣ мувофиқати талаботҳо аҳамияти бузургро дорад, ки онҳоро оила ва мактаб ба кӯдакон пешниҳод мекунанд.

Худшиносӣ- аз тарафи одам фаҳмида гирифтани қувваи ҷисмонӣ, имконияту қобилиятҳои ақлӣ, кирдор, маром ва мақсадҳои рафтори худ, муносибати худ ба атрофиён, ба одамони дигар ва бо худ мебошад. Худшиносӣ ин ба таври субъективӣ ҳис намудани мавҷудияти «Ман»-и худ, яъне дарк намудани айнияту шабоҳати худ ба фарзияҳои худ дар замони ҳозираю гузашта ва оянда аст. Фаҳмидани мавҷудияти «Ман»-и худ натиҷаи раванди дуру дарози ташаккули шахс аст, ки он аз замони кӯдакӣ оғоз меёбад ва онро психологи рус И.С. Кон ҳамчун «кашфиёти «Ман» арзёбӣ кардааст. Ташаккули симои психикии «Ман» дар давраҳои минбаъдаи синну солӣ (2-3 солагӣ, давраи хурди мактабӣ, наврасӣ ва навҷавонӣ) ба ташаккули худшиносӣ мебарад. Дар ташаккули худшиносӣ худназораткунӣ ва худтанзимдиҳӣ нақши муҳимро мебозанд.

Шавқу ҳавас - шакли зуҳуроти талаботи маърифатӣ буда, равияи шахсро дар фаҳмида гирифтани мақсадҳои фаъолият таъмин менамояд. Шавқу ҳавас дар асоси талабот ба амал меояд, вале як чиз нестанд. Талабот заруратро ифода мекунад, аммо шавқу ҳавас таваҷҷуҳи шахсро ба ягон фаъолият мефаҳмонад. Шавқу ҳавас устуворшудаю мустаҳкамгардида ба талабот табдил меёбад. Шавқу ҳавас шахсро ба аз худ кардани дониш ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ водор менамояд. шавқу ҳавасро аз рӯи мазмун, васегӣ, амиқӣ, устуворӣ ва таъсирнокиашонро тавсиф медиҳанд. Мазмуни шавқу ҳавас бо объектҳое, ки шавқу ҳавас ба онҳо (ба техника, илми кайҳоншиносӣ, шоҳмат ва ғ.) равона шудааст, муайян карда мешавад. Шавқу ҳаваси бавосита ва бевоситаро низ фарқ мекунанд. Шавқу ҳаваси бавосита на бо мазмуни объект, балки бо натиҷа ва аҳамияте, ки худи ҳамин объект барои омӯхтани объекти дигар дорад, тавсиф дода мешавад. Шавқу ҳавас бевосита бо худи мазмуни ин ё он соҳаи дониш ё фаъолият, бо шавқовару завқангез будани он ташаккул меёбад.

Ҷаҳонбинӣ системаи ягонаю томи нуқтаи назарҳо ба олам, табиат, ҷамъият аст, ки ба фаъолияти одам таъсири муҳим мебахшад. Асоси ҷаҳонбиниро афкори фалсафӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ ташкил медиҳад ва дар одам дар ҳаёти амалӣ, ба туфайли аз худ кардани таҷрибаи андӯхтаи инсонӣ ташаккул меёбад.

Эътиқод боварии амиқ ва асосноки одамро ба принсипу идеяҳо ифода мекунад, ки онҳоро ӯ дар ҳаёти худ ҳамчун сарчашма қабул кардааст. Муътақид шахсеро гӯянд, ки афкору ақидааш бо ҳиссиёту иродааш як аст. Эътьиқод ҳамчун ҳиссиёт қисмати муайяни сохти шуури динӣ ба шумор меравад.

Коллектив гуруҳи муташаккили одамон буда, аъзоёни он аз рӯи арзиш, мақсад ва вазифаҳои умумии фаъолият, ки барои гуруҳ куллан ва барои ҳар як каси он алоҳида- алоҳида муҳиманд, муттаҳид гаштаанд ва дар он муносибатҳои байнишахсӣ бо мазмуни аз назари ҷамъиятӣ пурқиммат ва аз назари шахсӣ муҳими фаъолияти якҷоя тавсиф дода мешаванд. Солҳои охир ба ҷои коллектив мафҳуми дастаро низ истифода мебаранд. Коллектив зинаи баландтарини инкишофи гуруҳ мебошад. Коллектив ҳамчун намуди махсуси гуруҳи иҷтимоӣ дорои хусусиятҳое мебошад, ки намудҳои дигар онҳоро надоранд. Ба ин хусусиятҳо пеш аз ҳама муташаккилӣ, ёрии байниҳамдигарии аъзоён, танқиди хайрхоҳона, ҳамҳиссию ҳамдардӣ, зуҳуроти устуворӣ дар ноилшавӣ ба мақсадҳо, мувофиқати психологӣ ва ғ. дохил мешаванд. Яке аз тарафҳои муҳими масъалаи коллектив муносибатҳои байнишахсӣ ба шумор мераванд, ки аз рӯи сохташон табиати гуногундараҷаро соҳибанд. Нақши асосиро дар самаранокии фаъолияти коллектив мувофиқати гуруҳӣ ва мувофиқати байнишахсӣ мебозад. Мувофиқати гуруҳӣ нишондиҳандаи иҷтимоӣ-психологии муттаҳидии гуруҳ буда, муоширати беихтилоф ва амалҳои бо ҳам мувофиқи аъзоёни онро дар шароити фаъолияти якҷоя инъикос менамояд. Мувофиқати байнишахсӣ бошад, қабули байниҳамдигарии шарикони муошират ва фаъолияти якҷояро ифода мекунад. Ин фаъолият дар асоси монандии мақсадгузориҳои иҷтимоӣ, шавқу ҳавас, маром, талабот, характер ва дигар тавсифдиҳандаҳои фардию психологии барои муносибатҳои байнишахсӣ муҳим иҷро мешавад.

Гуруҳ ин умумияти одамон буда, дар асоси аломатҳои муайян чун қаробат ва амиқии муносибатҳо, муносибати шахс ба меъёрҳои гуруҳ, мансубиятҳои иҷтимоӣ ё синфӣ, сохт, дараҷаи тараққиёт, шарти ташкилёбӣ ва ғайра тавсиф дода мешавад.

Гуруҳ 3 зинаи инкишоф дорад: 1) конгломерат; 2) кооператсия; 3) коллектив. Ташаккули гуруҳ дар оила, дар мактаб ва истеҳсолот мувофиқи ин зинаҳо сурат мегирад.

Аз байни гуруҳҳои зиёди дар ҷамъият мавҷудбуда гуруҳҳои хурд ва калонро фарқ кардан мумкин аст.

Гуруҳҳои калон гуфта, гуруҳҳоеро меноманд, ки намояндагони онҳо дар миқёси тамоми ҷомеа аз рӯи умумияти расмию ғайрирасмӣ кору фаъолият менамоянд. Аъзоёни гуруҳҳои калон метавонанд вобаста ба нишонаю аломатҳои гуногуни иҷтимоию-оморӣ аз ҳамдигар фарқ кунанд. Одамони ба гурӯҳҳои калон шомилбуда метавонанд бо ҳамдигар шахсан шинос набошанд, вале онҳо на танҳо аз рӯи аломатҳои иҷтимоӣ, балки аз рӯи умумияти меъёрҳо (шавқу ҳавас, майлу рағбат, рафтор, психология, маданият, расму оинҳо ва афкори ҷамъиятӣ) аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, шавқу ҳавас, майлу рағбат, психология ва рафтори ҷавонон аз шавқу ҳавас, майлу рағбат, психология ва рафтори куҳансолон фарқ мекунад; шавқу ҳавас, психология ва рафтори табақаҳои болоии ҷамъият – соҳибдавлатон аз шавқу ҳавас, психология ва рафтори намояндагони табақаҳои поёнии ҷамъият низ фарқ мекунад.

Гуруҳи хурд ин иттиҳоди шумораи начандон зиёди одамон (аз 2-3 то 30-40 нафар) мебошад, ки ҳамдигарро шахсан мешиносанд ва бо ҳамдигар робитаи бевоситаи доимии шахсӣ ва корӣ доранд. Аъзоёни гуруҳҳои хурд назар ба аъзоёни гуруҳҳои калон дида, умумияти бештари психологию рафторӣ доранд. Аъзоёни гуруҳҳои хурд аз рӯи қоида, мақсад, шавқу завқ ва майлу рағбати дар фаъолияти онҳо зоҳиршаванда дорои арзиш, нуқтаи назар ва муносибатҳои умумӣ мебошанд. Байни онҳо муносибатҳои гуногуни шахсӣ, корӣ, расмӣ, ғайрирасмӣ, ратсионалӣ, эмотсионалӣ барқарор карда мешаванд.

Гуруҳи гомфотерӣ намуди махсуси гуруҳ аст, ки бо мавҷудияти дараҷаи баланди муносибатҳои байнишахсӣ, бо самаранок иҷро намудани кори фармуда тавсиф дода мешавад. Чунин гуруҳи одамон муддати дароз бо иҷрои мақсадҳои ҷамъиятӣ аз ҷамъият дур мемонад. Масалан, кайҳонавардон, экспедитсияи қутбшиносӣ ва ғайра.

Микрогуруҳ гуфта, гуруҳи аз ҳама хурди 2-3 - нафараро меноманд. Оила, 2-3 нафар дӯстони наздик, 2-3 нафар шахси дар як корхона ҳамҷоя фаъолияткунанда ва ғ. мисоли ин гуна гуруҳҳо шуда метавонад.

Умумияти воқеӣ ё шартии одамон аст, ки фард меъёр, андеша ва арзишҳои онро ҳамчун намуна қабул мекунад ва дар рафтору худбаҳодиҳии худ ба онҳо такя менамоянд. Гуруҳи рефрентӣ ду вазифаи асосиро ба уҳда дорад: меъёр ва муқоиса.

Гуруҳи индифферентӣ гуфта, гуруҳеро меноманд, ки он барои шахси муайян ҳеҷгуна аҳамият надорад. Ӯ барои аъзои он шудан саъю кӯшиш намекунад, фикру ақидаи аъзоёни ин гуруҳ барои ӯ на он қадар муҳим буда, таъсири хоса намерасонад.

Гуруҳи табиӣ умумияти одамоне мебошад, ки дар ҳаёти воқеӣ мавҷуданд ва таври табиӣ ташаккул меёбанд. Аксарияти гуруҳҳои хурди дар ҷамъият мавҷудбуда, гуруҳҳои ба таври табиӣ ташкилшуда мебошанд.

Гуруҳҳои лабораторӣ гуруҳҳое мебошанд, ки барои гузаронидани ин ё он тадқиқоти илмӣ ташкил карда шуда, танҳо дар шароити лабораторӣ нигоҳ дошта мешаванд. Пас аз анҷом ёфтани тадқиқот ин намуди гуруҳҳо пароканда мегарданд.

Гуруҳҳои расмӣ дорои асоси ҳуқуқӣ буда, зимни оиннома, рӯйхати штатии кормандон ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ташаккул меёбад. Оила, гуруҳҳои таълимии мактабҳои миёнаю олӣ ва ғайра мисоли гуруҳҳои расмӣ шуда метавонанд.

Гуруҳи ғайрирасмӣ умумияти воқеии одамон аст, ки асоси ҳуқуқиро надорад ва зимни шавқу ҳавас, дӯстию pафиқӣ ва таваҷҷуҳи умумӣ ба як чиз ташаккул меёбад. Ин гуруҳ дорои оиннома ва ҳуҷҷатҳои расмӣ намебошад. Доираи одамони барои ягон навъи бозӣ ҷамъ шуда, шахсони ношиноси дар як мавзеъ ба шикор машғулбуда, навбат дар назди дӯкони нонфурӯшӣ ва ғайра мисоли гуруҳҳои ғайрирасмӣ мебошанд.

Гуруҳи конактивӣ гуруҳе мебошад, ки аъзоёни он байни худ дар муносибат нестанд ва ҳар як нафар худ ба худ фаъолият менамояд. Натиҷаи фаъолияти онҳо аз рӯи ҷамъи саҳми гузоштаи ҳама баррасӣ шуда, аз муносибати шахсӣ ё кории ташкилёфта вобаста нест. Гуруҳи интерактивӣ гуфта гуруҳеро меноманд, ки аъзоёни он бо ҳамдигар дар анҷом додани фаъолияте байни худ дар муносибати фаъолона мебошанд. Натиҷаи фаъолияти ҳар як нафар дар алоҳидагӣ ва гуруҳ дар якҷоягӣ, моҳиятан аз муносибатҳои таркибёфтаи байниҳамдигарии аъзоёни гуруҳ вобаста аст. Гуруҳи таълимии донишҷӯён мисоли гуруҳҳои конактивӣ ва дастаи баскетболбозон ё футболбозон мисоли гуруҳҳои интерактивӣ шуда метавонад.

Гуруҳҳои суст инкишофёфта гуфта, гуруҳҳоеро дар назар доранд, ки дар он сохти муайяни дохилигуруҳӣ мавҷуд нест, нақш ва уҳдадориҳои аъзоёни гуруҳ дуруст тақсим нашудааст, муносибатҳои байниҳамдигарии шахсию корӣ бояду шояд ташкил нашудааст, дараҷаи муттаҳидии аъзоёни гуруҳ паст аст, байни аъзоёни гуруҳ ҳамдигарнофаҳмӣ ва низоъҳои ба фаъолияти самаранок халал расонанда зуд-зуд рӯй дода меистанд.

Гуруҳи диффрӯзӣ умумияти одамони пароканда буда, дар он наметавонад муттаҳидӣ ва фаъолияти якҷоя мушоҳида шавад. Масалан, навбат дар мағоза, мусофирони дохили нақлёти ҷамъиятӣ ва ғайра.

Гуруҳи ибтидоӣ як навъи гуруҳи хурд (оила, гуруҳи ҳамсолон, дӯстон) буда, рафти иҷтимоишавии ибтидоиро таъмин мекунад. Гуруҳи ибтидоӣ чун гуруҳи хурд дар асоси робитаҳои бевоситаи шахсӣ, ки тобиши баланди эмотсионалиро доранд, ташаккул меёбад. Гуруҳи ибтидоӣ ҳамеша ғайрирасмӣ аст.

Гуруҳи иҷтимоӣ ҷамъи калони умумиятҳои одамон аст, ки дар асоси нишонаю аломатҳои иҷтимоии ба ҳаёти ҷамъият алоқаманд, дар заминаи системаи муносибатҳои ҷамъиятии дар ҷамъият мавҷудбуда (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, маданӣ, динӣ ва ғ.) ба вуҷуд меояд.

Гуруҳи номиналӣ ҷамъи одамоне мебошад, ки аз рӯи ягон аломат ҷудо карда шудаанд ва барои мақсадҳои таҳлилнамоӣ мувофиқ аст. Масалан, гуруҳҳо аз рӯи синну сол, тарзи фикрронӣ, ҷои истиқомат ва ғ. Гуруҳи номиналиро инчунин шартӣ ё оморӣ низ меноманд. Дар ин гуруҳ алоқаю робитаҳои ҳатмӣ ва бевосита вуҷуд надоранд.

Гуруҳи воқеӣ умумияти одамони миқдоран мaҳдуд мебошад, ки дар асоси муносибат ва мақсадҳои воқеии онҳо ташкил ёфтанд. Гуруҳи воқеӣ (синф, бригадаи коргарон, оила, қисми ҳарбӣ ва ғайра) муддати кӯтоҳ ё дароз вуҷуд дошта метавонад.

Гуруҳи шартӣ умумияти одамон, ки аз рӯи аломати муайян (характери фаъолият, ҷинс, синну сол, савияи маълумот, миллат ва ғ.) муттаҳид шудаанд. Аъзоёни ин гуруҳ метавонанд бо ҳамa муносибат надошта бошанд ва дар бораи якдигар чизе надонанд.

Муошират раванди мураккабу гуногунҷабҳаи барқароркунӣ ва вусъатдиҳии робитаи байниҳамдигарии одамон буда, дар асоси хоҳиши фаъолияти якҷоя намудани онҳо ба вуҷуд омадаасту мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва дарки ҳамдигарро дар бар мегирад.

а) муоширати шифоҳӣ (каломӣ), б) ғайришифоҳӣ. Муоширате, ки бо ёрии забон амалӣ мегардад, муоширати шифоҳӣ номида мешавад. Муоширате, ки бо ёрии воситаҳои ғайринутқӣ: ҳаракатҳои даст, тарзи рафтор, оҳанги овоз, тағйирёбии қиёфа (мимика), чашм (микромимика), ҳаракати якҷояи тамоми бадан (пантомимика), фосилаи байниҳамдигарӣ, тарзи ист ва ғайра амалӣ мешавад, муоширати ғайрикалимагӣ ё ғайришифоҳӣ номида мешавад.

Коммуникатсия (аз лотинӣ - алоқа, робита, муошират намудан) додани ахбор тавассути муошират ва дигар воситаҳои аломатӣ мебошад. Коммуникатсия нисбат ба муошират дида мафҳуми нисбатан васеътар аст ва он алоқа, робита, таъсири муқобилан ду система мебошад, ки дар рафти он аз якеаш ба дигараш ахбор дода мешавад. Масалан, рақси занбӯрон ба занбӯрони дигар аз самти хӯрок ва масофаи хӯрокашон ахбор медиҳанд. Ин чиз коммуникатсия аст. Коммуникатсия функсияи сеюми нутқ аст, ки ахборот додан ва ҳолату амалро ифода мекунад. Ин функсия фаъолияти берунии шахсро дар бар гирифта, бo се ҷиҳат тавсиф дода мешавад: ахборотдиҳӣ, ифоданокӣ ва изҳори ирода. Коммуникатсия инчунин метавонад туфайли воситаҳои ғайришифоҳӣ амалӣ шавад. Ба онҳо дохил мешавад: 1) воситаҳои оптикӣ-кинетикӣимою ишораҳо, мимика ва пантомимика; 2) воситаи паралингвистикӣсифати овоз, диапазони ӯ, оҳангнокии овоз; 3) воситаи экстролингвистикӣ- гиря, ханда, суръати овоз, фосилаи сухангӯӣ; 4 )воситаи фазогӣ-вақтӣ (проксемикӣ)-тарзи ҷойгиршавии ҳамсуҳбатҳо, таваққуфи кӯтоҳмудати ибтидои муошират ва ғ. Коммуникатсия ҳамчун ҷанбаи маъногии ҳамкорӣ шарҳ дода мешавад. Бо дарназардошти он, ки амалҳои инфиродӣ дар муносибатҳои бевосита ё бавосита бо дигар одамон сурат мегиранд, онҳо дар худ баробари ҷанбаи ҷисмонӣ, инчунин тарафи каммуникаториро низ таҷассум мекунанд.

Эмпатия қобилияти ҳамҳис будани шахсро ба одамони дигар, ба дил наздик қабул кардани муносибату шодии онҳоро ифода мекунад. Эмпатия унсури таркибии муҳиму зарур дар қобилиятҳои коммуникативӣ ва муоширати ҳақиқию комили инсон мебошад, ки дар рафти онтогенези шахс ташаккулу инкишоф меёбад.

Забон системаи аломатҳои калимагӣ аст, ки бо ёрии он муносибати байни одамон бо вуҷуд оварда мешавад. Ҳар як аломат табиати иҷтимоиро дорад ва он чунин унсури ҳақиқат мебошад, ки фаъолияти назариявии мо ба он вобаста аст. Забон аз ҷониби халқҳо офарида мешавад ва бо бавуҷудоию тараққиёти ҷамъият низ инкишоф меёбад. Кӯдак забонро дар рафти муошират бо калонсолон аз худ мекунад ва истифодаи онро дар нутқ ёд мегирад.

Фаъолият шакли муносибати фаъолонаи одам бо муҳити иҳотакардашуда мебошад, ки он шуурона дар асоси мақсади фаҳмидашуда муайян карда мешавад.

Фаъолият се намуд дорад: бозӣ, таълимӣ ва меҳнат

Бозӣ яке аз намудҳои асосии фаъолият мебошад, ки дар давраи томактабӣ ҳамчун фаъолияти пешбаранда аст. Бозӣ инъикоси махсуси ҳаёт, мактаби тайёрӣ ба ҳаёт, воситаи муҳими тарбия ба шумор меравад. Бозӣ шарти муҳими ташкилу муттаҳид намудани коллектив мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бозӣ дар кӯдак ҳамчун шакли баамалбарории фаъолият ва фаъолияти ҳаёти ӯ шуда хизмат мекунад. Аммо, амалҳои бозӣ дар кӯдакон дар натиҷаи тақлиди онҳо ба рафторҳои калонсолон ҳангоми муошират кардан ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, бозӣ пеш аз ҳама инъикоси олами психикии калансолон ва роҳи дониста гирифтани олами беруна аст. Бозиҳои калонсолон (масалан, варзишӣ) дар тараққиёти шуури кӯдакон ва наврасон фаъолона таъсир мебахшанд. Инчунин бозиҳои таълимӣ (дидактикӣ) мавҷуданд, ки солҳои охир дар pаванди омӯзиш васеъ истифода мешаванд ва дар худ хусусиятҳои фаъолияти бозӣ ва таълимиро низ таҷассум мекунад.

Эҳсос протсесси оддитарини маърифатӣ буда, дар инъикоси аломату хосиятҳои алоҳидаи ашё ва ҳодисоти олами беруна, инчунин ҳолати ботинии организм ҳангоми таъсири бевоситаи ангезаҳо ба узвҳои ҳиссӣ ифода меёбад. Эҳсос шакли аввалини аз тарафи одам дониста шудани ҳақиқати гирду атроф, ё худ инъикоси субъективии олами объективӣ аст.

Эҳсос аз рӯи меъёрҳои гуногун тасниф карда мешавад. Пеш аз ҳама, эҳсоси биноӣ, шунавоӣ, маза, бӯй, ҳаракатӣ, дард, ҳарорат ва ларзишро ҷудо мекунанд. Таснифоти нисбатан маъмули эҳсос ба физиологи англис X. Шеррингтон (1906) тааллуқ дорад. Ӯ аз рӯи ҷойгиршавии ретсепторҳо дар бадан ва вазифаҳои онҳо се гуруҳи эҳсосҳоро ҷудо кардааст: 1) экстероретсептивӣ, ки дар натиҷаи таъсири ангезаҳои олами беруна ба ретсепторҳои дар узвҳои эҳсос (чашм, гӯш, бинӣ, забон ва пӯст) мавҷудбуда ба вуҷуд меояд; 2) проприоретсептивӣ (кинестезӣ), ки ҳаракат ва ҳолати баданро инъикос мекунад. Ретсепторҳои ин намуди эҳсос дар мушакҳо ва бофтаҳои бадан ҷойгир шудаанд; 3) интероретсептивӣ (органикӣ)- туфайли ретсепторҳои дар узвҳои дохилӣ ҷойгирбуда оид ба ҳолати онҳо ахборот медиҳад. Эҳсоси экстероретсептивӣ дар навбати худ ба масофавӣ (биноӣ, шуновоӣ) ва расишӣ (маза ва пӯстӣ) ҷудо мешавад. Эҳсоси бӯй дар байни ин ду намуди эҳсоси экстероретсептивӣ қарор дорад.

Эҳсоси биноӣ қобилияти эҳсос карда тавонистани нурҳои равшанӣ аст. Эҳсоси биноӣ дар натиҷаи таъсир расонидани нурҳои равшанӣ ба қисми ҳассоси чашм, яъне тӯрпарда ба вуҷуд меояд. Ретсептори биноӣ аз ду аппарати асосӣ иборат аст: аппарати равшаншикан ва рӯшноии ҳискунанда. Ангезаи асосии анализатори биноӣ мавҷҳои равшанӣ ба шумор мераванд. Эҳсоси ҳар як ранг дар асоси дарозии мавҷҳои мувофиқ ба амал меояд. Рангҳо ба ҳолати руҳӣ ва қобилияти кории одам таъсир мебахшанд. Масалан, ранги сабз сабаби ба вуҷуд омадани ҳолати руҳии орому ботамкин мешавад, сурх бошад, ҳаяҷонро меоварад ва ранги кабуди тира бошад ғамгинию руҳафтодагиро месозад.

Эҳсоси бӯй намуди ҳассосии химиявӣ, қобилияти эҳсос намудани моддаҳои бӯйнок аст. Моддаҳо фақат дар ҳолати газшаклиашон ба ҳуҷайраҳои бӯйфаҳм таъсир бахшида, онҳоро бо роҳи реаксияи химиявӣ бармеангезонанд. Узви эҳсоси бӯй дар қисми болоии ковокии бинӣ ҷой гирифтааст, ки он аз ҳуҷайраҳои бӯй ҳискунанда ва шохчаҳои асабии бӯй иборат мебошад. Моддаҳои газшакли бӯйнок ба ковокии бинӣ ҳамроҳи ҳаво, ки мо аз он нафас мегирем, дохил мешаванд ва протсесси эҳсоси бӯйро ба амал меоваранд. Одам қобилияти эҳсос кардани бӯйи қувватнокиаш бениҳоят пастро надорад. Эҳсоси бӯй танҳо дар натиҷаи таъсири моддаҳое ба вуҷуд меояд, ки вазни малекуляриашон аз 17 (аммиак) то 300 (алкалоидҳо) мебошад. Эҳсоси бӯй дар ҳамон як одам метавонад дар доираи васеъ тағйир ёбад. Ҳангоми таъсири бардавоми моддаҳои бӯйнок мутобиқшавии ретсепторҳои бӯй ҳискунанда, яъне пастшавии ҳассосии бӯй мушоҳида мешавад.

Эҳсоси ломиса яке аз намудҳои эҳсоси пӯстӣ аст, ки ба он эҳсоси ларзиш, расиш ва фишор дохил мешаванд. Эҳсоси ломиса ҳангоми ба чизе бар хӯрдани ягон узви бадани мо ба амал меояд. Ба воситаи ин эҳсос мулоимӣ, сахтӣ, дуруштӣ, мaҳинӣ, дағалӣ, ҳамворӣ ва дигар сифату хусусиятҳои ашёҳоро муайян кардан мумкин аст. Эҳсоси ломиса низ монанди дигар эҳсосҳо пас аз ба яке аз узвҳои бадани мо таъсир расонидани чиз ва ҳодисаи олами беруна ба амал меояд. Сифат ва дараҷаи эҳсоси ломиса ба дараҷаи тағйироти чиз ва воқеаҳои таъсиррасон вобаста мебошад. Узви эҳсоси ломиса ретсепторҳои махсуси ломисавие мебошанд, ки онҳо дар қабати пӯст ва пардачаҳои луобии бадан ҷойгир шудаанд. Дар таркиби ин таначаҳо шохаҳои атрофии асаб дар баъзе ҷойҳои зарурии он зичтар ва дар баъзе ҷой он камтар ҷой гирифтаанд. Ретсепторҳои ламскунӣ низ дар ҳама қисмҳои бадан якхела ҷойгир нашудаанд. Онҳо бештар дар нӯги забон ва пӯсти лабҳо ҷойгиранд.

Эҳсоси маза эҳсосе аст, ки дар натиҷаи таъсири моддаҳои химиявии мaҳлулшаванда ба узви маза-ретсепторҳои дар даҳон ва забон ҷойгиршуда пайдо мешавад. Эҳсоси мазаро ба чор гуруҳи асосӣ ҷудо мекунанд: ширин, турш, шӯр ва тез. Дар рӯи пардаи луобии забон ретсепторҳои махсуси мазафаҳмӣ ҷой гирифтаанд. Ин ретсепторҳо-и миқдори зиёди ҳуҷайраҳои чӯбчашакли мазафаҳми махсусро дар бар гирифтаанд, ки онҳоро «зардича» ё ки «муғчаҳо»-и мазафаҳм номидан мумкин аст. Ин ҳуҷайраҳо сохт ва таркиби махсусеро доранд ва онҳо барои фарқ кардани мазаҳои гуногун қодиранд. Ба ретсептор нахҳои асаби махсуси гузаронанда пайваст гардидаанд, ки ба воситаи онҳо таъсири маза ба майнаи сар гузаронида мешавад. Ретсептори мазафаҳм танҳо дар натиҷаи таъсири моддаҳои дар об ё ба воситаи пардаҳои луобӣ мaҳлул шуда ба ангезиш меоянд. Зуҳуроти эҳсоси маза то андозае ба талаботи организми одам ба хӯрок вобаста аст. Ҳангоми гуруснагӣ ҳассосии маза баланд мешавад ва ҳангоми серӣ паст мегардад.

Эҳсоси ҳарорат- эҳсоси хунукӣ ва гармӣ. Дар қабати пӯсти бадан ва пардачаҳои луобӣ ретсептори махсус ҷойгир шудаанд, ки онҳо ба шохаҳои махсуси атрофии асаб пайваст гардидаанд ва фақат ба эҳсос намудани гармӣ ва хунукӣ имконият медиҳанд. Сабаби физикии ба вуҷуд омадани эҳсоси ҳарорат пӯсти бадани мо мебошад. Дараҷаи эҳсоси ҳарорат аз характери таъсири ангезанда ва хусусиятҳои он вобаста аст.

Эҳсоси шунавоӣ - эҳсосе аст, ки дар натиҷаи таъсири мавҷҳо ба садопардаи гӯш ба вуҷуд меояд. Узви эҳсоси шунавоӣ гӯш аст. Механизми физиологии бавуҷудоии эҳсоси шунавоӣ дар қисми дохилии гӯш ҷойгир аст. Эҳсоси шунавоӣ дар асоси қонунияти муайяне ба вуҷуд меояд, ки онро ҳанӯз Гелмголтс Г. назарияи резонанси шуновоӣ номидааст. Мувофиқи ин назария ҳангоми ба вуҷуд омадани эҳсоси шунавоӣ протсессҳои зерин рӯй медиҳанд: ҳаракати мавҷноки садо бо воситаи қисми берунии гӯш ба эмдолимфа мегузарад, ки ҳар се қисми дохилии гӯшро дар бар мегирад. Дар ин ҷо ҳаракати ҳаво бо воситаи мӯякҳо ба эмдолимфа гузашта, ба торҳои пардаи ҳаcсоси қабулкунандаи овоз ва сипас ба асабҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳамин тавр раванди шунидан таъмин мегардад.

Анализатор- системаи мураккаби нейрофизиологиест, ки асосҳои физиологии эҳсосро ташкил мекунад. Фаҳмиши аввалинро дар бораи анализатор физиологи рус Павлов И.П. пешниҳод кардааст. Анализатор аз се қисм иборат аст: 1) қисми атрофӣ (ретсепторӣ), ки қабулкунандаи асосии таъсиротҳо мебошад; 2) қисми гузаронанда, ки импулсҳои афферентӣ (марказшитоб) ва эфферентиро (марказгурез) дар бар гирифта, қисми атрофиро ба қисми марказӣ пайваст мекунад; 3) қисми марказӣ - майнаи сар, ки дар он коркарди импулсҳои асабии аз қисми атрофӣ ба воситаи қисми гузаронанда омада расида таҳлил ва таркиб шуда, амали мувофиқи ҷавобӣ тайёр карда мешавад. Сохти кори анализатор чунин аст: ангеза ба ягон қисми бадани мо таъсир мерасонад ва ретсепторҳои мувофиқ ин таъсирро қабул карда, ба ларзиш меоянд. Сипас, ин ларзиш ба ҳаяҷон табдил меёбад ва ҳаяҷони пайдошуда ба воситаи импулсҳои марказшитоб ба майнаи сар меравад. Он дар майнаи сар таҳлил ва сипас таркиб карда мешавад, амали ҷавобӣ тайёр гардида, ба воситаи импулсҳои марказгурез ба мушакҳои бадан фиристонида мешавад. Дар натиҷа мушакҳо кашиш мехӯранд ва амали мувофиқ иҷро мегардад. Агар яке аз қисмҳои анализатор зараp бинад, он гоҳ эҳсос ба амал омада наметавонад.

Мутобиқшавии ҳиссӣ чунин ҳодисаҳое мебошад, ки бо гузаштани вақт узви эҳсос ба таъсири ангеза мутобиқ мешавад ва гӯё онро дигар эҳсос намекарда бошад. Маълум аст, ки дар торикӣ биноии мо тез мешавад ва дар рӯшноӣ бошад ҳассосии биноӣ паст мегардад. Адаптатсия дар тамоми намудҳои эҳсос ба амал меояд. Хусусан дар эҳсоси биноӣ, бӯй, пӯстӣ ва маза бештар зоҳир мешавад.

Идрок протсесси психикест, ки дар инъикоси образи яклухт ва томи ашёю ҳодисоти олами беруна ҳангоми таъсири бевоситаи ангезаҳо ба ретсепторҳои мувофиқ ифода меёбад. Идрок протсесси мураккаби психикӣ буда, дар якҷоягӣ ба эҳсос мегузарад, вале ҷамъи эҳсос намебошад. Яъне, идрок пайвасти механикии эҳсосҳои алоҳида набуда, алоқамандии мантиқии байни онҳо мебошад. Идрок аз муносибатҳои муайяни байни эҳсосҳо вобаста аст ва ин алоқамандиҳо дар ҳаёт инъикоси яклухти предмету ҳодисаҳоро ба вуҷуд меоварад.

Асосҳои физиологии идрокро фаъолияти таҳлилӣ-таркибии майнаи сар ташкил медиҳад ва системаи алоқаҳои муввақатӣ дар байни анализаторҳо моҳияти ин механизми асабиро ифода менамоянд.

Идрокро аз рӯи меъёрҳои гуногун таснифот мекунанд: 1) аз рӯи он, ки дар рафти идрок кадом анализатор мавқеи пешбарандаро ишғол мекунад-идроки биноӣ, шунавоӣ, бӯй, маза ва ломисавӣ; 2) аз рӯи шакли инъикосшавандаи мавҷудияти материя-идроки фазо, масофа ва вақт; 3) вобаста ба дараҷаи мақсаднокии фаъолияти шахс-идроки ихтиёрӣ ва беихтиёр.

Апперсепсия яке аз зуҳуротҳoи интихобӣ будани идрок буда, ба таҷрибаи гузашта, равияи шахс, доираи дoниш ва мазмуни умумии фаъолияти психикӣ вобаста будани раванди дарккунӣ аст. Ин мафҳум бори аввал аз ҷониби Т.В.Лейбнитс (1646-1716) пешниҳод шудааст.

Диққат ба объекти муайян нигаронидан ва мутамарказонидани фаъолияти психикии одам аст, ки дар натиҷаи он ягон қисми ҳақиқати воқеӣ дар майнаи сари одам пурра ва равшан ифода меёбад. Диққат тарафи муайяни шуури одам мебошад. Ин ҷиҳат дар ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки фаъолияти психикии одам ба ягон чизи аниқу муайян ҷалб шуда бошад. Нигаронидани диққат дар асоси интихоби будани фаъолияти одам ба амал меояд. Шахс аз ангезаҳои таъсиррасон ҳамонашро интихоб намуда, фаъолияти психикиашро ба он равона месозад, ки дар айни замон муҳиму зарур мебошад.

Диққат се намуд дорад: беихтиёр, ихтиёрӣ, баъдиихтиёрӣ. Диққат метавонад ихтиёрӣ (мақсаднок, ки кӯшиши иродавиро талаб мекунад) ва беихтиёр (масалан, ғайриоддӣ будани объект боис мешавад) шавад. Ҳангоми шавқовар шудани фаъолияти дар заминаи диққати ихтиёрӣ бавуҷудомада диққати ба ном баъдиихтиёрӣ ба вуҷуд меояд, ки бештар сермаҳсулу босамар аст.

Бе ягон қувваи иродавӣ равона кардани фаъолияти психикӣ ба ягон объект диққати беихтиёр номида мешавад.

Дараҷаи олии диққат–диққати ихтиёрӣ мебошад, ки бо гузориши мақсади пешакӣ тавсиф дода мешавад.

Диққати баъдихтиёрӣ намуди сеюми диққат мебошад, ки он баъд аз бавуҷудоии диққати ихтиёрӣ ба амал меояд.

Парешонии диққат, ҳаҷми диққат, мутамарказияти диққат, устувории диққат, кӯчонидани диққат, тақсимоти диққат.

Ҳолати муқобили устувории диққатро парешонии диққат меноманд. Асоси физиологии онро ё боздории берунӣ, ки ангезаҳои берунаро ба вуҷуд меоварад, ё боздории дарунӣ, ки дар асоси фаъолияти якранга ё амали бардавоми ҳамон як ангеза ҳосил мешавад, ташкил медиҳад. Амали парешонкунандаи ангезаҳои халалрасон аз характери ангезаҳо ва муносибати онҳо ба он чизе, ки диққат равона мешавад, вобаста аст. Аз ин рӯ, маълумотҳои психологи Свифт, ангезаҳои якҷинсае, ки ба онҳо диққат равона гаштааст, нисбат ба ангезаҳои гуногунҷинса бештар амали парешондиҳии диққатро ба вуҷуд меоваранд. Пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки барои ҳосил намудани парешонии диққат объекти диққатро аз ҳисоби объектҳои гуногунҷинса тартиб додан ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳаҷми диққат-ин дар як воҳиди муаяни вақт ба миқдори муайяни предметҳо равона кардани фаъолияти шуур аст.

Мутамарказияти диққат-ин хусусияти муҳими диққат буда, мутамарказ кардани фаъолияти психикиро ба ягон объект ифода мекунад. Шахс ба таври аниқ ва равшан ба объекти диққат фаъолияти шууррашро равона месозад ва дар ин ҳолат ангезаҳои атрофро эҳсос намекунад. Мутамарказияти диққат ба хусусиятҳои ҳаҷми диққат мутаносиби чаппа мебошад, яъне агар ҳаҷми диққат кам бошад мутамарказият зиёд мешавад ва баръакс.

Устувории диққат-ин давомнокии нигоҳ доштани фаъолияти шуур ба объект мебошад, ки бо вақт чен карда мешавад. Устувории диққат дар ибтидои кор баландтар аст, вале бо гузоштани вақт суст шудан мегирад. Мувофиқи ҳисоби миёна устувории диққат одатан 15-20 дақиқаро ташкил медиҳад.

Тақсимоти диққат дар як лаҳза ба ангезандаҳои бисёр тақсим кардани диққат аст. Ҳар қадар, ки тақсимоти диққат дар шахс ташаккул ёбад, ҳамон қадар фаъолият самаранок мешавад.

Бошуурона гузаронидани фаъолияти шуурро аз як объект ба объекти дигар, кӯчонидани диққат меноманд. Кӯчонидани диққат дар ҳама гуна фаъолияти инсон ба вуҷуд меояд ва онро ҳангоми таълим низ васеъ истифода мебаранд. Муаллим бояд диққати хонандаро аз як мавзуъ ба мавзӯи дигар кӯчонад.

Хотир аз тарафи шахс ба хотир гирифтан, дар хотир нигоҳ доштан, минбаъд аз нав ҳосил кардан ва шинохтани таҷрибаи гузашта аст. Хотир ба ҳаёти гузашта, ҳозира ва ояндаи субъект алоқаманд буда, функсияи муҳими маърифат маҳсуб мешавад, ки асоси инкишоф ва омӯзишро ташкил мекунад. Хотир ҷамъшавии тасаввуротҳоро дар бораи олами беруна таъмин менамояд ва шарти асосии аз худ кардани дониш, маҳорату малака ва истифодабарии онҳо мебошад. Хотир монанди ҳодисаҳои дигари психикӣ ба ҳама хусусиятҳои шахс, ки зери таъсири ҳаёт ва фаъолияти одам ташаккул меёбанд, алоқаи ҷудонашаванда доранд.

Бахотиргирӣ ва азнавҳосилкунии ҳаракатҳо ва системаҳои онҳо зуҳуроти хотири ҳаракатӣ ё моторӣ мебошад. Ин намуди хотир асоси ҳосил кардан ва ташаккул додани малака ва одатҳои ҳаракатӣ мебошад.

Ба хотир гирифтан, дар хотир нигоҳ доштан ва дар мавриди зарурӣ аз нав ҳосил кардани образи ҳиссиёт ва эмотсияҳои аз сар гузаронидашуда моҳияти хотири эмотсионалиро ташкил медиҳанд. Одам метавонад ягон ҳолати эмотсионалии аз сар гузаронидааш, масалан тарсро муддати дароз дар хотир нигоҳ дорад. Хотири эмотсионалӣ ба рушд ва зуҳуроти минбаъдаи ҳолатҳои эмотсионалии одам таъсир расонида, ба раванди шинохтан ва азнавҳосилкунии образҳои хотир тобиши эмотсионалӣ мебахшад.

Дар хотир нигоҳ доштан ва аз нав ҳосил кардани образҳои предмет ва ҳодисаҳои ҳақиқат, ки пештар идрок карда шуда буданд, хотири образӣ мебошад. Хотири образи биноӣ, шунавоӣ, ломиса, бӯй ва маза шуда метавонад. Хотири образӣ дар одамони фаъолияти бадеӣ дошта: расомон, мусиқинавозон, нависандаҳо ба дараҷаи баланди тараққиёт мерасад.

Хотири калимагӣ-мантиқӣ дар бахотиргирӣ ва азнавҳосилкунии фикрҳо ифода меёбад. Фикрҳо берун аз нутқ, берун аз ин ё он калимаҳою ибораҳо вуҷуд надорад.

Ин намудҳои хотирро вобаста ба мақсад ва тарзҳои бахотиргирӣ ва азнавҳосилкунӣ фарқ мекунанд. Агар мақсади махсуси бахотиргирӣ ва бахотироварии ин ё он мавод гузошта нашавад ва мавод пассивона, гуё худ аз худ, бе истифодагии усулҳои махсус ва кӯшиши иродавӣ ба хотир гирифта шавад, он гоҳ ин гуна хотир беихтиёр мешавад. Агар мақсади махсуси ба хотир гирифтан гузошта шавад, усулҳои мувофиқи мнемикии бахотиргирӣ (аз калимаи юнонӣ «мнеме» - хотир) истифода бурда шавад ва кӯшишҳои иродавӣ зоҳир карда шавад, он гоҳ ин гуна хотир ихтиёрӣ ҳисоб меёбад.

Хотири кӯтоҳмуддат протсесси нисбатан кутоҳмуддат (якчанд сония ё дақиқа) буда, барои аз нав аниқ ҳосил кардани ҳодисаҳои ҳозир шуда гузашта ва ҳодисаю ашёҳои ҳозир идроккардашуда кифоя аст. Баъди гузаштани вақти кӯтоҳ таассурот нест мешавад ва одам қобилияти аз объекти идроккардашуда ба хотир овардани чизеро гум мекунад. Ё ҳар як калима ва ибораро фақат якчанд сония аниқ дар хотир нигоҳ медорад. Хотири дарозмуддат бо нисбатан дарозмуддат будани дар хотирнигоҳдории маводи идроккардашуда тавсиф дода мешавад.

Бахотиргирӣ яке аз протсессҳои аввалин ва ибтидоии хотир аст, ки дар гузариши мақсад ҳамчун ба хотиргирии ихтиёрӣ тавсиф дода мешавад.

Дархотирнигоҳдорӣ - ин раванди коркард, ба системадарорӣ, пурракунии фаъоли мавод ва нигоҳдошти он аст. Дархотирнигоҳдорӣ ҳамчун раванди мнемикӣ аз як катор омилҳо вобаста аст: аз ҳаҷму сифати мавод, аз дараҷаи фахмидашавандагии он, аз мақсадгузории шахс ва истифодаи донишҳои азхудшуда, аз ташкили такрории маводи бахотиргирӣ ва ғ.

Шинохтан - протсесси хотир аст, ки бо пайдоиши ҳисси махсуси шиносоӣ ҳангоми азнавҳосилкунӣ ва бо фаҳмидани объекти пештар идрок кардашуда алоқаманд аст. Шинохтан нисбат ба азнавҳосилкунӣ дида, протсесси оддӣ ва аз ҷиҳати генетикӣ барвақт зоҳиршаванда мебошад. Аз ин рӯ, шинохтан дар кӯдакон ҳанӯз дар охири нимсолаи якуми ҳаёташон пайдо мешавад. Шинохтан пурра ва нопурра мешавад. Ҳангоми нопурра шинохтан нақшбандии баъзе тасаввурот, ҳиссиёт ва фикрҳои ба предмети идрокшаванда алоқадор дар шуури мо ба амал меояд. Мо медонем, ки ин предмет барои мо нав нест. Вале ин тасаввуротҳо ва фикрҳое, ки дар мо ҳангоми пештар идрок кардани предмет вуҷуд доштанд, аз нав ба хотир оварда мешаванд. Шинохтани пурра дигар хел ба амал меояд. Дар мавриди пурра шинохтан тасаввурот ва фикрҳои бо предмети идрокшаванда алоқадор дар шуури мо аз нав пайдо мешаванд. Ин тасаввурот ва фикрҳо бо як қатор тасаввуротҳо ва фикрҳои дигар алоқадор мешаванд.

Азнавҳосилкунӣ протсесси хотир аст, ки дар натиҷаи он ҷоннокгардии образӣ пеш мустаҳкам гардида бо роҳи ҷудо кардани он аз хотири дарозмуддат ва гузаронидан ба хотири фаврӣ рӯй медиҳад. Аазнавҳосилкунӣ аз шинохтан фарқ мекунад, зеро шинохтан бештар ба аз нав идрок кардани чизи дар гузашта идрокшуда такя мекунад. Аазнавҳосилкунӣ бошад дар шахс бе такроран идрок кардани ашё ё ҳодиса ба амал меояд. Асосҳои физиологии азнавҳосилкуниро алоқаи муввақатии пешакии дар пӯстлохи майнаи сар бавуҷудомада ташкил медиҳад.

Аазнавҳосилкунии беихтиёр бе мақсади муайяни дар пеш гузошташуда рӯй медиҳад. Шахс дар ин маврид, дар назди худ вазифаи аз нав ба хотир овардани ашёи муайянро намегузорад. Дар бисёр ҳолатҳо азнавҳосилкунии беихтиёр дар натиҷаи пайдо шудани ассотсиатсяҳо ё идроки беихтиёри ашё сурат мегирад.

Азнавҳосилкунии ихтиёрӣ ба вазифа ва мақсади муайяни бошуурона гузошташуда вобаста аст. Аазнавҳосилкунӣ вобаста ба вазифаи гузошташуда табиати интихобиро пайдо мекунад.

Азхудкунӣ ин имконияти ба таври амалӣ истифода бурдани чизи пеш фаҳмидашуда ва ба хотир гирифташуда; фаъолияти маърифатӣ, ки аз якчанд протсессҳои психикӣ иборат аст: идрок, хотир, тафаккур ва инчунин ҳиссиёту ирода.

Протсесси фаромӯшкунӣ дар имконияти ба хотир наовардан ё нашинохтан, ё худ дар шинохтан ва бахотироварии барғалат ифода меёбад. Асоси физиологии фаромӯшкуниро боздории алоқаҳои муваққатӣ ташкил медиҳад.

Ассотсиатсия (аз лотинӣ -якҷоя кардан ва пайваст намудан) бо ду маъно истифода мешавад: 1.Алоқаи муваққатии психикӣ, ки асоси физиологии хотир мебошанд. Мафҳуми ассотсиатсияро ба ин маънӣ аввалин бор дар асри ХVIII Ҷон Локк пешниҳод карда буд. Принсипҳои ассотсиатсия ва қонуниятҳои онҳо аз тарафи Сеченов И.М. ва махсусан аз ҷониби Павлов И.П. ба таври илмӣ пурра тадқиқ шудаанд. Ассотсиатсия намудҳои зеринро дорад: ассотсиатсия аз рӯи паиҳамӣ, аз рӯи монандӣ ва аз рӯи мухолифат. 2. Гуруҳ, ки муносибатҳои байнишахсӣ дар он бо мазмуни барои шахс муҳими фаъолияти якҷоя муайян карда мешавад.

Тафаккур инъикоси ҷамъбасткунанда, мақсаднок ва бавоситаи хосиятҳои умумию муҳими предмету ҳодисаҳо, алоқа ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Тафаккури одам бо нутқ алоқаи ҷудонашаванда дошта, аз рӯи табиати худ иҷтимоӣ мебошад.

Тафаккури аёнӣ-образӣ - яке аз намудҳои тафаккур буда, онро ифода мекунад, ки мазмуни фаъолияти фикрӣ дар асоси маводи образӣ ба амал меояд. Дар бораи ин намуд он вақт гуфтан мумкин аст, ки агар одам ҳангоми масъаларо ҳал кардан образ, предмет, ҳодиса ва ҳолатҳоро таҳлилу таркиб намояд ва ҷамъбаст кунад. Тафаккури аёнӣобразӣ дар шакли содааш дар синни томактабӣ (4-7 солагӣ) зоҳир мешавад. Алоқаи тафаккури кӯдак дар ин давра бо алоқаҳои предметӣ боқӣ мемонад ва минбаъд оҳиста-оҳиста барҳам хӯрдан мегирад. Аҳамияти тафаккури аёнӣ-образӣ дар он зоҳир мешавад, ки инсон ҳақиқати объективиро ҳарҷиҳата ва гуногунранг инъикос мекунад.

Тафаккури калимагӣ-мантиқӣ - яке аз намудҳои тафаккур буда, дар асоси намудҳои предметӣ- амалӣ, айёнӣ- образӣ дар шахс (дар синни мактабӣ) аввалан дар шакли содда инкишоф меёбад. Хусусияти муҳими ин намуди тафаккур он аст, ки масъала дар он дар шакли калимагӣ (вербалӣ) ҳал карда мешавад. Инсон чунин шаклро истифода бурда, ҳақиқатро на дар шакли образҳои тасаввурот, балки дар шакли мафҳумҳо ва муҳокимаҳо инъикос менамояд. Протсесси таълим ба васеъшавии доираи тасаввуротҳо ва мафҳумҳо мусоидат мекунад, мазмун ва шакли онҳоро тағйир медиҳад. Дар синни мактабӣ на танҳо дониши кӯдак васеъ мешавад, балки протсессҳои фикрии ӯ ташаккул меёбанд. Онҳо тасниф ва ба тартиб даровардани аломатҳои доимии ашёҳоро аз худ мекунанд. Мактабиён дар рафти ҷамъбасткунӣ ба аломатҳое такя мекунанд, ки онҳо алоқаю муносибатҳои нисбатан муҳими байни ашёю ҳодисаҳоро инъикос менамоянд. Хусусияти ин мафҳумҳо дар он ифода меёбад, ки аломатҳои онҳо характери аёниро надоранд ва мазмуни онҳо дар шакли калимагию абстрактӣ таҷассум меёбад.

Тафаккури предметӣ-амалӣ - яке аз намудҳои тафаккур буда, бо он ҷиҳат тавсиф дода мешавад, ки масъалаҳои фикрӣ дар он бевосита дар протсесси фаъолият ҳал карда мешавад. Тафаккури предметӣ–амалӣ яке аз намудҳои аввалини тафаккур дар ҳаёти таърихии одам аст. Маҳз туфайли фаъолияти меҳнати тафаккури инсон аз намуди предметӣ- амалӣ сар карда инкишоф ёфт. Кӯдак пеш аз ҳама, бевосита дар асоси бо предметҳо амал кардан масъаларо ҳал мекунад. Тафаккури кӯдак то давраи се солагӣ характери аёнӣ–амалиро дорад. Кӯдак предметҳои олами берунаро ба таври амалӣ бо дастонаш таҳлилу тартиб мекунаду муттаҳид менамояд ва алоқаманд месозад. Кӯдак бо пайдоиши нутқ имконият пайдо мекунад, ки аз объектҳои маърифатшаванда ин ё он хосияту аломатро ҷудо карда, дар калимаю мафҳум, тасаввуротро дар бораи он аломат таҷассум намояд. Ин нишон медиҳад, ки тафаккури аёнӣ-амалии одам аз ин ҳудуди сода мебарояд ва ба ҳосилшавии тафаккури аёнӣ- образӣ сабаб мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки бо гузаштани вақт тафаккури предметӣ – амалӣ пурра нобуд мешавад. Тафаккури предметӣ–амалӣ то охири ҳаёти одам боқӣ мемонад ва дар вазъиятҳои мушаххас зоҳир мешавад

Мафҳум шакли асосии мантиқии тафаккур ва маҳсули тафаккур, фикр дар бораи aшё ё ҳодиса, ки дар он хосиятҳои умумию муҳим ва алоҳидаи (махсуси) aшё ё ҳодисаҳои бо ҳам монанд инъикос меёбанд (масалан, мафҳуми «донишҳо», «фаъолӣ», «коргар» ва ғ.). Аз худ кардани мафҳум маънои аз худ кардани маҷмӯи донишҳоро дар бораи ашёю ҳодисаҳо дорад. Ҳар қадар ин донишҳо васеъ шудан гиранд, ҳамон қадар мазмун ва мундариҷаи мафҳум васеъ мешавад. Мафҳумро ба конкретию абстрактӣ ва танҳою умумӣ ҷудо мекунанд. Вақте ки аз байни ҳамаи аломатҳои ашёҳо як маҷмӯи аломатҳои муайян ҷудо карда шаваду он маҳз ҳамин aшё ё гуруҳи ба он монандро тавсиф диҳад, дар он сурат мафҳуми конкретӣ аст. Агар аз ашё ягон аломат ҷудо шаваду он ҳамчун объекти махсуси омӯзиш қарор ёбад, он гоҳ ин мафҳуми абстрактиро ифода мекунад. Мафҳуми танҳо чунин мафҳум аст, ки мазмуни он ба як ашёи алоҳида нисбат дода мешавад. Мафҳумҳои умумӣ бошанд, мазмунан наяк, балки гуруҳи ашёҳоро ифода менамоянд. Мафҳум ин дониш дар бораи аломатҳои муҳим ва умумии предметҳо ва ҳодисаҳои ҳақиқат мебошад. Аломатҳои муҳими мафҳум аҳамият ва характери умумӣ доранд, яъне онҳо ба ҳамаи предметҳо ва ҳодисаҳои якҷинса хос мебошанд. Мафҳум хусусияти ҷамъбасткардашудаю абстрактиро соҳиб аст, вале табиати айёниро надорад.

Муҳокима - шакли мантиқии тафаккур аст, ки дар он ба таври калимагӣ мазмуни мафҳум муайян карда мешавад, яъне алоқаи байни предмету ҳодисаҳо дар он инъикос мегардад, будан ё набудани ин алоқа тасдиқ карда мешавад. Муҳокимаи ҳақиқӣ ва бардурӯғро бояд фарқ намуд, ки он ҳам ба амалия ва ҳам бо назарияи муҳокимаронӣ дар шакли хулосабарорӣ муқаррар карда мешавад. Ҳақиқӣ будани муҳокимаҳо ва мафҳумҳои илмӣ бо тадқиқот исбот карда мешавад

Хулосабарорӣ чунин фаъолияти мураккаби фикрӣ аст, ки одам дар рафти он далел ва муҳокимаҳои гуногунро муқоиса ва таҳлил карда, ба хулосаҳои нави умумӣ ё хусусӣ меояд. Ду намуди хулосабарориро фарқ мекунанд: индуктивӣ ва дедуктивӣ.

Абстраксия амали фикрӣ буда, ҷудо кардани хусусиятҳои муҳим ва умумии предмету ҳодисаҳои олами беруна ва дур шуданро аз аломату хусусиятҳои номуҳиму камаҳамият ифода мекунад.

Нутқ-ин истифодаи забон дар протсесси муошират мебошад. Нутқи одам танҳо дар натиҷаи азхудкунии забон шакл мегирад ва ҳамеша бояд ба меъёрҳои ҳамин забон итоат кунад. Нутқ ба ҳамаи протсессҳои психикӣ алоқаманд аст. Фаъолияти фикрии одам, ба хотир гирифтани маводи таълимӣ, бомуваффақият ҷорӣ кардани протсесси ирода, бо ёрии калимаҳо ифода кардани ҳиссиёт бо нутқи инсон зич вобастагӣ дорад.

Нутқ дорои се функсия аст: сигнификативӣ (ифода намудан), ҷамъбасткунӣ, коммуникатсия (расонидани дониш, муносибат, ҳиссиёт). Барои он ки калима ягон чизро хабар диҳад, бояд он ашё, амал ва ҳаракатро ифодаю номбар кунад. Ин функсияи сигнификативии нутқ мебошад, ки аз каммуникатсияи ҳайвонот ба куллӣ фарқ дорад. Функсияи дуюми нутқро ҷамъбасткунӣ ташкил мекунад. Дар асоси он калима на танҳо предмети алоҳида, балки гуруҳи предметҳои ба он монандро ифода менамояд ва ҳамеша таҷассумкунандаи аломатҳои муҳимтарини он ба шумор меравад. Коммуникатсия функсияи сеюми нутқ аст, ки ахборот додан ва ҳолату амалро ифода мекунад. Ин функсия фаъолияти берунии нутқи шахсро дар бар гирифта, бо се чиз тавсиф дода мешавад: ахборотдиҳӣ, ифоданокӣ ва изҳори ирода. Ҳамаи се функсияи нутқ дар фаъолияти ҳаётии одам муҳиманд, вале асосиаш функсияи коммуникатсия мебошад.

Нутқ асосан ду намуд надорад: нутқи дохилӣ ва нутқи берунӣ. Нутқи берунӣ дар навбати худ ба шифоҳӣ ва хаттӣ ҷудо мешавад.

Тасаввурот аз нав ҳосил карданӣ образи предмет ё ҳодисаҳои ҳақиқати воқеӣ мебошад, ки дар aйни ҳол идрок карда намешаванд, вале пеш идрок шуда буданд. Тасаввурот аз нав пайдо шудани образҳои ашёҳо ва ҳодисаҳое мебошанд, ки дар таҷрибаи гузашта идрок карда шудаанд. Тасаввурот ба он ашёҳо ва ҳодисаҳои ҳaқиқати воқеӣ мансуб аст, ки ба онҳо образҳои идрок ҳам тааллуқ доранд. Дар байни идрок ва тасаввурот фарқияти муайяне мавҷуд аст. Асосҳои физиологии тасаввуротро такроран дар пӯстлохи майнаи сар пайдошавии осори пешгузаштаи ангезаҳо ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки тасаввурот бо ягон сабаб пайдо мешавад. На фақат ашёҳо, балки калимаҳо ҳам ангезаҳои тасаввурот мебошанд. Образҳои пайдошудаи ашёҳо аксар вақт бо калимаҳо ифода карда мешаванд. Аз ин ҷиҳат, асоси физиологии тасаввуротро фаъолияти ҳар ду системаи сигналӣ ташкил дода метавонад. Баъзан намудҳои гуногуни тасаввурот (биноӣ, шунавоӣ, маза ва ғ.) бо сабаби якҷоя амал кардани анализаторҳо ва таъсири байниҳамдигарии онҳо дар мавриди идроки гузаштаи aшё ба ҳамдигар пайваст мешаванд. Тасаввуроти беихтиёр ва ихтиёриро фарқ мекунанд. Сифати тасаввурот аз системаи асаб, бардавомии бахотиргирӣ ва дар хотирнигаҳдорӣ, ҳолати эмотсионалии шахс, шавқу ҳавас, қобилият, машғулият, фаъолият ва касбу ҳунари одам вобаста аст.

Хаёл - фикран тасаввур намудани он чизҳое мебошад, ки дар гузашта идрок нашуда буданд, офаридани образи предмету ҳодисаҳое, ки акнун офарида мешаванд. Хаёл ин офаридани чизи нав дар шакли тасаввурот, образ ва идея мебошад, ки сипас дар чизи моддӣ ё дар фаъолияти амалӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Хаёл фаъолияти махсуси инсон аст, ки дар протсесси меҳнат пайдо шуда, инкишоф ёфтааст. Одам пеш аз он ки чизеро офарад, аввал идеяи онро ва сипас роҳи сохтанашро тасаввур мекунад. Яъне, одам пеш аз он ки ягон чизи моддиро созад, онро фикран дар майнаи сари худ ба вуҷуд меоварад. Тасаввур намудани чунин образу амалҳои оянда ва натиҷаи онҳо яке аз хусусиятҳои характерноки меҳнат мебошад, ки фаъолияти одамро аз рафтори ҳайвон фарқ мекунонад. Хаёл ба монанди тафаккур фаъолияти таҳлилию таркибӣ буда, дар асоси мақсади шуурона гузошташуда ба амал меояд. Хаёл аксар вақт дар вазъиятҳои проблемавӣ, дар он ҳолатҳое, ки зарурати ёфтани ҳалли нав ва системаи амалҳои пешбиникунандаи инъикос ба миён меояд, объекти худро пайдо мекунад. Манбаи хаёл ҳамеша дар воқеияти объективӣ аст ва яке аз шаклҳои инъикоси ҳақиқат ба шумор меравад. Хаёл бо шавқу ҳаваси шахс, қобилият, дониш, маҳорат, малака ва одатҳои он алоқаманд аст.

Дар илми психология якчанд таснифоти намудҳои хаёл мавҷуд аст, ки ҳар яке аз онҳо ягон аломати муҳимтарини хаёлро ба асос мегирад: фаъолӣ, алоқамандӣ бо майлу хоҳишҳо, мустақилӣ ҳангоми офаридани образҳои нав. Муҳақиқион бештар хаёли эҷодӣ ва азнавсозиро фарқ мекунанд

Хаёли фаъол бо иҷрои фаъолияти конкретии амалӣ алоқаманд аст. Масалан, мо пеш аз сохтани рафи китобмонӣ, аввал образи онро ташаккул медиҳем, андеша менамоем, ки аз кадом мавод онро созем, чӣ тавр онҳоро васл кунем.

Хаёли азнавсозӣ-ин чизи барои худ навро тасаввур кардани одам аст. Дар айни ҳол ин тасаввурот ба шарҳи калимагӣ ё тасвири шартии ҳамон чизи нав (нақша, схема, бо ёрии нота навиштан) такя мекунад. Ин намуди хаёл ба таври васеъ дар намудҳои гуногуни фаъолияти одам, аз ҷумла дар таълим истифода мешавад.

Хаёли эҷодӣ хаёлест, ки ба офаридани образҳои нави аҳамияти ҷамъиятӣ дошта равона шудааст ва асоси эҷодиётро ташкил мекунад. Мафҳуми «нав» мазмун ва моҳияти ҳам объективӣ ва ҳам субъективиро дорад. Тарафи объективии чизи нав онро ифода мекунад, ки образу идеяи он дар ҳолати додашуда чӣ дар шакли моддӣ ва чӣ идеалӣ вуҷуд надоранд. Тарафи субъективии чизи нав ин танҳо барои ҳамин одам нав будани чизи навро мефаҳмонад. Роҳҳои офаридани образҳои хаёли эҷодӣ инҳоянд: агглютинатсия, комбинатсия кардан, аналогия, аксентуатсия, гиперболизатсия, типикунонӣ.

Ҳиссиёт ҳолати психикиест, ки дар он муносибати ҳиссии шахс ба ҳақиқати объективӣ ифода меёбад. Ҳиссиёт муносибати байни талаботҳои одам ва имконияти қаноатманд гаштани онҳоро инъикос менамояд. Ҳиссиёт ду вазифаро адо мекунад: ахборӣ ва идоракунӣ. Яъне, ҳиссиёт ба одамони дигар аз хусуси ҳолатҳои азсаргузаронидаи шахс ахбор медиҳад ва дар баробари ин, таассуротҳои устувор ва мустаҳкам низ метавонанд рафтори моро ба низом дароранд. Ҳиссиёти оддӣ ва олиро фарқ мекунанд. Ҳиссиётҳое, ки бо қонеъ кунонидан ё накунонидани ин ё он талабҳои физиологӣ, масалан, таассуротҳои бо гуруснагӣ, серӣ, дилбеҳузуршавӣ алоқаманд буда ба ҳиссиётҳои одӣ тааллуқ доранд. Ҳиссиёти oлӣ хусусияти равшан ифодаёфтаи ҷамъиятиро дошта, муносибати одамро ба атроф ва ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос мекунад. Ҳиссиёти олӣ (ахлоқӣ, ақлӣ, эстетикӣ) дар ҳаёти шахс аҳамияти бузургро соҳибанд.

Намудҳои ҳиссиётро одатан аз рӯи ҳолати фаъолӣ ва пассивии одам, ки эмотсияҳои муайянро ба амал меоварад, фаъолияти ҳаётии ӯро баланд ё паст мекунанд, ба стеникӣ (аз калимаи юнонии «стенос» - қувва) ва астеникӣ («астенос»- беқувватӣ, сустӣ) ҷудо мекунанд.

Ҳиссиёти стеникӣ фаъолиро баланд мебардорад, боиси ҳаяҷон, ҷӯшу хурӯш ва руҳбаландии одам мешавад. Хурсандӣ ҳисси боғайратӣ, азоб, нафрат аз қабили ҳиссиётҳои стеникӣ мебошанд.

Ҳиссиёти астеникӣ он ҳисиётҳое мебошанд, ки фаъолии одамро заиф мегардонанд. Ғаму ғусса, маъюсӣ, руҳафтодагӣ ба ҳиссиёти астеникӣ дохил мешаванд.

Ҳиссиёти ахлоқӣ ин муносибати ҳиссии одамро ба рафтор

Ҳиссиёти ақлӣ дар рафти фаъолияти ақлӣ ба вуҷуд меоянд ва бо протсессҳои маърифатӣ алоқаманд мебошанд.

Ҳиссиёти эстетикӣ - ин муносибати ҳиссии одам ба зебоӣ ё баръакс, ба зиштию бадшаклӣ, ба такаббурӣ ё баръакс, ба пастию беҳаёӣ, ба фоҷиа ё мазҳака мебошад, ки моҳияти онро қобилияти дарк намудани оҳанг ва зебоӣ ташкил мекунанд.

Эмотсия калимаи лотинӣ буда, маънои ба ҳаяҷон овардан, барангехтанро дорад. Бо мурури замон маънои ин калима тағйир ёфт ва ҳоло эмотсия гуфта, маҷмӯи аксуламалҳои ҳиссиеро меноманд, ки дар ҷавоби сигналҳои аз ҷиҳати характер мухталифи экзогенӣ ва эндогенӣ пайдо шуда, ҳатман сабаби тағйиротҳои муайяни ҳолати физиологии организм мегардад.

Аффект (аз лот. изтироби рӯҳӣ, ҳаяҷон) – ин ҳолати эмотсионалии зӯр, пурҷӯшухурӯш, бошиддат ва нисбатан кӯтоҳмуддати эмотсионалӣ буда, табиати таркишмонандро дорад ва ба назорати шуур дода намешавад.

Стресс ё бошиддатии руҳӣ ҳолати психикиест, ки дар шароитҳои маҳдуду ҳисси нобоварӣ дар иҷрои амали дар айни замон хавфнок ифода меёбад.

Агрессия дар адабиёти психологӣ ба таври гуногун шарҳ дода мешавад: ҳамчун аксуламали модарзодии одам барои «муҳофизати ҳудуди ишғолкарда» (Лоренс, Ардри); ҳамчун саъю кӯшиш ба ҳукмронӣ (Морисон); аксуламали шахс ба муҳити хусуматомез. Зери мафҳуми агрессия рафтору амалҳои фардӣ ё гуруҳӣ фаҳмида мешавад, ки барои расонидани зарари ҷисмонӣ ё психологӣ ё худ нобуд сохтани одами дигар ё гуруҳи одамон равона шудаанд. Ба ақидаи Адлер, агрессия аксуламали ҷавобии бешууронаи одам ба маҷбуркунӣ ва ба хулосабарории ҳар як фард барои эҳсос кардани худ ҳамчун субъект мебошад. Яке аз намояндагони психоанализ Э.Фром ду намуди агрессияро ҷудо кардааст: якум, ҳимоявӣ-«хушсифат», ки барои зиндагонии одам хизмат карда, заминаи биологӣ дорад ва баъд аз бартараф шудани хатар ва таҳдидҳои ҳаётӣ боз хомӯш мешавад: дуюм, «бадсифат», яъне бадхашмӣ, ки танҳо ба одамон хос аст ва дорои омилҳои гуногуни психологию иҷтимоӣ мебошад.

Апраксия вайроншавии ҳаракатҳо ва амалҳои ихтиёрии мақсаднок мебошад, ки дар натиҷаи осеббинии пӯстлохи майнаи сар пайдо мешавад. Апраксия ба вайроншавии баланди омилҳои ҳаракатӣ дохил мешавад.

Ҳолати руҳӣ - ин ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ буда, муддати муайяни шахсро фаро мегирад ва дар рафтору фаъолияти ӯ инъикос меёбад.

Депрессия (аз лотинӣ-фурӯнишонӣ) дар психология ҳамчун ҳолати аффективӣ, манфӣ, эмотсионалӣ, тағйирёбии доираи маромҳо, тасаввуротҳои когнитивӣ (ба соҳаи маърифатӣ алоқаманд) ва камҳаракатии умумӣ тавсиф дода мешавад. Одам дар ҳолати депрессия пеш аз ҳама ҳиссиётҳои мураккаб ва пуразобро аз сар мегузаронад. Майл, маром ва фаъолияти иродавии шахс якуякбора паст мешаванд. Дар ҳолати депрессия ҳисси гуннаҳгорӣ ба ҳодисаи гузашта ва нотавонӣ дар назди мушкилиҳои ҳаёт ба вуҷуд меояд. Худбаҳодиҳӣ якбора паст мегардад. Дар рафтори одам сустӣ, беташаббусӣ, хасташавӣ тез мушоҳида мешавад, ки самаранокии фаъолиятро паст мекунонад. Агар ҳолати депрессия муддати дароз давом кунад, он гоҳ ба вуҷуд омадани кӯшиши худкушӣ имконпазир мегардад. Ҳолати депрессия инчунин метавонад дар одамони руҳан солим ва бемор ба амал ояд. Дар ҳолати депрессия бачагон мисли калонсолон ба руҳафтодагӣ, ғамгинӣ, маъюсӣ, бедорхoбӣ, камхӯрокӣ ва ғ. дучор мегарданд. Депрессия дар наврас нисбат ба кӯдакон дида дарозтар мегузарад (баъзан то як сол давом мекунад). Шахс дар ҳолати депрессия ба се чиз муносибати манфӣ зоҳир менамояд: ба худ, ба одамони гирду атроф ва ба оянда.

Галютсинатсия зоҳиршавии психопаталогии идрок ва хотир; образест (биноӣ, шунавоӣ, бӯй, маза, пӯстӣ, ҳароратӣ), ки дар шуур новобаста аз водоркунандаҳои беруна ба амал меояд ва барои мазмуни галютсинатсия ҳақиқати обективист. Галютсинатсия бo ҳамин нишонаҳояш аз иллюзия фарқ мекунад.

Рефлекс (аз лотинӣ–инъикос) амали ҷавоби организм ба ангеза. Рефлекс ба ду гуруҳ тақсим мешвад: ғайришартӣ – ҷавобҳои модарзодии организм ба ангезандаҳо ва шартӣ- ҷавобҳои организм ба ангезандаҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ вобаста ба шароитҳои муайян ташаккул меёбанд. Гарчанде ки мафҳуми рефлексро ба илм неврологи англис Т.Виллис ва физиологи чехӣ И.Прохазка ворид карда бошанд ҳам, мавҷудияти принсипи рефлекторӣ дар фаъолияти майна ҳанӯз аз тарафи файласуфи франсавӣ Р.Декарт тадқиқ шуда буд.

Ирода – ин протсесси психикии ба таври шуурона идора намудани фаъолият мебошад, ки дар бартараф намудани душворию монеаҳо ҳангоми расидан ба мақсад ифода меёбад. Ирода ҳамчун вожа арабиасос буда, дар забони тоҷикӣ бо маънои майлу хоҳиш, ихтиёр меояд. Ҳамчун мафҳуми психологӣ бошад қобилият, майлу амали шуурона ва лаёқати шахс аст, ки дар бартарафсозии монеаҳои берунӣ ва дохилӣ ҳангоми бадастоварии мақсади дар пеш гузошташуда ифода меёбад.

Мақсаднокӣ – сифати иродаи шахс аст, ки дар тобеъ намудани рафтори одам ба мақсадҳои устувори ҳаётӣ, дар равон кардани тамоми қувва ва қобилият баҳри расидан ба ин мақсадҳо ифода меёбад. Бояд қайд кард, ки мақсаднокӣ дар баъзе одамон равиши инфиродиро мегирад. Онҳо низ мақсадҳои равшану аниқ мегузоранд, вале мазмуни онҳоро танҳо талабот ва шавқу ҳавасҳои шахсӣ инъикос менамоянд.

Қатъият сифати иродаи шахс буда, дар қобилияти саривақт қабул кардани қарори асосноку устувор ва бетаъхир ба иҷрои он шуруъ кардан зоҳир мешавад. Қатъиятро махсусан дар шароиту вазъиятҳои душвору мураккаби роҳи ҳал мушоҳида кардан мумкин аст. Беҷуръатӣ

Ҷасурӣ ин қобилияти бартараф намудани ҳисси тарс ва саргарангию саросемагӣ мебошад. Ҷасурӣ на танҳо дар амалҳои барои ҳаёти одам хавфнок зоҳир мешавад. Одами ҷасур аз кори мураккаб ва масъулияташ баланд наметарсад ва аз нобарориҳо намеҳаросад. Ҷасурӣ муносибати оқилона ва дурустро ба ҳақиқат талаб мекунад. Ҷасурии ҳақиқии одами боирода – ин бартараф намудани тарс ва ба ҳисоб гирифтани хавфу хатарҳои таҳдидкунанда ба шумор меравад. Одами ҷасур имкониятҳои худро пурра фаҳмида мегирад ва ба таври кофӣ фикру андешаи амиқи амалҳои иродавиро мекунад.

Суботкорӣ маҳорати то ба охир бурда расондани қарори қабул кардашуда, дар роҳи он ҳар гуна монеаю душвориҳоро бартараф намудан ва ба мақсади гузошташуда ноил гардидан мебошад. Суботкориро бояд аз сифати муқобилмаънои он–якравӣ фарқ кард. Одами якрав одатан танҳо фикру андешаи шахсии худ, далелу асосҳои худашро эътироф мекунад ва дар амалу рафторҳои худ, ҳарчанд нодуруст бошанд ҳам, онҳоро ба роҳбарӣ мегирад.

Худдорӣ сифати иродавии шахс мебошад, ки қобилияти нигоҳ дошта тавонистани зуҳуротҳои психикӣ ва ҷисмонии дар рафти бамақсадрасӣ халалрасонро ифода мекунад. Сифати муқобили манфии худдори импулсивнокӣ мебошад, яъне чунин шахс андешаи рафторҳои худро накарда, майли саросемавор мувофиқи фикри аз ҳама пеш пайдошуда амал карданро мекунад.

Худназораткунӣ яке аз вазифаҳои «худидоракунӣ» буда, ба низому тартиб даровардани рафтори худро ифода мекунад. Худназораткунӣ ин аз тарафи субъект фаҳмидан, баҳогузорӣ кардан ва ба танзим даровардани амалҳо, протсессҳои психикӣ ва ҳолати руҳии худ мебошад. Худназораткунӣ вобаста ба интизориҳои ҷамъият, яъне талаботҳои ҷамъият ба рафтори одам пайдошуда, ташаккул меёбад. Танзими иродавӣ дар асоси худназораткунӣ ҳамчун унсури муҳими худтанзимкунӣ баромад мекунад, аммо худназораткунӣ ҳам метавонад объекти танзими иродавӣ бошад, масалан, дар вазъиятҳои стрессангез. Малакаҳои худназораткунӣ дар раванди фаъолияти бозӣ, таълимӣ ва меҳнатӣ зери таъсири калонсолон ва коллектив ташаккул меёбанд. Тарбияи худназораткуниро бояд аз синни барвақти бачагӣ сар кард ва тадриҷан мураккаб намуда ташаккул дод.

Мардонагӣ сифати мураккаби шахс аст ва на танҳо мавҷудияти ҷасурӣ, балки суботкорӣ, худдорӣ, боварӣ доштан ба худ ва дурустии кори худро дар назар дорад. Мардонагӣ дар қобилияти натарсидан аз хавфи барои ҳаёт ва осудагии шахси мавҷудбуда, дар маҳорати бартараф намудани мусибат, азият ва маҳрумӣ зоҳир мешавад.

Ташаббускорӣ ин сифати иродавӣ буда, одам тавассути он эҷодкорона амал мекунад. Ташаббускор шахси фаъол ва дар рафтору амал кардан моҳиру ҷасур аст.

Мустақилӣ сифати иродавии шахс аст ва он дар маҳорати мувофиқи ташаббуси шахсии худ мақсад гузоштан, ёфтани роҳи ноил шудан ба он ва ба таври амалӣ иҷро намудани қарори қабулшуда зоҳир мешавад. Одами мустақил кӯшишҳои ӯро ба амалҳои бо эътиқодаш мувофиқ набуда майл кунонидан тан намедиҳад. Ӯ дар баробари ин, ба дида баромадани маслиҳату нишондодҳои дигарон тайёр аст, ба онҳо баҳо медиҳад ва агар оқилона бошад, ба қабули онҳо низ омодааст. Сифати муқобили мустақилӣ–талқиншавандагӣ буда, чунин шахс ба таъсири дигарон ба осонӣ дода мешавад, ба маслиҳату дастурҳои онҳо танқидкорона муносибат карда наметавонад, Муқобилият нишон намедиҳад ва ҳар гуна нишондодҳоро, ҳарчанд беасос бошанд ҳам, қабул мекунад.

Боинтизомӣ–ин ба қоидаҳои ҷамъиятӣ шуурона тобеъ кунонидани рафтори худ мебошад. Интизоми бошуурона дар он зоҳир мешавад, ки одам худро бе маҷбуркунӣ барои риоя намудани қоидаҳои интизоми меҳнатӣ, таълимӣ вазифадор мешуморад ва ҳатто барои аз ҷониби дигарон иҷро намудани онҳо мубориза мебарад.

Мизоҷ-маҷмӯи хусусиятҳои фардию табиии шахс, ки тарзи ҷоришавии протсессҳои асабиро тавсиф медиҳад. Асоси мизоҷро типи умумии фаъолияти асаб ташкил медиҳад, вале он аз шароитҳои иҷтимоӣ, ҳаётии одам низ вобастааст. Чунин типҳои мизоҷро фарқ мекунанд: холерикӣ, сангвиникӣ, флегматикӣ ва мелахоликӣ. Тавсифи психологии типҳои мизоҷ аз рӯи сифатҳои зерин дода мешавад: ҳасосӣ ба ангезандаҳои қувваи таъсирашон суст, ки амали ҷавобии психикиро ба вуҷуд оварда метавонад (сензитивӣ); қувваи ҷавобии эмотсионалӣ ба таъсироти якхелаи ҳаётӣ ва ҳассосият (ангехтпазирӣ); дараҷаи таъсирбахшӣ ба ҳақиқати гирду атроф (фаъолӣ); суръати ҷоришавии протсесс ва амалҳои ҷавобии психикӣ; суръати ҳаракату нутқ; кӯчонидани диққат (суръати амали ҷавобӣ); моҳирона мутобиқшавӣ ба шароитҳои наву тағйирёбанда ва муқобилмаънои он (ҳаракатӣ); экстровертӣ ва интровертӣ (кушодарӯӣ ё улфатпазирӣ ва дамдуздии одам).

Холерик типи зeри дар мувозинат набудани тезҳаракат аст. Одамони ба ин мизоҷ тааллуқдошта дорои ҳиссиёти зeр мебошанд, душвориҳои пайдошударо ба осонӣ бартараф мекунанд, ба кор зуд сар мекунанд ва онро бо руҳбаландӣ давом медиҳанд. Ба холерик пурҷӯшухурӯшӣ, саросемагии фикронӣ, бенизомии ҳаракат, бетоқатӣ, булҳавасӣ, зудранҷӣ, густохӣ ва ё дуруштмуомилагӣ хос буда, хусусияти низоъангезиро доранд, ҳардамхаёлӣ хусусияти хоси холерикҳо мебошад, ки дар фаъолияти онҳо равшан зоҳир мешавад. Холерик бо сабаби оқилона сарф карда натавонистани қувва тез бемадор шуда, руҳафтода мегардад. Силсиланок зоҳиршавии фаъолӣ яке аз хусусияти характерноки холерикҳо мебошад.

Сангвиник- типи зeру дар мувозинат будаи серҳаракати системаи асаб. Ба одамони ин тип барангезиши зeри эмотсионалӣ хос аст. Ё бо чолокӣ ва бо ҳаяҷон ба ҳама чизе, ки диққатҷалбкунанда аст, эътибор медиҳад. Сангвиник инчунин бо фаъолии баланд фарқ карда меистад. Фаъолӣ ва реактивият ё дар мувозинат зоҳир мешавад ва аз ин рӯ, метавонад аксуламал ва зуҳуроти ҳиссиёти худро нигоҳ дорад. Суръати реаксияи сангвиник баланд мебошад ва он дар ҳаракати тезу суръати нутқаш зоҳир мешавад. Сангвиник серҳаракат аст, ба шароитҳои тағйирёбандаи ҳаёт тез ва ба осонӣ мутобиқ мешавад. Шахси улфатпазир буда, бо одамон тез забон меёбад ва дар шароитҳои нав ба нав худро гум намекунад. Ё хушҳол ва зиндадил аст. Ба сангвиник ноустувории эмотсионалӣ хос аст, тез ба ҳиссиёт дода мешавад, вале онҳо одатан зeр ва амиқ намебошанд. Майли иҷрои фаъолияти якҷоя дорад. Коре, ки аксуламали тез ва дар баробари ин мувозинатиро талаб мекунад, ба ё мувофиқу маъқул аст. Намояндагони ин типи мизоҷ маводи таълимиро ба осонӣ аз худ мекунанд, агар он дар онҳо муносибати эмотсионалиро ба вуҷуд оварад. Агар маводи таълимӣ завқовар набошад ва омӯзиши он кори давомдори якзайлро талаб кунад, он гоҳ сангвиник чизи навро метавонад аз рӯи парешондиққаташ бад аз худ кунад. Дар сангвиник зиндадилӣ, боилтифотӣ, муносибати фаъолонаро ба меҳнат ва кори ҷамъиятӣ ба осонӣ тарбия кардан мумкин аст. Дар шароитҳои номусоид, масалан, ҳангоми мавҷуд набудани кори тарбиявии номураттаб ва бомақсад дар сангвиник ноустувории ҳиссиёт, муносибати сабуккорона нисбат ба кору ба худ ва ба имкониятҳои худ, ба худ аз будаш зиёд баҳо додан, муносибати ғайриҷиддӣ ба омӯзиш, ба одамон ва ба меҳнат зоҳир мешавад.

Меланхолик- типи сусти системаи асаб. Шахси ин мизоҷро дошта дорои ҳиссиёту ҳолати эмотсионалии чуқур, пуpқувват ва дарозмуддат мебошад, дар вазъиятҳои ором ниҳоят сермаҳсул кор мекунад, ба таъсиротҳои беруна ҳассос, гапдаро, талқиншаванда, танҳоӣ ва мусиқиро дӯст медорад, ба таъсири бардавом тоб наоварда, фаъолияташон суст мешавад, дар кор пассив, ҳавасмандиашон кам аст, дамдузд, зуд-зуд хиҷил мешавад, ба одамони ношинос алоқа кардан намехоҳад, беҷуръат, дар аксар мавридҳо худро гум мекунанд, барои кори ночизе гиря мекунад, шармгин мешавад. Меланхоликҳо чун дигар мизоҷҳо тарафҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ доранд. Устувории ҳиссӣ сифати беҳтарини меланхоликҳо мебошад.

Флегматик-типи зӯри дар мувозинатбудаи системаи асаб. Одамони ин мизоҷро дошта дар фаъолият пухтакорӣ, бомулоҳизагӣ, босабрӣ ва устуворӣ зоҳир мекунанд. Флегматик кори саркардаашонро то ба охир мерасонанд. Шахси ором буда, дер ба чашм меояд. Масалан, ягон чизро муддати дароз ва мустаҳкам ба хотир мегирад, дар кор ва суханронӣ сарасема намешавад. Ё кӯшиш мекунад, ки ба ихтилофҳо дучор нашавад. Сусткор, хунсард, нисбат ба меҳнат ва ҳаёт муносибати бепарвоёна дорад. Фориғбол мебошад. Агар ба ҷавоби савол боварӣ надошта бошад, он гоҳ гап намезанад. Флегматик -ро хандонидан ё гирёнидан низ душвор аст. Муомиларо бо душворӣ барқарор мекунад ва аз ин рӯ доираи рафиқонаш маҳдуд аст. Ё ба шароитҳои нав ба нав ба осонӣ мутобиқ намешавад.

Характер гуфта, маҷмӯи хислатҳои устуворгардидаи шахсро меноманд, ки дар муносибати ӯ бо ҳақиқати иҳотакарда ифода меёбад.

Аксентуатсияи характер (аз калимаи лотинии accentus - зада) таъкиди фавқулодаи сифатҳои алоҳидаи шахс аст, ки дар осебпазирии интихобии шахс нисбат ба навъҳои муайяни таъсири психогенӣ (таассуроти вазнин, ҳолатҳои фавқулодаи асабиву руҳӣ ва ғ.) дар сурати устувории хуб ё ҳатто қавӣ ба дигар таъсирот зоҳир мегардад.

Яклухтии характер - ягонагии сохти психикии одам, мувофиқати муносибатҳои ӯро ба ҷиҳатҳои гуногуни ҳақиқат, набудани ихтилофҳоро дар саъю кӯшиш ва манфиатҳо, ягонагии сухану амалро ифода мекунад.

Қобилият- хусусияти фардӣ – психологии одам, ки талаботҳои фаъолияти муайянро қаноат мекунонад ва шарти бомуваффақият иҷро намудани он мебошад. Қобилият аз имкониятҳо иборат аст ва онҳо дониш, маҳорат ва малака мебошанд. Қобилият на дар донишу маҳорат ва малака, балки дар ҷараёни ба даст овардани онҳо ошкор мегардад.

Қобилиятҳои хусусӣ – ин имкониятҳои фардӣ - психологии шахсанд, ки иҷрои бомуваффақияти фаъолиятҳои алоҳидаро таъмин менамоянд. Масалан, қобилият ба расмкашӣ, мусиқанавозӣ, рақс ва ҳоказо.

Қобилиятҳои умумӣ имконият медиҳанд доираи васеъи фаъолиятҳо бомуваффақият иҷро гарданд. Дар адабиёти психологӣ қобилияти умумиро қобилияти ақлӣ низ меноманд.