Адабиёт

Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро форсӣ: آدم الشعرا‎ Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.

Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ – достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва диг. пазируфтаанд.

Рӯдакӣ ва Сомониён

Шеърҳои Рӯдакӣ нишон медиҳанд, ки ӯ Амир Исмоили Сомониро шоҳи тавоно, Амир Аҳмад Сомонӣ ҳамчун дӯсти ҳунарманд ва Амир Наср Сомонӣ ҳамчун шогирди бомаърифати худ мешуморанд.

Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдакӣ ба гӯши амири Хуросон Наср II Сомонӣ|Наср II ибн Аҳмад мерасад ва вай устодро ба дарбораш даъват мекунад. Рӯдакӣ дӯсти Наср II мешавад. Устодро асосгузори девон, ки як намуди маҷмуъаи шеър аз рӯи тартиби алифбо мебошад, ном мегирад.

Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солҳои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашад. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил ( 907-914 ) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.

Бинобар ҳамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш ҷоизаҳои калон медоданд.

Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.


Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

 

Рӯдакӣ низ бо ғуломон ва амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар қасидаи “Модари май”-и худ сарзамини таҳти ҳукмронии Амири Сомониро, ки тоҷикон ҳувияти торихии худро вомдори эшон медонанд, Эрон мехонад ва аз он ба некӣ ном мебарад.


Шодӣ Бу Ҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
Он маҳи озодагону мафхари Эрон.
Он милки адлу офтоби замона,
Зинда бад-ӯ доду равшаноии кайҳон.

Эҷодиёт

Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ Калила ва Димнаро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист.

Баъди аз он Синдбодномаро менависад. Соли 933 қасидаи Модари майро дар чанд рӯз мегӯяд, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Девони маҷмӯаи ашъори лирикии ин ё он шоир аст, ки мувофиқи жанрҳо ҷобаҷо карда мешавад. Калила ва Димна ва Синдбодномаро боз 5 маснавии дигар доштааст. Ҳамаи ин нишон медихад, ки Рӯдакӣ бе ҳеч шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул будааст. Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Авфӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ сездаҳ рах сад ҳазор байт будани шеъри Рудакиро хабар медихад:


Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

Рашидии Самарқандӣ

Шоири дигари асри XI Асадии Тусӣ, ки бо Рудакӣ қарибулахд ва аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, яксаду ҳаштод ҳазор байт гуфтани Рудакиро таъкид мекунад, ки ин хабар беш аз ҳама ба ҳақиқат наздик аст:


Шоир чу гузин Рудакӣ он к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.

Асадии Тусӣ

Аз ин осори беандоза бузурги устод Рӯдакӣ акнун дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту бас. Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ нубуғи шоирӣ ва қудрати офаридагори устодро намоиш медихад.

  • Модари май
  • Шикоят аз пирӣ
  • Калила ва Димна
  • Рубоиёт

Пирӣ ва вафоти шоир

Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳрати тамом ёфта буд. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи Модари май ишораҳо дорад. Хонадони Сомониён дар аввали ҳукумронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Ахмад (914- 943) таасуб ва хурофоти мазҳаби хеле боло рафт. Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷуи марказгурез ва ривоҷу ҳуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хидмат кардааст:

 

Басе нишастам ман бо акобиру аъён,

Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.

Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,

Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.

 

Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз кабехтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лулачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкурави хафноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.

Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷушу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронад, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:

Басо, ки маст дар ин хона будаму шодам,

Чунон ки чохи ман афзун буд аз амиру мулук.

Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,

Маро нагуй, ки аз чи шудаст шоди сук?

Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷруд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани Олӣ мебошад.

Марги чунин як суханвари донову тавоно наздикон ва дӯстони ҳамқаламашро бениҳоят ғамгину мотамзада карда буд. Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Май бирезад, нарезад аз май бӯй
Шоират ку кунун, ки шоир рафт,
Набувад низ ҷовидона чун уй.
Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,
Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!

Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 – ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.[9]

Гиромидошти устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон

Барои гиромидошти номи устод А. Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд. Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи А. Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр ҳамчун Рузи Рудаки чашн гирифта мешавад.

Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеч чизе намонда буд, ки омӯзад.

Абуалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абуалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976—997) ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.

Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд.

Минбаъд Ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро дар касе, ки Қуръонро аз ёд мекард ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омухтанд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.

Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илохӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷидди ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард.

Мероси илмӣ ва адабӣ

Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.

Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.

Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996—997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X—XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896—1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:

  1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
  2. Асарҳо оид ба тиб.
  3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
  4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои Мантиқ, Илоҳиёт, Табииёт, Ҳайат ва Мусиқӣ таркиб ёфтааст.

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфи ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомузӣ шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. 

 

Некдошти устод

Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино — ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд.

Ибни Сино дар синамо

Зиндагинома

Ватани гузаштагонаш Хуф (канори шаҳри Нишопур) ном мавзеи Хуросон мебошад. Тибқи маълумоти тазкираи «Миръоти воридот»-и Вориди Теҳронӣ (таълифаш соли 1734) силсилаи насаби Бедил ба охирин подшоҳи сулолаи музаффариёни Форс шоҳ Мансур (1384-93) мерасад. Баъди аз тарафи амир Темур (1370—1405) забт гардидани Хуросон авлод ва аҷдоди Бедил ба Мовароуннаҳр омада, дар ин сарзамин зиндагӣ кардаанд. С. Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «Мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон падар ва бобои Бедил, ки аз мардуми балдаи Самарқанд буданд, тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён буданд ва Бедил низ сипоҳизода аст. Бедил дар оилаи Мирзо Абдулхолиқ ном марди сипоҳӣ ба дунё омадааст. Падараш Мирзо Абдулхолиқ маншаи суфиёна дошт, орифи вораста ва аз ҷиҳати ақида пайрави тариқаи қодирия буд. Ба пири ин тариқат Абдулқодири Гелонӣ дилбастагии маънавӣ дошт. Аз ин сабаб номи фарзанди худро Абдулқодир гузошт. Бедил дар 4-солагӣ аз падар ятим монда, тарбияи модари хушсаводашро гирифт ва дар 5-6-солагӣ ба мактаб рафт. Дар 7-солагӣ Қуръонро аз ёд карда қории мураттаб гардид. То 10-солагияш забони модарияш банголӣ (урду), санскрит, туркӣ, сарфу наҳви форсӣ ва арабиро омӯхта, ба мутолиаи осори назму нас-ри форс-тоҷик машғул шудааст. Истеъдоди шоирияш аз 10-солагӣ зоҳир гардид. Бедил дар айёми ҷавониаш, ки ҳисси шеъру шоириро амакаш Мирзо Қаландар дар дили ӯ бедор карда буд, ба шеър гуфтан пардохт.

Баъди вафоти модараш тарбияи Бедилро амакаш ба уҳда гирифт. Мирзо Қаландар марди сипоҳӣ буд, бо тақозои хидмати ҳарбӣ зуд-зуд макони зисташро иваз менамуд ва Бедилро ҳамроҳаш мебурд. Бо ташвиқи амакаш Бедил ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои мутадовилаи замон ва тасаввуфро аз шайх Камоли Биҳорӣ ном олим, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро аз тағояш Мирзо Зариф дар шаҳри Патна (то соли 1661) омӯхтааст. Мирзо Қаландар дар ташаккули афкори адабии Бедил нақши муҳим бозидааст. Дар маҳфили амаки Бедил Мирзо Қаландар донишмандон, аҳли дину ойинҳои гуногун иштирок доштанд. Бедил дар суҳбатҳои мазкур аз ҳар кадоми онҳо барои худ дарс меомӯхт. Шоҳфозил аз дигар устодони Бедил дар адабу шеъри форсӣ ва тасаввуф буд. Ошноӣ бо афроди мазкур донишу биниши Бедилро тавсиа бахшиданд. Бедил ба сурудани шеър ба тахаллуси «Рамзӣ» пардохт. Вақте ӯ «Гулистон»-и Саъдиро мутолиа мекард, аз маънавиёти ботинии Шайх Саъдӣ ба ваҷд омада, ба яке аз мисраҳои шеъри ӯ — «Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз?», дил баст ва тахаллуси «Рамзӣ»-и худро ба «Бедил» иваз намуд. Ақидаҳои адабию фалсафии Бедил аз ду сарчашма (эронӣ ва ҳиндӣ) шодоб гардидаанд. Дар 16-солагӣ бо таъсири дини илоҳӣ (сулҳи кул) ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ ҳамроҳи тағояш Мирзо Зариф бо мақсади тиҷорат ба вил. Орисса (ҷан. Ҳиндустон) сафар карда, бо шоирон ва орифони намоёни садаи 17 Шоҳмулук, Муллодарвеш Волаи Ҳиравӣ, Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ (ваф. 1673) ва ҳокими вил. Орисса Саййидмаҳмуд Хонидаврон Якка Озод шинос шудааст. Ин ашхоси фозил ӯро ба сурудани шеъри ошиқонаву ирфонӣ таблиғ намуда, зарофатгӯиро ба ӯ омӯхтанд. Бедил дар назди олим ва рӯҳонии машҳур Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ се сол дониши худро такмил дода, баъди аз Орисса ба Патна баргаштан ба ошкоро шеър гуфтан оғоз кард. Дар ин рӯзҳо Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар пайи ҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21-солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт.

Бедил рӯзи панҷшанбеи 5 декабри 1720 дар шаҳри Деҳлӣ аз олам даргузашт. Аз рӯи васият ӯро дар мақбарае, ки даҳ сол пеш аз марг дар саҳни ҳавлияш бино карда буд, ба хок супурданд.

То соли 1784-1985 ҳавлӣ ва оромгоҳи Бедил барҷой буданд. Бар асари воқеаҳои таърихӣ ва ҳодисаҳои табиӣ хона ва қабри шоир аз байн рафтанд ва асаре аз онҳо нест. Муҳаққиқон Муҳаммаддовуди Ҳусайнӣ, Шафеии Кадканӣ муътақиданд, ки ҷанозаи Бедил дар саҳни ҳавлиаш муваққатан ба хок супурда шуда буд ва ҷасади беҷони Бедил ба воситаи муридону иродатмандонаш ба хоки Афғонистон (қалъаи Ҳоҷӣ Ривош дар шим. Афғонистон) интиқол дода шудааст. Манзиле, ки дар наздикии Қалъаи калони Деҳлӣ бо номи «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил» мавҷуд аст, соли 1935 сохта шудааст. Соли 1955 бо ташаббуси сафири кабири Афғонистон дар Деҳлӣ Наҷибуллоҳхон бо маблағи хайрияе, ки аз зиёиёни Афғонистон ҷамъ шуда буд, мазори Бедил аз сари нав таҷдид гардида, ба шакли мақбараи начандон бузург дароварда шуд. Дар пештоқи он чунин катиба вуҷуд дорад: «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил 1054 ҳ. қ. — 1133 ҳ. қ. Ин бино дар соли 1374 ҳ. қ. бо ионати дӯстдорони афғонии Бедил ба сар расид».

Мероси адабӣ

Мероси адабии Бедил иборат аз куллиёти осори манзум ва мансур аст, ки асарҳои зеринро дар бар мегирад: девони ашъор, девони рубоиёт, маснавиҳои «Муҳити аъзам», «Ирфон», “Тӯри маърифат”, “Тилисми ҳайрат”асарҳои мансури «Нукот», «Чор унсур», “Ишорот ва ҳикоёт” ва «Руқаот». Девони ашъори Бедил аз анвои гуногуни адабӣ — ғазал, қасида, достон мухаммас, таркиббанд, қитъа, тарҷеъбанд, мураббаву муаммо, луғзу чистон ва маснавиҳои «Танбеҳу-л-муҳаввисин» (210 байт), «Сифати асп» (391 байт), «Сифати фил» (100 байт), «Сифати шамшер» (45 байт) ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ» (7 байт) иборат мебошад.

Абӯали ибни Сино

858-941

Абӯалӣ ибни Сино

Соли 1037 дар шаҳри Ҳамадон

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Абӯали ибни Сино

Адабиёт аз калимаи арабии "адаб" гирифта шуда, маънояш поктинатӣ, хушахлоқӣ ва кирдори писандида мебошад.

Дар мадрасаи "Низомия"-и шаҳри Бағдод

1017-1092

Аҳмади Ҷомӣ

Низомулмулк

Абдуллоҳи Ансорӣ

Камолиддин Биноӣ

Аз 51 боб

Абдуллоҳи Ансорӣ

Саъдии Шерозӣ

Солҳои 1119 - 1221

Солҳои 1006 - 1088

Солҳои 1184 - 1292

Солҳои 1453-1512

Саъдии Шерозӣ

Солҳои 1470-1529

Соли 1914 дар шаҳри Самарқанд

Солҳои 1907-1988

Солҳои 1914 - 1997

Садриддин Айнӣ

Фотеҳ Ниёзӣ