Конститутсия - Моддаи 27
Моддаи 27
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.
Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад
- Таърих 757
- Ҳуқуқ 305
- Иқтисодиёт 106
- Ҳамадон 276
- Сотсиология 300
- Табиатшиносӣ 265
- Фарҳангшиносӣ 362
- ТВ-Радио 197
- Журналистика 356
- Веб - Журналистика 144
- Психология 228
- Кониститутсия 100
- Президент 5
- Адабиёт 31
- География 5
- Сомонаҳо 14